es
Feedback
БАШАНД КИТОБЕН

БАШАНД КИТОБЕН

Ir al canal en Telegram

📈 Análisis del canal de Telegram БАШАНД КИТОБЕН

El canal БАШАНД КИТОБЕН (@bashandkitoben) en el segmento lingüístico de Ruso es un actor destacado. Actualmente la comunidad reúne a 10 387 suscriptores, ocupando la posición 3 673 en la categoría Libros y el puesto 232 en la región Tayikistán.

📊 Métricas de audiencia y dinámica

Desde su creación el невідомо, el proyecto ha mostrado un crecimiento acelerado, reuniendo a 10 387 suscriptores.

Según los últimos datos del 08 julio, 2026, el canal mantiene una actividad estable. En los últimos 30 días la variación de miembros fue de 60, y en las últimas 24 horas de 1, conservando un alto alcance.

  • Estado de verificación: No verificado
  • Tasa de interacción (ER): El promedio de interacción de la audiencia es 26.98%. Durante las primeras 24 horas tras publicar, el contenido suele obtener 8.34% de reacciones respecto al total de suscriptores.
  • Alcance de las publicaciones: Cada publicación recibe en promedio 2 802 visualizaciones. En el primer día suele acumular 866 visualizaciones.
  • Reacciones e interacción: La audiencia responde de forma activa: el promedio de reacciones por publicación es 12.

📝 Descripción y política de contenido

El autor describe el recurso como un espacio para expresar opiniones subjetivas:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст. Instagram:https://www.instagram.com/bashandkitoben?igsh=MW5zdXE4eGEydmZiaQ%3D%3D&utm_source=qr YouTube: https://youtube.com/@bashandkitoben?si=-CS3pTZA5q5OcCJE Facebook: https://www.facebook.com/share/g/1ArURQip1G/?mi...

Gracias a la alta frecuencia de actualizaciones (últimos datos recibidos el 09 julio, 2026), el canal mantiene la vigencia y un amplio alcance. La analítica demuestra que la audiencia interactúa activamente con el contenido, lo que lo convierte en un punto de referencia dentro de la categoría Libros.

10 387
Suscriptores
+124 horas
+57 días
+6030 días
Archivo de publicaciones
ПОРАЕ АЗ ФАРМОНИ МАВЛО ————————— «Шумо метавонед системаи телефонии Угандаро хеле машғул созед, то паёми маро ба хонаводаҳои худ бирасонед. Хонаободон, хонаободон, хонаободон.» —————- Кампала, Уганда, 10-уми октябри соли 2017 ФАРОМИНИ МУБОРАК Ҷашни алмосӣ

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ ҲОЗИРИМОМ ————————- «Ақл ҷузъе аз эътиқод ва мазҳабу имон аст, ин хусусияти мазҳаби мо аст, ки ақл ва имонро бо ҳам медонад ва ақл муқобили имон нест. Шумо маънии ақлро медонед ва дар ин ҷо истифодаи саҳеҳи ақл лозим аст, ки дониши худро барои истифодаи ҷамоат ба кор барем ва ин худ далел аст, ки мазҳаби мо тавоно аст, ки ба масоили мудерн посух гӯяд ва мо инро қабул намекунем, ки ақл ва имон бо ҳам дар таззод бошанд.» —————— Лондон 12.11.1993

Номи китоб: ИСМОИЛИЁН ТАЪРИХ ВА АҚОИД Муаллиф: Фарҳод Дафтарӣ Скачать книгу: https://t.me/bashandkitoben/219
Номи китоб: ИСМОИЛИЁН ТАЪРИХ ВА АҚОИД Муаллиф: Фарҳод Дафтарӣ Скачать книгу: https://t.me/bashandkitoben/219

АЗ СУХАНОНИ МУБОРАКИ МАВЛОНО АЛӢ (а) ——————————— «Он кас , ки натавонад дӯст ба даст оварад ҷони нотавон дорад ва нотавонтар аз ӯ касест , ки дӯсти ба даст омадаи хешро ба ройгон аз даст бидиҳад.»

АЗ СУХАНОНИ МУБОРАКИ МАВЛОНО АЛӢ (а) ———————— «Бо душмани худ ончунон бошед , ки ӯ бо душмани хештан аст . Агар дуруштӣ кунад , дуруштӣ кунед ва нармии ӯро ба нармӣ посух диҳед.»

