cookie

Ми використовуємо файли cookie для покращення вашого досвіду перегляду. Натиснувши «Прийняти все», ви погоджуєтеся на використання файлів cookie.

avatar

🦋 Ғᥲᤋᥲ᧘ᥙёᴛ 📚

Раҳ надорад ҷилваи озодаги дар кӯи ишқ, Сарв агар коранд инҷо беди маҷнун мешавад. ✍Соиби Табрезӣ.

Більше
Рекламні дописи
1 472
Підписники
-124 години
-127 днів
-5130 днів

Триває завантаження даних...

Приріст підписників

Триває завантаження даних...

🍃💐🍃 Майл агар бар мо надорӣ, гап кушудан хуб нест, Оташи пинҳони дил боло намудан хуб нест. Борҳо дил додаму бар ман диле нагзоштанд, Ғуссаи деринаро аз нав фузудан хуб нест. Нони кас қарз аст, – мегӯянд, – бар кас, – одамон, Дил агар додан нахоҳӣ, дил рабудан хуб нест. Ҳоли кас аввал бипурсу баъд аз он ҳазле бигӯ, Дар бари озурдадил ногаҳ сурудан хуб нест. Гар ту донӣ одаме ғарқ аст дар гирдоби ғам, Соате дар ёди ӯ беғам ғунудан хуб нест. Ошиқӣ – ин дигару дигартар аст одамгарӣ, Майлаш, ошиқ бош, лек одам набудан хуб нест. #Ашӯр_Сафар 🍃💐🍃 @gazaltjk
Показати все...
👍 1
🍃💐🍃 Ҳаёти хонаи моро муаттар мекунӣ ё на? Утоқи кӯчаки моро мунаввар мекунӣ ё на? Бигӯ, эй чашму абрӯи ту мазмуни дубайтиҳо, Ба қадри як ғазал бо шоират сар мекунӣ ё на? Шаробе нест дар ин хона, аммо ҷуръа шеъре ҳаст, Ду байти оташин дорам, лабе тар мекунӣ ё на? Фақат ошиқ ғазалро дар миёни ашк мегӯяд, Ҳанӯз ин сафҳа намнок аст, бовар мекунӣ ё на? Чунин бедил шудам то гӯшаи зеҳни ту биншинам, Ҳанӯз ашъори Бедилро ту азбар мекунӣ ё на? Чӣ дасте мекашӣ рӯи сари гулҳо, бигӯ, оё Гулеро бо дили ошиқ баробар мекунӣ ё на? Ту бо номеҳрубонӣ ҳам қашангӣ, пас намепурсам, Каме бо ман дилатро меҳрубонтар мекунӣ ё на? ✍️ Саррофон Қосим 🍃💐🍃 @gazaltjk
Показати все...
👍 1
🦋 |Оҳ Ватанам ҷону танам..💔🥺 🦋 @qalbi_orom1
Показати все...
👍 1😢 1
🦋 |Ин чи шурест дар ин даври қамар мебинам..🥺 Ноҳияи Сангвор (Тавилдара) деҳаи Ёзғанд..💔 🦋 @qalbi_orom1
Показати все...
😢 2
🍃💐🍃 Ба расми сабр, бояд мард оҳашро нигаҳ дорад, Агар мард аст, буғзи гоҳ-гоҳашро нигаҳ дорад. Парешон аст гесуе дар ин боду парешонтар, Мусалмоне, ки мехоҳад нигоҳашро нигаҳ дорад. Асои дасти ман ишқ аст, ақли сангдил бигзор, Ки ин девона танҳо такягоҳашро нигаҳ дорад. Ба рўи суратам гесуи ӯ меҳмон шуду гуфтам: - Худо дилбастагони рӯсиёҳашро нигаҳ дорад. Диламро чашмҳояш тираборон кард, таслимам Бигӯед он камонабрӯ сипоҳашро нигаҳ дорад. #Саҷҷод_Сомонӣ 🍃💐🍃 @gazaltjk
Показати все...
👍 3 1
