ar
Feedback
БАШАНД КИТОБЕН

БАШАНД КИТОБЕН

الذهاب إلى القناة على Telegram

📈 نظرة تحليلية على قناة تيليجرام БАШАНД КИТОБЕН

تُعد قناة БАШАНД КИТОБЕН (@bashandkitoben) في القطاع اللغوي الروسية لاعباً نشطاً. يضم المجتمع حالياً 12 261 مشتركاً، محتلاً المرتبة 3 078 في فئة الكتب والمرتبة 185 في منطقة Tajikistan.

📊 مؤشرات الجمهور والحراك

منذ تأسيسه في невідомо، حقق المشروع نمواً سريعاً وجمع 12 261 مشتركاً.

بحسب آخر البيانات بتاريخ 30 سبتمبر, 2026، تحافظ القناة على نشاط مستقر. خلال آخر 30 يوماً تغيّر عدد الأعضاء بمقدار 673، وفي آخر 24 ساعة بمقدار 18، مع بقاء الوصول العام مرتفعاً.

  • حالة التحقق: غير موثّقة
  • معدل التفاعل (ER): يبلغ متوسط تفاعل الجمهور 0.54‎%. وخلال أول 24 ساعة من النشر يحصد المحتوى عادةً 10.90‎% من ردود الفعل نسبةً إلى إجمالي المشتركين.
  • وصول المنشورات: يحصل كل منشور على متوسط 66 مشاهدة. وخلال اليوم الأول يجمع عادةً 1 336 مشاهدة.
  • التفاعلات والاستجابة: يتفاعل الجمهور بانتظام؛ متوسط التفاعلات لكل منشور يبلغ 1.

📝 الوصف وسياسة المحتوى

يصف المؤلف القناة بأنها مساحة للتعبير عن الآراء الذاتية:
“Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст. Instagram:https://www.instagram.com/bashandkitoben?igsh=MW5zdXE4eGEydmZiaQ%3D%3D&utm_source=qr YouTube: https://youtube.com/@bashandkitoben?si=-CS3pTZA5q5OcCJE Facebook: https://www.facebook.com/share/g/1ArURQip1G/?mi...”

بفضل وتيرة التحديث المرتفعة (أحدث البيانات بتاريخ 01 أكتوبر, 2026) تحافظ القناة على حداثتها ومستوى وصول مرتفع. وتُظهر التحليلات تفاعلاً نشطاً من الجمهور، ما يجعلها نقطة تأثير مهمة ضمن فئة الكتب.

12 261
المشتركون
+1824 ساعات
+307 أيام
+67330 أيام
أرشيف المشاركات
Ва агар неъмати Худоро бишуморед, онро иҳота накунед. Ба дурустӣ, ки Худо Омурзандаи Меҳрубон аст (16-18) . Андар ин оят пайдост, ки чу мо донистем, ки неъматҳои Худой бар мо бешумор аст, агар ҳамагиро аз он боз нагўем ва нашмарем, (андакеро боз гўем ва ўро сипос гузорем ва бар паѐмбари вай) сўи Субҳона ва чароғи равшани Ў андар зулмоти куфру зиллол ва раҳнамоии халқ ба расонидани китоби азиз ва басти шариати Худой бар ҳикмат, бар изҳори ҳалолу ҳаром ва нашри қазоѐ ва аҳком ва таҳрис бар адлу эҳсон ва таҳзир аз ҷавру исѐн. Ва рафтан ба табъи карим ва халқи азими хеш бар сироти мустақим сўи ризои Худои таоло, чунон ки гуфт: Yawma Yaqūmu An-Nāsu Lirabbi Al-`Ālamīna Рўзе, ки мардумон пеши Парвардигори оламиѐн истода шаванд (83-6).

