ru
Feedback
MJDRI

MJDRI

Открыть в Telegram

Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» www.mjdri.tj Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: Facebook: https://www.facebook.com/share/1AgReS1XxK/ Instagram: https://www.instagram.com/officialmjdri_tj?igsh=M2hibzF3c2o0Ymhs

Больше
2 708
Подписчики
-124 часа
-127 дней
-7930 день
Архив постов
MJDRI
2 708
ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «ХОНАНДАИ СОЛ»
ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «ХОНАНДАИ СОЛ»

MJDRI
2 708
САИДАЛИЗОДА МАДИНА - ҒОЛИБИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «ХОНАНДАИ СОЛ» Рӯзҳои 11-12 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе бо ҳадафи дарёфт намудани хонандагони фаъолу эҷодкор, ташаббускор, навовар, муайян ва дастгирӣ намудани онҳое, ки аз навигариҳои илму техникаи муосир хабар дошта, дар ин самт ҳаракат мекунанд, инчунин, баланд бардоштани сатҳи дониш, қобилияти фикрронӣ, маҳорату малакаҳои зеҳнӣ ва ҳозирҷавобии хонандагон даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и Озмуни «Хонандаи сол» баргузор гардид. Тибқи талаботи Низомномаи Озмун дар даври чорум аз панҷ минтақаи ҷумҳуриявӣ 1 нафарӣ (5 нафар) иштирок намуданд. Довталабон аз фанҳои забони тоҷикӣ/забони давлатӣ, забон ва адабиёти рус/забони русӣ, физика ва математика кори хаттӣ ва аз фанҳои адабиёти тоҷик, биология, география, забони англисӣ, технологияи иттилоотӣ, таърих, химия ва ҳуқуқ санҷиши тестӣ супориданд. Инчунин, аз ҷониби ҳайати доварон ҳисоботи эҷодии онҳо шунида шуд. Тибқи баҳогузории ҳайати доварони даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и Озмуни «Хонандаи сол» хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Саидализода Мадина бо касби 94 хол ғолиби даври ҷумҳуриявии Озмуни «Хонандаи сол» эълон гардид.

MJDRI
2 708
photo content

MJDRI
2 708
photo content
+8

MJDRI
2 708
photo content
+9

MJDRI
2 708
БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «ХОНАНДАИ СОЛ» Имрӯз, 11 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Хонандаи сол» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Муҳамадҷон Ғафорзода, намояндагони шуъбаҳои маориф, омӯзгорон, волидайн ва хонандагон иштирок намуданд. Муовини вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид намуд, ки озмуни «Хонандаи сол» барои дарёфт ва дастгирии хонандагони фаъолу болаёқат, баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди ҷаҳонбинӣ, фарҳанги муошират ва тақвияти қобилиятҳои эҷодии хонандагон аҳамияти муҳим дорад. Ҳамчунин зикр гардид, ки чунин озмунҳо дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарбияи насли соҳибмаърифат нақши муассир мегузоранд. Тибқи талаботи Низомномаи озмун, ба даври ҷумҳуриявӣ аз панҷ минтақаи ҷумҳурӣ ғолибони даври сеюм роҳхат гирифта, барои дарёфти унвони «Хонандаи сол» байни ҳам рақобат менамоянд. Озмун давоми ду рӯз идома ёфта, иштирокдорон аз рӯйи шартҳои пешбинишуда, аз ҷумла иҷрои корҳои хаттӣ, супоридани тестҳо ва муаррифии ҳисоботи эҷодӣ, донишу маҳорат ва ҷаҳонбинии худро ба намоиш мегузоранд.

