en
Feedback
МАСЖИДИ ЖОМЕАИ "ХУШЁР ТОҶМАХАЛ"

МАСЖИДИ ЖОМЕАИ "ХУШЁР ТОҶМАХАЛ"

Open in Telegram

Бародарони киром ин ша аллох мо ҳам канал кушодем,ки шумоёнро аз сухбати худ бохабар намоем. Барои дустони восил кунанда. @mujibulloh Барои мурожиат: @ataevmujibulloh

Show more
705
Subscribers
No data24 hours
-57 days
-1230 days
Posts Archive
МОДАРАМ АШКЕ МАРЕЗ, ҶОНАМ БА ҚУРБОНИ ТУ АСТ. ҶОНИ МАН ҚУРБОНИ ОН ДАСТОНИ ЛАРЗОНИ ТУ АСТ. МЕРАВАМ СУИ ҒАРИБӢ МОДАРАМ ҒАМГИН МА
МОДАРАМ АШКЕ МАРЕЗ, ҶОНАМ БА ҚУРБОНИ ТУ АСТ. ҶОНИ МАН ҚУРБОНИ ОН ДАСТОНИ ЛАРЗОНИ ТУ АСТ. МЕРАВАМ СУИ ҒАРИБӢ МОДАРАМ ҒАМГИН МАШАВ. ДАР ҒАРИБӢ ЁДИ МАН ДОИМ БА ФАРМОНИ ТУ АСТ. ♥️🌷♥️🌷♥️🌷♥️🌷♥️🌷♥️🌷♥️🌷 Амина Раҳимзода

Repost from Muslim/podcast.uz
#Muslim_podcast_6_son 📱🗣АVVALDA BOʼLMAGAN HAR QANDAY ISH BIDʼATMI❓⚡️ 📢 Barchasi ushbu koʼrsatuvda aniq dalillar va salaf ulamolarning soʼzlari bilan bayon etilgan. 🎙 Ekspert: Yorqinjon domla Jumaboev – Oʼzbekiston musulmonlari idorasi Fatvo markazi ilmiy xodimi 📱 🗣Podkastimizning o‘tgan sonida quyidagi savollarga javob berilgan: 1. Аvvalda boʼlmagan har qanday ish bidʼatmi? 2. Bid’at o'zi nima? 3. Bid'atni qanday turlari bor? 4. E'tiqodiy bid'atlarga nimalar kiradi? 5. Sahobalar qilmagan har ishni rad etish to'g'rimi? 6. Mandub bid'atlarga nimalar kiradi? 7. Yangi narsa har doim ham bid'atmi? 8. Ulamolar bid’atlarni necha turga bo'lishgan? 9. Makruh bo‘lgan bid’atlarga nimalar kiradi? 10. Qanday odamlarga iqtido qilish makruh xisoblanadi? 11. Bid'atchi kim? 12. Qur'on va Sunnatga zid bo'lgan har qanday ish bid'atmi? 13. Taroveh namozini o'qish hukmi qanday? 14. Mavludni nishonlash joizmi? (1-qism) 15. Salovat aytish qur'onda buyruq bilan kelganmi? 16. Odamlarni taomlantirish ham bidʼatmi? 17. Mavludni nishonlash joizmi (2-qism) 18. Bid'atchilarni qanday tanib olish mumkin? 19. Kim Qur'onni o'z rayi  (o'zidagi ozgina ilm)  bilan tafsir qilsa... 20. Asossiz da'volar axloqiy muammo emasmi? 21. Qanday bid’atlardan extiyot bo'lishimiz kerak? 22. Qaysi amallar oxiratda foydali bo'ladi? 23. Yoshlarimiz bilishi kerak bo'lgan tavsiyalar! 24. Yoshlarga tavsiya! 🎞 Toʼliq👉FULL HD: https://www.youtube.com/watch?v=dXjcshRXhQ0 📝 Mazkur podkast Din ishlari bo‘yicha qo‘mitaning xulosasi asosida tayyorlandi. 🥺Telegram🛍Instagram 🤪Facebook😍YouTube 📲Sahifalarimizga obuna boʼling va ulashing!