ақли кулл, ки ӯ машриқи Нури Тавҳид аст, биѐбад. Ва бад-он чи ҳамегӯяд, «чун рӯз бигузарад ва рӯ ба сӯи мағриб кунед», яъне ки чун зоҳири Шариъат нопадид шавад, рӯ сӯи сонӣ кунед, ки ӯ мағриб аст Нури Тавҳидро ва ба зоҳир аз аҶсоми падидоранда ҳамебоист ва он сонӣ бувад ва рӯзаи рӯзадор кушода шавад, яъне ки ҳаққ ошкоро шавад ва аз душманони дин ҳеч тарсе набошад мӯъминонро ва ҳар касеро, ки ҳаққ бар ӯ бувад. Ва дигар хабар аст аз Расул, алайҳи-с-салом, ки гуфт: «Лайса мина-л-бирри-с-савму фӣ-с-сафари» — Ҳамегӯяд: «Нест аз тоъат рӯза доштан андар сафар». Ва таъвили ин хабар он аст, ки чун мӯьмин ҷӯянда бошад, раво нест, ки аз ҷустану пурсидан бозистад, балки бояд биҷӯяд ҳақиқатро, то Худои Таъолоро ба зоҳиру ботин тоъат дошта бошад. Ва дигар хабар аст аз Расул, алайҳи-с-салом, ки ки гуфт: «Суму тасиҳҳу» — Гуфт: «Рӯза доред, то тандуруст бошед», яъне ки пайдо макунед мартабати асосро сӯи зоҳириѐн, то аз офати эшон саломат бошед. Ва низ Расул, алайҳи-с-салом гуфт: «Софиру, туғнаму» — Гуфт: «Сафар кунед, то ғаниматҳо биѐбед» яъне ки андар даъват равед ва ҳақиқатро, ки ғанимат аст, биѐбед. Ва Пайғамбар, алайҳи-с-салом, гуфт: «Шаби қадр» андар моҳи Рамазон бошад. Ва андар он шаб ҳама халоиқу ҷонварон ва дарахтону гавҳарҳо мар-Худойро саҷца кунанд ва ӯро хузӯъ намоянд». Ва таъвилаш он аст, ки аз фарзандони асос касе ҳаст, ки ӯ ошкоро шавад андар дин.Ва ин сӣ ҳадд, ки ѐд кардем, мар-ӯро тоъат доранд ва худовандони миллатҳои пароканда ва динҳои мухталиф ҳама ба ҷазо расанд, чунонки гуфт: «Лайлату-л-қадри хайрун мин алфи шаҳр»(98:3) — Гуфт: «Шаби қадр беҳтар аст аз ҳазор моҳ». Яъне' лоҳиқи Қоим бартар аст аз ҳар имом, агарчи маротиби эшонро ҷумла ба як мартабат гӯянд. Ва Пайғамбар, алайҳи-с- салом гуфт: «Биҷӯед мар-ин Шабро андар даҳаи бозпасин андар токҳо». Ва даҳаи бозпасин масал аст бар ҳадди имомон ва даҳаи миѐнагӣ масал аст бар ҳадди асосон ва нахустин даҳа масал аст бар ҳадди нотиқон. Аз ин се ҳадд, ки ҳар ҳадде ҳафтанд, ки фурӯд аз хештан се ҳадд ба пой кардаанд, то даҳ бошад. Ва тоқҳо аз даҳаи бозпасин масал аст бар ҳадди имомон ва ҷуфтҳо масал аст бар ҳадди ҳуҷҷатон. Пас, ҳамегӯяд: «Натавон шинохт мар-Қоимро, магар аз ҷиҳати панҷ ҳадд, чун асосу имом ва бобу ҳуҷҷат ва доъй». Боз намуда шуд аз баѐни рӯза бар қадри кифоят мӯъмини мустаҳаққро. Вассалом.

