904
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
No data30 days
Posts Archive
📌 Китоби вузӯ
📜 Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу мегӯяд:
إِذَا خَرَجَ لَحَاجَته أجيء أنا وَغُلامٌ مَعَنَا إِدَاوَةٌ مِنْ مَاء وفي رواية: مِنْ مَاءِ وَعَنَزَةِ ، يَسْتَنْجِي بِالْمَاءِ
Ҳар гоҳ Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам барои қазои ҳоҷат, берун мерафт, ман ва писари дигар барои ӯ об мебурдем, расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо он об, истинҷо мекард ва вузӯ мегирифт. Ва дар ривояти дигар омадааст, ки об ва чӯбдаст мебурдем".
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 150, 152)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби вузӯ
📜 Абу Айюби ансори разияллоҳу анҳо мегӯяд: Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:
« إِذَا أَتَى أَحَدُكُمُ الْغَائِطَ فَلاَ يَسْتَقْبِلِ الْقِبْلَةَ وَلاَ يُوَلِّهَا ظَهْرَهُ ، شَرِّقُوا أَوْ غَرِّبُوا » .
"Ҳангоми қазои ҳоҷат рӯй ё пушти худро ба тарафи қибла накунед, балки рӯй ё пушти худро ба тарафи машриқ ё мағриб бигардонед".
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 144)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби вузӯ
📜 Анас разияллоҳу анҳу мегӯяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳангоми дохил шудан ба қазои ҳоҷат мегуфт:
« اللَّهُمَّ إِنِّى أَعُوذُ بِكَ مِنَ الْخُبُثِ وَالْخَبَائِثِ » .
Бор Илоҳо, ба Ту аз ҷинҳои нару мода паноҳ мебарам.
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 142)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби вузӯ
📜 Ибни Аббос разияллоҳу анҳума мегӯяд:
أَنَّ النَّبِىَّ — صلى الله عليه وسلم — نَامَ حَتَّى نَفَخَ ثُمَّ صَلَّى — وَرُبَّمَا قَالَ اضْطَجَعَ حَتَّى نَفَخَ — ثُمَّ قَامَ فَصَلَّى .
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам тавре хобид ки садои нафасаш шунида мешуд. Баъд бархест бидуни ки вузӯ бигирад, намоз хонд. Ва гоҳе (Ибни Аббос разияллоҳу анҳума) мегуфт: Расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам бар паҳлу дароз кашид ва тавре хобид ки садои нафасаш шунида мешуд. Сипас бархест намоз хонд. (Чашми он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам мехобид вале қалбаш бедор буд).
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 138)
📲 T.me/hadisTaj
🎞 "Орзуи чизеро накунед, ки Аллоҳ бархе аз шуморо бо он аз бархи дигар бартарӣ додааст,..".
(Сураи Нисо, 3-4)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби вузӯ
📜 Абдуллоҳ ибни Язиди ансори разияллоҳу анҳо мегӯяд:
أَنَّهُ شَكَا إِلَى رَسُولِ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — الرَّجُلُ الَّذِى يُخَيَّلُ إِلَيْهِ أَنَّهُ يَجِدُ الشَّىْءَ فِى الصَّلاَةِ . فَقَالَ « لاَ يَنْفَتِلْ — أَوْ لاَ يَنْصَرِفْ — حَتَّى يَسْمَعَ صَوْتًا أَوْ يَجِدَ رِيحًا » .
Аз расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам пурсидам: Агар шахсе ҳангоми хондани намоз шак кунад ки вузӯяш шикастааст (боде аз шикамаш хориҷ шудааст) чи кор бояд кунад ? Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: "То вақте ки садое нашунид ё бӯй эҳсос накарда бошад намозашро тарк накунад".
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 137)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби вузӯ
📜 Абуҳурайра разияллоҳу анҳу мегӯяд: Аз расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам шунидам ки фармуд:
« إِنَّ أُمَّتِى يُدْعَوْنَ يَوْمَ الْقِيَامَةِ غُرًّا مُحَجَّلِينَ مِنْ آثَارِ الْوُضُوءِ ، فَمَنِ اسْتَطَاعَ مِنْكُمْ أَنْ يُطِيلَ غُرَّتَهُ فَلْيَفْعَلْ ».
