cookie

We use cookies to improve your browsing experience. By clicking «Accept all», you agree to the use of cookies.

avatar

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

Advertising posts
2 528
Subscribers
-124 hours
-97 days
-2330 days

Data loading in progress...

Subscriber growth rate

Data loading in progress...

То вақте, ки ҷаҳл ҳоким бар андешаи одамиён аст, бутҳо тағйир мекунанд, аммо бутпарастӣ ҳамчунон идома дорад.
— Нил Деграсс Тайсон
Show all...
😢 9👍 3
Photo unavailableShow in Telegram
Касе ба Иброҳим Адҳам гуфт: Маро васияте кун. Иброҳим Адҳам фармуд: "Баста бикушо ва кушода бибанд". Пурсанда суханро фаҳм накард ва аз маънои он пурсид. Ориф посух дод: "Кисаи баста бикушо ва забони кушода бибанд". 📗Тазкирату-л-авлиё Лаб бибанду каффи пурзар баргушо, Бухли тан бигзору пеш овар сахо. — Мавлоно
Show all...
👍 11 7🔥 2
Танҳо ҳайвоне, ки шер аз он метарсад, занаш аст. Агар шумо ҳам аз занатон метарсед, шер ҳастед. )
Show all...
😁 57👍 6
Photo unavailableShow in Telegram
Дунё барои Худованд беарзиш аст, онро баро ҳар касе, ки дӯст дорад ва дӯст надорад, мебахшад, аммо имионро ба касе ато мекунад, ки дӯсташ медорад. — Убайд ибн Умайр
Show all...
38👍 8😢 5🕊 1
Ҳадис: "Ҳар касе намози асрро тарк намояд, тамоми аъмоли некаш аз байн меравад". 📚 Бухорӣ 553
Show all...
😢 23👍 11
Photo unavailableShow in Telegram
Оё медонед нақошии Мона Лизаро бештар чи маъруф кар? Дуздӣ шудани он! Пеш аз оне, ки ин наққошӣ дуздӣ шавад, чунин маъруф набуд. Як субҳ кормандони музейи Перуджа огоҳ мешаванд, ки наққошии мазкур дар ҷои худ нест. Ҳама ҷо овоза мешавад, ки Мона Лизаро дуздидан. Баъд аз он иттифоқ мардум барои дидани ҷои холии ин наққошӣ ба музейи меомаданд. Ҳатто нависандаи маъруф Франс Кофко низ... Наққошӣ пайдо ва он дузд фақат 8 моҳ зиндонӣ шуд. Манзур ин нест, ки ҳунаре дар он наққошӣ нест, фақат инро мехоҳам гӯям, ки ҳар чизеро ногаҳон аз даст додем, баъдан арзиш ва моҳияташро дарк хоҳем кард. АЗ ҲАР ЗОВИЯ
Show all...
👍 24 6😢 6💔 1
Давраҳои пеш мардум як каналро дар чанд сол ба тариқи ҳашар мекофтанд. Ҳоло бошад ҳар як блогер канали худро дорад)
Show all...
😁 38😢 4
Зиндагӣ монанди бозии шоҳмот аст. Мо нақшае мекашем, аммо иҷрои он вобаста ба ҳаракатҳое аст, ки рақиб бо хости худ анҷом медиҳад. Ин рақиб дар зиндагӣ, "сарнавишт" аст.
— Артур Шопенгауэр
Show all...
👍 22 5🔥 3👎 1🕊 1💔 1
Дилтанг мешавӣ? Барои илоҷи дилангиҳое, ки сабабгораш шунидани ҳарфи дигарон аст ва ё ҳар дилтангие, ки худ маншаъи онро намедонӣ, Қуръони карим ду тавсия фармудааст: 1. Тасбеҳ (Субҳоналлоҳ гуфтан) 2. Ҳамд (Алҳамдулиллоҳ гуфтан) 📖 "Ва қатъан медонем, ки синам ту аз он чи мегӯянд, танг мешавад. Пас бо ситоиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй ва аз саҷдакунандагон бош". (Ҳаҷр 97 - 98)
Show all...
32👍 9😢 4👏 1
Гар надидӣ суди ӯ дар қаҳри ӯ, Кай шудӣ он лутфи мутлақ қаҳрҷӯ? — Мавлоно Худо лутфи мутлақ аст. Ҳар чи он Хусрав кунад, ширин кунад, Чун дарахти тин ҷумла тин кунад. Дарахти анҷир ҳамеша анҷир медиҳад. Оё шудааст, ки анҷир боре лимӯи турш диҳад? Не албатта. Анҷир низ хосияти худро дооад. Тару хушк ва тозаву куҳнааш ҳам. Худованд аз дарахти анҷир камтар нест. Худо ҳам коре кунад, хосияти худашро дорад, осор ва баракати худашро дорад. Мунтаҳо Худованд гоҳо лутфро дар қаҳр мебинад ва судро дар зиён ва агар касе дучори қаҳру зиён шавад, ба он лутф ва суд роҳ пайдо мекунад, дуруст монанди барги чойе, ки вақте дар оби ҷӯш андохта мешавад, он атру тамъи хуш ва рангаш ошкор мешавад. Пас агар зоҳираш қаҳромез аст, аммо дар ҳақиқат лутф аст нисбат ба он барги чой. Ё монанди модаре, ки бачаашро аз шир ҷудо мекунад, ки ба зоҳир қаҳр аст, аммо ботинаш лутф асту мехоҳад баробари ӯ суфрае аз таъом боз кунад. #маснавӣ
Show all...
20👍 8🙏 1
Choose a Different Plan

Your current plan allows analytics for only 5 channels. To get more, please choose a different plan.