хештанро расонидан ба имом. Ва баробари ҷиҳод қаҳр кардан мар-душманони динро ба илм. Ва баробари ҳафт имом мар-ҳар имомеро андар асри ӯ таъйид аст, ки он ҷону нафси шарифи ӯст, ки бар халқ бад-он солорӣ кунад. Ва баробари мартабати нотиқ мартабати Қоими Қиѐмат аст, ки мақсуд аз омадану хабар додани эшон мар-халқро ӯст. Аз ҷумлаи сй мартабат, ки рӯзаро бунѐд бар он аст, шаш мартабат нотиқонрост ва ҳафт мартабат имомонрост. Ва бар он аз мавзӯъи Шариъат гувоҳон гузаронидем. Акнун гӯем, ки аз он пас дувоздаҳ мартабат аст андар офариниши ҷисму нафс ва ҳам андар олами дин ва андар офариниши ҷисмй он дувоздаҳ он аст, ки бар ҷисми мардум аз берун дувоздаҳ сӯрох аст сӯи андарун, чун ду бинй ва ду гӯшу ду чашм ва даҳану ду пистон ва нофу ду фарҷ. Ва андар офариниши нафсй баробари он дувоздаҳ ақл аст: ва нафсу фаҳм ва фикрату зеҳн ва хотиру ҳифз ва хаѐлу ваҳм ва мутасаррифа ва тамйизу тақсим. Ва андар олами дин баробари он дувоздаҳ соҳиби ҷазира аст, ки ҳар яке ба ҷазирае махсус аст. Ва масали он андар он чи ба салоҳи ин ҷаҳону ҷисмй бозгардад, чунон аст, ки аз мо касе дониста шавад, ки андар ҳар ҷазирае аз ҷазоир чӣ чиз ѐфта шавад аз таъому шароб ва дору. Ва ҳар гоҳ, ки ба чизе аз он ҳоҷатманд шавад, бибояд рафтан бад-он ҷазират ва талаб кардан он чизро, ки ӯ ҳоҷат аст. Ҳамчунин доъй бояд ки соҳиби ҷазиратонро бидонад, ки он чи маро пурсанд аз эшон биѐбем. Ва аз ҳар чй пурсандаш, бок надорад ва бидонад. Ва он чи аз ӯ пурсанд, ҷавоби ҳама пурсандагон битавонад додан. Ва пас аз он панҷ мартабат аст, ки онро бибояд донистан. Ва андар офариниши ҷисмй масали он панҷ ҳавосс аст, чун шунавоию биной ва бӯѐию чашоӣ ва басоӣ. Ва андар офариниши нафсй — тамйиз аст ва тақсиму танзил ва таълифу таъвил ва ҷамъ кардани миѐни он. Ва андар олами дин монанди ин панҷ нотиқ асту асос ва имому ҳуҷҷат ва доъй. Ва андар мартабати пайғамбарй монанди ин панҷ он панҷи ӯлу-л-азм ва набию васӣ ва имом. Ва монанди ин панҷ миѐнҷии миѐни ӯлу-л-азм ва миѐни олами улвй низ панҷ бз'даанд ва ҳаст, чун Қаламу* Лавҳ* ва Микоилу* Исрофил* ва Ҷабраил*. Пас, ҷумлаи ин ҳудуд сй аст, чун шаш нотиқ ва шаш имому қоим ва дувоздаҳ ҳуҷҷати ҷазоир ва панҷ ҳадци рӯҳонй, чун аввалу сонй ва Ҷидцу Фатҳ ва Хаѐл. Ва рӯза доштани ин сй рӯз бар шинохтани ин сй ҳадц далел аст, аз баҳри он ки раво нест, ки аз сй рӯз кам рӯза дошта бошад ва ѐ беш аз он. Ва маънии он ки «ҳар кӣ ӯ болиг бошад, як моҳ бояд рӯза доштан», он аст, ки ҳар кй хирад ѐбад, бар ӯ воҷиб шавад мар-ин сй ҳадцро шинохтан ва қавоид аз эшон пазируфтан ва ба фурӯд аз хештан додан. Ва маънии он ки таъом хӯрдану шароб хӯрдан ва ҷимоъ кардан мар-рӯзаи зоҳирро табоҳ кунад, он аст, ки чун бар мустаҷиб ахд гиранд, ӯро боздоранд аз танзилу таъвил гуфтан ва аз ҷимоъи нафсонй кардан, ки ҳосил кардани нутфаи нафсонист, ки чун маъҳуди танзилу таъвил гӯяд, ҳамчунон бошад, ки рӯзадори зоҳир таъому шароб хӯрад. Ва маънии ҷимоъ наздикист ба таъому шароб хӯрдан, аз баҳри он ки аз ҷимоъ сурати инсон ба ҳосил ояд ва аз таъом бақои он сурат бошад ва аз шароб қавӣ шудани ӯ бошад. Ва ин ҳар се ҳоли ботин ба рӯзадори ботин ҳаром аст, ҳамчунон ки он се ҳоли зоҳир ба рӯзадори зоҳир ҳаром аст. Ва рӯза кушодан масал аст бар баѐн кардан мар-ҳадци асосро. Ва ҳар кӣ ӯ рӯза бикушояд ба амдан як рӯзро, ду моҳ пайваста рӯза бояд доштан, таъвилаш он аст, ки ҳар кй ӯ ошкоро кунад мар-як ҳаддро аз ин се ҳудуд, каффорати ӯ он аст, ки бозгардад сӯи фаръайн ба тавба кардан, ки эшон масаланд бар ду моҳ. Ва хабар аст аз Пайғамбар, алайҳи-с-салом, ки гуфт: «Изо ақбала-л-лайла мин ҳо ҳуно ва адбара-н-наҳора мин ҳо ҳуно фа қад афтара-с-соиму» — Гуфт: «Чун биѐяд шаб аз сӯи машриқ рӯза дорад ва биравад рӯз аз сӯи мағриб рӯзадор рӯза бикушояд». Ва таъвили ин хабар он аст, ки шаб далел аст бар ботину таъвил ва рӯз далел аст бар зоҳиру танзил. Ва бад-он чи ҳамегӯяд, «чун шаб бигузарад аз сӯи машриқ рӯза доред», он ҳамехоҳад, ки таъйид аз

