MJDRI
Open in Telegram
Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» www.mjdri.tj Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: Facebook: https://www.facebook.com/share/1AgReS1XxK/ Instagram: https://www.instagram.com/officialmjdri_tj?igsh=M2hibzF3c2o0Ymhs
Show more2 574
Subscribers
-124 hours
-97 days
-5230 days
Posts Archive
2 571
ХУШХАБАР! МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 58-УМИН ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХИМИЯ (IChO–2026)
Аз 10 то 19 июли соли 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон 58-умин Олимпиадаи байналмилалии химия (IChO–2026) баргузор гардид. Олимпиадаи мазкур яке аз бонуфузтарин ва сатҳи баландтарин сабқатҳои байналмилалӣ дар соҳаи химия ба шумор рафта, имсол беш аз 1000 нафар хонанда аз зиёда аз 90 кишвари ҷаҳон дар он иштирок намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин олимпиада дастаи мунтахаб дар ҳайати:
Абдулло Бойзода – хонандаи синфи 10;
Батрутдинов Артём – хонандаи синфи 9;
Зиёев Баҳодур – хонандаи синфи 9;
Сатторзода Сабрина – хонандаи синфи 11,
бо роҳбарии омӯзгор Комилов Рустам намояндагӣ намуд.
Боиси ифтихор ва хушнудист, ки Абдулло Бойзода, хонандаи синфи 10-и Литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ ба номи «Ҳотам ва П.В.» дар шаҳри Ҳисор маҳорати баланди худро нишон дода, сазовори медали биринҷӣ гардид.
Ин дастоварди арзишманд боз як далели равшани сатҳи баланди омодагии хонандагони тоҷик буда, натиҷаи заҳмати пайвастаи онҳо, омӯзгорон ва таваҷҷуҳи давлат ба рушди ҳаракати олимпӣ мебошад.
2 571
ДАСТОВАРДИ НАВИ МАОРИФИ ТОҶИК: МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ХОНАНДАИ ТОҶИК ДАР IPhO 2026
Аз 4 то 12-уми июл дар шаҳри Букарамангаи Колимбиа сабқати бузурги илмӣ – Олимпиадаи байналмилалии физика-2026 (IPhO-2026) баргузор гардид. IPhO-2026 бештар аз 1000 нафар иштирокдор ва 400 нафар довталабро аз +90 кишвари ҷаҳон бо ҳам оварда, майдони фарохеро барои дӯстдорони илми физика боз намудааст.
Дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ дар ҳайати зерин:
• Мамуров Муҳаммадёсин;
• Қодиров Аъзам;
• Амиров Муҳаммадамин;
• Маюсупов Хусрав;
• Одинаев Рамзиддин бо роҳбарии Ҷамшеди Рустам ва Далер Пиров дар Олимпиада ширкат варзиданд.
Боиси хушнудист, ки хонандаи синфи 11-и Литсей интернати тоҷикӣ-русӣ ба номи «Ҳотам ва П.В.»-и шаҳри Душанбе Мамуров Муҳаммадёсин, дар ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 56-умин Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз физика (IPhO 2026) сазовори медали биринҷӣ гардид.
Олимпиадаи мазкур соли 1967 ташкил ёфта, пас аз он ҳамасола бо ҳадафи дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои физикдон аз саросари ҷаҳон дар кишварҳои мухталиф баргузор карда мешавад. Довталабон дар ду бахш – амалӣ ва назариявӣ донишҳои худро санҷида, аз ҷониби беҳтарин мутахассисон баҳогузорӣ карда мешаванд. Қобили қайд аст, ки ҳайати Кумитаи тадорукотро ҷоизадорони ҷоизаи Нобел дар бахши физика - Серж Арош, Алберт Ферт, Анна Л'Юйе, Пйер Агостини, Ален Аспект ва Жерар Муру ҳамроҳӣ менамоянд, ки нуфузи Олимпиадаро боз ҳам баландтар мебардорад.
