en
Feedback
📚Китоби Зиндагӣ ☝️❤️‍🩹

📚Китоби Зиндагӣ ☝️❤️‍🩹

Open in Telegram

وَذَكِّرْ فَإِنَّ الذِّكْرَى تَنْفَعُ الْمُؤْمِنِينَ И напоминай, ведь, поистине, напоминание приносит пользу верующим. (51:55)

Show more
884
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
No data30 days

Data loading in progress...

Tags Cloud
No data
Any problems? Please refresh the page or contact our support manager.
Incoming and Outgoing Mentions
---
---
---
---
---
---
Attracting Subscribers
March '24
March '24
+47
in 0 channels
February '24
+80
in 0 channels
Get PRO
January '24
+165
in 0 channels
Get PRO
December '23
+827
in 0 channels
Date
Subscriber Growth
Mentions
Channels
25 March0
24 March0
23 March0
22 March+1
21 March+1
20 March0
19 March+2
18 March+9
17 March0
16 March+1
15 March+4
14 March+4
13 March0
12 March+5
11 March+3
10 March+6
09 March+1
08 March0
07 March+1
06 March+3
05 March+1
04 March+1
03 March+1
02 March+2
01 March+1
Channel Posts
✅ ҲАДИСҲОИ РАМАЗОНИ - 1️⃣3️⃣ 📝 ҲУКМИ РӮЗАДОРЕ КИ ҲАМСАРАШРО МЕБӮСИД 📓 Аз модари муъминон Оиша (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: 📜 «Расули Аллоҳ ﷺ дар ҳолати рӯза, ҳамсаронашро дар оғӯш мегирифт ва мебӯсид. Вале Паёмбари акрам ﷺ беҳтар аз ҳамаи шумо метавонист ғароизи хешро контрол намояд». 📚 Муслим / 1106 📚 Бухорӣ / 1927

2
❤️‍🩹
❤️‍🩹
211
3
‼️
‼️
250
4
ҲАДИСҲОИ РАМАЗОНИ - 1️⃣2️⃣ 📝 ДАР БОРАИ РӮЗАДОРЕ КИ АЗ РӮИ ФАРОМӮШИ БИХӮРАД Ё БИНӮШАД 📓 Аз Абӯ Ҳурайра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: 📜 «Агар касе рӯзадор буд ва дар ҳоли фаромӯши чизе хӯрд ва ё нӯшид, рӯзаашро комил кунад; зеро Аллоҳ ба ӯ об ва ғизо додааст». 📚 Саҳеҳ Муслим / 1155 📚 Саҳеҳ Бухорӣ / 6669
278
5
✅ ҲАДИСҲОИ РАМАЗОНИ - 1️⃣1️⃣ 📝 РАМАЗОН БАРОИ КАСЕ АСТ, КИ АЗ ГУФТОР ВА АЪМОЛИ БОТИЛ ДАСТ БАРДОРАД 📓 Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расулуллоҳ ﷺ фармуданд: 📜 «Касе сухани ботил ва амал кардан ба онро тарк накунад, Аллоҳ таъоло ҳеҷ ниёзе ба тарки таъом ва шароби ӯ надорад. (Яъне: шахсе ки дуруғ, ғайбат, дашном, таҳқир, суханчини ва лаънат гуфтанро тарк намекунад, Аллоҳ таъоло рӯзаи ӯро намепазирад)». 📚 Саҳиҳ Бухорӣ / 1903
309
6
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ 🛑 ХОТИРАСОН МЕКУНАМ БА ХУД ВА ШУМО! ✅ ХАДИС 📓 Передают со слов Абу Хурайры (да будет
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ 🛑 ХОТИРАСОН МЕКУНАМ БА ХУД ВА ШУМО! ✅ ХАДИС 📓 Передают со слов Абу Хурайры (да будет доволен им Аллах) о том, что посланник Аллаха, да благословит его Аллах и приветствует, сказал: 📜 «Может случиться так, что постящемуся ничего не достанется (из награды) от его поста, кроме голода. И может случиться так, что выстаивающему ночную молитву ничего не достанется, кроме бессонницы».  📝 Этот хадис передали 📚Ибн Маджах 1690 📚ан-Насаи в «Сунан аль-Кубра» 3249 📚Ибн Хузайма в своём «Сахихе» 1875 📚аль-Хаким 1/596, который сказал: «Достоверный хадис соответствующий условиям аль-Бухари» и с ним согласился аз-Захаби. 📝 Достоверность этого хадиса подтвердили также хафиз аль-Бусыри и шейх аль-Албани. См. 📚«Сахих аль-джами’ ас-сагъир» 3488 📚«Сахих ат-таргъиб ва-т-тархиб» 1083.
