ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ ҲОЗИРИМОМ
————————
«Фарзандони руҳонии маҳбубам!
Замоне ки вақт ба пеш ҳаракат мекунад, ман ба ҳайси Имоматон ба роҳе, ки сифати зиндагии муридонам дар он такомул меёбад, назар менамоям ва ман барои ҷамоатам сифати беҳтарини зиндагиро хоҳонам. Барои он ки ба он мақсад расем ин ҷо шумораи муайяни ҳадафҳое ҳастанд, ки ман дорам.
Якум, он ки бояд дар хонаводаҳоятон иттиҳод бошад, чунки якҷоя шумо ба мушкилиҳои ҳаррузаи зиндагӣ дучор мегардед. Барои ҳамин ман ба ҳамаи хонаводаҳо дар ҷамоят дуоҳои хайру баракатамро барои иттиҳод, барои кумаки муштарак, дастгирӣ ва устуворӣ медиҳам.
Дувум, ман ба фарзандони руҳониям бахусус барои насли ҷавон мегуям: агар шумо имконият барои таҳсил дошта бошед, таҳсил кунед, таҳсилро истифода намоед, дар тули умратон- омузед ва омузед ва омузед ва омузед. Дониши навро, лаёқатҳои навро аз худ намоед, то ки дар тули умратон шумо қодир бошед дар коратон ҷойгоҳатонро бо як равиши мунҳасир дар муваффақият ва шоистагӣ пайдо намоед. Ман барои ҷамоатам дар тамоми ҷанбаҳои коратон шоистагӣ меҷуям ва иншоллоҳ, вақте ки шумо ин шоистагиро доред, шумо пешрафти хуб менамоед ва ин чизест, ки ман барои ҷамоатам орзу менамоям.
Савум, дар амалкарди динатон мураттаб бошед. Дар хотир дошта бошед, ягона қисме ҳар як мурид, ки абадист ин руҳи ӯ мебошад. Ҷисми шумо абадӣ нест фақат руҳи шумо абадӣ аст. Барои ҳамин дар дуоҳоятон мурратаб бошед, ҳар замон тасбеҳатонро гиред ва дар бораи Аллоҳ фикр кунед. Фақат ҳар замон тасбеҳатонро гиред ва номи Аллоҳро ёд кунед. Дар ин ҷо вақти муқаррар барои гирифтани тасбеҳ нест. Ин интихоби шумо аст ва дар ҳар вақт. Барои ҳамин имонатонро дар дилатон, дар фикратон ҷой диҳед, ҳама вақт- на инки фақат дар вақти муқараршудаи дуо.
Дар Ислом усули (принсип) бунёдӣ ин маърифати Аллоҳ мебошад ва барои ҳамин ман мехоҳам, ки фарзандони руҳониям инро фаҳманд, ин маърифат бисёр, бисёр, бисёр муҳим аст. Ман ин фармонро барои фарзандони руҳониям пештар надода будам ва имруз барои шумо онро медиҳам, чунки ман мехоҳам шумо инро фаҳмед, ки шумо дар ҷаҳони моддӣ зиндагӣ мекунед ва шумо набояд ин ҷаҳони моддиро ҳадафи мутлақи зиндагиятон қарор диҳед. Ҳадафи мутлақи зиндагиятон саодати руҳонӣ, собитқадам будан дар имон, амалкард дар динатон, амалкард дар ахлоқи динатон, ки бародарӣ ва хоҳарӣ, иззат ва кумаки муштарак, саховатмандӣ ба онҳое ки ниёзманданд, мебошад. Ин он аслҳои ахлоқие мебошанд, ки ҷамоатам дар он бояд зиндагӣ намояд. Иншоллоҳ, шумо дар зиндагӣ намудан дар ин аслҳо хушбахтии бузургро хоҳед дарёфт.
Ман барои шумо бори дигар, ба хотири ин мулоқот, дуоҳои хайри меҳромезамро медиҳам.
Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон.»
——————
Қарочӣ, Покистон
19-уми декабри соли 2017