ar
Feedback
БАШАНД КИТОБЕН

БАШАНД КИТОБЕН

الذهاب إلى القناة على Telegram

📈 نظرة تحليلية على قناة تيليجرام БАШАНД КИТОБЕН

تُعد قناة БАШАНД КИТОБЕН (@bashandkitoben) في القطاع اللغوي الروسية لاعباً نشطاً. يضم المجتمع حالياً 10 385 مشتركاً، محتلاً المرتبة 3 658 في فئة الكتب والمرتبة 232 في منطقة Tajikistan.

📊 مؤشرات الجمهور والحراك

منذ تأسيسه في невідомо، حقق المشروع نمواً سريعاً وجمع 10 385 مشتركاً.

بحسب آخر البيانات بتاريخ 04 يوليو, 2026، تحافظ القناة على نشاط مستقر. خلال آخر 30 يوماً تغيّر عدد الأعضاء بمقدار 180، وفي آخر 24 ساعة بمقدار -2، مع بقاء الوصول العام مرتفعاً.

  • حالة التحقق: غير موثّقة
  • معدل التفاعل (ER): يبلغ متوسط تفاعل الجمهور 26.04‎%. وخلال أول 24 ساعة من النشر يحصد المحتوى عادةً 8.80‎% من ردود الفعل نسبةً إلى إجمالي المشتركين.
  • وصول المنشورات: يحصل كل منشور على متوسط 2 704 مشاهدة. وخلال اليوم الأول يجمع عادةً 914 مشاهدة.
  • التفاعلات والاستجابة: يتفاعل الجمهور بانتظام؛ متوسط التفاعلات لكل منشور يبلغ 13.

📝 الوصف وسياسة المحتوى

يصف المؤلف القناة بأنها مساحة للتعبير عن الآراء الذاتية:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст. Instagram:https://www.instagram.com/bashandkitoben?igsh=MW5zdXE4eGEydmZiaQ%3D%3D&utm_source=qr YouTube: https://youtube.com/@bashandkitoben?si=-CS3pTZA5q5OcCJE Facebook: https://www.facebook.com/share/g/1ArURQip1G/?mi...

بفضل وتيرة التحديث المرتفعة (أحدث البيانات بتاريخ 05 يوليو, 2026) تحافظ القناة على حداثتها ومستوى وصول مرتفع. وتُظهر التحليلات تفاعلاً نشطاً من الجمهور، ما يجعلها نقطة تأثير مهمة ضمن فئة الكتب.

10 385
المشتركون
-224 ساعات
لا توجد بيانات7 أيام
+18030 أيام
أرشيف المشاركات
ТАЛАБОТИ ГУРӮҲ -------------------- 1.Дар ин гурӯҳ шумо метавонед мақола ё китобҳои маҷозии рӯнависшуда(электронӣ) ва ҳамчунин китобҳои савтиро илова намоед - новобаста аз соҳа... 2.Мақолаҳои илмие, ки вориди гурӯҳ мешаванд, бояд дар зери мақола исми муаллиф зикр гардад... Дар сурати ғайр, мақола аз дохили гурӯҳ пок хоҳад шуд! 3.Дар ин гурӯҳ баҳсу мунозираи берун аз доираи одоб қатъиян манъ аст. 4.Китобҳо ё мақолаҳое, ки дорои хислати хурофотиву тафриқаандозӣ ва ҷанбаи ифротгароиву маҳалгароӣ ҳастанд, ва ё бадбиниву хусуматро нисбати дигар дину халқиятҳо эъҷод мекунанд - дар гурӯҳ роҳ дода нахоҳанд шуд. 5.На таблиғоти сиёсӣ дар гурӯҳ роҳ дода мешавад ва на таблиғоти зидди сиёсӣ, ва на хусумату иғвоангезӣ (провокация). Гурӯҳ танҳо барои пешрафти илм барои дӯстдорони илм ташкил дода шудааст. Хулоса, гурӯҳ комилан мустақил аст! Пойбанд ва аъзои ягон аҳзоби сиёсиву динӣ нест. 6. Барои бехатарӣ, қисмат(поделиться) намудани мавод аз дигар маъхазҳову саҳифаҳои мухталифи фейсбукӣ дар гурӯҳи БАШАНД КИТОБЕН роҳ дода намешавад. Мавзӯҳо ё китобҳо бояд мустақиман дар гурӯҳ нашр гарданд.. ————————— Ҳадафҳо чунинанд: Зинданигаҳдории ойини китобхонӣ. ТАҲКИМ НАМУДАНИ ПЕШРАФТИ СОҲАИ ИЛМ. АЗ БАЙН БУРДАНИ ИФРОТГАРОӢ ДАР ҶОМЕА. ТАҚВИЯТ БАХШИДАН БА РАВАНДИ ПЛЮРАЛИЗМ. РЕШАКАН НАМУДАНИ АФКОРИ БЕГОНАПАРСТӢ, ВА ҶОННОК НАМУДАНИ ҲУВВИЯТИ ФАРҲАНГИВУ МИЛЛӢ. ТАНҲО БА ВОСИТАИ КИТОБ!

