uk
Feedback
БАШАНД КИТОБЕН

БАШАНД КИТОБЕН

Відкрити в Telegram

📈 Аналітичний огляд Telegram-каналу БАШАНД КИТОБЕН

Канал БАШАНД КИТОБЕН (@bashandkitoben) у мовному сегменті Російська є активним учасником. На даний момент спільнота об'єднує 10 388 підписників, посідаючи 3 668 місце в категорії Книги та 232 місце у регіоні Таджикистан.

📊 Показники аудиторії та динаміка

З моменту свого створення невідомо, проект продемонстрував стрімке зростання, зібравши аудиторію у 10 388 підписників.

За останніми даними від 03 липня, 2026, канал демонструє стабільну активність. Хоча за останні 30 днів спостерігається зміна кількості учасників на 185, а за останні 24 години на 6, загальне охоплення залишається високим.

  • Статус верифікації: Не верифікований
  • Рівень залученості (ER): Середній показник залученості аудиторії становить 25.82%. Протягом перших 24 годин після публікації контент зазвичай збирає 8.37% реакцій від загальної кількості підписників.
  • Охоплення публікацій: В середньому кожен допис отримує 2 682 переглядів. Протягом першої доби публікація в середньому набирає 869 переглядів.
  • Реакції та взаємодія: Аудиторія активно підтримує контент: середня кількість реакцій на один пост – 12.

📝 Опис та контентна політика

Автор описує ресурс як майданчик для висловлення суб'єктивної думки:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст. Instagram:https://www.instagram.com/bashandkitoben?igsh=MW5zdXE4eGEydmZiaQ%3D%3D&utm_source=qr YouTube: https://youtube.com/@bashandkitoben?si=-CS3pTZA5q5OcCJE Facebook: https://www.facebook.com/share/g/1ArURQip1G/?mi...

Завдяки високій частоті оновлень (останні дані отримано 04 липня, 2026), канал підтримує актуальність та високий рівень охоплення публікацій. Аналітика показує, що аудиторія активно взаємодіє з контентом, що робить його важливою точкою впливу в категорії Книги.

10 388
Підписники
+624 години
-27 днів
+18530 день
Архів дописів
МЕСТА_ПАЛОМНИЧЕСТВА_И_ПОКЛОНЕНИЯ_ЗАПАДНОГО_ПАМИРА_Васильцов_К_С.pdf2.86 KB

НИКОҲИ СУННАТӢ https://t.me/bashandkitoben

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ ҲОЗИРИМОМ Дар боби зинданигаҳдории таълимоти Носири Хусрав ———————- «...ба хотир дошта бошед, ки муридҳо (пайравони даъвати Носири Хусрави Осиёи марказӣ) дорои тафсире воҳид мебошанд, аммо бо як заминаи таърихии мутафовит ва он заминаи таърихӣ мутааллиқ ба Носири Хусрав мебошад, ки бисёр муҳим аст ва набояд фаромӯш шавад.» ——————— "(Ҳиндустон. Ноябр. 1992 ).

НИКОҲИ СУННАТӢ

КРИТИКА СУФИЗМА.pdf1.50 MB

ИЗУЧЕНИЕ АНГЛИЙСКОГО ЯЗЫКА ————— Материалы, необходимые для изучения английского языка, можно найти в группе TASMIM ENGLISH A
ИЗУЧЕНИЕ АНГЛИЙСКОГО ЯЗЫКА ————— Материалы, необходимые для изучения английского языка, можно найти в группе TASMIM ENGLISH ACADEMY. Желающие улучшить свою английскую речь и грамматику, могут использовать материалы в группе. Вы можете присоединиться к группе, перейдя по ссылке ниже: Группа в телеграмме. https://t.me/TasmimEnglishAcademy

ИБРАТАФЗО_МАВЛОНО_ШОҲ_ҲАСАН_АЛӢ_ШОҲ_АНГЛИСӢ_ФОРСӢ.pdf28.52 MB

99-СИФАТИ ХУДОВАНД ТАРЗИ ДУРУСТ ХОНДАНИ СИФОТИ ХУДОВАНД https://t.me/bashandkitoben