330
7
No text...
314
8
✅ ҲАДИСҲОИ РАМАЗОНИ - 1️⃣0️⃣ 📝 УМРА ДАР МОҲ РАМАЗОН БАРОБАРИ ЯК ҲАҶ АСТ 📓 Аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба яке аз занҳои ансорӣ гуфт: 📜 «Чӣ туро боздошт, ки ҳамроҳи мо ҳаҷ накунӣ? Он зан гуфт: Мо танҳо ду шутур дорем, ки падари фарзандонам ва писарам бар як шутур ба ҳаҷ рафтаанд, ба мо як шутурро боқӣ монданд, то ки бо он об биёварем. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Пас ҳар гоҳ, ки Рамазон ояд, умра бикун, зеро умра дар Рамазон баробари як ҳаҷ аст. Дар ривояти Муслим омадааст: Баробари як ҳаҷ ҳамроҳи ман аст». 📚 Бухорӣ / 1782 📚 Муслим / 1256
321
9
Нарушается ли пост если из десны вышла кровь?
Нарушается ли пост если из десны вышла кровь?
397
10
✅ ҲАДИСҲОИ РАМАЗОНИ - 9️⃣ 📝 КАФФОРАИ КАСЕ КИ ДАР МОҲИ РАМАЗОН БО ҲАМСАРАШ ҲАМХОБАГИ КУНАД 📓 Аз Абӯ Ҳурайра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки фармуд: 📜 «Марде назди Расули Аллоҳ ﷺ омаду гуфт: Эй Расули Аллоҳ! Ман ҳалок шудам. Расули Аллоҳ ﷺ фармуд: Чӣ чиз туро ҳалок кардааст? Гуфт: Дар моҳи Рамазон (дар ҳоли рӯзадори) бо ҳамсарам ҳамхобаги кардам. Расули Аллоҳ ﷺ фармуд: Оё ғуломе дори, ки ӯро озод куни? Гуфт: Не. Расули Аллоҳ ﷺ фармуд: Оё метавони ду моҳ пайдарпай рӯза бигирӣ? Гуфт: Не. Расули Аллоҳ ﷺ фармуд: Оё метавони шаст мискинро таом диҳи? Гуфт: Не. Абӯ Ҳурайра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) гуфт: Сипас он мард ҳамонҷо нишаст, дар он асно сабаде пур аз хурмо назди Паёмбар ﷺ оварданд. Паёмбар ﷺ фармуд: Ин хурмоҳоро садақа кун. Он шахс гуфт: Оё фақиртар аз мо ҳам вуҷуд дорад? Қасам ба Аллоҳ, дар миёни ин санглохи Мадина, ҳеҷ хонае ниёзмандтар аз хонаи ман нест. Расули Аллоҳ ﷺ бо шунидани ин сухан хандидан, ба гунае ки дандонҳои (муборакаш) зоҳир шуд. Сипас фармуд: Бирав хурмоҳоро ба хонаводаат бидеҳ». 📚 Ривояти Муслим: 1111
371
11
АҲКОМИ РӮЗА - 8️⃣ 📝 АВВАЛ ВА ОХИРИ РӮЗА Аллоҳ таъоло мефармояд: 📖 «Аллоҳ дар шабҳои моҳи Рамазон бароятон ҳамбистарӣ бо ҳамсаронатонро мубоҳ гардонид. Онҳо пӯшиш ва ҳифзи шумоянд ва шумо низ пӯшиш ва ҳифзи онҳо ҳастед. Аллоҳ медонист, ки шумо бо нафси худ хиёнат меварзед, бо мухолифати ҳаромкардаи Аллоҳ дар шабҳои Рамазон бо ҳамбистарӣ карданатон бо ҳамсарон, пас тавбаи шуморо пазируфт ва шуморо афв кард ва амрро ба шумо васеъ гардонид. Акнун бо онҳо ҳамбистар шавед ва он чиро ки Аллоҳ бар шумо муқаддар гардонидааст, талаб кунед (аз фарзанд) ва бихӯреду биёшомед то равшании субҳ дар торикии шаб ошкор шавад. Ва рӯзаро то фурӯ рафтани офтоб ба шаб бирасонед». 