photo content

Межэтнические противодействия в афганистане

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МАВЛО ДАР БОРАИ ҒАНИМАТ ДОНИСТАНИ ВАҚТ ВА ИҶРОИ ФАРОМИН ------------------------------ «Майл дорам ба хотир доред, ҳар бор ки шумо ба соате нигоҳ мекунед, ҳар бор ки шумо ба соати деворӣ нигоҳ мекунед, ҳар лаҳза мебинед ки ақрабаки соат то як сония ё як дақиқа ҳаракат мекунад, маънияш ин аст, ки назди шумо барои амал кардан бар ин фармон як сония ё як дақиқа кам монда аст. Фақат зиндагии рӯҳонӣ абадӣ аст, на зиндагии моддӣ. Ва касоне ки байни шумо навҷавон ҳастанд ва мойил ба гуфтан ҳастанд, ки ”ман ин вазифаро фардо анҷом хоҳам дод” фардо бар намегардад. Ва касоне ки байни шумо куҳансол ҳастанд ва онҳо мегуянд, ики “ман барои анҷом додани ин вазифа бисёр пир ҳастам”. Ба хотир дошта бошед, шумо ҳаргиз бисёр пир нестед, шумо ҳаргиз пир нестед, то вақте, ки шумо дар қайди ҳаёт хастед ҳар руз рузе аст, ки бояд дар он зиндагӣ карда шавад ва дар он руз бояд, ки шумо бо беҳтарин истеъдоди худ масъулиятҳои худро анҷом диҳед, лизо вақти худро дар бехабарӣ аз даст надиҳед, ЗЕРО, КИ ВАҚТ АГАР ЯКБОР ГУЗАШТ БАРОИ ҲАМЕША ГУЗАШТ. Ин чизе ҳаст, ки бояд ҳамаи шумо ба ёд дошта бошед. Ман барои амал бар фармони субҳи рӯз ба ҳамаи шумо фардан дуои хайр ва баракоти хусусии Хешро медиҳам.» ХОНАОБОДОН! ХОНАОБОДОН! ХОНАОБОДОН! ——————————- Бамбай 27. 11. 1973.