MJDRI
2 708
Сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон , - 1 ҷой Талаботи тахассусӣ барои довталабон: Барои вазифаи сармутахассис талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад: - таҳсилоти олии касбӣ; - 3 сол собиқаи корӣ; - донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ - донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон; - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои вазифаи сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд; - мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; - на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ; - кор карда тавонистан бо компютер. Маоши вазифавӣ 2579,0 сомонӣ Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешаванд: - ариза ба унвони роҳбари марказ; - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6); - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 086; - нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда; - маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк; - нусхаи шиноснома; - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд). Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри эълон дар бораи қабули довталабон, аз ҷониби шуъбаи кадрҳо ва коргузории Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Суроға: шаҳри Душанбе, «Хиёбони Рўдакӣ 145» ва тел: 224-21-47, 985.68.50.39 Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. E-mail: mjdri@mail.ru

MJDRI
2 708
Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои зерини холӣ озмун эълон менамояд 1. Мудири шуъбаи таҳлили иттилоотии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, - 1 ҷой Талаботи тахассусӣ барои довталабон: Барои вазифаи мудири шуъба талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад: - таҳсилоти олии касбӣ; - 3 сол собиқаи корӣ; - донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ - донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон; - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои вазифаи мудири шуъбаро ба танзим медароранд; - мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; - на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ; - кор карда тавонистан бо компютер. Маоши вазифавӣ 2768,0 сомонӣ 2. Сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва коргузории Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон , - 2 ҷой Талаботи тахассусӣ барои довталабон: Барои вазифаи сармутахассис талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад: - таҳсилоти олии касбӣ; - 3 сол собиқаи корӣ; - донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ - донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон; - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои вазифаи сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд; - мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; - на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ; - кор карда тавонистан бо компютер. Маоши вазифавӣ 2579,0 сомонӣ 3. Сармутахассиси шуъбаи таълим ва корҳои методии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон , - 1 ҷой Талаботи тахассусӣ барои довталабон: Барои вазифаи сармутахассис талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад: - таҳсилоти олии касбӣ; - 3 сол собиқаи корӣ; - донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ - донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон; - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои вазифаи сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд; - мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; - на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ; - кор карда тавонистан бо компютер. Маоши вазифавӣ 2579,0 сомонӣ 4. Сармутахассиси шуъбаи иноватсия ва ҳаракати олимпии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон , - 1 ҷой Талаботи тахассусӣ барои довталабон: Барои вазифаи сармутахассис талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад: - таҳсилоти олии касбӣ; - 3 сол собиқаи корӣ; - донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ - донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон; - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои вазифаи сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд; - мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; - на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ; - кор карда тавонистан бо компютер. Маоши вазифавӣ 2579,0 сомонӣ 5.

MJDRI
2 708
+1
ПИРӮЗИОВАРИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КУШОДАИ БИОЛОГӢ Аз 15 то 22-уми майи соли 2026 дар ҳудуди федералии «Сириус» Олимпиадаи байналмилалии кушодаи биологӣ (OIBO) баргузор гардид, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 5 нафар хонанда ва 1 нафар омӯзгор бо ҳадафи табодули таҷриба сафарбар карда шуданд. Боиси сарфарозӣ мебошад, ки хонандагони тоҷик бо маҳорати баланд ва дониши қавӣ дар даврҳои назариявӣ ва амалӣ сазовори 3 медали биринҷӣ гардиданд. Дар даври лоиҳавӣ як мавзуи лоиҳа интихоб гардида, дастаҳои мунтахаб миёни ҳам рақобат намуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин давр пирӯз шуда, сазовори медали тило гардид.

MJDRI
2 708
+5
забон ва адабиёти рус 9-10.docx0.24 KB

MJDRI
2 708
КАЛИДИ ҶАВОБҲО - СИНФИ - 9-10.docx0.14 KB

MJDRI
2 708
ҒОЛИБИЯТИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАТЕМАТИКИИ ТУРКМАНИСТОН Аз 8 то 13 апрели соли 2026 дар шаҳри Ашқоб
ҒОЛИБИЯТИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАТЕМАТИКИИ ТУРКМАНИСТОН Аз 8 то 13 апрели соли 2026 дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон 3-юмин Олимпиадаи байналмилалии математикии Туркманистон баргузор гардид. Дар ин Олимпиада 28 нафар хонандагони тоҷик иштирок намуда, сазовори 15 медал аз ҷумла 3 медали тилло, 4 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ гардиданд. Олимпиада аз ҷумлаи сабқатҳои сатҳи баланд ба ҳисоб рафта, дар он хонандагони зиёда аз 15 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

