904
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
No data30 days
Posts Archive
📌 Ҳадиси рӯз
◽ Аз Умми Ҳабиба (разияллоҳу анҳа) ҳамсари паёмбар ﷺ гуфт: шунидам паёмбар ﷺ фармуд: "Кадом бандаи мусалмоне, ки барои Аллоҳ ҳар руз, ба ғайр аз намозҳои фарз, дувоздаҳ ракаат намози суннат мегузорад, Аллоҳ таоло барояш дар ҷаннат хонае бино кунад."
📖 Ривояти Муслим
۞ نَبِّئۡ عِبَادِيٓ أَنِّيٓ أَنَا ٱلۡغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ
[Эй паёмбар] Ба бандагонам хабар бидеҳ, ки ман омурзандаи меҳрубонам.
وَأَنَّ عَذَابِي هُوَ ٱلۡعَذَابُ ٱلۡأَلِيمُ
Ва азоби Ман, азоби дардовар аст, барои касоне, ки аз гуноҳи худ тавба намекунанд.
📖 Сураи Ҳиҷр, 49-50.
📲 T.me/hadisTaj
📌 Аз Миқдам ибни Мадикариб разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд: "Ҳеҷ кас таъоми беҳтаро тановул намекунад, аз таъоме, ки (дар музди меҳнат) бо дастони худаш заҳмат кашидааст, ва дар ҳақиқат, паёмбари Аллоҳ Довуд алаҳиссалом таъом мехӯрд, (аз музди меҳнате ки) бо дастонаш заҳмат мекашид".
📖 Ривояти Бухорӣ
📲 T.me/hadisTaj
📌 Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд: "Қиёмат барпо намешавад, то он вақте, ки мусалмон бо яҳудиён наҷанганд, он вақт, яҳуди паси сангҳо ва дарахтон пинҳон мешавад, сангҳо ва дарахтон мегӯянд: "Эй мусалмон, пушти ман яҳуди пинҳон аст, биё қатлаш кун!", - (инро ҳар дарахт мегӯяд), ғайри (дарахти) ғарқада, ки аз ҷумлаи дарахтони яҳудиён аст." (📖 Ривояти Муслим)
(Ва низ) Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд: "Яҳудиён бо шумо меҷанганд, шумо бар онҳо ғалаба мекунед, (ва он гоҳ) ҳатто санг сухан карда мегӯяд: "Эй мусалмон, ин яҳуди (пинҳон) аст пушти ман, биё қатлаш кун”»
(📖 Ривояти Аҳмад (2/121, 131, 135, 149), Бухорӣ (3593), Муслим (2921/81), ат-Тирмизи (2236), ва дигарон.)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Аз Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд:
« الْمَلاَئِكَةُ تُصَلِّى عَلَى أَحَدِكُمْ مَا دَامَ فِى مُصَلاَّهُ الَّذِى صَلَّى فِيهِ ، مَا لَمْ يُحْدِثْ ، تَقُولُ اللَّهُمَّ اغْفِرْ لَهُ اللَّهُمَّ ارْحَمْهُ ».
"Малоикҳо дуъо мекунанд, барои яке аз шумое, ки дар ҷои намоз гузоштааш истодааст, то вақте ки бе таҳорат нашавад. Мегӯянд: "Аллоҳ мағфираташ кун, Аллоҳ раҳматаш кунад."»
(📖 Муттафақун алайҳ)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Аз Абу Ҳурайра (разияллоҳу ъанҳу) ривоят аст, ки расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам гуфтанд:
"Рузи қиёмат, аз ҳама бадтарини мардум дар назди Аллоҳ таоло, инсони дуруя аст, шахсе ки назди як гуруҳ бо як руй меояду ва назди гуруҳи дигар бо руйи дигар".
(📖 Бухорӣ ва Муслим)
عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ ، قَالَ : قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ : " تَجِدُ مِنْ شَرِّ النَّاسِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ عِنْدَ اللَّهِ ذَا الْوَجْهَيْنِ ، الَّذِي يَأْتِي هَؤُلَاءِ بِوَجْهٍ وَهَؤُلَاءِ بِوَجْهٍ " (مُتَّفَقٌ عَلَيْهِ)
©️ t.me/hadisTaj
📌 *Дуъои паноҳ бурдан аз дӯсти бад ва маккор*
Дар ҳадисе омадааст, ки Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз чанд чиз паноҳ бурданд, аз он ҷумла аз дӯсти бад ва гуфтанд:
"الّلهمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِن خَلِيلٍ مَاكِرٍ عَينُهُ تَرَانِيِ و قَلْبُهُ يَرْعَانِيْ، إِنْ رَأى حسنة، دَفَنَهَا ،و إِذَا رَأى سَيِئَةً أَذَاعَهَا"
(Аллоҳумма инни аъузу бика мин халилин макрин ъайнаҳу тарони ва қаабуҳу язъони, инни раай ҳасана, дафанаҳа, ва иза раай сайиатан азаъаҳа.)
{ *Бор Илоҳо, ба Ту аз дӯсти баду маккор паноҳ мебарам, ки чашмаш маро мебинад ва дилаш мепояд, агар некиеро аз ман дид ӯро мепӯшад ва агар бадиеро аз ман дид, онро ифшо мекунад* .}
(📖 Ривояти Имом Табаронӣ 1339. "Ад-Дуъо"-и)
📲 @hadisTaj
📌 Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: "Эй мардум ба сӯи Аллоҳ тавба кунед, ба дурусти ки ман аз Аллоҳ дар як рӯз 100-маротиба талаби мағфират мекунам ва ба сӯи Ӯ тавба мекунам." (📖 Ривояти Муслим)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:
"Дунё ширину сабз аст ва албатта, ки Аллоҳ таъоло шуморо дар рӯи замин насл ба насл қарор медиҳад ва мебинад, ки шумо чи кор мекунед. Пас аз (фитнаи) дунё ва аз (фитнаи) занҳо парҳез кунед, ки албатта аввалин фитнае, ки дар Бани Исроил ба вуқӯъ омада буд, аз фитнаи занҳо буд."
📖 Ривояти Муслим
☞ t.me/hadisTaj
📌 Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: "Агар шахси гузаранда аз пеши намозгузор, медонист чи қадар (гуноҳ) ба дӯши худ мегирад, дар ҷое истодан муддати чиҳил барояш
беҳтар буд, аз оне, ки аз пеши намозгузор гузар мекунад."
Абун-Надр (ровии ин ҳадис) гуфт: "Ёдам нест, ки ӯ (паёмбар ﷺ) гуфт: чиҳил рӯз, чиҳил моҳ ё чиҳил сол."
📖 Муттафақун алайҳ
📲 T.me/hadisTaj
📌 Пайғамбар саллаллҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: "Се хислате ҳастанд, ки ҳар касе онҳоро дошта бошад, ширинии имонро чашидааст.
1. Аллоҳ ва Расулашро аз ҳама бештар дӯст дошта бошад.
2. Муҳаббаташ бо касе ба хотири хушнудии Аллоҳ бошад.
3. Баргаштани ӯ ба сӯи куфр, барояш мисли дохил шудан бар оташ нохуш бошад."
[📖 Саҳеҳи Бухорӣ, 16]
📲 T.me/hadisTaj