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МУБОРАКИ МАВЛО ——————————- «Ман ҳамвора бо ҷамоатам ҳастам, ҳар рӯз, ҳар дақиқа ва ҳар сония-ҳамвора дар канори ҷамоатам ҳастам. Пас аз шумо мехоҳам, ки инро ба ёд дошта бошед, чаро ки фарзандони ман ҳамвора бо ман ҳастанд. Ҳамеша - рӯзу шаб, зимистон, пойиз, тобистон, ҳар фасле аз сол ва дар ҳар куҷои ҷаҳон онҳо ҳамеша бо ман ҳастанд.» ————————- МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МАВЛО ДАР БОРАИ ҒАНИМАТ ДОНИСТАНИ ВАҚТ ВА ИҶРОИ ФАРОМИН ------------------------------ «Майл дорам ба хотир доред, ҳар бор ки шумо ба соате нигоҳ мекунед, ҳар бор ки шумо ба соати деворӣ нигоҳ мекунед, ҳар лаҳза мебинед ки ақрабаки соат то як сония ё як дақиқа ҳаракат мекунад, маънияш ин аст, ки назди шумо барои амал кардан бар ин фармон як сония ё як дақиқа кам монда аст. Фақат зиндагии рӯҳонӣ абадӣ аст, на зиндагии моддӣ. Ва касоне ки байни шумо навҷавон ҳастанд ва мойил ба гуфтан ҳастанд, ки ”ман ин вазифаро фардо анҷом хоҳам дод” фардо бар намегардад. Ва касоне ки байни шумо куҳансол ҳастанд ва онҳо мегуянд, ики “ман барои анҷом додани ин вазифа бисёр пир ҳастам”. Ба хотир дошта бошед, шумо ҳаргиз бисёр пир нестед, шумо ҳаргиз пир нестед, то вақте, ки шумо дар қайди ҳаёт хастед ҳар руз рузе аст, ки бояд дар он зиндагӣ карда шавад ва дар он руз бояд, ки шумо бо беҳтарин истеъдоди худ масъулиятҳои худро анҷом диҳед, лизо вақти худро дар бехабарӣ аз даст надиҳед, ЗЕРО, КИ ВАҚТ АГАР ЯКБОР ГУЗАШТ БАРОИ ҲАМЕША ГУЗАШТ. Ин чизе ҳаст, ки бояд ҳамаи шумо ба ёд дошта бошед. Ман барои амал бар фармони субҳи рӯз ба ҳамаи шумо фардан дуои хайр ва баракоти хусусии Хешро медиҳам.» ХОНАОБОДОН! ХОНАОБОДОН! ХОНАОБОДОН! ——————————- Бамбай 27. 11. 1973.

НУКОТЕ АЗ ФАРОМИНИ ҲОЗИРИМОМ ДАР БОБИ ДОНИШ ВА БУЗУРГИИ ОН --------------------- «Ба хотир дошта бошед, ки барои ҳар мард ва ҳар як зан ду чизи бисёр муҳим аст, ки ҳаргиз наметавон онҳоро аз шумо ҷудо кард. Аввал РӮҲИ шумо аст ва сонӣ ДОНИШИ шумо аст. Бар руи замин ба ҳар ҷо, ки биравед ва дар ҳар ҷо, ки бошед агар шумо дониши хубе доред ин сармояе аст ки фақат аз они шумо аст ва ҳеҷ кас наметавонад онро аз шумо бигирад, ва ман майл надорам ки шумо инро фаромӯш кунед. Ин барои ҷамоати мо дар Ҳинд содиқ аст, барои чамоати мо дар Африко содиқ аст, барои чамоати мо дар Покистон содиқ аст ва барои чамоати мо дар кулли ҷаҳон содиқ аст. Ва ман ҳаргиз майл надорам ки шумо фаромуш кунед, агар як бор шумо як рутбаи ҳирфаии хубе ба даст оред, хоҳ мард хастед ё зан, ин барои саросари зиндагии шумо як сармояи бисёр бисёр бузург аст, сахт кор кунед ва кишвари худро ва ҷамоати худро дар пешрафт кумак кунед.» —————- Бамбай.9.11.1967.