Порае аз Фармони Мубораки Мавлоно Ҳозиримом Қабули меҳмониҳои ҷамоатӣ, Торонто, Канада субҳи 17-уми ноябри соли 2017 ——————————————- Фарзандони рӯҳонии маҳбубам, Ҷамоати мо имрӯз нисбат ба ҳамаи давраҳои гузашта бештар пароканда мебошад. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд ҷӯёи роҳбароне дар ҷамоат бошем, ки ҷамоатро дар Сирот ал-Мустақим - роҳи рост - зиндагӣ дар сулҳу салоҳ, ҳаёти софу беолоиш, ҳаёти поквиҷдонона ва зиндагии саховатмандона роҳбарӣ хоҳанд намуд. Дар таърихи инсоният ин давраест, ки ҷомеаҳо бояд дар саросари ҷаҳон бо ҳам биёянд. Онҳо бояд бо ҳам биёянд, то бо мушкилоти ҳаёт бархурд намоянд, барои наслҳои ояндаи худ созгор бошанд, созмонҳое, ки беҳтарин таҷрибаро дар таҳсилу омӯзиш, дар соҳаи тандурустӣ, дар рушди иқтисод пешниҳод хоҳанд намуд, таъсис диҳанд. Яъне, ин замонест, ки тамоми неру ва захоири ҷомеа бояд бо ҳам биёянд. Ва дар дохили ин мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандии воҳид, ҷамоати мо иншоллоҳ нақши хешро хоҳад бозид. Ва шумо лаёқату салоҳиятҳои худ, дониши худ, ростиву дурустии худро бо худ хоҳед овард, то ҷамоат ва ҳамаи мардумоне, ки шумо дар миёни онҳо зиндагӣ мекунед, битавонед аз таҷрибаи беҳтарин фоида баред. Ба оянда нигариста, ман ба худ мегӯям: аз насли ҷавонтари ҷамоати мо бисёр чизҳо вобаста аст ва ман мехостам, ки онҳо ҳисси рисолат дошта бошанд. Онҳо ба чӣ чиз барои худ, барои ҷамоати худ, барои кишварҳое, ки дар онҳо зиндагӣ мекунанд, мехоҳанд ноил гарданд? Бинобар ин, имрӯз ба наслҳои ҷавонтари ҷамоат мегӯям: шумо шояд имконияти беназиреро дар таърих доред, то донишро аз худ кунед, арзишҳоро аз худ намоед ва барои наслҳои ояндаи худ он арзишҳоро ба мерос гузоред. Бинобар ин, ман ба шумо мегӯям, дар дохили он арзишҳо зиндагӣ кунед, фарзандони худро маълумотнок намоед, замоне, ки шумо волидайн мешавед, фарзандони худро бо он арзишҳо маълумотнок созед, то ки ин арзишҳо қисмати доимии ҳаёти шумо гарданд.

Порае аз Фармони Мубораки Мавлоно Ҳозиримом қабули меҳмониҳои ҷамоатӣ, Қарочӣ, Покистон 16 декабри соли 2017 ——————- Ҳамин тариқ, ман имрӯз ба шумо, ба ин ҷамоат ва ба ҷамоати ман дар умум мегӯям: ба хотири сулҳ кор кунед, барои барқарор намудани сулҳ кумак кунед, дар куҷое ки фишор мавҷуд аст дар он ширкат накунед. Кӯшиш кунед, ки низоро барҳам диҳед, то ки ҷамоати мо дар миқёси умумиҷаҳонӣ дар сулҳ, дар оромӣ зиндагӣ кунад; нафарони ҷавон дар дониш ва дар тахассус имконияти пеш рафтанро пайдо кунанд. Аз ин рӯ, ман хоҳиш дорам, ки ҷамоати ман дар бунёди сулҳ дар гирду атрофи хеш ва бо дигар ҷамоатҳо намуна бошад. Ин кӯшишест, ки бояд амалӣ карда шавад, чун ин кӯшиши бисёр ҳам муҳим аст, яъне дар ҳар куҷое, ки ҷамоат зиндагӣ мекунад, дар куҷое ки ҷамоат зиндагӣ мекунад – вай бояд дар сулҳ, дар хушбахтӣ, дар оромӣ, дар ягонагӣ ва устуворӣ дар Сирот-ул-мустақим зиндагӣ кунад. Хонаободон, хонаободон, хонаободон.

Порае аз Фармони Мубораки Мавлоно Ҳозиримом Дарбори Ҷашни Алмосӣ, Бунӣ, Читрол, Покистон, 9-уми декабри соли 2017 ——————— Фарзандони рӯҳонии маҳбубам, Ҳарчанд ман шуморо ҷисман тарк мекунам, ман ҳамеша бо ҷамоати худ ҳастам. Ҳар рӯз, ҳар дақиқа, ҳар сония, ман ҳамеша бо ҷамоати худ ҳастам. Бинобар ин, ман мехоҳам шумо инро ба ёд дошта бошед, зеро фарзандони ман ҳамеша бо ман ҳастанд, ҳамеша, рӯзу шаб, зимистон, тирамоҳ, тобистон, дар ҳар фасли сол ва дар ҳар ҷои ҷаҳон ҳамеша бо ман ҳастанд. Ман бори дигар ба якояки шумо беҳтарин, беҳтарин ва муҳаббатомезтарин дуоҳои хайри худро медиҳам. Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон.

