ch
Feedback
БАШАНД КИТОБЕН

БАШАНД КИТОБЕН

前往频道在 Telegram

📈 Telegram 频道 БАШАНД КИТОБЕН 的分析概览

频道 БАШАНД КИТОБЕН (@bashandkitoben) 俄语 语言赛道中的 是活跃参与者。目前社区聚集了 12 308 名订阅者,在 书籍 类别中位列第 3 075,并在 塔吉克斯坦 地区排名第 184 位。

📊 受众指标与增长动态

自 невідомо 创建以来,项目保持高速增长,吸引了 12 308 名订阅者。

根据 06 十月, 2026 的最新数据,频道保持稳定运转。过去 30 天订阅人数变化为 587,过去 24 小时变化为 2,整体触达仍然可观。

  • 认证状态: 未认证
  • 互动率 (ER): 平均受众互动率为 16.10%。内容发布后 24 小时内通常能获得 10.15% 的反应,占订阅者总量。
  • 帖子覆盖: 每篇帖子平均可获得 1 981 次浏览,首日通常累积 1 249 次浏览。
  • 互动与反馈: 受众积极参与,单帖平均反应数为 9。

📝 描述与内容策略

作者将该频道定位为表达主观观点的平台:
“Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст. Instagram:https://www.instagram.com/bashandkitoben?igsh=MW5zdXE4eGEydmZiaQ%3D%3D&utm_source=qr YouTube: https://youtube.com/@bashandkitoben?si=-CS3pTZA5q5OcCJE Facebook: https://www.facebook.com/share/g/1ArURQip1G/?mi...”

凭借高频更新(最新数据采集于 07 十月, 2026),频道始终保持新鲜度与高覆盖。分析显示受众积极互动,使其成为 书籍 类别中的关键影响点。

12 308
订阅者
+224 小时
+657 天
+58730 天
帖子存档
ДУВОЗДАҲ ҶАВОНМАРДӢ ————————— Мавлоно Шоҳ Мустансири Биллоҳ фармуданд : «Ҳар кас, ки аҳли ҳақиқат бошад , қавлу феълаш ҳақикӣ бошад ва таваҷҷӯҳ ба сӯи мо дошта бошад , дар дунё дидори моро ба маърифат бубинад ва дар охират лиқои парвардигори худро хоҳад дид » . Ва Ҳазрати Мавлоно Шоҳ Мустансири Биллоҳ фармудаанд, ки ҳар кас , ки маро дӯст дорад, бояд, ки дувоздаҳ ҷавонмардиро ба ҷой оварад, то оқибат файзҳо бинад ва ба муроди дил бирасад .

ЯКЕ АЗ БЕҲТАРИН КИТОБЕН ЙИД! Пешниҳод дам кинам тамард хъедовард, аммо якчанд ҷой бодиққатат эҳтиёткорона хъойет чунки якчанд
ЯКЕ АЗ БЕҲТАРИН КИТОБЕН ЙИД! Пешниҳод дам кинам тамард хъедовард, аммо якчанд ҷой бодиққатат эҳтиёткорона хъойет чунки якчанд нуқтайенен сиёсати шуравиқати алалаш! Ат дигарга дам китобти пурра нашчиниди чайи чиз чуд, чайи чирд кор чуд, чайи чи бинест, чайи маш суннатен бинест......чай аз веф зибо вудъҷ! хулосаи гап фана корен тирти дъийен!! Йид дам китоб ссылка: https://t.me/bashandkitoben/489

ПОРАЕ АЗ ФАРМОНИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ —————— «Шумо бояд қодир бошед, ки ба таври давомдор биёмӯзед. Омӯзиш дигар маҳдуд ба таҳсили донишгоҳӣ ва илмӣ нест – он бахше аз як раванди давомдор дар тӯли умр аст. Бинобар ин, ман имрӯз ба фарзандони рӯҳониам мегӯям: омӯзиш бигиред, ба таҳсилатон идома диҳед, фикр накунед, ки омӯзиши мактабӣ поёни роҳ аст, ин яке аз ҳадафҳо мебошад, аммо ин охири кор нест, раванди омӯзиш дар саросари зиндагӣ идома меёбад.» —————— Читрол, Покистон, 9-уми декабри соли 2017