Ва маънии он ки бемору мусофир рӯзҳои дигар шумуранд ва рӯза бигиранд, он аст, ки ҳар ьсй таъвили асосро натавонад пазируфт, раво бошад, ки аз ҳуҷҷату доъӣ ва маъзун таъвил пазирад, ки эшон рӯзҳои дигаранд мар-асосро. Ва ҳар яке аз эшон рӯзанд андар олами дин. Пас, гӯем, ки таъвили як моҳ аз дувоздаҳ моҳ рӯза дошган он аст, ки андар ҳудуд аз ҷумлаи дувоздаҳ ҳуҷҷат асос як ҳуҷҷат бувад, ки мартабати ӯро мастур бояд доштан в? ӯ бад-ин мартабат махсус бошад аз ѐздаҳ ѐри хеш, ҳамчунон ки моҳи Рамазон шариф шудааст ба сӯи халқ, ки он ѐздаҳ моҳи дигар, ки ѐрони ваянд, он шараф надоранд. Ва таъвили он ки моҳи Рамазон нӯҳум моҳ аст аз ҷумлаи моҳҳо, он аст, ки мартабати ҳудуди дин дувоздаҳ аст аз мустаҷиб то ба ақл, чун мустаҷиб ва маъзуни махдуд ва маъзуни мутлақ ва доъии махдуд ва доъии мутлақ ва ҳуҷҷату боб ва имому васй ва нотиқ ва сониву аввал. Ва васӣ нӯҳум мартабат аст, ҳамчунон ки моҳи Рамазон нӯҳум моҳ аст аз сол. Ва пас аз моҳи Рамазон аз сол се моҳ аст, чун шаввол ва зулқаъда ва зулҳиҷҷа ҳамчунин пас аз васӣ се мартабат аст андар дин, чун нотиқу нафс ва ақл. Ва андар адад ин ҳол ҳам мавчуд аст, аз баҳри он ки адад ба дувоздаҳ мартабат аст: нӯх аз ӯ оҳод аст, даҳум ашарот аст ва ѐздаҳум миъот ает ва дувоздаҳум улуф аст. Ва аз паси ҳазор ҳама такрор аст, ҳам бар ин сурат оҳод маргабати ҷисмониѐну мутаъаллимон аст. Ва васӣ бартар дараҷа аст, ки ӯ ба нӯҳум манзалат аст. Ва нотикро мартабати аюарот аст аз ҳисоб, ки ӯ ниҳояти одамиѐн аст ва камоли еурати инсонист. Набинй, Худой мар-даҳро, ки он мартабати нотиқ аст, ҳаме комил хонад: қавлуҳу Таъоло: «Тилка ашаратун комилатун» (2:196). Ва мартабати миъот мар- нафсрост ва мартабати улуф мар-ақлрост Аммо таъвили он ки мар-ҳар рӯзеро, ки рӯза дорад, аз шаби он рӯз нийят бояд кардан, он аст, ки мар-зоқирй Китобу Шариъат таъвилпазир омадааст. Ва сабаби он таъвил бувад, ки пас аз зоҳир бувад, бар мисоли сухане, кй ба овозу калимот ва ҳуруф бигӯянд. Пас, сабаби ин овозу калимот ва ҳуруф он маънй буда бошад, ки нафси шунаванда нахуст шунавад ва сухан аз гӯянда бар ой маънипазир ояд. Пас, рӯзаи зоҳирро аз шаби зоҳир нийят бояд кардан, то дуруст бошад. Ва ҳамчунин нахуст маънии рӯза бибояд донистан, он гаҳ рӯза дорй, то он нийят, ки он шинохти рӯза аст, сабаб бошад мар-рӯза доштанро, ки он рӯза доштан пӯшида доштани мартабати асос аст аз душманони дин. Ва аммо таъвили он ки рӯза сӣ рӯзи тамом бибояд доштан он аст, ки ин сӣ мартабатро нахуст бибояд шинохтан, то аз он ба таъвил расем. Ва он сй мартабат он аст, ки офоқу анфус бар дурустии он гувоҳ аст. Ва аз он сй мартабат шаш мартабати офариниш андар ҷасадҳост, чунонки Худои Таъоло мар-онро ѐд кардааст аз нутфа ва сулола ва алақа ва музға ва лаҳм ва изом, то бад-он ҳафтум мардум тамом шавад. Ва баробари он андар офариниши нафсҳо шаш мартабат аст аз таҳорату намоз ва рӯзаву закот ва ҳаҷҷу ҷиҳод, то ба вилоят тамом шавад. Ва баробари он андар пайғамбарӣ шаш мартабат аст, чун Одам* ва Нӯҳ* ва Иброҳим* ва Мусо* ва Исо* ва Муҳаммади Мустафо*, алайҳиму-с-салом, то нутфаи нубувват тамом шавад. Ва баробари он аз паси пайғамбар шаш имом аст, ки тамоми он андар падид омадани Қоим ҳақк асг, алайҳи-с-салом. Ва мар-ҳар шашро аз ин шашҳо, ки ѐд карда нуд, ҳафтумин ас'г, ки тамомии он шаш аз ҳар манзалате андар ҳафтуми ӯст, чунонки мар-шаш мартабати анҷомии ҷасадро ҳафтум -243- рӯҳ аст, ки тамомии он шаш мартабат андар ӯст. Ва низ баробари ин ҳафт мартабати ҷисмонй андар ҷасад ҳафт аъзои раиса аст, чун мағзу дил ва ҷигару шуш ва сипурзу заҳра ва гурда, ки зиндагии ҷисм андар ӯст. Ва баробари ҳафт рукни Шариъат маъниҳо он аст, ки аз дониши он пайвасган аст бар вилоят. Ва баробари таҳорат покиза кардани нафс аст. Ва баробари намоз итоъат ва баробари рӯза хештан нигоҳ доштан аз ношоиста. Ва баробари закот илм гуфтан ва баробари ҳаҷҷ