#Назм_💐 Ба касе кина нагиред, Дили бе кина қашанг аст. Ба ҳама меҳр биварзед, Ба Худо, меҳр қашанг аст. Дасти ҳар раҳгузареро бифишоред ба гармӣ, Бӯса ҳам ҳисси қашанг аст. Бӯса бар дасти падар, бӯса бар гунаи модар, Лаҳзаи ҳодисаи бӯса қашанг аст. Бифишоред ба оғӯш азизон, падару модару фарзанд, Ба Худо, гармии оғӯш қашанг аст. Назанед санг ба гунҷишк, Пари гунҷишк қашанг аст. Пари парвона бибӯсед, Пари парвона қашанг аст. Настаранро бишиносед, Ёсро ламс кунед, Ба Худо, лола қашанг аст. Ҳамаҷо маст бихандед, ҳамаҷо ишқ биварзед, Сина бо ишқ қашанг аст. Бишносед Худоро, Ҳар куҷо ёди Худо ҳаст, Сақфи он хона қашанг аст. ✍️ Фаридун Муширӣ 🍃💐🍃 @gazaltjk
Показати все...
👍 1
🍃💐🍃 Овозаи ишқам ба фалак соз нашуд, Бо хандаи шӯхи ту ҳамовоз нашуд. Гӯши дили ту садои поям нашунид, Чашми дили ту ба рӯи ман боз нашуд. Аз ишқ ғазалхон шудаам шому саҳар, Тори дили ту ба ишқ ҳамроз нашуд. Асрори муҳаббатат ба ин дил ҷо шуд, Аммо дили ту ба ишқ дамсоз нашуд. Дуздидам агар бӯса аз он лаъли лаби, Дандон чу забону ком ғаммоз нашуд. Оғӯши ту аз баҳор бӯе орад, Донам, ки баҳору ёр беноз нашуд. Аз ишқ Асад ҳазор бобе бикушод, Аммо зи муҳаббатат сарафроз нашуд. ✍Асадуллоҳ Исмоилзодаи Самарқандӣ 🍃💐🍃 @gazaltjk
Показати все...
👍 4 1🔥 1🕊 1
🍃💐🍃 Нимаи гумгаштаатро дер пайдо мекунӣ, Сар биҷунбонӣ, худатро пир пайдо мекунӣ. Дар мадори рӯзгору гардиши чархи фалак, Оқибат рӯзе ту ҳам тағйир пайдо мекунӣ. Кӯдакӣ чун бодбодак бо насиме меравад, Хешро бозичаи тақдир пайдо мекунӣ. Навҷавонӣ, ошиқӣ, девонагӣ, саргаштагӣ Мегурезад аз ту то тадбир пайдо мекунӣ. Ишқро дар интизори талху бепоёни худ, Дар ғуруби ҷумъае дилгир пайдо мекунӣ. Мерасӣ рӯзе ба он чизе, ки мехоҳӣ, вале Дар расиданҳои худ таъхир пайдо мекунӣ. Чашм медӯзӣ ба ӯ аз дур, мепурсӣ: Чаро?! Нимаи гумгаштаатро дер пайдо мекунӣ. #Соноз_Рауф 🍃💐🍃 @gazaltjk
Показати все...
👍 3 2🔥 1
Показати все...
Рубоёт ва Ғазалҳо

♡♡♡♡♡♡♡♡♡♡♡♡♡♡♡ Рубоётҳои ошиқи 😍 Шерҳои ошиқи ❤️ Ғазалҳои ошиқона 😘 Шерҳои ошиқи 🤭 Канал барои ошиқо 🫣 Админ: @odiljon_old 🖤

🍃💐🍃 ХУДО ГАР ПАРДА БАРДОРАД Худо гар парда бардорад зи рўи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хўрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке аз дил кунад ғавғо. Чӣ козибҳо шавад содиқ, чӣ содиқҳо шавад козиб. Чӣ обидҳо шавад фосиқ, чӣ фосиқҳо шавад мулло. Чӣ зиштиҳо шавад рангин, чӣ талхиҳо шавад ширин, Чӣ болоҳо равад пойин, чӣ сифлиҳо шавад улё. Аҷаб сабре Худо дорад, ки парда барнамедорад, Вагарна бар замин афтад зи ҷайби мўҳтасиб мино. ✍Розиқи Фонӣ 🍃💐🍃 @gazaltjk
Показати все...
2💯 2👍 1
Оберіть інший тариф

На вашому тарифі доступна аналітика тільки для 5 каналів. Щоб отримати більше — оберіть інший тариф.