"Уммати ман рӯзи қиёмат фаро хонда мешаванд дар ҳоле ки аъзои вузӯй онҳо бар асари вузӯъ медурахшад. Бинобар ин ҳар кас хоҳад ин нур бештар гардад, онро бештар кунанд".
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 136)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби вузӯ
📜 Аз Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд:
« لاَ تُقْبَلُ صَلاَةُ مَنْ أَحْدَثَ حَتَّى يَتَوَضَّأَ » . قَالَ رَجُلٌ مِنْ حَضْرَمَوْتَ مَا الْحَدَثُ يَا أَبَا هُرَيْرَةَ قَالَ فُسَاءٌ أَوْ ضُرَاطٌ".
"Ҳар касе ки вузӯяш бишканад то вақте ки дубора вузӯ нагирад, ҳеҷ намозе аз ӯ пазируфта намешавад". Яке аз аҳли Ҳазарамавта пурсид: эй Абуҳурайра шикастани вузӯ яъне чӣ?. Гуфт: боде ки аз шикам берун ояд хоҳ бо садо бошад ва хоҳ бесадо.
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 135)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби илм
📜 Алӣ ибни Абитолиб разияллоҳу анҳу мегӯяд:
" كُنْتُ رَجُلاً مَذَّاءً فَأَمَرْتُ الْمِقْدَادَ أَنْ يَسْأَلَ النَّبِىَّ — صلى الله عليه وسلم — فَسَأَلَهُ فَقَالَ « فِيهِ الْوُضُوءُ ».
Ман фарде будам ки мазии зиёд аз ман хориҷ мешуд, ба Миқдод ибни Асвад гуфтам ки дар бораи ҳукми он аз расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам суол кунад. Ӯ низ пурсид. Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҷавоб фармуд: "Дар чунин сурат бояд вузӯ гирифт".
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 132)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби илм
📜 Ҷарир (ибни Абдуллоҳ) мегӯяд:
أَنَّ النَّبِىَّ — صلى الله عليه وسلم — قَالَ لَهُ فِى حَجَّةِ الْوَدَاعِ: « اسْتَنْصِتِ النَّاسَ » . فَقَالَ: « لاَ تَرْجِعُوا بَعْدِى كُفَّارًا يَضْرِبُ بَعْضُكُمْ رِقَابَ بَعْضٍ » .
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳаҷҷатил видоъ ба ман хитоб карда фармуд: "Мардумро сукут кун". Сипас фармуд: "Баъд аз ман кофир нашавед то бо ҷанг ва хунрези якдигарро нобуд созед".
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 121)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби илм
📜 Абуҳурайра разияллоҳу анҳу мегӯяд:
حَفِظْتُ مِنْ رَسُولِ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — وِعَاءَيْنِ ، فَأَمَّا أَحَدُهُمَا فَبَثَثْتُهُ ، وَأَمَّا الآخَرُ فَلَوْ بَثَثْتُهُ قُطِعَ هَذَا الْبُلْعُومُ.
Ду навъи ҳадис аз паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳифз кардам. Нахуст, аҳодисе ки онро ривоят ва нашр кардам. Дувум, аҳодисе ки гар онҳоро ривоят кунам, ин гулӯям бурида хоҳад шуд.
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 120)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби илм
📜 Абуҳурайра разияллоҳу анҳу мегӯяд:
قُلْتُ: يَا رَسُولَ اللَّهِ ، إِنِّى أَسْمَعُ مِنْكَ حَدِيثًا كَثِيرًا أَنْسَاهُ . قَالَ: « ابْسُطْ رِدَاءَكَ » فَبَسَطْتُهُ . قَالَ: فَغَرَفَ بِيَدَيْهِ ثُمَّ قَالَ:
« ضُمُّهُ » فَضَمَمْتُهُ فَمَا نَسِيتُ شَيْئًا بَعْدَهُ .
Арз кардам: Эй расули Аллоҳ! Бисёре аз суханонро ки аз шумо мешунавам, фаромӯш мекунам. Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: "Болопушатро боз кун". Ман болопушамро боз кардам ва эшон ду мушт дар он гузошт ва сипас фармуд: "Онро ҷамъ кун". Ман онро ҷамъ кардам. Баъд аз он, чизеро фаромӯш накардам.