MJDRI
2 708
ОМӮЗИШИ ФАЪОЛИЯТИ ЛИТСЕЙ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА Имрӯз, 14 апрели соли 2026 гурӯҳи кории Маркази ҷумҳ
+4
ОМӮЗИШИ ФАЪОЛИЯТИ ЛИТСЕЙ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА Имрӯз, 14 апрели соли 2026 гурӯҳи кории Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат»-ро дар шаҳри Турсунзода мавриди омӯзиш қарор дод. Ҳадаф арзёбии сатҳу сифати таҳсилот ва расонидани ёрии амалӣ-методӣ буда, дар ҷараён дастовардҳо ва норасоиҳо таҳлил гардида, ба омӯзгорон тавсияҳои мушаххас пешниҳод шуданд.

MJDRI
2 708
ЭЪТИМОД БА ДОНИШ: РАВАНДИ АПЕЛЛЯТCИЯИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФИ 11 Имрӯз, 12 апрели соли 2026, дар Муассисаи
+4
ЭЪТИМОД БА ДОНИШ: РАВАНДИ АПЕЛЛЯТCИЯИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФИ 11 Имрӯз, 12 апрели соли 2026, дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе раванди апеллятсия барои иштирокдорони даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ баргузор гардид. Иштирокдорон имкон пайдо карданд, ки натиҷаҳои худро бо комиссияи апеллятсионӣ баррасӣ намуда, ба саволҳои худ ҷавоб гиранд. Раванди апеллятсия дар фазои шаффоф ва одилона баргузор гардида, ба таҳкими эътимод ба натиҷаҳо мусоидат намуд.

MJDRI
2 708
РЕПОРТАЖ ТЕЛЕКАНАЛА «МИР-24» О НАЧАЛЕ ЧЕТВЁРТОГО (РЕСПУБЛИКАНСКОГО) ЭТАПА ПРЕДМЕТНЫХ ОЛИМПИАД ДЛЯ УЧАЩИХСЯ 11-Х КЛАССОВ

MJDRI
2 708
ШИНОСОИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАВАНДИ БАРГУЗОРИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ Дар рӯзи дуюми баргузории олимпиадаҳои фаннӣ м
+6
ШИНОСОИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАВАНДИ БАРГУЗОРИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ Дар рӯзи дуюми баргузории олимпиадаҳои фаннӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода аз раванди гузаронидани олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дидан намуда, ба иштирокдорон комёбӣ ва муваффақият таманно карданд. Бояд ёдовар шуд, ки дар рӯзи дуюми олимпиада иштирокдорон маҳорати худро аз рӯйи фанҳои таърих, математика, физика, химия, биология, география ва технологияи иттилоотӣ санҷида, байни ҳам донишозмоӣ намуданд.

MJDRI
2 708
Гузориши телевизиони "Сафина" аз оғози даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11 09.04.2026

MJDRI
2 708
photo content
+4

MJDRI
2 708
ТАВАҶҶУҲ! ОЛИМПИАДА Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои маориф, директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хонандагон, омӯзгорон ва волидайн мерасонад, ки аз 9 то 12 апрели соли 2026 даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11, ба истиснои фанни технологияи иттилоотӣ, дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешаванд. Олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ бошад, дар Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад. Иштирокдорони даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо либоси расмӣ, маълумотномаи расмдор ва бо муҳри муассисаи таълимӣ тасдиқшуда ва нусхаи шиноснома ба Олимпиада роҳ дода мешаванд. Ҳамчунин, иваз намудани хонанда дар рӯзи баргузории олимпиада, пешниҳоди иштирокдори дигар ба ҷойи хонандаи номнависшуда, иштироки хонандагоне, ки берун аз рӯйхат ва ё берун аз фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, қатъиян манъ аст. Истифодаи калкулятори оддӣ (ғайри функсионалӣ) ва ҷадвали даврии Д. И. Менделеев барои фанҳои химия ва физика иҷозат дода мешавад.

MJDRI
2 708
ГУЗОРИШИ ТЕЛЕВИЗИОНИ «БАҲОРИСТОН» АЗ РАВАНДИ ПАЗИРОИИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «INFOMATRIX-ASIA 2026»