cookie

Ми використовуємо файли cookie для покращення вашого досвіду перегляду. Натиснувши «Прийняти все», ви погоджуєтеся на використання файлів cookie.

avatar

ДУРДОНАИ ШАРҚ

Маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон 🏛 Муассисон : Шӯъбаи тоҷикии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд 📩 E-mail: [email protected]

Більше
Рекламні дописи
430
Підписники
Немає даних24 години
-87 днів
-730 днів

Триває завантаження даних...

Приріст підписників

Триває завантаження даних...

#ТАБРИК 📖 27-уми июн – Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ Имрӯз дар ҷумҳуриямон кормандони васоити ахбори оммавӣ  ҷашни касбиашонро ботантана истиқбол мегиранд. Кормандони ин касби бошараф ва мушкилписанд, ки доимо дар эътибори мардуманд барои равнақи диёр саҳми босазо мегузоранд. Дар ин рӯзи ҷашн тамоми ҳамкасбонамро бо ин ҷашни ҳақиқату адолат ва истеъдод - Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ самимона муборакбод мегӯям.  Қалами бурро, забони гӯё, чашми ҳақиқатбин ва дили адолатҷӯю некандеш ҳамроҳи доимии Шумо бошад рӯзноманигорони қаламбадаст. Бо разолат доимо андар набард, Аскари роҳи адолат – журналист. Бо қалам сад мушкил осон мекунад, Душмани ҷаҳлу ҷаҳолат – журналист. Сулҳу осоиш, ҳақиқат ёри ӯ, Маҳв бинмуда разолат – журналист. Бо сухан битвон ҷаҳон обод кард, Инчунин дорад рисолат – журналист. ✍️ АСАДУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА, узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" 👇 Ба мо ҳамроҳ шавед: Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
Показати все...
👍 1
Р#ТАБРИК 📖 27-уми июн – Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ Имрӯз дар ҷумҳуриямон кормандони васоити ахбори оммавӣ  ҷашни касбиашонро ботантана истиқбол мегиранд. Кормандони ин касби бошараф ва мушкилписанд, ки доимо дар эътибори мардуманд барои равнақи диёр саҳми босазо мегузоранд. Дар ин рӯзи ҷашн тамоми ҳамкасбонамро бо ин ҷашни ҳақиқату адолат ва истеъдод - Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ самимона муборакбод мегӯям.  Қалами бурро, забони гӯё, чашми ҳақиқатбин ва дили адолатҷӯю некандеш ҳамроҳи доимии Шумо бошад рӯзноманигорони қаламбадаст. Бо разолат доимо андар набард, Аскари роҳи адолат – журналист. Бо қалам сад мушкил осон мекунад, Душмани ҷаҳлу ҷаҳолат – журналист. Минбари розу ниёзаш  муътабар, Манбаи фазлу фазолат – журналист. ✍️ АСАДУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА, узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" 👇 Ба мо ҳамроҳ шавед: Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
Показати все...
07:16
Відео недоступнеДивитись в Telegram
📖 27-уми июн – Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ БА РӮЗИ ХОДИМОНИ МАТБУОТ ВА ВАСОИТИ АХБОРИ ОММАВӢ БАХШИДА МЕШАВАД "Дурдонаи Шарқ" аввалин ва ягона маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангии соф тоҷикии Ҷумҳурии Ӯзбекистони соҳибистиқлол. Манба: @oriyonsamarqand 👇 Ба мо ҳамроҳ шавед: Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
Показати все...
69.99 MB
👍 3
🦋 Мушкиле дорам ба дил, мушкилкушоёнам кунед, Ҷамъ гашта бар сарам в-аз меҳр эҳсонам кунед. Дар дилам садҳо гиреҳи баста дорам бегумон, Ин замон, эй хушдилон, во уқдаи ҷонам кунед. Дар набарди буду нобуд он қадар фарсудаам, Бо каломи шаҳдбор ин лаҳза дармонам кунед. Ман ҳамон Исфандиёрам бо чунин рӯинтанӣ, Мекушад Рустам ба ҷоду, ҳифзи чашмонам кунед. Бо ҳама ҳоҷатбарорӣ ҳоҷате дорам кунун, Ҷамъ оед, эй ҳабибон, мушкил осонам кунед. Ин қадарҳо худнамоӣ кӯшиши беҳуда аст, В-аз карам хоне биороеду меҳмонам кунед. Эй Асад, оинаи дил з-оби имон пок соз, Дар ҳама кавну макон ҳамдил ба инсонам кунед. ✍Асадуллоҳ Исмоилзодаи Самарқандӣ 🦋 @gazaltjk
Показати все...
👍 10🔥 1🥰 1
Фото недоступнеДивитись в Telegram