📓 Бақара: 187 📜 Ин ояти муборак баёнгари аввал ва охири рӯзаи рӯзона аст. Аввали рӯза аз тулӯи субҳи содиқ аст ва охири рӯза то ғуруби офтоб мебошад. 📜 Аллоҳ таъоло хӯрдану нӯшиданро мубоҳ гардонидааст то тулӯи субҳи содиқ, ки ин далел ба мустаҳаб будани саҳар хури мекунад. 📓 Аз Анас (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ гуфт: 📜 «Саҳари бихӯред; зеро дар хӯрдани саҳари, хайр ва баракат нуҳуфтааст. 📚 Муслим / 1095 📚 Бухорӣ / 1923 📜 Мустаҳаб аст таъҷил кардан дар ифтор, агар офтоб ғуруб кунад ё ягон шахси содиқ азон диҳад. 📓 Аз Саҳл ибни Саъд (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: 📜 «Мардум то замоне дар хайр басар мебаранд, ки дар ифтор намудан аҷала кунанд. (Яъне бе фосила пас аз ғуруби офтоб, ифтор намоянд)». 📚 Муслим / 1098 📚 Бухорӣ/ 1957 📜 Суннат аст, ки рӯзадор бо хурмои тоза (рутаб) ва агар муяссар набошад, бо хурмои хушк (тамр) ифтор намояд ва агар он ҳам муяссар нагардид, бо об ва ё ҳар мева ва нӯшобаи дигаре ифтор намояд. 📓 Аз Анас (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят шудааст, ки гуфт: 📜 «Расули Аллоҳ ﷺ пеш аз он ки намози шомро бихонад, бо чанд хурмои тоза ифтор мекард. Агар хурмои тоза пайдо намешуд, бо чанд хурмои хушке ва агар он ҳам пайдо намешуд, бо ҷуръаи обе ифтор мекард». 📚 Абӯ Довуд / 2356 📚 Тирмизӣ / 695 📝 Инчунин мустаҳаб аст дуо ҳангоми ифтор кардан ба ҳар чизе ки дӯст медорад. 📓 Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуд: إن للصائم عند فطره دعوة لا ترد 📜 «Дуои рӯзадор ҳангоми ифтор, рад карда намешавад». 📚 Ибни Моҷа / 1753 📓 Вақте ки Паёмбари Аллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ифтор мекард, мегуфт: ذَهَبَ ‌الظَّمَأُ، وابْتَلَّتِ العُرُوقُ، وَثَبَتَ الأَجْرُ إن شاء الله 📜 «Заҳаба-з-замаъу ва-б-таллати-л-ъуруқу ва сабата-л-аҷру иншоаллоҳ» 📝 ТАРҶУМА: Ташнагӣ рафт, рагҳо тар гардид, агар Аллоҳ хоста бошад, мукофот сабт гардид. 📚 Ривояти Абудовуд. Албонӣ ин ҳадисро дар Саҳиҳу сунани Абидовуд: 2066 ҳасан донистааст.
