cookie

Sizning foydalanuvchi tajribangizni yaxshilash uchun cookie-lardan foydalanamiz. Barchasini qabul qiling», bosing, cookie-lardan foydalanilishiga rozilik bildirishingiz talab qilinadi.

avatar

ОМЎЗГОРИ ТОҶИК

Taklif va mulohazalar uchun / Барои таклиф ва мулоҳазаҳо @Asadullo1970 – Асадулло Шукуров / Asadullo Shukurov Тел. / tel.: +998932378178 E-mail: [email protected]

Ko'proq ko'rsatish
Reklama postlari
1 611
Obunachilar
+124 soatlar
-97 kunlar
-1430 kunlar

Ma'lumot yuklanmoqda...

Obunachilar o'sish tezligi

Ma'lumot yuklanmoqda...

#ТАБРИК 📖 27-уми июн – Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ Имрӯз дар ҷумҳуриямон кормандони васоити ахбори оммавӣ  ҷашни касбиашонро ботантана истиқбол мегиранд. Кормандони ин касби бошараф ва мушкилписанд, ки доимо дар эътибори мардуманд барои равнақи диёр саҳми босазо мегузоранд. Дар ин рӯзи ҷашн тамоми ҳамкасбонамро бо ин ҷашни ҳақиқату адолат ва истеъдод - Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ самимона муборакбод мегӯям.  Қалами бурро, забони гӯё, чашми ҳақиқатбин ва дили адолатҷӯю некандеш ҳамроҳи доимии Шумо бошад рӯзноманигорони қаламбадаст. Бо разолат доимо андар набард, Аскари роҳи адолат – журналист. Бо қалам сад мушкил осон мекунад, Душмани ҷаҳлу ҷаҳолат – журналист. Сулҳу осоиш, ҳақиқат ёри ӯ, Маҳв бинмуда разолат – журналист. Бо сухан битвон ҷаҳон обод кард, Инчунин дорад рисолат – журналист. ✍️ АСАДУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА, узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" 👇 Ба мо ҳамроҳ шавед: Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
Hammasini ko'rsatish...
👍 2 1
🍃💐🍃 Ҳар субҳ ба сӯят ман сад бӯса фиристонам, Бар ту бирасад ё на, ман лек намедонам. Ман донаму ту донӣ, шояд ки надонад ӯ, Ин дафтари рози мо ту хонию ман хонам. Дигар натавон пӯшид асрори муҳаббатро, Ё раб, бирасон бар ӯ, ё гир худ ин ҷонам. Зиста натавонам ман бе ҳусни ҷаҳонсӯзат, Кай мерасӣ бар додам? Кай мешавӣ меҳмонам? Эй чорагарам, боз о, файзе ба дарам, боз о, То нур бигирад боз ин гавҳари чашмонам. Боз о, ба Асад бахшо, шодии ду дунёро, Шояд ки аз ин пайғом озод зи ғам монам! ✍Асадуллоҳ Исмоилзодаи Самарқандӣ 🍃💐🍃 @gazaltjk
Hammasini ko'rsatish...
👍 2 1
Photo unavailableShow in Telegram
#ТАБРИК Муборак, иду айёми ниёгон, Муборак, чеҳраҳои шоду хандон. Намозу ҳам дуои мо қабулаш, Муборак бар Шумо ин иди Қурбон! Азизони дил иди Қурбон ба Шумо ва аҳли байтатон муборак бошад! То идҳои дигар Худованд мою Шуморо сиҳату саломат нигаҳ дорад! Бо ниятҳои нек Асадуллоҳ Исмоилзода. ✅ @TJMETODIST Ба канал ҳамроҳ шавед: 👉 https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
Hammasini ko'rsatish...
👍 1
Photo unavailableShow in Telegram
#ЗОДРЎЗ_МУБОРАК ОЛИМАИ СУХАНДОН Имрӯз олимаи шинохта, сухандони бомаҳорат,  масъули шабакаи “Ориён”, роҳбари маҳфили "АДАБ" дар назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд ДИЛРАБО НАЗАРОВА зодрӯз дорад. Соҳибҷашнро аз номи тамоми муштариёни маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” муборакбод менамоем. Ин дуои Шайх Саъдӣ армуғонест аз номи дӯстон: Эй баландахтар, худоят умри ҷовидон диҳад, Он чӣ хушбахтию хушрӯзӣ дар он аст, он диҳад. Эй муборакрӯз, ҳар рӯзат ба коми дӯстон, Ҳақ таолло аз наими охират товон диҳад. Бо дуо ҷамоаи эҷодии маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" 👇 Ба мо ҳамроҳ шавед: Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
Hammasini ko'rsatish...
🎉 5👍 1

Repost from N/a
05:45
Video unavailableShow in Telegram
#гузориш Ҷашни 70-солагии шоири зиндаёд Абдулло Раҳмон дар зодгоҳаш воҳаи Сурхон оғоз ёфта, дар шаҳри донишҷӯиаш Самарқанд ҷамъбаст гардид. (То наворҳоро бо рухсати махсус ба даст овардан, фурсати тӯлонӣ гузашт. Барои наворҳо ба телевизиони вилоятии Сурхондарё ва муҳаррири он С.Норманова миннатдорӣ баён мекунем) Бо мо бошед:👇👇👇 ✅https://t.me/oriyonsamarqand
Hammasini ko'rsatish...
135.52 MB
👍 6
Photo unavailableShow in Telegram
Имрӯз шоир, нависанда, рӯзноманигор, тарҷимон ва ношир, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, сармуҳаррири маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ" Асадуллоҳ Шукуров (Исмоилзода) зодрӯз дорад ПУРРА: 👉👉👉 https://durdonaisharq.uz/index.php?newsid=84 Ҷамоаи маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" Асадулло Шукуровро бо зодрӯз муборакбод намуда, барояш ҷӯши илҳом таманно менамоянд. Зодрӯзатон муборак бод, шоири тозанигору ҷавҳарбин! Ҷамоаи эҷодии маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ" Ба канал ҳамроҳ шавед: 👉 @DURDONAI_SHARQ
Hammasini ko'rsatish...
👍 10
Ғазали Асадуллоҳ Исмоилзода, иҷрокунандаи суруд Мансурҷон Норов (Самарқанд) ✅ @DURDONAI_SHARQ
Hammasini ko'rsatish...
DILI BEQAROR.mp36.15 MB
👍 3
Ғазали Асадуллоҳ Исмоилзода дар қироати Саодат Сангинова (Сариосиё) ✅ @DURDONAI_SHARQ
Hammasini ko'rsatish...
SAODAT SANGINOVA.mp34.60 MB
👍 3
Boshqa reja tanlang

Joriy rejangiz faqat 5 ta kanal uchun analitika imkoniyatini beradi. Ko'proq olish uchun, iltimos, boshqa reja tanlang.