ДАРСҲОИ ТАҶВИД آموزش تجوید📚
Open in Telegram
Бо дили пок ба сӯи дониш ва нур! 📖 Дар ин канал шумо меомӯзед📚 – Қоидаҳои хондани дурусти Қуръон – Талаффузи саҳеҳи ҳарфҳо – Қадам ба қадам омӯзиши таҷвид – Маслиҳатҳо барои зебо хондан – Қироъати Қуръонӣ ва илҳомбахш
Show more646
Subscribers
-124 hours
-27 days
-1130 days
Data loading in progress...
Similar Channels
Tags Cloud
No data
Any problems? Please refresh the page or contact our support manager.
Incoming and Outgoing Mentions
---
---
---
---
---
---
Attracting Subscribers
September '26
September '26
+2
in 0 channels
August '26
+12
in 0 channels
Get PRO
July '26
+16
in 0 channels
Get PRO
June '26
+17
in 0 channels
Get PRO
May '26
+26
in 0 channels
Get PRO
April '26
+22
in 1 channels
Get PRO
March '26
+72
in 4 channels
Get PRO
February '26
+36
in 0 channels
Get PRO
January '26
+65
in 0 channels
Get PRO
December '25
+60
in 1 channels
Get PRO
November '25
+47
in 1 channels
Get PRO
October '250
in 4 channels
Get PRO
September '250
in 1 channels
Get PRO
August '250
in 0 channels
Get PRO
July '250
in 0 channels
Get PRO
June '250
in 0 channels
Get PRO
May '250
in 0 channels
Get PRO
April '250
in 0 channels
Get PRO
March '250
in 0 channels
Get PRO
February '250
in 1 channels
Get PRO
January '25
+13
in 0 channels
Get PRO
December '24
+52
in 0 channels
Get PRO
November '24
+70
in 0 channels
Get PRO
October '24
+75
in 0 channels
Get PRO
September '24
+102
in 0 channels
Get PRO
August '24
+107
in 0 channels
Get PRO
July '24
+62
in 0 channels
Get PRO
June '24
+108
in 0 channels
Get PRO
May '24
+84
in 0 channels
Get PRO
April '24
+123
in 2 channels
Get PRO
March '24
+199
in 2 channels
Get PRO
February '24
+253
in 2 channels
Get PRO
January '24
+210
in 0 channels
Get PRO
December '23
+115
in 1 channels
| Date | Subscriber Growth | Mentions | Channels | |
| 07 September | 0 | |||
| 06 September | +1 | |||
| 05 September | 0 | |||
| 04 September | 0 | |||
| 03 September | +1 | |||
| 02 September | 0 | |||
| 01 September | 0 |
Channel Posts
♦️ Касе, ки дар айёми ҷавониаш барои талаби илм талош намекунад, ҷавонии худро аз даст додааст!
🪻 Эй Рабби ман, ҳамаи аҳли илмро биёмурз. Ононро барои ҳар хайре, ки ба мардум омӯхтаанд, ба беҳтарин подош мукофот бидеҳ ва дар илму умр ва амалашон баракат ато фармо.
🌿 Хушо ба ҳоли касе, ки рӯзҳои ҷавониашро дар роҳи илм сипарӣ мекунад, зеро ҷавонӣ мегузарад, аммо илме, ки барои Аллоҳ омӯхта шуд, боқӣ мемонад.
📚 Пас ин рӯзҳоеро, ки илм меомӯзӣ, ғанимат дон. Шояд рӯзе орзу кунӣ, ки кош боз ба ҳамин рӯзҳо бармегаштам: ба рӯзҳое, ки дарс мехондам, менавиштам, такрор мекардам ва барои фаҳмидани як масъала талош менамудам.
🌸 Аз сахтии роҳи илм хаста нашав. Ҳар ҳарфе, ки имрӯз меомӯзӣ, ҳар саҳифае, ки мехонӣ ва ҳар дарсе, ки такрор мекунӣ, қадаме ба сӯи нур аст.
🕊️ Илмро танҳо барои донистан наомӯз; онро барои амал кардан, барои ислоҳи худ ва барои расонидани хайр ба дигарон биомӯз. Зеро зеботарин илм он аст, ки дар қалб ҷой гирад, дар амал намоён шавад ва ба дигарон фоида расонад.
🌷 Эй толиби илм! Имрӯзатро аз даст надеҳ. Он чизеро, ки имрӯз метавонӣ биомӯзӣ, ба фардо нагузор. Зеро умр мегузарад, рӯзҳо барнамегарданд, вале самараи илми судманд боқӣ мемонад.