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 119)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби илм
📜 Салама ибни Акваъ разияллоҳу анҳу мегӯяд: Аз расули расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам шунидам ки фармуд:
« مَنْ يَقُلْ عَلَىَّ مَا لَمْ أَقُلْ فَلْيَتَبَوَّأْ مَقْعَدَهُ مِنَ النَّارِ » .
"Касе суханеро ба ман нисбат диҳад, ки онро ман нагуфта бошам, бояд ҷойи худро дар оташ омода кунад".
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 109)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби илм
📜 Али разияллоҳу анҳу мегӯяд: паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:
« لاَ تَكْذِبُوا عَلَىَّ ، فَإِنَّهُ مَنْ كَذَبَ عَلَىَّ فَلْيَلِجِ النَّارَ ».
"Сухани дурӯғ ба ман нисбат надиҳед. Зеро касе ки сухани дурӯғеро ба ман нисбат диҳад, вориди оташ мешавад".
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 106)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби илм
📜 Анас разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт:
" أَنَّهُ كَانَ إِذَا سَلَّمَ سَلَّمَ ثَلاَثًا ، وَإِذَا تَكَلَّمَ بِكَلِمَةٍ أَعَادَهَا ثَلاَثًا ".
"Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам вақте, ки салом мекард, се бор онро такрор менамуд. Ва ҳар гоҳ, сухане мегуфт, онро се бор такрор мекард то мардум, онро хуб бифаҳманд".
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 94)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби илм
📜 Аз Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:
« يُقْبَضُ الْعِلْمُ ، وَيَظْهَرُ الْجَهْلُ وَالْفِتَنُ ، وَيَكْثُرُ الْهَرْجُ » . قِيلَ يَا رَسُولَ اللَّهِ وَمَا الْهَرْجُ فَقَالَ هَكَذَا بِيَدِهِ ، فَحَرَّفَهَا ، كَأَنَّهُ يُرِيدُ الْقَتْلَ .
"Рӯзе хоҳад расид, ки илм аз байн меравад, ҷаҳлу нодони ва фитна паҳн мегардад, ва ҳараҷ зиёд мешавад". Пурсидан: Эй расули Аллоҳ! Ҳараҷ яъне чӣ ? Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дасти мубораки худро ба гунае ҳаракат дод, ки ба қатл ва куштор далолат мекард".
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 85)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби илм
📜 Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд:
« إِنَّ مِنْ أَشْرَاطِ السَّاعَةِ أَنْ يُرْفَعَ الْعِلْمُ ، وَيَثْبُتَ الْجَهْلُ ، وَيُشْرَبَ الْخَمْرُ ، وَيَظْهَرَ الزِّنَا ».
"Аз ҷумлаи нишонаҳои қиёмат ин аст, ки ҷаҳл ва нодони зиёд мешавад, илм ва дониш аз байн меравад. Ва шаробнӯшй зиёд ва зинокори ошкоро паҳн мегардад".
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 80)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби илм
📜 Маҳмуд ибни Рабиъ разияллоҳу анҳу мегӯяд:
عَقَلْتُ مِنَ النَّبِىِّ — صلى الله عليه وسلم — مَجَّةً مَجَّهَا فِى وَجْهِى وَأَنَا ابْنُ خَمْسِ سِنِينَ مِنْ دَلْوٍ .
"Ба хубӣ ёд дорам замоне ки ман панҷсола будам, расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам андаке обро аз сатил бо даҳони худ гирифт, пас обро бар чеҳраи ман пошид".
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 77)
📲 T.me/hadisTaj
✅ ЗАНИ МУСАЛМОН
📝 Донишмандон гуфтанд: "Зани мусалмон аз хонаи хориҷ нашавад, магар бо панҷ шарт:
1) зарурат дошта бошад.
2) хушбӯй ва атр назанад.
3) дар қисмате аз рӯз хориҷ шавад.
4) кӯҳна ва оддӣтарин либосро бипушида.
5) аз гӯшаи роҳ биравад (дар байни роҳ наравад, мабодо бо мардон рӯбарӯ шавад)".
🔗 الإعلام بفوائد عمدة الأحكام" (٢٢٠/٢)
📲 T.me/hadisTaj