2 571
САИДАЛИЗОДА МАДИНА - ҒОЛИБИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «ХОНАНДАИ СОЛ»
Рӯзҳои 11-12 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе бо ҳадафи дарёфт намудани хонандагони фаъолу эҷодкор, ташаббускор, навовар, муайян ва дастгирӣ намудани онҳое, ки аз навигариҳои илму техникаи муосир хабар дошта, дар ин самт ҳаракат мекунанд, инчунин, баланд бардоштани сатҳи дониш, қобилияти фикрронӣ, маҳорату малакаҳои зеҳнӣ ва ҳозирҷавобии хонандагон даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и Озмуни «Хонандаи сол» баргузор гардид.
Тибқи талаботи Низомномаи Озмун дар даври чорум аз панҷ минтақаи ҷумҳуриявӣ 1 нафарӣ (5 нафар) иштирок намуданд.
Довталабон аз фанҳои забони тоҷикӣ/забони давлатӣ, забон ва адабиёти рус/забони русӣ, физика ва математика кори хаттӣ ва аз фанҳои адабиёти тоҷик, биология, география, забони англисӣ, технологияи иттилоотӣ, таърих, химия ва ҳуқуқ санҷиши тестӣ супориданд. Инчунин, аз ҷониби ҳайати доварон ҳисоботи эҷодии онҳо шунида шуд.
Тибқи баҳогузории ҳайати доварони даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и Озмуни «Хонандаи сол» хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Саидализода Мадина бо касби 94 хол ғолиби даври ҷумҳуриявии Озмуни «Хонандаи сол» эълон гардид.
2 571
БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «ХОНАНДАИ СОЛ»
Имрӯз, 11 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Хонандаи сол» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Муҳамадҷон Ғафорзода, намояндагони шуъбаҳои маориф, омӯзгорон, волидайн ва хонандагон иштирок намуданд.
Муовини вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид намуд, ки озмуни «Хонандаи сол» барои дарёфт ва дастгирии хонандагони фаъолу болаёқат, баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди ҷаҳонбинӣ, фарҳанги муошират ва тақвияти қобилиятҳои эҷодии хонандагон аҳамияти муҳим дорад. Ҳамчунин зикр гардид, ки чунин озмунҳо дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарбияи насли соҳибмаърифат нақши муассир мегузоранд.
Тибқи талаботи Низомномаи озмун, ба даври ҷумҳуриявӣ аз панҷ минтақаи ҷумҳурӣ ғолибони даври сеюм роҳхат гирифта, барои дарёфти унвони «Хонандаи сол» байни ҳам рақобат менамоянд.
Озмун давоми ду рӯз идома ёфта, иштирокдорон аз рӯйи шартҳои пешбинишуда, аз ҷумла иҷрои корҳои хаттӣ, супоридани тестҳо ва муаррифии ҳисоботи эҷодӣ, донишу маҳорат ва ҷаҳонбинии худро ба намоиш мегузоранд.
2 571
Сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон , - 1 ҷой
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
Барои вазифаи сармутахассис талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
- таҳсилоти олии касбӣ;
- 3 сол собиқаи корӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои вазифаи сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Маоши вазифавӣ 2579,0 сомонӣ
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари марказ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 086;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри эълон дар бораи қабули довталабон, аз ҷониби шуъбаи кадрҳо ва коргузории Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суроға: шаҳри Душанбе, «Хиёбони Рўдакӣ 145» ва тел: 224-21-47, 985.68.50.39
Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
E-mail: mjdri@mail.ru
2 571
Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои ишғоли вазифаҳои зерини холӣ озмун эълон менамояд
1. Мудири шуъбаи таҳлили иттилоотии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, - 1 ҷой
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
Барои вазифаи мудири шуъба талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
- таҳсилоти олии касбӣ;
- 3 сол собиқаи корӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои вазифаи мудири шуъбаро ба танзим медароранд;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Маоши вазифавӣ 2768,0 сомонӣ
2. Сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва коргузории Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон , - 2 ҷой
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
Барои вазифаи сармутахассис талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
- таҳсилоти олии касбӣ;
- 3 сол собиқаи корӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои вазифаи сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Маоши вазифавӣ 2579,0 сомонӣ
3. Сармутахассиси шуъбаи таълим ва корҳои методии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон , - 1 ҷой
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
Барои вазифаи сармутахассис талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
- таҳсилоти олии касбӣ;
- 3 сол собиқаи корӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои вазифаи сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Маоши вазифавӣ 2579,0 сомонӣ
4. Сармутахассиси шуъбаи иноватсия ва ҳаракати олимпии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон , - 1 ҷой
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
Барои вазифаи сармутахассис талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
- таҳсилоти олии касбӣ;
- 3 сол собиқаи корӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои вазифаи сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Маоши вазифавӣ 2579,0 сомонӣ
5.