🤲 Эй Аллоҳ! Ба мо илми судманд, қалби ихлосманд, амали қабулшуда ва сабру устуворӣ дар роҳи илм ато фармо. Илмро нури қалбҳои мо, сабаби наздикии мо ба Ту ва ҳуҷҷате ба нафъи мо қарор бидеҳ, на бар зарари мо. Амин.
| 2 | No text... | 323 |
| 3 | Ингуна муъомила зӯровари задани зан аломати мардонаги нест.
Занро задан дар пеши мардум нишонаи пасти инсон аст.
Занро задан дар пеши кӯдакон нишонаи аҳмақи инсон аст бале аҳмақи аст!.
Табибони иълми нафс гуфтанд овоз баланд кардан ҳақорат кардани зану мард дар назди кӯдакон психикаи кӯдаконро вайрон мекунад аммо задани модари кӯдак сахтар ва бадтар аст! Кӯдак ҳама чизро фаромӯш мекунад ғайр аз задану ҷангу ҷанҷол як умр травма мегирад.
Дар сару рӯй зан задан аломати ҷоҳили бе маданияти мард аст.
Бародарон як чизро ба шумо мегӯям инро фаромӯш накунед:
Зан як инсони отифи эҳсоси
(эмоциональный) аст.
Агар занро зади хосстан дар сару рӯяш таҳқиру ҳақорат карди обруяшро резониди дар пеши дигарон...
Яқинан бидон аз қалбаш туро мебарорад дигар бахишишу узрхоҳиҳо ӯро мисли пешина намегардонад.
Инро бидон:
Сахттарин чизе ки қалби занро мешиканад туро аз қалбаш холи мекунад ин таҳқиру иҳонат кардан задан дар сару рӯй обруяшро резондан аст!.
Қасам ба Аллоҳ! баъди ин амалҳо агар диди зани ту то ҳол дар хона аст яқин бидон ҷои рафтан то ҳол наёфтааст! Набошад аз рангу рӯй бади ту абади безор аст!.
Бахшиш таёр накун сулҳу нақша накаш агар натиҷа дод муваққатан шояд аммо ту марди пешина намемони дар қалби ӯ. | 580 |
| 4 | 🌙 ОШӮРО — ФУРСАТЕ КИ ШОЯД ТО СОЛИ ОЯНДА БА ОН НАРАСЕМ...
Алҳамдулиллоҳ, боз Аллоҳ Таъоло моро ба рӯзҳои мубораки моҳи Муҳаррам расонид. Дар байни рӯзҳои ин моҳ, рӯзи Ошӯро (10-уми Муҳаррам) мақоми бисёр бузург дорад.
📖 Вақте Паёмбар ﷺ ба Мадина омаданд, диданд, ки яҳудиён рӯзи Ошӯроро рӯза мегиранд. Сабабашро пурсиданд. Онҳо гуфтанд:
«Ин рӯзест, ки Аллоҳ ҳазрати Мӯсо (алайҳиссалом) ва қавмашро наҷот дод, ва Фиръавнро ғарқ кард.»
Пас Расулуллоҳ ﷺ фармуданд:
«Мо ба Мӯсо аз шумо сазовортарем.»
Сипас худашон рӯза гирифтанд, ва ба рӯза гирифтани он амр карданд. (Бухорӣ ва Муслим)
⭐ Ва бузургтарин башорат ин аст:
Расулуллоҳ ﷺ фармуданд:
«Умед дорам, ки рӯзаи рӯзи Ошӯро гуноҳони як соли гузаштаро кафора кунад.»
(Саҳеҳ Муслим)
Тасаввур кунед!
✅ Як рӯз рӯза
✅ Аз субҳ то шом сабр
✅ Ва умеди бахшида шудани гуноҳони як соли гузашта
Чӣ қадар аз мо дар ин як сол хато кардем?
Чӣ қадар гуноҳоне ҳастанд, ки танҳо Аллоҳ медонад?
Акнун Аллоҳ Таъоло барои мо дареро аз раҳмат боз кардааст. Пас оқил касест, ки аз ин имконият истифода барад.