IELTS ACADEMIC VOCABULARY .pdf.pdf6.82 MB

Суханони_Ҳикматомез_аз_Ҳазрати_Муртазо_Алӣ_.pdf23.76 MB

(КИТОБИ САВТӢ) БА ЗАБОНИ РУСӢ ҲИКОЁТИ ҲИКМАТОМЕЗ (ПРИТЧИ)

photo content

РУЗА .-1.pdf2.26 KB

Гуфтори_сию_сеюм:_Андар_воҷиби_рӯза_доштан_ва_таъвили_он.pdf0.93 KB

Рахимов_Р_Р_сост_Таджики_история,_культура,_общество.pdf5.62 MB

Н_М_Виноградова,_Ю_Г_Кутимов_Погребальные_памятники_эпохи_бронзы.pdf19.53 MB

Ва агар неъмати Худоро бишуморед, онро иҳота накунед. Ба дурустӣ, ки Худо Омурзандаи Меҳрубон аст (16-18) . Андар ин оят пайдост, ки чу мо донистем, ки неъматҳои Худой бар мо бешумор аст, агар ҳамагиро аз он боз нагўем ва нашмарем, (андакеро боз гўем ва ўро сипос гузорем ва бар паѐмбари вай) сўи Субҳона ва чароғи равшани Ў андар зулмоти куфру зиллол ва раҳнамоии халқ ба расонидани китоби азиз ва басти шариати Худой бар ҳикмат, бар изҳори ҳалолу ҳаром ва нашри қазоѐ ва аҳком ва таҳрис бар адлу эҳсон ва таҳзир аз ҷавру исѐн. Ва рафтан ба табъи карим ва халқи азими хеш бар сироти мустақим сўи ризои Худои таоло, чунон ки гуфт: Yawma Yaqūmu An-Nāsu Lirabbi Al-`Ālamīna Рўзе, ки мардумон пеши Парвардигори оламиѐн истода шаванд (83-6).

ақли кулл, ки ӯ машриқи Нури Тавҳид аст, биѐбад. Ва бад-он чи ҳамегӯяд, «чун рӯз бигузарад ва рӯ ба сӯи мағриб кунед», яъне ки чун зоҳири Шариъат нопадид шавад, рӯ сӯи сонӣ кунед, ки ӯ мағриб аст Нури Тавҳидро ва ба зоҳир аз аҶсоми падидоранда ҳамебоист ва он сонӣ бувад ва рӯзаи рӯзадор кушода шавад, яъне ки ҳаққ ошкоро шавад ва аз душманони дин ҳеч тарсе набошад мӯъминонро ва ҳар касеро, ки ҳаққ бар ӯ бувад. Ва дигар хабар аст аз Расул, алайҳи-с-салом, ки гуфт: «Лайса мина-л-бирри-с-савму фӣ-с-сафари» — Ҳамегӯяд: «Нест аз тоъат рӯза доштан андар сафар». Ва таъвили ин хабар он аст, ки чун мӯьмин ҷӯянда бошад, раво нест, ки аз ҷустану пурсидан бозистад, балки бояд биҷӯяд ҳақиқатро, то Худои Таъолоро ба зоҳиру ботин тоъат дошта бошад. Ва дигар хабар аст аз Расул, алайҳи-с-салом, ки ки гуфт: «Суму тасиҳҳу» — Гуфт: «Рӯза доред, то тандуруст бошед», яъне ки пайдо макунед мартабати асосро сӯи зоҳириѐн, то аз офати эшон саломат бошед. Ва низ Расул, алайҳи-с-салом гуфт: «Софиру, туғнаму» — Гуфт: «Сафар кунед, то ғаниматҳо биѐбед» яъне ки андар даъват равед ва ҳақиқатро, ки ғанимат аст, биѐбед. Ва Пайғамбар, алайҳи-с-салом, гуфт: «Шаби қадр» андар моҳи Рамазон бошад. Ва андар он шаб ҳама халоиқу ҷонварон ва дарахтону гавҳарҳо мар-Худойро саҷца кунанд ва ӯро хузӯъ намоянд». Ва таъвилаш он аст, ки аз фарзандони асос касе ҳаст, ки ӯ ошкоро шавад андар дин.Ва ин сӣ ҳадд, ки ѐд кардем, мар-ӯро тоъат доранд ва худовандони миллатҳои пароканда ва динҳои мухталиф ҳама ба ҷазо расанд, чунонки гуфт: «Лайлату-л-қадри хайрун мин алфи шаҳр»(98:3) — Гуфт: «Шаби қадр беҳтар аст аз ҳазор моҳ». Яъне' лоҳиқи Қоим бартар аст аз ҳар имом, агарчи маротиби эшонро ҷумла ба як мартабат гӯянд. Ва Пайғамбар, алайҳи-с- салом гуфт: «Биҷӯед мар-ин Шабро андар даҳаи бозпасин андар токҳо». Ва даҳаи бозпасин масал аст бар ҳадди имомон ва даҳаи миѐнагӣ масал аст бар ҳадди асосон ва нахустин даҳа масал аст бар ҳадди нотиқон. Аз ин се ҳадд, ки ҳар ҳадде ҳафтанд, ки фурӯд аз хештан се ҳадд ба пой кардаанд, то даҳ бошад. Ва тоқҳо аз даҳаи бозпасин масал аст бар ҳадди имомон ва ҷуфтҳо масал аст бар ҳадди ҳуҷҷатон. Пас, ҳамегӯяд: «Натавон шинохт мар-Қоимро, магар аз ҷиҳати панҷ ҳадд, чун асосу имом ва бобу ҳуҷҷат ва доъй». Боз намуда шуд аз баѐни рӯза бар қадри кифоят мӯъмини мустаҳаққро. Вассалом.