ПОРАЕ АЗ ФАРМОНИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ ——————— «Фарзандони рӯҳониам медонанд, ки ҷаҳони мо рақобатист ва барои муваффақ шудан дар он шумо бояд худро сазовор кунед, ва боз ҳам сазовор кунед, ва боз ҳам сазовор кунед, ва боз ҳам сазовор кунед. Ин як рафтори солим аст. Он ақлро зинда нигоҳ медорад. Он шуморо дар ҷомеа фаъол нигоҳ медорад ва иншоаллоҳ, дар ҳоле, ки ба пеш ҳаракат мекунед, ба шумо дар касби дониш қадам ба қадам хушбахтӣ ба армуғон хоҳад овард.» ——————— Исломобод, Покистон, субҳи 12-уми декабри соли 2017

ПОРАЕ АЗ ФАРМОНИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ ————————- «Ман беҳтарин, беҳтарин, беҳтарин дуоҳои хайри меҳромези худро ба ҳамаи аъзои даргузаштаи хонаводаҳои шумо медиҳам. Ман барои оромиш ва осудагии арвоҳи онҳо дуо мекунам, бигзор онҳо абадан орому осуда бошанд. Ба ҳамаи шумо беҳтарин дуоҳои хайри худро барои саодат, барои умри дароз, барои комёбӣ дар иқдомоти шумо ва барои зиндагӣ бар асоси ахлоқиёти динамон медиҳам. Хонаободон, хонаободон, хонаободон.» ————- 17.11.2017 Канада Торонто

Худованди Аламут Ҳасан Саббоҳ ФАСЛИ 27-3 (аудиокитоб) иборат аз 44 фасл! Номи китоб: ҲАСАН САББОҲ ХУДОВАНДИ АЛАМУТ Муаллиф: Паул Эмир Дум китоб дарун лап пурра маълумот яст дар бораи зиндагии Ҳасани Саббоҳ! Давом ғал яст.....!

Худованди Аламут Ҳасан Саббоҳ ФАСЛИ 27-2 (аудиокитоб) иборат аз 44 фасл! Номи китоб: ҲАСАН САББОҲ ХУДОВАНДИ АЛАМУТ Муаллиф: Паул Эмир Дум китоб дарун лап пурра маълумот яст дар бораи зиндагии Ҳасани Саббоҳ! Давом ғал яст.....!

ПОРАЕ АЗ ФАРМОНИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ ———————— «Ман дуоҳои хайри худро барои саодат, барои нерӯ дар сирот-ал-мустақим, барои рӯшанбинӣ дар зиндагӣ, барои муваффақияти маънавӣ, болоравӣ, болоравӣ ва болоравии бештари шумо медиҳам, то шумо дар ҷустуҷӯи саодати маънавӣ нури махсусро пайдо кунед, то он ба ҳар кадоми шумо бирасад, то шумо аз он огоҳ бошед ва онро бо худ дошта бошед – ин умеди ман, дуои ман ва баракати ман барои ҷамоатам аст. Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон.» ——————— Исломобод, Покистон, субҳи 12-уми декабри соли 2017

САЛОМ ———— Вардъийет деф фармонен якдигарқати қисмат чидо! Меф охирон рузенен во йига нав кашкаш гап ихтироъ чугъҷ, ловента «фармонен якдигарард мабозет, дефард го ҷамоат тайор нистат, дадъен гуё фукаф мағзард нистат... ва ғайра!» Баъд иквадъ ловиҷен икдеф бемантиқ гапенқатига на хубаф ичиз пурра фамен ат нага то охир йи китоб хъойен, ат на хоихъ кинен дигаренга босавод сен!!!! Ди бечора халқ базури ҳар бӯнати ар ху уровень хамбенен.... (((()))) Аз номи муридени Мавлога сухан кинениди го халқард информация мабозам! Хулоса беғамаф якдигарард фармон бозет! Бо қудрати Мавлота йируз ар Ҷамоати Тоҷикистонат Россия мис китоби фаромини Мавло чоп сод! Аранг тар хориҷа ца.. Сутат тар ҷамоатхона, яманд фаромини Мавло дар шакли китоб арзон нархти савдоен! Зохътатху тар ху чид вам хъой, бе ичидом миёнрав! Хубафъ хъойи, хубафъ тилаби, хубаф врийи! ОЗИР ДАВРА ДАВРАИ ПЕШРАФТИ ИЛМАТ ХИРАД! Давраи такомули ҶӮЁИ ФАРДӢ! Тавфиқи имондорият озодандешӣ тамард!

