ДАРСҲОИ ТАҶВИД آموزش تجوید📚
Open in Telegram
Бо дили пок ба сӯи дониш ва нур! 📖 Дар ин канал шумо меомӯзед📚 – Қоидаҳои хондани дурусти Қуръон – Талаффузи саҳеҳи ҳарфҳо – Қадам ба қадам омӯзиши таҷвид – Маслиҳатҳо барои зебо хондан – Қироъати Қуръонӣ ва илҳомбахш
Show more646
Subscribers
-124 hours
No data7 days
-1230 days
Posts Archive
РУЗЕ БЕ ҚУРЪОН — ФУРСАТИ АЗ ДАСТ РАФТА АСТ.
Агар рӯзҳоятон мегузаранд, аммо дар онҳо барои Китоби Аллоҳ (Қуръон) ҳеҷ насибае набошад, пас бар нафси худ бигирйед. Аз Аллоҳ офият бихоҳед ва дар ҳузури Ӯ истиғфор гуфта, худро фурӯтан доред. Зеро ин (маҳрум шудан аз Қуръон) танҳо ба сабаби гуноҳе мебошад.
[Шинқитий]
Баъзан фикр мекунем, ки бо корҳои дунё машғул шуда, барои хондани Қуръон вақт намеёбем. Аммо асл дар камбуди вақт нест — балки мумкин аст гуноҳҳо моро аз Каломи Аллоҳ маҳрум карда бошанд.
Инсон вақте молу дунёро аз даст медиҳад, ғамгин мешавад. Аммо дур шудан аз Қуръон — ин мусибати аз ҳама бузург аст.
Агар наметавонед ба Қуръон баргардед, истиғфорро зиёд кунед. Зеро истиғфор занги гуноҳҳоро мешӯяд ва қалбро барои қабул кардани Каломи Аллоҳ боз мекунад.
Иди саиди Фитр муборак бод.💐
Аллоҳ таъоло ба ҳамаи мо тавфиқ дод, ки моҳи мубораки Рамазонро бо рӯза, намоз ва ибодат сипарӣ намоем. Имрӯз рӯзи бузургест, ки дар он мӯъминон шодӣ мекунанд ва Парвардигори худро ба бузургӣ ёд менамоянд.
Аз суннати саҳобагони гиромӣ (رضي الله عنهم) чунин буд, ки дар рӯзи ид якдигарро табрик гуфта, мегуфтанд.
«تَقَبَّلَ اللَّهُ مِنَّا وَمِنكُمْ»
Аллоҳ аз мо ва аз шумо қабул фармояд.
Ин рӯз рӯзи шукр, зикр ва такбир аст. Бигзор Аллоҳ ҳамаи ибодатҳои моро қабул кунад, гуноҳҳоямонро бубахшад ва моро аз ҷумлаи бандагони растгор қарор диҳад.
Имруз рузестки тамоми муъминин бояд хушҳол бошанд.
تَقَبَّلَ اللَّهُ مِنَّا وَمِنكُمْ صَالِحَ الأَعْمَالِ
عِيدٌ مُبَارَكٌ عَلَيْنَا وَعَلَيْكُمْ
اللهُ أكبَرُ كَبيرًا ، والحَمدُ لله كَثيرًا ، وسُبحَانَ اللهِ بُكرةً وأصِيلًا🧡
суннатҳои рӯзи ид (Ид ал-Фитр ва Ид ал-Адҳо)
▪️ Аввал: зебо шудан (ороиш) дар рӯзи ид:
Аз Ибни Аббос (р.а.) ривоят аст, ки: «Паёмбар ﷺ дар рӯзи ид либоси сурх мепӯшид.»
📚 Силсилаи саҳеҳ (1279) Албонӣ гуфтааст: санад хуб аст
▪️ Дуюм: ғусл кардан (шустушӯ) пеш аз баромадан ба намози ид:
Аз Нофеъ ривоят аст, ки: «Абдуллоҳ ибни Умар (р.а.) дар рӯзи Фитр пеш аз рафтан ба намозгоҳ ғусл мекард.»
📚 Муваттаъ Имом Молик (384) – саҳеҳ.
▪️ Сеюм:
Дар Иди Қурбон пеш аз намоз чизе нахӯрдан
Дар Иди Фитр пеш аз намоз чизе хӯрдан
Аз Бурайда (р.а.): «Паёмбар ﷺ дар Иди Фитр то чизе намехӯрд баромадан намекард, ва дар Иди Қурбон намехӯрд то намоз мехонд.»
📚 Саҳеҳ Бухорӣ (953)
▪️ Чорум: пиёда рафтан ба намозгоҳ:
Ибни Умар (р.а.) мегӯяд: «Паёмбар ﷺ ба намози ид пиёда мерафт ва пиёда бармегашт.»