Аз донишманде пурсиданд: — Худро эҳтиёт кардан чист? — Ҳушёрӣ ва дурӣ аз гумонҳо. — Бо ақл кор кардан чист? — Машварат ва маслиҳат пурсидан. — Чи чиз дилҳоро ба ҳам мепайвандад? — Муҳаббат. — Худи муҳаббат чист? — Дасти саховатманд ва хушхабар. — Эҳтиёткорӣ чист? — Холис будан дар дӯстдориву бадбинӣ. ... ☝️ Зиндагии инсон мисли оина аст; ҳар қадар ки ба дигарон муҳаббату холисӣ ҳадя кунӣ, ҳамон андоза зебоӣ ба худат бармегардад. Пас, биёед дилҳоро танҳо бо некӣ зиннат диҳем.

Муаллим Абдуллоев дафтарҳои талабагонро дар хонааш тафтиш мекард. Талабагонаш иншо навишта буданд дар мавзӯи "Орзӯи ягонаи ман" Ногоҳ муаллим чашмони аз гиря сурхшудаашро ба занаш, ки ҳушу гӯш ба тилфони дар даст будааш буд афканд. Иншои навиштаи талабаро мехонду гиряаш зиёдтар мешуд. Садои гиряи шавҳарашро шунида ҳамсараш тилфонро яксу гузошта ба муаллим наздик шуда пурсид: - Чӣ шудааст?Чи навиштааст талабаатон? Муаллим бо овози ларзон иншои талабаашро хонд. - Орзуи ягонаам ин аст, ки мехоҳам телефон шавам. Вақте падарам аз кор ба хона меояд мехоҳам бо ӯ бозӣ кунам, ҳамсӯҳбат шавам, падарам маро аз худ дур карда мегӯяд, хаста шудаам рав бозӣ кун. Баъд телефонашро гирифта соатҳои дароз ба ӯ менигарад. Хастагиаш меравад. Ба назди модарам меоям бо телефон сӯҳбат дорад. Ҳатто ба гиряву хоҳишҳои ман аҳмият намедиҳад. Агар мабодо телефони падарам ё модарамро ба дастам гирам, онҳо ба сарам доду фарёд мебардоранд, ки тилфонашонро дар ҷояш монам, ки боз афтонда нашиканам. Падару модарам аз ман дида телефонашонро эҳтиёт мекунанду бисёртар дӯст медоранд. Аз ин сабаб орзӯ дорам, ки телефон шавам" Ҳамсари муаллим дар ҳолате, ки аз чашмонаш ашк беист мерехт гуфт: - Кош ин кудак дар наздам мешуд ба оғӯшаш мегирифтам. Муаллим гуфт. Ту метавонӣ ӯро ба оғӯш гирӣ. Иншоро Абдуллоев Собирҷон, яъне писарамон навиштааст. Ин қисса доғи рузи имрузаи мост дар ҳақиқат гуноҳи худамон аст меҳри фарзанд ва падару модар аз пушти ин телефонҳо кам шудааст сари суфра менишинем хурокамонро бо дили гарм намехурем бо якдигар суҳбати гарм намекунем ин телефон ба монанди шаҳди гуле шудааст ки занбур ба даруни он медарояд одамҳо ҳам ҳаминхел шудаанд.

Ассалому алайкум! Шукр ба Парвардигори меҳрубон, ки боз моро ба як субҳи зебо бедор намуд… Ба қалбҳоямон умеди нав, ба рӯҳамо
Ассалому алайкум! Шукр ба Парвардигори меҳрубон, ки боз моро ба як субҳи зебо бедор намуд… Ба қалбҳоямон умеди нав, ба рӯҳамон оромиш ва ба зиндагиямон нафаси тоза бахшид… Худоё, имрӯзро барои мо рӯзи хайр, рӯзи баракат ва рӯзи хушхабарҳо бигардон… Қадамҳоямонро ба роҳи некӣ раҳнамоӣ кун, дилҳоямонро аз кинаву ғам пок соз ва лабонамонро бо табассум зиннат деҳ… Парвардигоро… Ба ҳар хонадон меҳру муҳаббат, ба ҳар дил сабру оромиш ва ба ҳар бандаат ризқи ҳалолу зиндагии осуда насиб гардон… Бигзор имрӯз чун нури субҳ равшан, чун борони баҳорӣ пок ва чун дуои модар пур аз файзу баракат бошад…