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МУБОРАКИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ ————————— «Ман беҳтарин, беҳтарин дуоҳои хайри меҳромези худро барои саодат, барои умри дароз, барои саломатии хуб, барои донишҷӯён - комёбӣ дар хондани онҳо, барои ҷавонон - лаззат бурдан аз ҷавонии худ, ба хирадмандон - қисмат намудани хиради худ; ба хирадмандон - қисмат намудани хиради худ, медиҳам. Мо дар ҷамоати худ дорои мардон ва занони зиёди хирадманд ҳастем, бинобар ин мо хиради зиёдро барои тақсим намудан дорем....» ————— Торонто, Канада 18-уми ноябри соли 2017

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МУБОРАКИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ ——————————- «Инро низ ба ёд дошта бошед, ки ман ҳамеша ҳамроҳи шумо ҳастам. Сонияе нест, ки ман бо ҷамоатам набошам. Бинобар ин, дар хотир дошта бошед ва бидонед, ки бо ҳар гуна мушкилие, ки рӯбарӯ мешавед, ман ҳамеша дар канори шумо ҳастам. Ман ба шумо мушкилосон, зиндагии босаодат ва саршор аз муваффақиятҳои динӣ ва дунявӣ – ҳар дуро орзу мекунам. Дар хотир дошта бошед, ки ман аввал динӣ гуфтам! Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон.» ————— Исломобод. Покистон. 12-уми декабри соли 2017

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МУБОРАКИ ҲОЗИРИМОМ ——————————- «Ва агар шумо имкони омӯзиши дониши навро дошта бошед, аз ин фурсат, на танҳо дар замони донишомӯзӣ дар мактаб, ки эҳтимолан саргармиҳои зиёд доред, балки дар саросари зиндагиатон истифода намоед. Бале, ман инро низ мехоҳам, ки муридони ҷавонам бояд дар давраи ҷавониашон саргармиҳои зиёд дошта бошанд. Ин замонест, ки онҳо метавонанд аз зиндагӣ лаззат баранд, замоне ки ҳанӯз масъулиятҳои хонаводагиро бар дӯш надоранд ва замоне ки метавонанд аз ҳамаи чизҳои хуби ин зиндагӣ лаззат баранд.» ————— Доруссалом, Танзания, 12-уми октябри соли 2017

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МУБОРАКИ ҲОЗИРИМОМ ——————- «Дар солҳои дарпешистода ин хеле муҳим хоҳад буд, ки ҷамоати ман ба сармоягузорӣ кардан ба омӯзишу таҳсил идома диҳад. Ҳаҷми донише, ки имрӯз барои ҷомеаи инсонӣ дастрас аст, хеле азимтар аз ҳар замони гузашта дар таърихи башар аст. Ва ин хеле муҳим аст, ки муридони ман дар мақоме қарор дошта бошанд, ки бо такя кардан ба ақли худ ояндаи фарзандони худ, шуғл ва фаъолиятҳои касбии онҳоро рушд диҳанд.» —————- Доруссалом, Танзания, 12-уми октябри соли 2017

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МУБОРАКИ ҲОЗИРИМОМ ——————- «Дар ҷаҳони ақлонӣ ширкат кунед, то дониш ба ҷомеа он чиро, ки метавонад ба армуғон биёрад, зеро имрӯз дониш, эҳтимолан, бештар аз ҳар замони дигаре дар таърихи башар, асоси тағйир ва пешрафти иҷтимоӣ мебошад.» 10.12.2017 Покистон

