904
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
No data30 days
Posts Archive
📌 Ҳадиси рӯз
Аз Абу Зарри Ғифари разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки аз паёмбари Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят мекунад, ки расули Аллоҳ гуфтанд: "Саҳаргоҳон вақте, ки аз хоб мехезед, бар ҳар як (пайванде аз) пайвандҳои ҷисми шумо садақа лозим мегардад. Пас (гуфтани) ҳар Тасбеҳе (Субҳаналлоҳ) садақа аст, ва (гуфтани) ҳар Таҳмиде (Алҳамдулиллоҳ) садақа аст, ва (гуфтани) ҳар Таҳлиле (Ла илаҳа иллаллоҳ) садақа аст, ва (гуфтани) ҳар Такбире (Аллоҳу Акбар) садақа аст, ва ба корҳои хуб амр кардан садақа аст ва аз корҳои бад манъ кардан садақа аст ва ба ҷойи (гуфтани) ҳамаи инҳо ду ракаат намозе ки шахс дар чоштгоҳ мегузорад, кифояги мекунад."
📖 Ривояти Муслим
📲 T.me/hadisTaj
#ҳадисирӯз
📌 Ашхосе, ки дар Қуръон тадаббур намекунанд Аллоҳ таоло бар онҳо маломат карда мефармояд:
أَفَلَا يَتَدَبَّرُونَ ٱلۡقُرۡءَانَ أَمۡ عَلَىٰ قُلُوبٍ أَقۡفَالُهَآ
«Оё дар Қуръон тадаббур намекунанд ё бар дилҳояшон қуфлҳо[-и ғафлат] ниҳода шудааст?».
(Сураи Муҳаммад, 24)
◽ Ва низ мефармояд: "[Эй Муҳаммад, ин Қуръон] Китобест пурбаракат, ки бар ту нозил кардем, то [мардум] дар оёташ биандешанд ва хирадмандон панд гиранд" (📖 Суᴩᴀи Сод, 29)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Ҳадиси рӯз
Аз Абдуллоҳ ибни Умар разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам гуфтанд: "Аллоҳ раҳмат кунад шахсеро, ки пеш аз намози аср чаҳор ракъат намоз бигзорад".
📖 Ривояти Абудовуд (1271), Тирмизӣ (430)
📲 T.me/hadisTaj
◽ Ибни Қаййим раҳимаҳуллоҳ:
«Хушо ба ҳоли шахсе, ки машғули камбудиҳои худ аст, ва кумбудиҳои мардумро раҳо мекунад. Вой бар ҳоли касе ки камбудиҳои худро раҳо мекунад, ба камбудиҳои мардум машғул аст. Якумаш нишонаи хушбахтӣ аст, ва дуюмаш нишонаи бадбахтист».
📖 «Тариқул-ҳиҷратайн» 172.🖊
📲 T.me/hadisTaj
◽ Ибни Қаййим раҳимаҳуллоҳ:
«Агар шахс нисбати ҳақ хоксор бошад ва дар ҳақ устувор, бигзор хушҳол шавад, воқеъан ҳамаи хайр ба ӯ ато карда шудааст, ва ин - аз раҳмати Аллоҳ аст, ки барои касе бихоҳад мебахшад».
📖 «Тариқуль-ҳиҷратайн» 347.🖊
📲 T.me/hadisTaj
📌 Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба ҳангоми дуъо мефармуданд:
🤲 "اللَّهُمَّ إنِّي أَعُوذُ بكَ مِنَ العَجْزِ، وَالْكَسَلِ، وَالْجُبْنِ، وَالْبُخْلِ، وَالْهَرَمِ، وَعَذَابِ القَبْرِ،
اللَّهُمَّ آتِ نَفْسِي تَقْوَاهَا، وَزَكِّهَا أَنْتَ خَيْرُ مَن زَكَّاهَا، أَنْتَ وَلِيُّهَا وَمَوْلَاهَا،
اللَّهُمَّ إنِّي أَعُوذُ بكَ مِن عِلْمٍ لا يَنْفَعُ، وَمِنْ قَلْبٍ لا يَخْشَعُ، وَمِنْ نَفْسٍ لا تَشْبَعُ، وَمِنْ دَعْوَةٍ لا يُسْتَجَابُ لَهَا".
(Аллоҳумма инни аъузу бика минал аҷзи, вал касал, вал ҷубни, вал бухл, вал ҳарам, ва ъазабил қабр,
Аллоҳумма ати нафси тақваҳа, ва заккаҳа анта хайрум-мин заккаҳа, анта валиййуҳа ва мавлаҳа,
Аллоҳумма инни аъузу бика мин ъилми ла йанфаъ, ва мин қалби ла яхшаъ, ва мин нафси ла ташбаъ, ва мин даъвати ла йустаҷабулаҳа).
📝 "Бор Илоҳо! Ман аз нотавони ва сусти ва тарс ва афсурдагии пирӣ ва азоби қабр ба ту паноҳ мебарам.