ФАРМОНИ МАВЛО ДАР БОБИ ДОИЁН ————— «Ба онҳое, ки дар тӯли таърих ба Имом хидмат кардаанд, унвони Доӣ дода шудааст. Имрӯз ҳамаи шумо Доӣ ҳастед - ҳамаи шумо. Пас, ҳамаи шумо Имомро дар ҳаётатон, дар коратон ва дар амали худ муаррифӣ менамоед. Ва ман барои муваффақиятатон дуоҳои махсус медиҳам. Хонаободон! Хонаободон! Хонаободон!» ——————— 7.07.2018 Лисабон

АЗ СУХАНОНИ МУБОРАКИ ҲАЗРАТИ АЛӢ (а) ———————- «Бархезед ! Домани ҳиммат бар камар занед. Бикӯшед, биҷӯшед. Ғавғои зиндагиро ба по бидоред – то зиндаед зиндагӣ кунед ва монанди зиндабагӯрон худро дар кунҷи узлат дафн накунед .»

АЗ СУХАНОНИ МУБОРАКИ ҲАЗРАТИ АЛӢ (а) ———————- «Ҳаргиз дониши хешро бо нодоне наёмезед ва ҳаргиз дар тасмими хеш ташвишу дудилагӣ раво мадоред .»

САЛОМ ———- Арчирд агар дар бораи рузаи ботин маълумот даркор вед, тама вардъийет аз Пандиёти ҷавонмардӣ китобти беҳтарин маълумот педъо чидо! Саҳифаи 62 https://t.me/bashandkitoben/589 ПАНДИЁТИ ҶАВОНМАРДӢ Рисолаи «Пандиёти ҷавонмардӣ» ҳамчун дастури ахлоқиву мазҳабӣ дар байни исмоилиёни низорӣ ба аҳамият ва арзиши хос молик мебошад. Таълифи он ба қалами Ҳазрати Имом Мустансири Биллоҳи сонӣ, сивудуввумин имоми фирқаи исмоиляи низорӣ, ки дар солҳои 868-880 (1463-1475 милодї) имомат кардааст, мансуб дониста мешавад.I

АРЧИРД ФАРОМИНИ МАВЛО ДАР ШАКЛИ КИТОБ ХАРИД ЧИДО ЦАФОРТ, ХУШБАХТОНА НУР РУЗАНД ТАР ХОРИҶА АЛАКАЙ САВДО ДЕФ КИНЕН! МАВЛОИ ЗАМО
АРЧИРД ФАРОМИНИ МАВЛО ДАР ШАКЛИ КИТОБ ХАРИД ЧИДО ЦАФОРТ, ХУШБАХТОНА НУР РУЗАНД ТАР ХОРИҶА АЛАКАЙ САВДО ДЕФ КИНЕН! МАВЛОИ ЗАМОНИ БАРОИ ОСОНИИ ҶАМОАТ, БАРОИ САРФАКОРОНА ИСТИФОДАИ ВАҚТ- ИКДЕФ ФАРМОНЕН БО ХОҲИХЪИ ХУ, НАШР ЧИДО РИМОД! Яъне мурид нур рузан ми асри 21-анд- бояд аз дасти фармон ба воситаи куят биябонат пухъта овора матиздат, баръакс йу вардъед осонаф деф заказ кихътху хубафъ мустақилона ху чиданд ху аҳлат оилақати хъойдат амал дефти кихът! Арчиз баъд деф дарун нофаҳмо вед, вити сод пи ҷамоатху падам дар якҷояги вам маъно педъо кихът! Ат икди гап вахт нағъжид, цаловден о «фармон бояд фақат кормандени сохторат веф хехътаборҷа вед...» Фармон бояд фукафҷа вед, Мавлойи диҷат деф чопчид римод, донҷатиди ҳар як муриданд ви ҷанбаи ҷуёи фардӣ бақувватди сод! СУХАНОН АЗ ДОХИЛИ КИТОБ ———————- «Ин нашрия ва мундариҷаи он аз ҷониби Волоҳазрат Шоҳзода Карим Оғохон, Мавлоно Ҳозир Имом Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ, Имоми Чилу-нӯҳумини Мусулмонони Шиаи Имомии Исмоилӣ иҷозат ва тасдиқ карда шудааст.» Саломат ваваф!

