cookie

We use cookies to improve your browsing experience. By clicking «Accept all», you agree to the use of cookies.

avatar

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳифаи расмии ММТНПҶТ дар телеграмма Мо дар ютуб - https://www.youtube.com/channel/UCwKoAU_Rg4RqDZ4PbmZntbw Мо дар ВКонтакт - https://vk.com/officialntc Мо дар Инстаграм - https://www.instagram.com/officialntc.tj/ https://www.facebook.com/officialntc.tj

Show more
Advertising posts
6 726
Subscribers
+20924 hours
+1 0427 days
+1 05430 days

Data loading in progress...

Subscriber growth rate

Data loading in progress...

А5.2-1 – “Забони тоҷикӣ”.pdf1.57 KB
А5.2-2 – “Биология”.pdf1.57 KB
А5.2-3 – “Химия”.pdf1.58 KB
А5.2-4 – “Физика”.pdf1.57 KB
Photo unavailableShow in Telegram
‼️ДОВТАЛАБОНИ ГИРОМӢ! ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ - 2024 - ҚИСМИ А5.2 ДАСТРАС ГАРДИД! ШУМО МЕТАВОНЕД ҶАВОБҲОРО АЗ СОМОНАИ МАРКАЗ Ё САҲИФАИ Telegram ДАСТРАС НАМОЕД.
Show all...
Photo unavailableShow in Telegram
Ҷадвали имтиҳонҳо ва нусхаи даъватнома барои довталабоне, ки дар даври дуюми бақайдгирӣ аз 10.06 то 30.06 аз қайд гузаштанд, дар кабинети инфиродиашон интишор гардид. Барои ворид шудан ба кабинети инфиродӣ аз https://cabinet.ntc.tj истифода намоед.
Show all...
А5.1-1 – “Забони тоҷикӣ”.pdf1.57 KB
А5.1-2 – “Биология”.pdf1.83 KB
А5.1-3 – “Химия”.pdf1.57 KB
А5.1-4 – “Физика”.pdf1.57 KB
Photo unavailableShow in Telegram
‼️ДОВТАЛАБОНИ ГИРОМӢ! ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ - 2024 - ҚИСМИ А5.1 ДАСТРАС ГАРДИД! ШУМО МЕТАВОНЕД ҶАВОБҲОРО АЗ СОМОНАИ МАРКАЗ Ё САҲИФАИ Telegram ДАСТРАС НАМОЕД.
Show all...
Тамошои дастаҷамъонаи падару модарон аз рафти имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ - 2024 дар маркази имтиҳонии № 02/08 (муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Мактаби байналмилалии Контакт”, шаҳри Исфара)
Show all...
БОЗДИДИ НАМОЯНДАИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ 4-уми июли соли 2024-ум намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Мубиншех ва директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ аз марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе боздид намуданд. Ҳадаф аз ин боздид, пеш аз ҳама, назорати риояи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти имтиҳонҳо, шароити барои имтиҳонсупории довталабон фароҳамгардида ва огоҳонидани шахсони масъули дар ин раванд ҷалбшуда оид ба пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, инчунин суҳбат бо падару модарон ва шахсони дигари довталабонро ҳамроҳикунанда оид ба масъалаҳои марбут ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) буд. Зимни вохӯри ва суҳбат бо шахсони масъули дар рафти имтиҳонҳо ҷалбшуда намояндаи Прокуратураи генералӣ дар хусуси аҳаммияти ИМД дар соҳаи маорифи кишвар, риояи талаботу қоидаҳои муқарраргардида дар раванди имтиҳонҳо, пешгирӣ аз амалҳои номатлубу қаллобӣ, андешидани чораҳо барои дар сатҳи зарурӣ баргузор гардидани имтиҳонҳо суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ҳар як нафари мо масъули амалҳои худ ҳастем ва чун мо фарде аз ин ҷомеаи фарҳангбунёдем, албатта, ҳар амалу гуфтори мо ба ҷомеа бетаъсир нахоҳад монд. Агар мо, ҳамчун як фарди ҷомеаи фарҳангӣ, рафтору гуфторамонро дар асоси фарҳанги миллиамон ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монем, бе шак, хидмати бебаҳое дар пешрафту гулгулшукӯфоии кишвару миллатамон кардаем. Инчунин, директори Маркази миллии тестӣ Ҷаъфарзода С. таъкид кард, ки Марказ барои дар сатҳи зарурӣ ва бо рияои қатъии тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кардани ИМД тамоми чораҳои заруриро андешида, шаффофияту адолатро аз муҳимтарин усули кори худ қарор дода, онро дар ҳамаи раванду марҳалаҳои ИМД таъмин менамояд. Маркази миллии тестӣ арзёбии воқеӣ (объективона)-и дониш ва малакаю маҳорати ҳар яке аз довталабонро таъмин карда, ҳеҷ гоҳ ба дахолати инсонӣ (аз берун), тақаллуб ва амалҳои ба ин монанд дар ИМД роҳ намедиҳад, – қайд кард Ҷаъфарзода С. Дастур дода шуд, ки барои пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои номатлуб дар раванди ИМД тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Сипас намояндаи Прокуратураи генералӣ ва директори Марказ бо падару модарон ва шахсони дигари довталабонро ҳамроҳикунанда, ки барои онҳо дар ҳар яке аз марказҳои имтиҳонӣ бо мақсади раванди имтиҳонҳоро аз синфхонаҳо тавассути мониторҳо мушоҳида кардан толори махсус омода карда шудааст, суҳбат карданд. Зимни суҳбат таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ фаро гирифтани ҷавонон ва омода кардани мутахассисон тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст. Барои сазовори номи донишҷӯй гардидан, кофист, ки довталаб бартарии худро аз ҷиҳати дониш ва маҳорату малакаи бештар доштан нисбат ба довталабони дигар бо супоридани тест дар ИМД собит созад. Дар охир ба падару модарон имкон дода шуд, ки ба намояндаи Прокуратураи генералӣ ва директори Марказ оид ба ИМД саволҳо диҳанд ва пешниҳодҳои худро ироа кунанд.
Show all...
БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ 3-юми июли соли ҷорӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода аз рафти баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №100 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе боздид намуд. Қабл аз баргузории имтиҳонҳои дохилшавӣ вазири маориф ва илм бо довталабон ва волидону дигар кормандони соҳаи маориф суҳбат намуда, иброз дошт, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф сол то сол меафзояд. Махсусан, шароити хуби таҳсили донишҷӯён ва ба талаботу стандартҳои ҷаҳони муосир мутобиқ намудани муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, таҳсили донишҷӯён тибқи квотаи Президентӣ, ташкилу баргузории озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва ҳавасмандсозии донишҷӯёни фаъол бо идрорпулиҳо дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри рушди соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам овард. Ҳамзамон, вазири маориф ва илм қайд намуд, ки тағйиру иловаҳои санадҳои ҳуқуқӣ ва меъёрии танзимкунанда дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла, ҳатмӣ намудани зинаи сеюми таҳсилот, гузариш ба низоми баҳогузории даҳхола, мустаҳкам намудани равобити мактабу оила дар таълиму тарбияи кӯдак, ба бар намудани либоси миллӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва чанде дигар барои боз ҳам вусъат бахшидани маорифи миллӣ саҳми сазовор мегузорад. Дар охир вазири маориф ва илм ба довталабон барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар, таҳсили арзандаву ояндаи дурахшон ва пайдо намудани мақому ҷойгоҳ дар касби интихобкардаашон муваффақият таманно намуд.
Show all...
Choose a Different Plan

Your current plan allows analytics for only 5 channels. To get more, please choose a different plan.