ПОРАЕ АЗ ФАРМОНИ МУБОРКИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ ————————- «Рӯҳи шумо абадист. Бинобар ин дар хотир дошта бошед, ки шумо бояд на фақат аз вуҷуди ҷисмониатон, ҳамчунин аз рӯҳатон низ муроқибат кунед. Аз ин ру дар иҷрои фароизи диниатон мураттаб бошед, дар зиндагии ҳаррӯза ба ахлоқиёти динатон, яъне иттиҳод, саховатмандӣ, бародарӣ, дастгирии шахсоне, ки мушкилӣ доранд, амал намоед ва дар хотир дошта бошед, ки ҷамоати мо як ухуввати ҷаҳонӣ аст.» ———————— 18.12.2017 Покистон. Қарочӣ

ҶАВОҲИРИ ГАРОНБАҲО Гулчине аз фаромини Мавлоно Шоҳ Карим – ал- Ҳусайнӣ Ҳозиримом салавотуллоҳи алайҳи

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МАВЛО ——————- Дар хотир дошта бошед, ки талош кардан қисме аз имони мо мебошад - мо одамони танбал нестем. Шояд мо баъзан танбалӣ мекунем, вале ин роҳи дурусти зиндагӣ нест. Аз сулҳатон ҳаловат баред, аз сулҳатон ҳаловат баред, вале сахт кор кунед, бо ростӣ, бо боварӣ кор кунед ва дар ҷустуҷуи дониши бештару бештар бошед, то ки дар тули зиндагиятон дар ин дунё пешрафт намоед. ————— Қарочӣ, Покистон. 17-уми декабри соли 2017

HAZIR IMAM’S DUAS FOR JAMAT

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ ҲОЗИРИМОМ ———————— «Фарзандони руҳонии маҳбубам! Замоне ки вақт ба пеш ҳаракат мекунад, ман ба ҳайси Имоматон ба роҳе, ки сифати зиндагии муридонам дар он такомул меёбад, назар менамоям ва ман барои ҷамоатам сифати беҳтарини зиндагиро хоҳонам. Барои он ки ба он мақсад расем ин ҷо шумораи муайяни ҳадафҳое ҳастанд, ки ман дорам. Якум, он ки бояд дар хонаводаҳоятон иттиҳод бошад, чунки якҷоя шумо ба мушкилиҳои ҳаррузаи зиндагӣ дучор мегардед. Барои ҳамин ман ба ҳамаи хонаводаҳо дар ҷамоят дуоҳои хайру баракатамро барои иттиҳод, барои кумаки муштарак, дастгирӣ ва устуворӣ медиҳам. Дувум, ман ба фарзандони руҳониям бахусус барои насли ҷавон мегуям: агар шумо имконият барои таҳсил дошта бошед, таҳсил кунед, таҳсилро истифода намоед, дар тули умратон- омузед ва омузед ва омузед ва омузед. Дониши навро, лаёқатҳои навро аз худ намоед, то ки дар тули умратон шумо қодир бошед дар коратон ҷойгоҳатонро бо як равиши мунҳасир дар муваффақият ва шоистагӣ пайдо намоед. Ман барои ҷамоатам дар тамоми ҷанбаҳои коратон шоистагӣ меҷуям ва иншоллоҳ, вақте ки шумо ин шоистагиро доред, шумо пешрафти хуб менамоед ва ин чизест, ки ман барои ҷамоатам орзу менамоям. Савум, дар амалкарди динатон мураттаб бошед. Дар хотир дошта бошед, ягона қисме ҳар як мурид, ки абадист ин руҳи ӯ мебошад. Ҷисми шумо абадӣ нест фақат руҳи шумо абадӣ аст. Барои ҳамин дар дуоҳоятон мурратаб бошед, ҳар замон тасбеҳатонро гиред ва дар бораи Аллоҳ фикр кунед. Фақат ҳар замон тасбеҳатонро гиред ва номи Аллоҳро ёд кунед. Дар ин ҷо вақти муқаррар барои гирифтани тасбеҳ нест. Ин интихоби шумо аст ва дар ҳар вақт. Барои ҳамин имонатонро дар дилатон, дар фикратон ҷой диҳед, ҳама вақт- на инки фақат дар вақти муқараршудаи дуо. Дар Ислом усули (принсип) бунёдӣ ин маърифати Аллоҳ мебошад ва барои ҳамин ман мехоҳам, ки фарзандони руҳониям инро фаҳманд, ин маърифат бисёр, бисёр, бисёр муҳим аст. Ман ин фармонро барои фарзандони руҳониям пештар надода будам ва имруз барои шумо онро медиҳам, чунки ман мехоҳам шумо инро фаҳмед, ки шумо дар ҷаҳони моддӣ зиндагӣ мекунед ва шумо набояд ин ҷаҳони моддиро ҳадафи мутлақи зиндагиятон қарор диҳед. Ҳадафи мутлақи зиндагиятон саодати руҳонӣ, собитқадам будан дар имон, амалкард дар динатон, амалкард дар ахлоқи динатон, ки бародарӣ ва хоҳарӣ, иззат ва кумаки муштарак, саховатмандӣ ба онҳое ки ниёзманданд, мебошад. Ин он аслҳои ахлоқие мебошанд, ки ҷамоатам дар он бояд зиндагӣ намояд. Иншоллоҳ, шумо дар зиндагӣ намудан дар ин аслҳо хушбахтии бузургро хоҳед дарёфт. Ман барои шумо бори дигар, ба хотири ин мулоқот, дуоҳои хайри меҳромезамро медиҳам. Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон.» —————— Қарочӣ, Покистон 19-уми декабри соли 2017