хештанро расонидан ба имом. Ва баробари ҷиҳод қаҳр кардан мар-душманони динро ба илм. Ва баробари ҳафт имом мар-ҳар имомеро андар асри ӯ таъйид аст, ки он ҷону нафси шарифи ӯст, ки бар халқ бад-он солорӣ кунад. Ва баробари мартабати нотиқ мартабати Қоими Қиѐмат аст, ки мақсуд аз омадану хабар додани эшон мар-халқро ӯст. Аз ҷумлаи сй мартабат, ки рӯзаро бунѐд бар он аст, шаш мартабат нотиқонрост ва ҳафт мартабат имомонрост. Ва бар он аз мавзӯъи Шариъат гувоҳон гузаронидем. Акнун гӯем, ки аз он пас дувоздаҳ мартабат аст андар офариниши ҷисму нафс ва ҳам андар олами дин ва андар офариниши ҷисмй он дувоздаҳ он аст, ки бар ҷисми мардум аз берун дувоздаҳ сӯрох аст сӯи андарун, чун ду бинй ва ду гӯшу ду чашм ва даҳану ду пистон ва нофу ду фарҷ. Ва андар офариниши нафсй баробари он дувоздаҳ ақл аст: ва нафсу фаҳм ва фикрату зеҳн ва хотиру ҳифз ва хаѐлу ваҳм ва мутасаррифа ва тамйизу тақсим. Ва андар олами дин баробари он дувоздаҳ соҳиби ҷазира аст, ки ҳар яке ба ҷазирае махсус аст. Ва масали он андар он чи ба салоҳи ин ҷаҳону ҷисмй бозгардад, чунон аст, ки аз мо касе дониста шавад, ки андар ҳар ҷазирае аз ҷазоир чӣ чиз ѐфта шавад аз таъому шароб ва дору. Ва ҳар гоҳ, ки ба чизе аз он ҳоҷатманд шавад, бибояд рафтан бад-он ҷазират ва талаб кардан он чизро, ки ӯ ҳоҷат аст. Ҳамчунин доъй бояд ки соҳиби ҷазиратонро бидонад, ки он чи маро пурсанд аз эшон биѐбем. Ва аз ҳар чй пурсандаш, бок надорад ва бидонад. Ва он чи аз ӯ пурсанд, ҷавоби ҳама пурсандагон битавонад додан. Ва пас аз он панҷ мартабат аст, ки онро бибояд донистан. Ва андар офариниши ҷисмй масали он панҷ ҳавосс аст, чун шунавоию биной ва бӯѐию чашоӣ ва басоӣ. Ва андар офариниши нафсй — тамйиз аст ва тақсиму танзил ва таълифу таъвил ва ҷамъ кардани миѐни он. Ва андар олами дин монанди ин панҷ нотиқ асту асос ва имому ҳуҷҷат ва доъй. Ва андар мартабати пайғамбарй монанди ин панҷ он панҷи ӯлу-л-азм ва набию васӣ ва имом. Ва монанди ин панҷ миѐнҷии миѐни ӯлу-л-азм ва миѐни олами улвй низ панҷ бз'даанд ва ҳаст, чун Қаламу* Лавҳ* ва Микоилу* Исрофил* ва Ҷабраил*. Пас, ҷумлаи ин ҳудуд сй аст, чун шаш нотиқ ва шаш имому қоим ва дувоздаҳ ҳуҷҷати ҷазоир ва панҷ ҳадци рӯҳонй, чун аввалу сонй ва Ҷидцу Фатҳ ва Хаѐл. Ва