309
Subscribers
+124 hours
+27 days
+1630 days
Posts Archive
309
Шабро агар аз мурдадилӣ зинда надорӣ,
Ҷаҳде куну домони саҳаргоҳ нигаҳ дор!
Соиби Табрезӣ
309
Илоҳӣ, Ту бар раҳмати Худу ман бар ҳоҷати хеш, пас, Ту тавонгарию ман дарвеш.Ё Раб, зи карам ба ҳоли ман раҳмат кун, Бар ин дили нотавони ман раҳмат кун. Дар синаи дардманди ман роҳат неҳ, Бар дидаи ашкбори ман раҳмат кун. Абдуллоҳи Ансорӣ, “Муноҷотнома”.
309
Нафси саркашро мусаххар ақли пуртадбир кард,
Саг чу шуд девона ӯро метавон занҷир кард.
Сайидои Насафӣ
309
Шукуҳу авҷу волоӣ на шаъни ҳар касе бошад,
Кабӯтар болу пар дорад, вале шоҳин нахоҳад шуд.
Алӣ Умронӣ
309
Нашуд кам чизе аз хуршед, баъд аз қарнҳо тобиш,
Зи исору ҷавонмардӣ касе мискин нахоҳад шуд.
Алӣ Умронӣ
309
Зи мулки поктинатҳо дили чиркин нахоҳад шуд,
Садоқатпешаро ҳаргиз назар бадбин нахоҳад шуд.
Мурувватро амал бояд, ки вақти талхкомиҳо,
Зи ҳалво гуфтани мардум даҳан ширин нахоҳад шуд.
Алӣ Умронӣ
309
Ҳар чи оташ сар кашад, охир таназзул мекунад,
Дона аз уфтодагӣ сайри такомул мекунад.
Эй ки бо гарданфарозӣ толиби шахсиятӣ,
Ғунчаи шахсият аз уфтодагӣ гул мекунад.
Алӣ Умронӣ
309
Чашми занбӯри асал парвонаеро диду гуфт:
— Оқибат ишқи ту моро хонавайрон мекунад!
Лоадрӣ
309
Ёри мардони Худо бош, ки дар киштии Нӯҳ,
Ҳаст хоке, ки ба обе нахарад тӯфонро.
Ҳофизи Шерозӣ
309
Гуфта будӣ дарди дил кун гоҳ бо ҳамсуҳбате,
Ку рафиқи роздоре, ку дили пуртоқате?!
Фозил Назрӣ
309
Лутфи беҳад арзиши меҳру вафоро бишканад,
Ҳар матое аз фаровонӣ, баҳоро бишканад.
Дастгирӣ гар кунӣ аз ҳар касе, ҳушёр бош,
Кӯр агар бино шавад, аввал асоро бишканад.
Ҳадду марзи хешро бо ҷону дил маҳфуз дор,
Як таҷовузгар гаҳе ҷуғрофиёро бишканад.
Гар қабои фохири шоҳон бипӯшад соиле,
Шоҳ нахоҳад шуд, вале қадри қаборо бишканад.
Алӣ Умронӣ
309
Repost from АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊
Порае аз китоб
Мо наметавонем одатҳои худро комилан аз байн барем, балки метавонем онҳоро бо одатҳои беҳтар иваз кунем. Ҳамчунин, одатҳо дар як шаб ба вуҷуд намеоянд ва дар як шаб ҳам тағйир намеёбанд ё аз байн намераванд. Барои иваз кардани ҳар як одат, машқ, сабру таҳаммул ва пайгирии доимӣ зарур аст.
📘 «Қудрати одат» (Чарлз Дуҳиг)
309
Дами ҷонбахши насими саҳариро дарёб,
Пеш аз он к-аз нафаси халқ мукаддар гадад.
Соиби Табрезӣ
309
Сар ба ҳам оварда дидам баргҳои ғунчаро,
Иҷтимои дӯстони якдилам омад ба ёд.
Соиби Табрезӣ
309
Афсӯс, ки мо оқибатандеш наем,
Дорем либоси фақру дарвеш наем.
Ин кибру манӣ ҷумла аз он аст, ки мо
Қонеъ ба насибу қисмати хеш наем.
Абӯсаиди Абулхайр
309
Илоҳӣ, адои шукри Туро ҳеҷ забон нест ва дарёи фазли Туро ҳеҷ канор нест ва сирри ҳақиқати Ту бар ҳеҷ кас аён нест. Ҳидоят кун бар ман раҳеро, ки беҳтар аз он нест.Ё Раб, зи роҳи рост нишоне хоҳам, Аз бодаи обу хок ҷоне хоҳам. Аз неъмати Худ чу баҳрамандам кардӣ, Дар шукргузорият забоне хоҳам. Абдуллоҳи Ансорӣ, “Муноҷотнома”.