▫️Имсол рӯзи Ошӯро, рӯзи Панҷшанбе (25 июни 2026)
рост меояд иншоаллоҳ
📝 Беҳтарин тарзи рӯза:
▪️ 9 ва 10 Муҳаррам
(Чоршанбе/Панҷшанбе)
▪️ ё 10 ва 11 Муҳаррам
(Панҷшанбе/Ҷумъа)
📌 Бародарону хоҳарони
азиз! Биёед аз ин фазилати бузург худро маҳрум насозем
Шояд баъзеи мо то
Рамазони оянда нарасем...
Шояд баъзеи мо Ошӯрои соли ояндаро набинем...
🌱 Пас ин рӯзи муборакро ғанимат донем ва аҳлу хонавода, дӯстону наздикони худро низ ба ин суннати бузург даъват кунем.
🤲 Парвардигоро, моро аз рӯзагирандагони рӯзи Ошӯро ва аз касоне, ки гуноҳонашон бахшида мешавад, қарор бидеҳ. Омин
📢 Ин паёмро ба дигарон ҳам бифиристед, шояд сабаби ҳидоят ва савоби ҷорӣ барои шумо гардад.
https://t.me/fffggh4 | 492 |
| 5 | No text... | 436 |
| 6 | No text... | 638 |
| 7 | No text... | 594 |
| 8 | No text... | 601 |
| 9 | No text... | 626 |
| 10 | السلام عليكم ورحمة الله وبركاته
Хоҳарони азизу толибаҳои меҳрубон 🤍
📖 Қабули шогирдон ба гурӯҳи 10-уми омӯзиши Қуръони Карим оғоз шуд!
Дᴀᴩᴄҳᴏ дᴀᴩ бᴀᴩ ʍᴇᴦиᴩᴀнд:
✅ Тᴀҷʙид
✅ Тᴀᴄҳиҳи қиᴩᴏᴀᴛ
✅ Тибян
✅ Нуᴩᴏния
✅ Оʍӯɜиɯи ʍᴀхᴏᴩиҷи ҳᴀᴩɸҳᴏ
💰 Пардохти моҳона: 1000 рубл
Ҳᴀʍᴀи дᴀᴩᴄҳᴏи ɜиᴋᴩɯудᴀ дᴀᴩ ҳᴀʍин ʍᴀбᴧᴀғ дᴏхиᴧ ʍᴇбᴏɯᴀнд ʙᴀ ᴨᴀᴩдᴏхᴛи иᴧᴏʙᴀᴦӣ ᴛᴀᴧᴀб нᴀʍᴇɯᴀʙᴀд.
Дᴀᴩᴄҳᴏ ᴀɜ ᴄᴀᴛҳи ибᴛидᴏӣ ᴏғᴏɜ ʍᴇɯᴀʙᴀнд ʙᴀ қᴀдᴀʍ бᴀ қᴀдᴀʍ ᴦуɜᴀᴩᴏнидᴀ ʍᴇɯᴀʙᴀнд.
🌷Барои сабти ном ва гирифтани маълумоти бештар дар паёмҳои хусусӣ муроҷиат намоед.
📩 @IQRA_1111
🎓 Ꭺᴦᴀᴩ хᴏҳᴇд хᴏндᴀни Қуᴩъᴏнᴩᴏ дуᴩуᴄᴛ ᴏʍӯɜᴇд ʙᴀ қиᴩᴏᴀᴛи худᴩᴏ бᴇҳᴛᴀᴩ нᴀʍᴏᴇд, ʍᴇᴛᴀʙᴏнᴇд ᴄᴀбᴛи нᴏʍ ᴋунᴇд.
خَيْرُكُمْ مَنْ تَعَلَّمَ الْقُرْآنَ وَعَلَّمَهُ
Беҳтарини шумо касест, ки Қуръонро омӯзад ва онро ба дигарон омӯзонад.
Ꭺɜ Ꭺᴧᴧᴏҳ ᴛᴀъᴏᴧᴏ ʍᴇхᴏҳᴇʍ, ᴋи ᴏʍӯɜиɯи Қуᴩъᴏнᴩᴏ бᴀᴩᴏи ҳᴀʍᴀи ʍᴏ ᴄᴀбᴀби ҳидᴏяᴛ, бᴀᴩᴀᴋᴀᴛ ʙᴀ ᴄᴀᴏдᴀᴛи дунёʙу ᴏхиᴩᴀᴛ ᴦᴀᴩдᴏнᴀд. | 145 |
| 11 | 🌸🌸🌸
ЭЙ БАРОДАРАМ!!
ШАБҲО; МУДДАТИ ЗАМОНИ ТУЛОНИ БО ДИГАРҲО ГУФТУГУЙ НАКУН; ТО ҲАҚИ ҲАМСАРАТРО ЗОЕЪ СОЗӢ.