АЗ "АХЛОҚИ МӮҲСИНӢ" Дуову хушнудии модар зиёда аз падар натиҷа медиҳаду зудтар асар мекунад. Дар ҳадис омада, ки “Биҳишт дар зери қадамҳои модарон аст”, яъне ҳар ки эшонро хидмат кунаду ҳақгузории шафқатҳои вай намояд, ба биҳишт расад. Байт: Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст, Андар таҳи пои модарон аст. Ва дигар ҳаққи завӣ-л-қурбо риоят бояд карду силаи раҳм ба ҷой овард, ки аз ҷумлаи воҷиботи ислом аст. Ва силаи раҳм дар умр бияфзояду рӯзӣ фарох гардонад. Дар аҳодиси қудсия ҳаст, ки “Ман раҳмонам ва иштиқоқи раҳм аз исми ман аст; ҳар ки ӯро пайванд кунад, ман ба раҳмати худ восил созам ва ҳар ки ӯро бибуррад, аз раҳмати худ мунқатеъ гардонам”.

+1
"САЪДИНОМА" Ё ХУД "БӮСТОН". ДАРСҲОИ 190 - 191 (МАТНИ ТАЪЛИМӢ) БО ИЛОВАИ ТАРҶИМАИ ӮЗБЕКӢ جوانا رَهِ طاعَت اِمروز گیر که فردا جوانی نَیایَد ز پیر! فراغِ دلت هست و نیرویِ تَن چو میدان فراخ است، گویی بزن قضا روزگاری ز من دَررَبود که هر روزی از وی شبی قدر بود من آن روز را قدر نَشناختَم بِدانستَم اکنون که درباختم! * * * ... Ҷавоно! Раҳи тоат имрӯз гир, Ки фардо ҷавонӣ наёяд зи пир! Фароғи дилат ҳасту нерӯи тан, Чу майдон фарох аст, гӯе бизан! Қазо рӯзгоре зи ман даррабуд, Ки ҳар рӯзе аз вай Шаби Қадр буд. Ман он рӯзро қадр нашнохтам, Бидонистам акнун, ки дарбохтам! ...

Имруз хулқи хеш ба симу зар кунанд, Безар агар бародар зи у ҳазар кунанд. Зардор агар чи нодон гӯяд оқил аст, Безар агар чи доно мислаш ба хар кунанд. Зардор агар бимирад хешон ғайр гирянд, Безар агар бимирад кам чашм тар кунанд. Зардорро ба маҷлис ҷойе диҳанд ба сар, Безар агар биёяд ҷойе тангтар кунанд. Саъди #farhangi_tojik

Ман зи маҳтоб шуо мехоҳам, Зи фалак нури Худо мехоҳам. Аз замин ҳосили пурфайзу зиë, Зи лаби гунг нидо мехоҳам. Лаби руд ғарқи тамошову зи у, Шар - шари рӯҳнаво мехоҳам. Ба рақибе, ки дилаш пуркин аст, Қалби пурнуру ҷило мехоҳам. Зи ҳама мардуми дорою ғанӣ, Дасти пурхайру сахо мехоҳам. Дар миëни падарону писарон, Дӯсти - меҳру вафо мехоҳам. Ба заноне, ки чу гул зебоянд, Сидқ аз Момаҳаво мехоҳам. Зи паси абри сиëҳи гардун, Нури хуршеди само мехоҳам. #farhangi_tojik

Ба пирӣ хидмати модару падар кун, Ҷавонию чунун аз сар бадар кун. Мазан таъна бар эшон аз дили сер, Ки гар ёбӣ замон гардӣ ту
Ба пирӣ хидмати модару падар кун, Ҷавонию чунун аз сар бадар кун. Мазан таъна бар эшон аз дили сер, Ки гар ёбӣ замон гардӣ ту ҳам пир. Ки парвардаст модар дар канорат, Падар буд солҳо тимордорат. Биҷӯ дилшон ба хулқу хубрӯӣ, Ки ин аст, эй бародар, некхӯӣ. Носири ХУСРАВ https://t.me/Xirad