Ҳикояти тамсилӣ: ТИҶОРАТИ МАЙМУН МУАЛЛИФ: Устод Заифӣ Яке аз волотарин ҳикоёти тамсилӣ! Якумин ҳикояи тамсилӣ помирай зивти! Саропо ҳикмат, ҳақиқат, маънавият!

АЗ НУР РУЗАНДАМ ФУНКЦИЯ КОМЕНТАРИИ АЗ ГУРУҲ ТАМОМАН УДАЛИТЬ ЧУД! КОМЕНТАМ ДОИМ ЛАКЧУД ФАҚАТ ПЕШНИҲОДЕНАРД! Аммо тар охирарден аз ди функция илав «эшонен» суистифода чичид сатху ба ҷойи пешниҳоден вадъ провокация ар гуруҳ ташкил дарав чид сат! Ат веф кор насут! Ат насодтага! Ҳатто худъмандта мис ди кор навардъийен, ба бедорита ғал налом.... Дисга сут номаълум номенқатийен мис комент нвшто сар чудат, аммо ичидом рақамти веф провокация нанагъжад! Ноумедъен ред!! Ат ба ҳар ҳол дус қулоғ мис вефард ловам, чунки машам аз руйи веф «амалат» «савод» фамт чай муқобили саводнокшавии ҷамоат! Дигаргата арчиз патевам бе комент!! Комент нвштота набофт!!!!!! Паноҳ ба Мавло! Худоъой тама нигаҳбон!

ПОРАЕ АЗ ФАРМОНИ МУБОРАКИ ҲОЗИРИМОМ ———————— «Ман имрӯз барои фарзандони руҳониям, махсусан барои насли ҷавон, мегуям: ОМУЗЕД , ва ОМУЗЕД , ва ОМУЗЕД , ва ОМУЗЕД , ва ОМУЗЕД , ва ОМУЗЕД , ва ОМУЗЕД , ва ОМУЗЕД , ва ОМУЗЕД , ва ОМУЗЕД , ва ОМУЗЕД , ва ОМУЗЕД ва ОМУЗЕД..» 19.декабр.2017 Қарочӣ . Покистон.

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ ҲОЗИРИМОМ ————————- «Ҷойи басо хушбахтӣ аст, ки мардуми Бадахшон аз таҳсилоти бисёр хубе бархурдоранд ва ин умед ва дуои ман аст, ки дубора, бо ҳамкорӣ, ин таҳсилот ба мардум ва муассисаҳо ва ҳукумати Бадахшон кӯмак хоҳад кард, то Бадахшонро дар як мавқеъияте қарор диҳанд, ки аз шароити дар ҳоли тағйири иқтисоди миллӣ ва байналмиллалӣ ва умури иҷтимоӣ истифода барад.» ——————- Рӯшон. Бадахшон. Тоҷикистон. 27 май 1995

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ ҲОЗИРИМОМ —————————- «Имрӯз баъдтар ман Бадахшонро бо нийяти сафар ба Душанбе тарк намуда ва сипас сафарамро ба Қирғизистон давом хоҳам дод. Аммо майл дорам ҷамоатам дар Бадахшон ба хотир дошта бошанд, ки гарчӣ шуморо зоҳиран тарк хоҳам кард, шумо ҳамеша дар қалб, фикр ва дуоҳои ман хоҳед буд. Иншооллоҳ дигар ҳаргиз асрҳо тӯл нахоҳанд кашид, ки Имоми Замон ҷамоати Бадахшонро мулоқот намояд. Ин мояи хурсандии ман хоҳад буд, то ҳар чӣ зудтар ба Бадахшон баргардам. Ва вақте, ки зоҳиран ман бо шумо нестам, ҷӯёи сулҳ бошед, сулҳ дар байни тамоми мардуми Бадахшон ва Тоҷикистон.» Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон. 27.05.1995 Тоҷикистон. Бадахшон. Рӯшон

НОМИ ШЕЪР: Эй дуст фанд фукаф фанд! Муаллиф: Шириншоҳ Маъсуми Заифӣ

Номи китоб: ВАҶҲИ ДИН (Нусхаи аслӣ) Муаллифи китоб: ҲУҶҶАТ НОСИРИ ХУСРАВ Дар бори РУЗА икдам Китоби Ваҷҳи динти башанд таъвил. Гуфтори 33 Саҳифаи 237 #ҲуҷҷатНосириХусрав