2 571
ПИРӮЗИОВАРИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КУШОДАИ БИОЛОГӢ
Аз 15 то 22-уми майи соли 2026 дар ҳудуди федералии «Сириус» Олимпиадаи байналмилалии кушодаи биологӣ (OIBO) баргузор гардид, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 5 нафар хонанда ва 1 нафар омӯзгор бо ҳадафи табодули таҷриба сафарбар карда шуданд. Боиси сарфарозӣ мебошад, ки хонандагони тоҷик бо маҳорати баланд ва дониши қавӣ дар даврҳои назариявӣ ва амалӣ сазовори 3 медали биринҷӣ гардиданд.
Дар даври лоиҳавӣ як мавзуи лоиҳа интихоб гардида, дастаҳои мунтахаб миёни ҳам рақобат намуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин давр пирӯз шуда, сазовори медали тило гардид.
2 571
ҒОЛИБИЯТИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАТЕМАТИКИИ ТУРКМАНИСТОН
Аз 8 то 13 апрели соли 2026 дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон 3-юмин Олимпиадаи байналмилалии математикии Туркманистон баргузор гардид.
Дар ин Олимпиада 28 нафар хонандагони тоҷик иштирок намуда, сазовори 15 медал аз ҷумла 3 медали тилло, 4 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ гардиданд.
Олимпиада аз ҷумлаи сабқатҳои сатҳи баланд ба ҳисоб рафта, дар он хонандагони зиёда аз 15 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
2 571
+4
ОМӮЗИШИ ФАЪОЛИЯТИ ЛИТСЕЙ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Имрӯз, 14 апрели соли 2026 гурӯҳи кории Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат»-ро дар шаҳри Турсунзода мавриди омӯзиш қарор дод.
Ҳадаф арзёбии сатҳу сифати таҳсилот ва расонидани ёрии амалӣ-методӣ буда, дар ҷараён дастовардҳо ва норасоиҳо таҳлил гардида, ба омӯзгорон тавсияҳои мушаххас пешниҳод шуданд.
2 571
+4
ЭЪТИМОД БА ДОНИШ: РАВАНДИ АПЕЛЛЯТCИЯИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФИ 11
Имрӯз, 12 апрели соли 2026, дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе раванди апеллятсия барои иштирокдорони даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ баргузор гардид.
Иштирокдорон имкон пайдо карданд, ки натиҷаҳои худро бо комиссияи апеллятсионӣ баррасӣ намуда, ба саволҳои худ ҷавоб гиранд.
Раванди апеллятсия дар фазои шаффоф ва одилона баргузор гардида, ба таҳкими эътимод ба натиҷаҳо мусоидат намуд.
2 571
РЕПОРТАЖ ТЕЛЕКАНАЛА «МИР-24» О НАЧАЛЕ ЧЕТВЁРТОГО (РЕСПУБЛИКАНСКОГО) ЭТАПА ПРЕДМЕТНЫХ ОЛИМПИАД ДЛЯ УЧАЩИХСЯ 11-Х КЛАССОВ
2 571
+6
ШИНОСОИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАВАНДИ БАРГУЗОРИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ
Дар рӯзи дуюми баргузории олимпиадаҳои фаннӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода аз раванди гузаронидани олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дидан намуда, ба иштирокдорон комёбӣ ва муваффақият таманно карданд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар рӯзи дуюми олимпиада иштирокдорон маҳорати худро аз рӯйи фанҳои таърих, математика, физика, химия, биология, география ва технологияи иттилоотӣ санҷида, байни ҳам донишозмоӣ намуданд.