хаѐл бинамудан, ки он ѐздаҳ ҳуҷҷати дигар ва имоми рӯзгор ва боби ӯ ҳаме ӯро итоъат хоҳанд дошт, чунонки Худои Таъоло фармуд, ки қавлуҳу Таъоло: «Иннӣ раайту аҳада ашара кавкабан ва-ш-Шамса ва-л-Қамара раайтуҳум лӣ соҷидин»( 12:4) — Гуфт: «Ман дидам ѐздаҳ ситораро ва Моҳу Офтоб маро саҷда карданд». Ва ба ѐздаҳ ситора ѐздаҳ ҳуҷҷатро хост, ки он дувоздаҳуми эшон бувад. Ва ба Офтоб мар-имомро хост ва ба Моҳ мар-бобро хост ва ба саҷда кардани эшон мар-хештанро он хост, ки эшон маро итоъат доранд. Ва моҳ масал аст бар вазир ва вазифаи нотиқ бошад бар ишорати Эзиди Таъоло ва ба рӯза доштани моҳи Рамазон он аст, ки ҳар кӣ ӯ ба даъвати таъвил пайваста шавад, бояд ки ҳақикати Шариъат аз пӯшидагӣ ҷӯяд, на аз зоҳир. Ва рӯз далел аст бар зоҳиру танзил ва шаб далел аст бар ботину таъвил. Пас, моро бифармуданд андар моҳи Рамазон ба рӯз он ҷамъ кардан, то шаб мар-онро бихӯрем. Ва ҳамчунин аст он кас, ки ба даъвати таъвил андар ояд, бишунавад мар-зоҳирҳоро ва ҳақиқатро аз айни он зоҳир наҷӯяд, балки ҳақиқатро аз роҳи таъвил биҷӯяд, то биѐбад. Ва масали он чунон аст, ки агар касе хоҳад, ки аз зоҳир ҳол бидонад, ки гӯшти хукро чаро Эзиди Таъоло ҳаром кард ва гӯшти гӯсфанд ҳалол, боз натавонад ѐфт мар-ин маъниро андар зоҳир. Ва ин ду гӯшт на ба ақли нопарварда тавонад донист, чаро гӯшти хукро, ки ӯ зиѐнкор аст, набояд хӯрдану озурдан ва гӯшти гӯсфандро, ки безиѐн аст, бибояд хӯрдану озурдан. Ва агар ба зоҳири ҳол бинигарем ба ақли хеш, чунон лозим ояд, ки зиѐнкорро бибояд хӯрдану озурдан ва безиѐнро набояд хӯрдану озурдан. Чун илми ҳақиқат биѐмӯзад, он гаҳ маънии нохӯрдании гӯшти хук бидонад ва зиѐн аз хӯрдани ӯ бишиносад. Ва андар гӯпгги гӯсфанд низ на андар ҷасад, балки андар нафс. Ва мутобеъи Рамазонро, ки мӯъмин аст, он донистан аз роҳи таъвил аст, на аз айни зоҳир он чизе ки монда бошад ба хӯрдани он, ки ба рӯз ҷамъ карда бошад ва рӯз бар ӯ гузашта бошад, то хӯрдании