Бор Илоҳо! Ба нафсам тақвои онро бибахшо ва онро пок бигардон, ту беҳтарин касе ҳасти ки онро пок мегардонад, ту соҳиб ва сарпарасти он ҳасти.
Бор Илоҳо! Ҳамоно ман аз донише ки суд намерасонад, ва қалбе ки хушуъ надорад, ва нафсе ки сер намешавад, ва аз дуъое ки пазируфта ва иҷобат намешавад, ба ту паноҳ меоварам."
📖 _Саҳеҳ Муслим 2722_
📲 T.me/hadisTaj
📌 Ҳадиси рӯз
Аз Умми Ҳабиба ҳамсари паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят аст, ки гуфт: "Шунидам расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд: "Шахсе, ки чаҳор ракъат пеш аз намози зуҳр (пешин) ва чаҳор ракъат баъдашро доим анҷом диҳад, Аллоҳ оташ (-и дузах) - ро барояш ҳаром мегардонад".
📖 Ривояти Абудовуд (1269), Тирмизӣ (428), ва Насои.
📲 T.me/hadisTaj
📌 Ҳадиси рӯз
Аз Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам чунин фармуд:
"Шахсе, ки бар ман як салавот бифиристад, Аллоҳ бар ӯ даҳ салавот мефиристад¹." 📖 Ривояти Муслим
📲 T.me/hadisTaj
📌 Ҳадиси рӯз
Аз Оиша (разияллоҳу анҳа) ҳамсари паёмбар ﷺ ривоят аст, ки расули Аллоҳ ﷺ гуфтанд: "Ду ракаат (суннати) намози бомдод
аз дунё ва он чизе ки дар дунё аст, беҳтар аст".
📖 Ривояти Муслим
📲 T.me/hadisTaj
📌 Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд: «Воқеан ҳар уммат дар худ фитнае дошт, фитнаи уммати ман пулу мол мебошад».
📖 Саҳеҳи Тирмизӣ 2336
📲 T.me/hadisTaj
📝 Иршодоти сура:
1. Ал-Қориъа, яке аз номҳои қиёмат аст ва ал-Ҳовия, яке аз номҳои дӯзах.
2. Мурод аз чӣ чиз дононд туро, ин аз як тараф барои тарсонидани мардум бошад, аз тарафи дигар, барои шавқмандии мардум дар шинохти аҳволи қиёмат аст.
3. Хабари илоҳӣ бар ҳоли одамон дар қиёмат ва тақсим шудани онҳо дар он рӯз ба ду гурӯҳ, некбахт ва бадбахт.
4. Ояти 10-ум, яъне "Ва ту чӣ донӣ, ки Ҳовия чист", ояти саволист, дар ҳоле, ки ҷавоби ин савол ба Аллоҳ таъоло маълум аст. Инҷо мурод аз савол, таъкиди бодаҳшат, боҳайбат ва хеле сахт будани аҳволи гунаҳкор дар ҷаҳаннам аст.
5. Хабари Аллоҳ барои наҷоти мӯъминоне, ки амалҳои солеҳашон дар тарозу вазнинтар аст.
6. Ишора бар ин ки бояд мӯъмин амалҳои солеҳро то ҳадди имкон зиёд анҷом диҳад, чун сабаби наҷотанд.
7. Исботи мизон ё тарозу барои номаи аъмол дар рӯзи қиёмат.
8. Дар ояти 6 ва 8 ишора бар ин аст, ки дар рӯзи қиёмат дар мизон, аъмол баркашида мешаванд.
9. Ин сура дар умури зерин далел аст:
- Далел бар ин, ки барпо шудани қиёмат хеле даҳшатнок ва ҳолати вазнин аст.
- Далел аcт, ки яке аз услуби фаҳми масоил, ин бо услуби савол ва ҷавоб аст.
- Далел бар яке аз анвоъи тафсири Қуръон аст ва он ҳам тафсири Қуръон бо Қуръон.
- Далил аcт, ки инсонҳо дар қиёмат 2-гурӯҳанд, ҷаннатӣ ё дузахӣ.
- Далел аcт, ки тарозуи аъмол ҳақ аст ва имон овардан ба он аз воҷиботи динист.
- Далел аст ба ҳақиқат будани ҷаннат ва дӯзах, зеро хабари илоҳист.
📲 T.me/hadisTaj
“Ал-Қориъа (сахт кӯбандаи дилҳо). Чист он сахт кӯбанда? Ва ту чӣ донӣ, ки сахт кӯбанда чист? Рӯзе, ки мардум монанди парвонаҳои пароканда бошанд. Ва кӯҳҳо монанди пашми рангини ҳаллоҷишуда бошанд. Аммо шахсеро, ки палаи тарозуи ҳасаноти ӯ вазнин шавад, пас ӯ дар зиндагии хушнуду писандида бошад. Ва аммо шахсеро, ки палаи некӯии ӯ сабук шуд, пас ҷои ӯ Ҳовия (дӯзах) бошад. Ва ту чӣ донӣ, ки (Ҳовия) чист? Оташи сӯзон (ва шӯълавар) аст."