📚 Ҳасан – саҳеҳ
▪️ Панҷум: иваз кардани роҳ (рафтан аз як роҳ, баргаштан аз роҳи дигар):
Аз Ҷобир (р.а.): «Паёмбар ﷺ дар рӯзи ид роҳро иваз мекард.»
📚 Саҳеҳ Бухорӣ (986)
▪️ Шашум: такбир гуфтан аз хона то намоз:
Аз Зуҳрӣ: «Паёмбар ﷺ дар рӯзи Фитр мебаромад ва такбир мегуфт то ба намозгоҳ мерасид ва то анҷоми намоз.»
📚 Силсилаи саҳеҳ (171)
▪️ Ҳафтум: гӯш кардан ба хутба:
Аз Абдуллоҳ ибни Соиб (р.а.): «Бо Паёмбар ﷺ дар ид будем. Намозро хонд ва гуфт: ҳар кас хоҳад, барои хутба бинишинад, ва ҳар кас хоҳад, биравад.»
📚 Саҳеҳ
▪️ Ҳаштум: табрик гуфтан:
Аз Ҷубайр ибни Нуфайр (р.а.): «Саҳобаҳо дар рӯзи ид ба ҳам мегуфтанд:
“Аллоҳ аз мо ва аз ту қабул кунад.”»
▪️ Нӯҳум: баъд аз баргаштан ду ракъат намоз хондан:
Аз Абу Саид (р.а.): «Паёмбар ﷺ пеш аз намози ид чизе намехонд, аммо баъд аз баргаштан ба хона ду ракъат мехонд.»
📚 Ҳасан
▪️ Даҳум:
Фаровонӣ кардан ба аҳлу оила, нигоҳ доштани робита бо хешу табор ва анҷом додани корҳои нек.
ЭЪЛОН ЭЪЛОН
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.
Модарон ва хоҳарони азиз
🌙имрӯз 18.03.2026, чоршанбе, дар ҷаҳони исломӣ ҳилоли моҳи Шаввол мушоҳида шуд, аммо хабаре аз пайдо шудани моҳи нав наомад.
Аз ин рӯ, моҳи Рамазон ба миқдори 30 рӯз пур карда мешавад ва, иншааллоҳ,
🎊🎉20.03.2026, рӯзи ҷумъа, рӯзи аввали Иди Рамазон ҳисоб карда мешавад.
Аллоҳ таоло амалҳои солиҳамонро дар ин моҳи муборак қабул кунад ва моро ба рӯзҳои Ид бо саломатӣ ва оромӣ расонад.
Амин!
Яънᴇ ᴀʍᴀᴧҳᴏᴇ, ᴋи инᴄᴏн дᴀᴩ дунё ᴀнҷᴏʍ ʍᴇдиҳᴀд (ибᴏдᴀᴛ, нᴇᴋиҳᴏ, ᴄᴀдᴀқᴀ, ᴛᴀқʙᴏ), ʍиᴄᴧи ᴋиɯᴛ ʍᴇбᴏɯᴀнд. Ҳᴏᴄиᴧи ҳᴀқиқии ᴏнҳᴏ дᴀᴩ ᴏхиᴩᴀᴛ ᴨᴀйдᴏ ʍᴇɯᴀʙᴀд. Аᴦᴀᴩ инᴄᴏн дᴀᴩ дунё бᴀᴩᴏи ᴏхиᴩᴀᴛᴀɯ ᴀʍᴀᴧ нᴀᴋунᴀд, дᴀᴩ ᴀᴄᴧ ҳᴀᴩ дуяɯᴩᴏ бᴏхᴛᴀᴀᴄᴛ.
Зᴇᴩᴏ дунё ᴦуɜᴀᴩᴀндᴀ ᴀᴄᴛ ʙᴀ дᴇᴩ ё ɜуд бᴀ ᴏхиᴩ ʍᴇᴩᴀᴄᴀд, ᴀʍʍᴏ ᴏхиᴩᴀᴛ ᴀбᴀдӣ ᴀᴄᴛ. Оқиᴧ ᴏн ᴋᴀᴄ ᴀᴄᴛ, ᴋи дунёᴩᴏ ᴛᴀнҳᴏ ҷᴏйи ᴀʍᴀᴧ ʙᴀ ᴏʍᴏдᴀᴦӣ ʍᴇдᴏнᴀд, нᴀ ҷᴏйи иᴄᴛиᴩᴏҳᴀᴛи ᴀбᴀдӣ. Ҳᴀᴩ нᴇᴋиᴇ, ᴋи инᴄᴏн иʍᴩӯɜ ʍᴇᴋунᴀд — яᴋ ᴛухʍᴇᴄᴛ, ᴋи ɸᴀᴩдᴏ дᴀᴩ бᴏғи ᴏхиᴩᴀᴛ бᴀ ɯᴀᴋᴧи ᴄᴀʙᴏб, ᴩᴀҳʍᴀᴛ ʙᴀ нᴇъʍᴀᴛ ʍᴇᴩӯяд.