446
12
✅ ҲАДИСҲОИ РАМАЗОНИ - 8️⃣ 📝 ФАЗИЛАТИ РӮЗА ГИРИФТАН ДАР РОҲИ АЛЛОҲ 📓 Аз Абӯ Саиди Худрӣ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: 📜 «Ҳар бандае ки як рӯз дар роҳи Аллоҳ рӯза бигирад, Аллоҳи мутаъол чеҳраашро ба масофаи ҳафтод сол аз дӯзах дур менамояд. (Баъзе аз уламо гуфтаанд: «фӣ сабилил-Лаҳ» ба ин маъно аст, ки барои хушнудии Аллоҳ рӯза бигирад)». 📚 Саҳеҳ Муслим / 1153
387
13
Произношение намерения
Произношение намерения
426
14
АҲКОМИ РӮЗА - 7️⃣ 📝 НИЯТИ РӮЗА 📜 Барои рӯзаҳои фарзи, мисли: рӯзаи Рамазон, рӯзаи қазои ва рӯзаи каффорат, ният кардан аз шаб воҷиб аст ва зарур аст, ки бояд пеш аз дамидани субҳи содиқ ният кунад. Аммо агар рӯзаҳои нафли бошад, мисли: рӯзаи рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе, рӯзаи рӯзи Ошуро ва рӯзаи шаш рӯзи моҳи Шаъбон, агар шаб ният накарда субҳ гардид, то ними рӯз метавонад нияти рӯза бикунад. 📜 Шарт нест, ки нияти рӯзаро ба забон гӯяд, балки ҳамин қадар қасд кунад, ки барои анҷоми дастури Аллоҳи бузург аз дамидани субҳ то нишастани офтоб коре ки рӯзаро фосид мекунад анҷом намедиҳад, кофи аст.
394
15
ҲАДИСҲОИ РАМАЗОНИ - 7️⃣ 📝 ТАЪҶИЛ ДАР ИФТОР 📓 Аз Саҳл ибни Саъд (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: 📜 «Мардум то замоне дар хайр басар мебаранд, ки дар ифтор намудан аҷала кунанд. (Яъне бе фосила пас аз ғуруби офтоб, ифтор намоянд)». 📚 Муслим / 1098 📚 Бухорӣ / 1957
383
16
✅ ҲАДИСҲОИ РАМАЗОНИ - 6️⃣ 📝 ТАЪХИР КАРДАНИ САҲАР ХУРИ 📓 Аз Зайд ибни Собит (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: 📜 «Мо бо Расули Аллоҳ ﷺ саҳари хӯрдем, сипас барои хондани намози субҳ бархостем. Анас (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) гуфт: Пурсидам: Байни хӯрдани саҳари ва намози субҳ чиқадар фосила вуҷуд дошт? Зайд ибни Собит гуфт: Ба андозаи тиловати панҷоҳ оят». 📚 Муслим / 1097
474
17
АҲКОМИ РӮЗА - 6️⃣ 📝 РӮЗАҲОИ НАФЛ Рӯза гирифтан дар тамоми айёми сол, ба ҷуз рӯзҳои ҳаром, нафл аст, вале нисбати баъзе рӯзҳо таъкиди бештаре шудааст, ки бархе аз онҳоро зикр мекунем: 1) Ҳар душанбе ва панҷшанбе. 📓 Аз Абӯ Ҳурайра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: 📜 «Дар рӯзи душанбе ва панҷшанбе амалҳо ба Аллоҳ таъоло пешниҳод карда мешаванд, аз ин рӯ дӯст медорам, ки амали ман дар ҳоле пешниҳод шавад, ки ман рӯзадор ҳастам». 