🪶 ПАЁМБАР ﷺ МЕФАРМОЯД:
"إن لزوجك عليك حقا"
Яъне: Ҳамоно ҳамсари шумо бар шумо ҳақ дорад.
📔[متفق عليه].
🪶Бале ин ҳадис дар асл дар бораи Абдуллоҳ ибн амр ки вақте аз ҳамсараш эъроз кард гуфта шудааст:
🪶*ВА ПАЁМБАР ﷺ БАРОЯШ ГУФТ:
إن لنفسك عليك حقًا، ولأهلك عليك حقًا، ولضيفك عليك حقًا، فأعط كل ذي حق حقه
✅ Ҳамоно нафсат бар ту ҳақ дорад ва аҳлат бар ту ҳақ дорад ва меҳмонат бар ту ҳақ дорад пас бидеҳ ҳар соҳиб ҳақро ҳаққашро.
🌴Ва ҳамчунин Насиҳати Салмон رضي الله عنه ба Абу Дардо, ки вақте Салмон رضي الله عنه Абу дардоро зиёрат карданд ва диданд ки шабҳоро қиём медораду рузҳоро Руза ва ҳеҷ таваҷҷуҳе надорад ба чизи дигар, ҳамсараш гуфт, ки ҳеҷ ҳоҷате барои у дар дунё нест, Салмон رحمه الله аз каломи ҳамсараш фаҳмид ки Абу Дардо ба ҳамсараш онтавре ки шоиста аст, таваҷҷуҳ намекунад, пас уро насиҳат кард, ва дастураш дод,ки ба назди аҳлаш биравад,ва охири шаб шабро қиём кунад, ва як руз руза бигирад, ва як руз бихурад ва барояш гуфт,ҳамоно нафсат бар болои ту ҳақ дорад,ва аҳлат бар болои ту ҳақ дорад, ва меҳмонат бар болои ту ҳақ дорад, пас бидеҳ ба ҳар соҳиб ҳаққашро.
Сипас Салмон Раҳимаҳуллоҳ ба суи Паёмбарﷺ рафтанд ва аз ин моҷарое, ки бо Абу дардо гузашт, уро хабар доданд,Паёмбарﷺ фармуданд: Рост гуфт Салмон,Рост гуфт Салмон.
ТАНБЕҲ:
Субҳаналлоҳ ин Абу Дардо رحمه الله коре накарда буд, ҷуз ин,ки ба ъибодат машғул шуда буд, ва аммо бозҳам дастур дода шуд ки барои ҳар кас ва ҳар чизе ҳаққе аст, пас бидеҳ ҳар соҳиб ҳақро ҳаққашро,
пас вой бар ҳоли касоне ки ҳақҳои ҳамсаронашронро зоеъ мекунанду дар кучаву хиёбонҳо, ва телефон ва баъзеҳо дигар аз пушти корҳои ҳароманд, ва шабҳоро ба маъсият ва гуноҳ мегузаронанд ва илова бар ин ҳуқуқи ҳамсаронашонро зоеъ менамоянд.
❗Пас воҷиб аст, бар ту ай шавҳар ки аз Аллоҳ битарсиву ба ҳамсарат таваҷҷуҳ дошта боши, ва дар мавриди он бепарвои нанамои, Ва ба хуби муъошират, ва зиндаги намои бо ҳамсарат, ва агар кор мекуни пас коркун дар ҳамон вақте,ки барои кор кардан ҳадду андоза гузошта шудааст ва боз фавран биё ба тарафи ҳамсарат ба он суҳбат кун, ва ба ниёзҳояш расидаги кун, то қалби ҳамсарат оромиш паӣдо намояд, ва то ин ки улуффат ва унс миёни якдигар эҷод гардад, бидуни шак Ҳамсар як оромише барои шавҳар аст.
📝*ЧУНОНЕ, КИ АЛЛОҲИ ﷻ МЕФАРМОЯД:
وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ خَلَقَ لَكُمْ مِنْ أَنفُسِكُمْ أَزْوَاجًا لِتَسْكُنُوا إِلَيْهَا
[الروم:21]
Тарҷума: ва аз аломат ва нишонаҳои бузургии Аллоҳﷻ ин аст, ки аз худи шумо занонро офарид,то ба онҳо ором гиред.