Аʍʍᴏ ᴋᴀᴄᴇ, ᴋи ᴛᴀʍᴏʍи уʍᴩᴀɯᴩᴏ ᴛᴀнҳᴏ бᴀᴩᴏи дунё ᴄᴀᴩɸ ʍᴇᴋунᴀд ʙᴀ ᴏхиᴩᴀᴛᴩᴏ ɸᴀᴩᴏʍӯɯ ʍᴇᴋунᴀд, ʍиᴄᴧи дᴇҳқᴏнᴇᴄᴛ, ᴋи ɜᴀʍини худᴩᴏ бᴇᴋᴏᴩ ʍᴇᴦуɜᴏᴩᴀд — ʙᴀқᴛᴇ ʙᴀқᴛи дᴀᴩᴀʙ ʍᴇᴩᴀᴄᴀд, чиɜᴇ бᴀᴩᴏи ᴦиᴩиɸᴛᴀн нᴀʍᴇёбᴀд.
Пᴀᴄ хуɯᴏ бᴀ ҳᴏᴧи ᴋᴀᴄᴇ, ᴋи иʍᴩӯɜ бᴏ иʍᴏн, ихᴧᴏᴄ ʙᴀ ᴀʍᴀᴧҳᴏи нᴇᴋ ᴋиɯᴛ ʍᴇᴋунᴀд, ᴛᴏ ɸᴀᴩдᴏ дᴀᴩ ᴩӯɜи қиёʍᴀᴛ ҳᴏᴄиᴧи ᴨуᴩбᴀᴩᴀᴋᴀᴛ биᴦиᴩᴀд.
Эй Аллоҳ, эй Фаровондиҳандаи ризқ!
Ба ман он чиро биомӯз, ки ба ман фоида дорад,
ва маро аз он чи омӯхтаам баҳраманд гардон,
ва маро илме рӯзӣ деҳ, ки ба ман нафъ расонад.
🤲🏽 Эй Аллоҳ!
Маро биёмурз, бар ман раҳм кун,
маро офият деҳ ва ба ман ризқ ато кун.
🤲🏽 Эй Аллоҳ!
Ба ман ду чашми гирён рӯзӣ кун,
ки дилро бо рехтани ашк аз тарси Ту шифо диҳанд.
🤲🏽 Эй Аллоҳ!
Лаззати назар кардан ба рӯи (ҷамоли) Туро
ва шавқи дидори Туро ба ман рӯзӣ кун.
🤲🏽 Эй Аллоҳ!
Муҳаббати Худатро ба ман рӯзӣ кун,
ва муҳаббати касоне, ки Туро дӯст медоранд,
ва муҳаббати ҳар амали солеҳеро, ки маро ба муҳаббати Ту наздик мекунад.
🤲🏽 Эй Аллоҳ!
Он чиро, ки аз чизҳои дӯстдоштаам ба ман додаӣ,
қуввате барои анҷоми он чи Ту дӯст медорӣ гардон.
Ва он чиро, ки аз чизҳои дӯстдоштаам аз ман боздоштаӣ,
фурсате гардон, то онро дар роҳи он чи Ту дӯст медорӣ сарф кунам.
🤲🏽 Эй Аллоҳ!
Ба ман ризқи ҳалоле рӯзӣ кун, ки барои он азобам накунӣ,
ва маро ба он чи додаӣ қонеъ гардон.
Маро аз бади муқоиса кардан бо дигарон нигоҳ дор
ва аз он ки чашм ба неъматҳои дигарон дӯзам, муҳофизат кун.
🤲🏽 Эй Аллоҳ!
Ҳақро ба ман ҳақ нишон деҳ ва пайравии онро насибам гардон.
Ва ботилро ба ман ботил нишон деҳ ва дурӣ аз онро насибам кун,
ва онро бар ман муштабеҳ магардон, то аз ҳавои нафс пайравӣ накунам.
🤲🏽 Эй Ризқдиҳанда, эй Ризқдиҳанда!
Дунёро бо тамоми он ба ман деҳ,
вале онро дар дасти ман қарор деҳ, на дар дили ман.
Диламро аз дунё беалоқа гардон
ва онро пур аз иштиёқ ба он чи назди Туст, эй Карим.
🤲🏽 Эй Ризқдиҳанда!
Беҳтарин чизеро, ки ба дӯстони солеҳ ва бандагони парҳезгорат додаӣ,
ба ман низ рӯзӣ кун:
ки танҳо бо Ту бе ниёз аз ҳамаи мардум бошам.