📚 Тирмизӣ / 747 📚 ибни Моҷа / 1740 2) Рӯзҳои сездаҳ, чордаҳ ва понздаҳуми ҳар моҳ, ки рӯзҳои биз - сафед - номида мешаванд. 📓 Аз Абӯ Зар (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: 📜 «Расули Аллоҳ ﷺ моро ба рӯза гирифтани се рӯзи сафед аз ҳар моҳро амр намуд: сездаҳ, чордаҳ ва понздаҳ». 📚 Насои / 2421 3) Рӯзаи рӯзи Арафа (нӯҳуми зулҳиҷҷа). 📖 Аз Паёмбар ﷺ дар бораи рӯзаи рӯзи Арафа суол кардан, фармуданд: 📜 «Як сола гуноҳони гузашта ва як сола гуноҳони меомадаро аз байн мебарад». 📚 Муслим / 2747 📚 Аҳмад / 21492 📚 Тирмизӣ / 680 4) Шаш рӯз аз моҳи шаввол, пас моҳи мубораки Рамазон ба истиснои рӯзи аввали шаввол, ки рӯза дар он ҳаром аст. 📓 Аз Абӯ Аюби Ансорӣ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: 📜 «Ҳар кас моҳи Рамазонро рӯза бигирад ва баъд аз он шаш рӯза аз шавволро низ рӯза бигирад, монанди ин аст, ки ҳамаи солро рӯза гирифта аст». 📚 Муслим / 1164 5) Рӯзаи рӯзи даҳуми муҳаррам (ошуро). 📓 Аз Паёмбар ﷺ дар бораи рӯзаи рӯзи Ошуро суол кардан, фармуданд: 📜 «Як сола гуноҳони гузаштаро аз байн мебарад». 📚 Тирмизӣ / 752 📚 ибни Моҷа / 1738
481
18
АҲКОМИ РӮЗА - 5️⃣ 📖 РӮЗАҲОИ ҲАРОМ 📝 Дар панҷ рӯзи сол рӯза гирифтан ҳаром аст: 1) Рӯза гирифтан дар рӯзи иди фитр, ки ба рӯзи аввали моҳи шаввол рост меояд. 2) Рӯза гирифтан дар рӯзи иди қурбон, ки ба рӯзи даҳуми моҳи зулҳиҷҷа рост меояд. 📓 Аз Абӯ Саиди Худрӣ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: 📜 «Паёмбар ﷺ аз ду рӯз рӯза гирифтанро манъ кардааст: рӯзи иди Фитр ва рӯзи иди Қурбон.» 📚 Муслим / 1138 📚 Бухорӣ / 1890 3) Рӯза гирифтан дар айёми ташриқ. Айёми ташриқ се рӯз баъд аз иди қурбон: рӯзҳои 11, 12 ва 13 - уми зулҳиҷҷа мебошад. 📓 Аз Нубайшаи Ҳузалӣ ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: 📜 «Рӯзҳои ташриқ, рӯзҳои хӯрдану нӯшидан ва зикри Аллоҳ аст.» 📚 Муслим: 114
487
19
ҲАДИСҲОИ РАМАЗОНИ - 5️⃣ 📝 САҲАРИ ХӮРДАН БАРОИ РӮЗА 📓 Аз Анас (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ гуфт: 📜 «Саҳари бихӯред, зеро дар хӯрдани саҳари, хайр ва баракат нуҳуфтааст.» 📚 Бухорӣ / 1923 📚 Муслим / 1095
502
20
АҲКОМИ РӮЗА - 4️⃣ 📝 НАВЪҲОИ РӮЗА Рӯза се навъ мешавад: 1) Фарз. 2) Ҳаром. 3) Нафл. 📝 РӮЗАҲОИ ФАРЗӢ 📜 Ин рӯзаҳо фарз мебошанд: 1) Рӯзаи моҳи мубораки Рамазон. 2) Рӯзаи қазо. 3) Рӯзаи каффорат, ба монанди каффорати қасам, каффорати ифсоди рӯза ва каффорати зиҳор. 4) Рӯзае, ки ба сабаби назр фарз мешавад.
566