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МУБОРАК ———————- «Бузургтарин неъмати Худованд ба инсон ақл аст, ва ақли мо бояд ҳифз шавад ва набояд ба он зиён расад ва мабодо нобуд гардад.» —————— 25.09.1998 Тоҷикистон Бадахшон

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МУБОРАК —————— «Донишро аз ҳар куҷое , ки пайдо шавад , бояд ҷуст . Аммо истифодаи он дониш бояд дар чорчӯбаи ахлоқи мазҳабамон сурат гирад.» —————— 25.09.1998 Тоҷикистон Бадахшон

САЛОМ! ———- Дам китоб дарунанден фаромини Ҳозиримом аз саҳифаи 12-то саҳифаи 45 яст! Барори хъедо!! Тавфиқи озодандешият равш
САЛОМ! ———- Дам китоб дарунанден фаромини Ҳозиримом аз саҳифаи 12-то саҳифаи 45 яст! Барори хъедо!! Тавфиқи озодандешият равшанфикри тамард! Вардъийет ху хонаводара мис дам китоб деф фармоненқати бозет: Чунки худи Ҳозиримом ху фармонанд ловд, нала: «Шумо метавонед системаи телефонии Угандаро хеле машғул созед, то паёми маро ба хонаводаҳои худ бирасонед. Хонаободон, хонаободон, хонаободон.» —————- Кампала, Уганда, 10-уми октябри соли 2017 Скачать книгу:https://t.me/bashandkitoben/24

КАЛОМИ ПИР АГАР ТУ БОХИРАДӢ ----------------------- Агар бихонӣ ту ашъори Носири Хусрав, Расад ба ҷони ту з-он нури илми дин партав. Худошинос шавӣ, роҳи дин биёмӯзӣ, Агар ту бар сухани носирӣ шавӣ пайрав. Зи ҳар қасида, ки хонӣ агар ту, бохирадӣ, Ба чашми маънӣ бибинӣ аҷоибе аз нав. Бад-он раҳе, ки нарафтанд анбиё, наравӣ, Ҳар он чи то ба сақар он бувад, бад-ӯ магарав. Чаро ту айби хирадманд ҷӯӣ, эй нодон, Ки хешро ба ҷаҳолат фикандаӣ дар гав. Бирав, ту домани Мавлои хеш аз ҷон гир, Ба дигарон манигар, мункиранду дин бигарав. Агар ба сидқ ту Мавлои хеш бишносӣ, Ҳазор мартаба шукраш куну ба ёдаш рав. Ҳадиси Носири Хусрав ҳакоиқ асту рамуз, Ба чашми сар бишиносу ба гӯши ақл шунав. Луғат: ------- Сақар- дӯзах, ҷаҳаннам. Рамуз- нуқтафаҳм, вожаи рамуз дар қасида ба маънои соҳиби ҳикмат будан омадааст. #ҲуҷҷатНосириХусрав

НОМИ ШЕЪР: НОСИРИЯ Муаллиф: ШИРИНШОҲ МАЪСУМИ ЗАИФӢ Дар бораи бузургии таълимоти Носири Хусрав! Беҳтарин маводи рӯҳбахш икед шеър барои тарафдорони ДАЪВАТИ НОСИР- ЯЪНЕ ЧАРОҒРАВШАН! ——————— https://youtu.be/zs1_guLiT-o

НУКОТ АЗ ФАРОМИНИ МУБОРАКИ МАВЛОНО СУЛТОН МУҲАММАДШОҲ ———————————- «Ман шуморо ҳаргиз фаромӯш намекунам. Ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё шуморо фаромӯш нахоҳам кард. Кӯшиш кунед, ки фарзандони худро таълим диҳед ва барои омӯхтани забонҳои аврупоӣ саъй кунед, инчунин забони англисӣ.. Ба Соҳиби замони худ итоат кунед, ва ба онҳое, ки ҷавонтар ва тобеи шумо ҳастанд, меҳрубон бошед.» ———————————- 10.03.1940 Бомбай