Ва ба ман зеботарин эҳтиёҷмандӣ ба сӯи Худатро рӯзӣ кун,
эй Беҳтарини ризқдиҳандагон.
🤲🏽 Эй Ризқдиҳанда, эй Фаттоҳ (кушояндаи дарҳо)!
Дарҳои раҳмати Худро бароям боз кун,
ва дар дилам ва ақлам фатҳи равшане ато кун,
ва ба ман басирате деҳ, ки неъматҳои пинҳон дар паси тақдири Туро бубинам.
🤲🏽 Эй Ризқдиҳанда!
Аз некиҳо бештар аз он чи талаб мекунам ба ман деҳ,
ва ҳар бадиро аз дину дунёям дур гардон,
чи он чи медонам ва чи он чи намедонам.
🤲🏽 Эй Ризқдиҳанда!
Ба ман нафсе рӯзӣ кун, ки ба атои Ту қонеъ бошад,
ба қазои Ту розӣ бошад,
бар озмоиши Ту сабр кунад,
ба дидори Ту яқин дошта бошад,
бар неъматҳои Ту шукр гӯяд,
ба Ту имон дошта бошад ва бар Ту таваккал кунад.
🤲🏽 Эй Ризқдиҳанда!
Ба ман дӯстони солеҳ рӯзӣ кун,
ки маро бар амалҳои солеҳе, ки Туро хушнуд мекунад, ёрӣ диҳанд.
🤲🏽 Эй Аллоҳ, эй Ризқдиҳанда, эй Парвардигори рӯзидиҳанда!
Бандагони гуруснаатро дар паноҳгоҳҳо, кӯчаҳо ва ҳар ҷо, ки ҳастанд, сер гардон.
Онҳоро аз гуруснагӣ, урёнӣ ва ниёз нигоҳ дор,
ҳамоно Ту соҳиби ризқи фаровон ва бахшандаи карим ҳастӣ.
🤲🏽 Эй Аллоҳ!
Ба мардуми Ғазза ва Судон аз назди Худ ризқ ато кун.
Эй Парвардигор, ҷуз Ту ҳеҷ ёру ёваре нест, ки гуруснагии онҳоро бартараф кунад.
Мо аз ин зулме, ки бар онҳо рафтааст, назди Ту безорӣ меҷӯем.
Ба сӯи Ту шикоят мебарем ва аз Ту ёрӣ металабем,
пас онҳоро бо ризқи Худ мадад кун.
🤲🏽 Эй Аллоҳ!
Ба мурдагони мо раҳматҳои пайдарпайатро рӯзӣ кун.
Бар онҳо нуру лутф ва амони Худро бирез,
то он гоҳ ки дар назди ҳавзи Паёмбаратон онҳоро хушҳол ва шодмон мулоқот кунем,
ва ҳамаи мурдагони мусалмононро низ.
Омин, омин, омин.
🤲🏽 Ва дуруду саломи Худо бар Паёмбарамон Муҳаммад ﷺ
ва бар хонавода ва саҳобаҳояш бод.
ДУО дар «Шаби Қадр»Аиша розияллоҳу анҳа мегӯяд: «Гуфтам эй Расули Аллоҳ (ﷺ), агар бидонам кадом шаб шаби қадр аст, пас чӣ бояд бигӯям?» Расулаллоҳ гуфтанд: «Бигӯ: Аллоҳо ба таҳқиқ Ту Омӯрзандаи, омӯрзишро дӯст медори, пас маро биомӯрз!» اللَّهُمَّ إِنَّكَ عَفُوٌّ تُحِبُّ الْعَفْوَ فَاعْفُ عَنِّي Аллоҳумма иннака ‘афуввун, туҳиббул-‘афва фаъфу ъаннӣ
[ Сунан имом ат-Тирмизӣ 3513]Айиша розияллоҳу анҳа мегӯяд: لَوْ عَرَفْتُ أَيُّ لَيْلَةٍ لَيْلَةُ الْقَدْرِ مَا سَأَلْتُ اللَّهَ فِيهَا إِلَّا الْعَافِيَةَ «Агар медонистам, ки шаби қадр кадом шаб аст, пас дар ҳамон шаб аз Аллоҳ танҳо офият мепурсидам».
[Мусаннаф Ибн Аби Шайба]Айиша розияллоҳу анҳа мегӯяд: «لَوْ عَلِمْتُ أَيُّ لَيْلَةٍ لَيْلَةُ الْقَدْرِ كَانَ أَكْثَرُ دُعَائِي فِيهَا أَسْأَلُ اللَّهَ الْعَفْوَ وَالْعَافِيَةَ» Агар медонистам, ки кадоме аз шабҳо шаби қадр аст, пас бештар аз ҳама дар дуъоҳоям аз Аллоҳ омӯрзиш ва офият мепурсидам».
📚 Мусаннаф Ибн Аби Шайба