ҷасадонеро, ки ба рӯзи замонй ҷамъ карда бошад, андар шаби замонӣ бихӯрад, чун рӯзаи зоҳир дорад андар моҳи Рамазон, яъне зоҳири хӯрдании ҷисмонӣ, ки ба Шариъат ѐфта бошад, ки он рӯзи дин аст андар шаби дин, ки он таъвили ҳақиқат аст, хӯрданй бошад. Ва чун рӯзаи нафсонй дорад, бишиносад он кас, ки ӯ моҳи Худой аст. Ва шаҳр аз шаҳраке гирифтаанд ва бад-он чи ҳамегӯяд шаҳри Рамазон бад-он мар-он касро ҳамехоҳад, ки сӯи ӯ Худой машҳур аст. Ва он кас он аст, ки Қуръон андар ӯ фиристодаи Худой аст ва Қуръон андар он кас фурӯ фиристода аст, ки хилофу шубҳат аз масалҳои Қуръон ӯ тавонад берун бурдан ва он каси васӣ нотиқ аст, алайҳи-с-салом. Набинй, ки Худои Таъоло ҳамегӯяд, қавлуҳу Таъоло: «Шаҳру Рамазона-л-лазӣ унзила фиҳи-л-Куръону ҳудан ли-н-носи ва баййинотин мина-л-ҳудо ва-л-Фурқони»(2:185) —Гуфт: «Моҳи Рамазон он аст, ки фурӯ фиристоданд андар ӯ Қуръонро, то роҳи рост бинамояд мардумонро ва баѐнҳоро аз роҳи рост ӯ ҷудо кунад». Яъне машҳури Худой он аст, ки Қуръон андар зоти ӯ фурӯд омада, то роҳи рост бинамояд мардумонро ва пӯшидаҳоро пайдо кунад ва ҷудо кунад ҳаққро аз ботил. Пас, гуфт, қавлуҳу Таъоло: «Фа ман шаҳида минқуму-ш-шаҳра фал ясумҳу»(2:185) — «Пас, ҳар кӣ биѐбад аз шумо мар-ин моҳро, пас рӯза дорад», яъне ҳар кас, ки асосро бшшшосад, мартабати ӯро пинҳон дорад аз душманони дин, чунонки гуфт, қавлуҳу Таъоло: «Ва ман кона маризан ав ало сафарин фа иддатун мин айѐмин ухара»(2:185) — Гуфт: «Ҳар кй бемор бошад, ѐ бар сафар, гӯ рӯзаро мадорад, магар рӯзҳои дигар шумурад, ки боз бигирад». Маънияш он аст, ки ҳар кас, ки нафси ӯ бемор бошад, ба ноѐфтани таъвил ӯ аз ҳол ба ҳол гарданда бошад ва заъиф бошад, чун беморон ѐ ба сафар бошад, яъне талабкунанда мар-ҳақиқатро раво набошад, ки хомӯш бошад, балки бояд ки ҳамеҷӯяд ва ҳамепурсад, то ҳаққро биѐбад ва он гоҳ тандуруст шавад ва ба хона бозшавад. Пасаз он, мартабати асосро пинҳон дорад аз мухолифони дин.