(Сураи Рум ояти 21)
⭕️пас эӣ бародар! Аз Аллоҳ битарс ва бо ҳамсарат хуб муъомила дошта бош нарм бош ва бо чеҳраи боз бо у бар хурд бикун ва аз нуқсон ва кутоҳиоят дар ҳаққи он аз у ъавф ва бахшиш бихоҳ ва дур бош аз суханони қабеҳ ва аз бад гуфториву бад кирдори ва инро бидон, ки ҳамсарат бар болои ту ҳақ дорад.
ва ту низ аӣ хоҳар сабр дошта бош ва бо саханони хуб, бо шавҳарат суҳбат бикун, Ин Ша Аллоҳ ба зуди Аллоҳﷻ бароят, беҳтарин фарохи дар зиндагият насибат мегардонад.
📚[аз китоби: 100 ҳадис дар бораи ҷойгоҳи зан дар Ислом].
•┈┈┈┈┈•✿🌸✿•┈┈┈┈┈• | 635 |
| 12 | А᧘᧘᧐ҳ ﷻ ᥲⲙᥲ᧘ҳ᧐ᥙ ᥴ᧐᧘ᥱҳаи ⲙ᧐ʙу Шуⲙ᧐ρ᧐ қᥲδу᧘ ᴦᥲρд᧐нᥲд 🤲 | 454 |
| 13 | قَبَّلَ اللَّهُ مِنَّا وَمِنكُمْ
Иди Қурбон муборак бошад 🌙
Аллоҳ рӯзаҳо, намозҳо ва дуоҳои моро қабул фармояд ва ҳамаи гуноҳҳои гузаштаву ояндаи моро бубахшад.
Аз Аллоҳи меҳрубон мехоҳам, ки моро аз бандагони дӯстдоштааш бигардонад, гуноҳҳоямонро бубахшад ва дар дунёву охират саодатманд созад 🤍
Иди муборак бар шумо ва тамоми аҳли оилаатон 🌸» | 449 |
| 14 | Қурбонӣ пеш аз намози ъид қурбонӣ ҳисоб намешавад.
Аз Бароъ ибни Ъазиб радияллоҳу ъанҳу ривоят аст, ки Расули Аллоҳ салаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуданд:
"من ضحَّى قبلَ الصلاةِ، فإنما ذبح لنفسِه، و من ذبح بعد الصلاةِ، فقد تمَّ نُسُكُه، و أصاب سُنَّةَ المسلمِين"
"Ҳар касе пеш аз намоз Қурбонӣ карда бошад, ба дурустӣ ки барои нафсаш қурбонӣ кардааст (яъне гӯшти холи аст на қурбонӣ).Пас ҳар касе баъд аз намози (ъид) қурбонӣ кардааст, ба таҳқиқ қурбонияш комил шудааст ва ба суннати мусалмонҳо мувофиқ омадааст"
[Саҳеҳ Бухорӣ 5556
Саҳеҳ Муслим 1961] | 441 |
| 15 | 🌟Рузи Арафа бузургтарин (руз барои) дуо кардан аст.
🌟 Паёмбар ﷺ гуфтаанд:
🤩"Беҳтарин дуо ҳамон дуое аст, ки рузи Арафа гуфта мешавад. Он дуое, ки ман ва паёмбарони пеш аз ман гуфтанд, беҳтарин дуо аст:
"لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ وَحْدَهُ لاَ شَرِيكَ لَهُ، لَهُ الْمُلْكُ، وَلَهُ الْحَمْدُ، وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ"
🌱"Лаа илааҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу лаа шарика лаҳ, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ъалаа кулли шай-ин қадир".🌿
🤩"Нест маъбуди барҳақ, магар Аллоҳ. Нест шарике барои У ва аз они Уст мулк. Ва аз они Уст ситоиш ва У бар ҳар чиз тавоност."
🌟 Ривояти Тирмизи | 390 |
| 16 | ✅ Нозилшавии Аллоҳи ﷻ ба Осмони Дунё дар рӯзи Арафа.
Аз аби Солиҳ аз Умму Салама ﺭَﺿِﻲَ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻨْﻪُ ривоят аст, ки гуфт: «Чӣ зебост, ҳамон рӯзе, ки Аллоҳи ﷻ ба осмони Дунё нозил мешавад.
Гуфтанд: «Эй модари Мӯъминон вай кадом рӯз аст?
Гуфт: «Рӯзи Арафа».