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МАВЛО ————— Бинобар ин, ман ба ҷамоатам мегуям: дар коратон баландҳиммат бошед, дар наздатон ҳадафҳои олӣ гузоред, дар наздатон ҳадафҳои олӣ гузоред ва дар хотир дошта бошед, дар хотир дошта бошед, ки як қисмати имони мо ақлро дар бар мегирад, он ақли моро дар бар мегирад. Он мегуяд, “дар бораи дунё ва офариниши Аллоҳ биёмузед”, барои ҳамин ҳам дониш як қисмати ҷустуҷуи имон аст, ҷустуҷуи руҳонӣ аст. Аз ин ру, ман ба фарзандони руҳоняим мегуям: дар кадом синну соле, ки набошед, бо кадом забоне, ки гап назанед, дар куҷое, ки зиндагӣ накунед, дар ҷустуҷуи таҳсил бошед ва худ ва фарзандонатонро таълим диҳед. —————— Қарочӣ, Покистон. 17-уми декабри соли 2017

КОНСТИТУЦИЯ ИСМАИЛИТОВ

QUOTATION TAKEN FROM HAZIR IMAM’S FARMAN ———————— «My Beloved Spiritual Children, We are living at a time when human knowledg
QUOTATION TAKEN FROM HAZIR IMAM’S FARMAN ———————— «My Beloved Spiritual Children, We are living at a time when human knowledge is expanding more quickly than at any other time in human development. This is a time where there needs to be a careful reflection about faith and intellect. Our good fortune is that our faith is a faith of the intellect in the sense that the practice of our faith tells us to learn more every day about Allah's creation. This means that as you live in the physical world, your intellect lives in another world. And it is up to each individual to follow the path of intellectualism, to find in that intellectual path the goal which is faith, to understand the creation of Allah. That is what Islam tells all Muslims.» —————- TORONTO CANADA 17.11.2017

Дуои Муборак55.pdf10.32 MB

ҚИРОАТИ ДУОИ МУБОРАК БО САДОИ МАРД (Аудио) 2

ҚИРОАТИ ДУОИ МУБОРАК БО САДОИ ЗАН (Аудио)

ҚИРОАТИ ДУОИ МУБОРАК БО САДОИ МАРД (Аудио) 1

ТАФСИР ВА ШАРҲИ МУХТАСАРИ ДУОИ МУБОРАК