Гуфтори сию сеюм: Андар воҷиби рӯза доштан ва таъвили он Гуем, ки рузаро ба този «савм» гуянд. Ва «савм» бозистодан бошад аз чизе, ки мардум андар он буда бошанд. Ва рӯза воҷиб аст бар ҳар мусулмоне, ки болиғ бошад ва ҳозир бошад аз сол як моҳ, ки он шинохта шудааст ба моҳи Рамазон. Ва он як моҳ сй рӯзи тамом бояд, бе нуқсон. Ва ҳар рӯзе рӯзаро аз шаб бояд ният кардан ба рӯза доштани он рӯз. Ва аз он чи рӯзаро табоҳ кунад, хештанро нигоҳ бояд доштан ва он таъом хӯрдан асту шароб хӯрдан ва ҷимоъ кардан ва гайбат кардану корҳои ношоиста кардан. Ва таъвили рӯза он аст, ки нахуст бидонй, ки ҳоли нафс андар дин баробар аст бо ҳоли ҷасад. Ва андар ҳоли тандурустӣ салоҳи ҷасад вобаста аст ба таъом хӯрдану шароб хӯрдан. Ва андар ҳоли беморӣ илоҷи ҷасад вобаста аст ба таъом нахӯрдану боздошти шароб аз ӯ. Ва таъом нафси танзилу зоҳири Шариъат аст. Ва шароб нафси таъвил кушодан аст ва баѐни Шариъат. Пас, ҳамчунин салоҳи нафс вақге андар кор бастани Шариъат аст ва зоҳир ва донистани таъвили ӯ ва он ба ҳангоме бошад, ки ҳудуди дин барпой бошад ва олами дин бехалал бар мисоли тандурустии ҷасад. Ва боз вақге салоҳи нафс андар пӯшида доштани ботини Шариъат аст, чун мӯъминон битарсанд бар ҳалок шуданиГуем, ки рузаро ба този «савм» гуянд. Ва «савм» бозистодан бошад аз чизе, ки мардум андар он буда бошанд. Ва рӯза воҷиб аст бар ҳар мусулмоне, ки болиғ бошад ва ҳозир бошад аз сол як моҳ, ки он шинохта шудааст ба моҳи Рамазон. Ва он як моҳ сй рӯзи тамом бояд, бе нуқсон. Ва ҳар рӯзе рӯзаро аз шаб бояд ният кардан ба рӯза доштани он рӯз. Ва аз он чи рӯзаро табоҳ кунад, хештанро нигоҳ бояд доштан ва он таъом хӯрдан асту шароб хӯрдан ва ҷимоъ кардан ва гайбат кардану корҳои ношоиста кардан. Ва таъвили рӯза он аст, ки нахуст бидонй, ки ҳоли нафс андар дин баробар аст бо ҳоли ҷасад. Ва андар ҳоли тандурустӣ салоҳи ҷасад вобаста аст ба таъом хӯрдану шароб хӯрдан. Ва андар ҳоли беморӣ илоҷи ҷасад вобаста аст ба таъом нахӯрдану боздошти шароб аз ӯ. Ва таъом нафси танзилу зоҳири Шариъат аст. Ва шароб нафси таъвил кушодан аст ва баѐни Шариъат. Пас, ҳамчунин салоҳи нафс вақте андар кор бастани Шариъат аст ва зоҳир ва донистани таъвили ӯ ва он ба ҳангоме бошад, ки ҳудуди дин барпой бошад ва олами дин бехалал бар мисоли тандурустии ҷасад. Ва боз вақге салоҳи нафс андар пӯшида доштани ботини Шариъат аст, чун мӯъминон битарсанд бар ҳалок шуданихеш аз мухолифони дин. Пас, рӯза доштани мардум ба зоҳир тоъати Худой аст ва хештанро ба монанд карданист ба фариштагон, ки аз таъому шароб бениѐзанд. Ва дур кардан аст хештанро аз хӯи сутурӣ, ки ҳар чӣ ѐбанд, ба ҳар вакте ки бошад, мехӯранд. Ин одат сахт носутуда аст. Ва кам хӯрдан. одатест сутуда ва камхорро низ ҳама кас дӯст доштаанд. Ва ботини рӯза биистодани ҳудуди дин аст аз шарҳу баѐни ботини Китобу Шариъат. Ва далел бар дурустии ин қавл сухани Худой аст, ки андар сураи Марям, алайҳи-с-салом, омадааст, қавлуҳу Таъоло: «Фа иммо тарайинна мина-л-башари аҳадан фа қулӣ иннӣ назарту ли- р-Раҳмони савман фа лан укаллима-л-явма инсийян»( 19:26) — Ҳамегӯяд Марямро: «Пас, агар бинй аз мардум касеро, пас бигӯй, ки ман нияти рӯза кардаам Худойро. Пас, сухан нагӯям ман имрӯз бо ҳеч мардуме». Ва андар хабар омадааст, ки моҳи Рамазон номест аз номҳои Худой. Ва он моҳест фозилтар аз ҳама моҳҳо. Ва андар хабар аст, ки андар ӯ мар-фариштагонро оинанд ва дарҳои осмонро андар ӯ ба некиҳо бикушоянд ва андар ӯ ҷавонмардӣ фармуд кардан бо заъифон бар андозаи тавоноии хеш. Ва соле дувоздаҳ моҳ аст ва моҳи Рамазон аз он ѐздаҳ моҳи дигар шарифтар аст. Ва баѐни таъвили он ин аст, ки ҳар пайгамбареро васй ва имомеро дувоздаҳ ҳуҷҷат бошад: яке аз дувоздаҳ ҳуҷҷати пайғамбарй васии ӯ бошад ва яке аз дувоздаҳ ҳуҷҷат васии имом бошад, ки аз паси васй ба ҷои ӯ истад. Ва Юсуф*, алайҳи-с-салом, ҳуҷҷат буд аз паси имом, ки Яъқуб* буд. Ва имом ҳаме хоста буданд мар-ӯро ба