📚Китоби "Нузул"-и ад-Даруқутнӣ | 359 |
| 17 | Кӯшиш кунед, ки дар рӯзи Арафа зиёд дуо кунед. Вақти беҳтарини дуо аз баъди нисфирӯзӣ сар мешавад ва то ғуруби офтоб давом мекунад. Аммо охири рӯз, яъне наздик ба ғуруби офтоб, барои дуо кардан беҳтар ва бофазилаттар аст. Беҳтар аст, ки дар он вақт истода, дастҳоро ба сӯи осмон бардошта, бо ихлос аз Аллоҳ дуо кунед. | 436 |
| 18 | ТАНБЕҲ
Пагоҳ Сешанбе 9-уми Зул-Ҳиҷҷа 1447 ҳиҷри қамарӣ (26.05.2026) аст.
ПАГОҲ РУЗИ АРАФА АСТ.
Руза доштан дар рузи Арафа, гуноҳи як сол гузашта ва ояндаро ҷуброн менамояд.
Паёмбар ﷺ дар фазли рузаи Рузи Арафа фармудаанд:
«صِيَامُ يَوْمِ عَرَفَةَ أَحْتَسِبُ عَلَى اللَّهِ أَنْ يُكَفِّرَ السَّنَةَ الَّتِي قَبْلَهُ وَالسَّنَةَ الَّتِي بَعْدَهُ»
«Руза гирифтани рузи Арафа аз Аллоҳ умедворам, ки (гуноҳони) як сол гузашта ва ояндаро ҷуброн (яъне мағфират) менамояд.»
📚 Ривояти Муслим
Рузи Арафа бузургтарин (руз барои) дуо кардан аст.
Паёмбар ﷺ гуфтаанд:
"Беҳтарин дуо ҳамон дуое аст, ки рузи Арафа гуфта мешавад. Он дуое, ки ман ва паёмбарони пеш аз ман гуфтанд, беҳтарин дуо аст:
"لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ وَحْدَهُ لاَ شَرِيكَ لَهُ، لَهُ الْمُلْكُ، وَلَهُ الْحَمْدُ، وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ"
"Лаа илааҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу лаа шарика лаҳ, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ъалаа кулли шай-ин қадир".
"Нест маъбуди барҳақ, магар Аллоҳ. Нест шарике барои У ва аз они Уст мулк. Ва аз они Уст ситоиш ва У бар ҳар чиз тавоност."
📚 Ривояти Тирмизи
Аз Аллоҳ Таъоло пурсонем, ки бар мо тавфиқ диҳад, то ин рузи бузурги Арафаро бо руза дошта, дуо бисёр намуда, амалҳои солеҳро холисона ва тибқи суннати саҳеҳи Паёмбар ﷺ амал намоем.
Дар ҳаққи мазулумин ва бародарон ва хоҳарон зиндонӣ ва уммати Исломӣ ва роҳравони роҳи ҳақ дуъоро фаромуш накунед.
Ба он мусалмонзаноне, ки ба сабаби узри шаръи ин рузро руза доштан наметавонанд, ба зикру ибодтаҳоро кардан тавфиқашонро зиёда гардонад, амин.
Ва ҳар касе ин паёмро ба дигарон мерасонад нашр мекунад, барош дуъо
мекунем, ки дар ин рузҳои
муборак Аллоҳ таъоло уро дар анҷом додани корҳои некаш муваффақ гардонад.
Ва гуноҳанашро биомурзад ва Аллоҳ таъоло уро аз аҳли Ҷаннат қарор бидиҳад Амин. | 883 |
| 19 | 🌙Ёдраси рӯзи ҷумъа
📌Ёдраси дар бораи фазилати рӯзи Ҷумъа:
Паёмбар ﷺ фармуданд:
«Дар рӯзи ҷумъа соате ҳаст, ки агар мусалмон дар он соат ба Аллоҳ дуо кунад, дуояш қабул мешавад».
📚 (Бухорӣ, Муслим)
✅Фаромӯш накун:
• Хондани сураи Каҳф
• Зиёд фиристодани салавот бар Паёмбар ﷺ
• Ба дуо машғул шудан дар соати охири пеш аз Магриб
🟢Ин рӯзи муборакро аз даст надеҳ! | 417 |
| 20 | لا شيء يستحق الحزن
الا ذنوب تحرمنا من الجنة
📌Ҳеҷ чизе шоиста нест барояш ғамгин шавем.
Ҷуз гуноҳоне ки моро аз Ҷаннат маҳрум мекунад.
اللهم اني اسألك الجنه و أعوذ بك من النار
اللهم آمین | 413 |