#ТАБРИК Муборак, иду айёми ниёгон, Муборак, чеҳраҳои шоду хандон. Намозу ҳам дуои мо қабулаш, Муборак бар Шумо ин иди Қурбон! Азизони дил иди Қурбон ба Шумо ва аҳли байтатон муборак бошад! То идҳои дигар Худованд мою Шуморо сиҳату саломат нигаҳ дорад! Бо ниятҳои нек Асадуллоҳ Исмоилзода. ✅ @TJMETODIST Ба канал ҳамроҳ шавед: 👉 https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
Показати все...
👍 1
Фото недоступнеДивитись в Telegram
#ЗОДРЎЗ_МУБОРАК ОЛИМАИ СУХАНДОН Имрӯз олимаи шинохта, сухандони бомаҳорат,  масъули шабакаи “Ориён”, роҳбари маҳфили "АДАБ" дар назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд ДИЛРАБО НАЗАРОВА зодрӯз дорад. Соҳибҷашнро аз номи тамоми муштариёни маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” муборакбод менамоем. Ин дуои Шайх Саъдӣ армуғонест аз номи дӯстон: Эй баландахтар, худоят умри ҷовидон диҳад, Он чӣ хушбахтию хушрӯзӣ дар он аст, он диҳад. Эй муборакрӯз, ҳар рӯзат ба коми дӯстон, Ҳақ таолло аз наими охират товон диҳад. Бо дуо ҷамоаи эҷодии маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" 👇 Ба мо ҳамроҳ шавед: Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
Показати все...
👍 1👎 1 1
Фото недоступнеДивитись в Telegram
#ЗОДРЎЗ_МУБОРАК ОЛИМАИ СУХАНДОН Имрӯз олимаи шинохта, сухандони бомаҳорат,  масъули шабакаи “Ориён”, роҳбари маҳфили "АДАБ" дар назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд ДИЛРАБО НАЗАРОВА зодрӯз дорад. Соҳибҷашнро аз номи тамоми муштариёни маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” муборакбод менамоем. Ин дуои Шайх Саъдӣ армуғонест аз номи дӯстон: Эй баландахтар, худоят умри ҷовидон диҳад, Он чӣ хушбахтию хушрӯзӣ дар он аст, он диҳад. Эй муборакрӯз, ҳар рӯзат ба коми дӯстон, Ҳақ таолло аз наими охират товон диҳад. Бо дуо ҷамоаи эҷодии маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" 👇 Ба мо ҳамроҳ шавед: Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
Показати все...
Repost from N/a
05:45
Відео недоступнеДивитись в Telegram
#гузориш Ҷашни 70-солагии шоири зиндаёд Абдулло Раҳмон дар зодгоҳаш воҳаи Сурхон оғоз ёфта, дар шаҳри донишҷӯиаш Самарқанд ҷамъбаст гардид. (То наворҳоро бо рухсати махсус ба даст овардан, фурсати тӯлонӣ гузашт. Барои наворҳо ба телевизиони вилоятии Сурхондарё ва муҳаррири он С.Норманова миннатдорӣ баён мекунем) Бо мо бошед:👇👇👇 ✅https://t.me/oriyonsamarqand
Показати все...
135.52 MB
УНВОНИ МО То ба кай, эй чарх, пушти шиша монад ҷони мо?! Косаи тоқат шикаст андар сари ҳайрони мо! Чарх зад ақлам, вале дигар нашуд мазмуни рӯҳ, Маънии умр аст бемазмунии даврони мо. Аз парешонии фикри худ парешонем боз, Вақт ҷӯяд ҳар нафас андешаи сомони мо! Ку ҳиҷобат? Ҳастии мо сӯхт аз тоби назар, Заъфаронрез аст акнун чеҳраи тобони мо. Ақломӯзии мо бар ҳукми дил маҳкум намуд, Рӯҳ ҳам бигзашт баҳри ишқ аз фармони мо. Ин ҷаҳони бекаронро ҷустуҷӯ кардем бас, Умри мо поён биёфт аз майли бепоёни мо. Манфиат аз эҳтиёҷи ишқварзӣ шуд баланд, Ишқ ҳам рағбат накард аз дарду аз дармони мо. Як назар сӯйи таманнои ситора – ормон, То хаёли ишқомӯзӣ бишуд унвони мо! ✍️ БАҲУДУРИ УБАЙДУЛЛОҲ 👇 Ба мо ҳамроҳ шавед: Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
Показати все...
👍 5👏 2
Фото недоступнеДивитись в Telegram
Имрӯз яке аз фарзандони обрӯманди Самарқанд, олим, шоир ва тарҷумони шинохта, сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд” БАҲОДУРИ УБАЙДУЛЛОҲ (Раҳмонов) зодрӯз дорад. Аз номи тамоми фарҳангдӯстони Самарқандӣ ва муштариёни бешумори маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” Баҳодури Убайдуллоҳро бо зодрӯз муборак намуда, ба ӯ иродаи мустаҳкам, ҷӯши илҳом ва комёбиро таманно дорем. Ҷамоаи эҷодии маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ" 👇 Ба мо ҳамроҳ шавед: Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
Показати все...
👍 6
Оберіть інший тариф

На вашому тарифі доступна аналітика тільки для 5 каналів. Щоб отримати більше — оберіть інший тариф.