Коль скоро самость сущей души есть жизнь и могущество – две части благодаря коим и есть самость души, и ни одной из них нет без другой, притом что ни та, ни другая по своей самости душой не является, следовательно, тело по самости своей есть первоматерия и форма – две части, благодаря коим и есть его самость и кои бытийствуют вкупе, {219} причем ни одна из сих двух частей, совокупность тела составляющих, телом не является

Чарогравшан. Матни Кандилнома!.pdf0.37 KB

Қироати матни ЧАРОҒРАВШАН.mp327.44 MB

ПАНДИЁТИ ҶАВОНМАРДӢ Рисолаи «Пандиёти ҷавонмардӣ» ҳамчун дастури ахлоқиву мазҳабӣ дар байни исмоилиёни низорӣ ба аҳамият ва арзиши хос молик мебошад. Таълифи он ба қалами Ҳазрати Имом Мустансири Биллоҳи сонӣ, сивудуввумин имоми фирқаи исмоиляи низорӣ, ки дар солҳои 868-880 (1463-1475 милодӣ) имомат кардааст, мансуб дониста мешавад.

(Тарҷума) ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МУБОРАКИ МАВЛО ——————————- «Ман ҳамвора бо ҷамоатам ҳастам, ҳар рӯз, ҳар дақиқа ва ҳар сония-ҳамвора дар канори ҷамоатам ҳастам. Пас аз шумо мехоҳам, ки инро ба ёд дошта бошед, чаро ки фарзандони ман ҳамвора бо ман ҳастанд. Ҳамеша рӯзу шаб, зимистон, пойиз, тобистон, ҳар фасле аз сол ва дар ҳар куҷои ҷаҳон онҳо ҳамеша бо ман ҳастанд.» ————————- МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ 09.12.2017. Читрол. Покистон «I am always with my Jamat. Every day, every minute, every second, I am always with my Jamat. So I want you to remember that, because my children are always with me, always, day and night, winter, autumn, summer, every season of the year and every place in the world, they are always with me.» Mawlana Hazir Imam Chitral. Pakistan 09.12.2017

Скачайте книгу:https://t.me/bashandkitoben/99
Скачайте книгу:https://t.me/bashandkitoben/99

QUOTATION TAKEN FROM HAZIR IMAM’S FARMAN «I hope that I will be told that Ismaili students are some of the best students in the country, and I want you to make a special effort to give me this happiness.» Bombay 9 November 1967. НУКОТЕ АЗ ФАРОМИНИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ ——————— «Умедворам - бароям хоҳанд гуфт, ки донишҷӯёни исмоилӣ аз қабили донишҷӯёни беҳтарини кишвар ҳастанд, инчунин мехоҳам, ки шумо талоши хосе биварзед, то инки бароям чунин хушҳолиро пешкаш намоед.» ————— Бомбай 9 ноябри соли 1967

ЧАНД БАЙТ АЗ ПАНДНОМАИ АЙНӢ (Дар боби заминфурӯшӣ) ——- Эй қуввати ҷисму қути ҷонам, Осоиши ҷони нотавонам. Бишнав зи ман ин х
ЧАНД БАЙТ АЗ ПАНДНОМАИ АЙНӢ (Дар боби заминфурӯшӣ) ——- Эй қуввати ҷисму қути ҷонам, Осоиши ҷони нотавонам. Бишнав зи ман ин хуҷистагуфтор: Мафрӯш замини хеш зинҳор! Мафрӯш замин, ки гавҳар аст ин, Гавҳар чӣ, шафиқа модар аст ин. Ин хоки сияҳ, ки мушкбез аст, Мафрӯш, ки модари азиз аст. Чун модари меҳрубони ҷонӣ Парварда туро ба меҳрубонӣ. Кас модари меҳрубон фурӯшад?!. Аблаҳ бошад, ки он фурӯшад. Ин хоки сияҳ бад-ин сиёҳӣ Бахшад ба ту неъмати илоҳӣ... Мафрӯш замин, ки хор гардӣ, Берӯзию беқарор гардӣ. ——- Садриддин Айнӣ

Саргузашти Ҳотами Тай -Той.pdf11.15 MB

Адими ду соҳил форсӣ.pdf1.75 MB

Салом! Арчирд ичидом китоб даркор дивад, про бар дархост нвшто, якбор ар дам БАШАНД КИТОБЕН группа дезьетзу ПОИСК thет. Ди на
Салом! Арчирд ичидом китоб даркор дивад, про бар дархост нвшто, якбор ар дам БАШАНД КИТОБЕН группа дезьетзу ПОИСК thет. Ди навирудет, баъд тар админен муроҷиатет.

Сарианиди В. Афганистан. Сокровища безымянных царей.pdf.pdf

Ғазолӣ ва Исмоилиён англисӣ.pdf6.40 KB

photo content