рӯза доштани ин сй рӯз бар шинохтани ин сй ҳадц далел аст, аз баҳри он ки раво нест, ки аз сй рӯз кам рӯза дошта бошад ва ѐ беш аз он. Ва маънии он ки «ҳар кӣ ӯ болиг бошад, як моҳ бояд рӯза доштан», он аст, ки ҳар кй хирад ѐбад, бар ӯ воҷиб шавад мар-ин сй ҳадцро шинохтан ва қавоид аз эшон пазируфтан ва ба фурӯд аз хештан додан. Ва маънии он ки таъом хӯрдану шароб хӯрдан ва ҷимоъ кардан мар-рӯзаи зоҳирро табоҳ кунад, он аст, ки чун бар мустаҷиб ахд гиранд, ӯро боздоранд аз танзилу таъвил гуфтан ва аз ҷимоъи нафсонй кардан, ки ҳосил кардани нутфаи нафсонист, ки чун маъҳуди танзилу таъвил гӯяд, ҳамчунон бошад, ки рӯзадори зоҳир таъому шароб хӯрад. Ва маънии ҷимоъ наздикист ба таъому шароб хӯрдан, аз баҳри он ки аз ҷимоъ сурати инсон ба ҳосил ояд ва аз таъом бақои он сурат бошад ва аз шароб қавӣ шудани ӯ бошад. Ва ин ҳар се ҳоли ботин ба рӯзадори ботин ҳаром аст, ҳамчунон ки он се ҳоли зоҳир ба рӯзадори зоҳир ҳаром аст. Ва рӯза кушодан масал аст бар баѐн кардан мар-ҳадци асосро. Ва ҳар кӣ ӯ рӯза бикушояд ба амдан як рӯзро, ду моҳ пайваста рӯза бояд доштан, таъвилаш он аст, ки ҳар кй ӯ ошкоро кунад мар-як ҳаддро аз ин се ҳудуд, каффорати ӯ он аст, ки бозгардад сӯи фаръайн ба тавба кардан, ки эшон масаланд бар ду моҳ. Ва хабар аст аз Пайғамбар, алайҳи-с-салом, ки гуфт: «Изо ақбала-л-лайла мин ҳо ҳуно ва адбара-н-наҳора мин ҳо ҳуно фа қад афтара-с-соиму» — Гуфт: «Чун биѐяд шаб аз сӯи машриқ рӯза дорад ва биравад рӯз аз сӯи мағриб рӯзадор рӯза бикушояд». Ва таъвили ин хабар он аст, ки шаб далел аст бар ботину таъвил ва рӯз далел аст бар зоҳиру танзил. Ва бад-он чи ҳамегӯяд, «чун шаб бигузарад аз сӯи машриқ рӯза доред», он ҳамехоҳад, ки таъйид аз

Ва маънии он ки бемору мусофир рӯзҳои дигар шумуранд ва рӯза бигиранд, он аст, ки ҳар ьсй таъвили асосро натавонад пазируфт, раво бошад, ки аз ҳуҷҷату доъӣ ва маъзун таъвил пазирад, ки эшон рӯзҳои дигаранд мар-асосро. Ва ҳар яке аз эшон рӯзанд андар олами дин. Пас, гӯем, ки таъвили як моҳ аз дувоздаҳ моҳ рӯза дошган он аст, ки андар ҳудуд аз ҷумлаи дувоздаҳ ҳуҷҷат асос як ҳуҷҷат бувад, ки мартабати ӯро мастур бояд доштан в? ӯ бад-ин мартабат махсус бошад аз ѐздаҳ ѐри хеш, ҳамчунон ки моҳи Рамазон шариф шудааст ба сӯи халқ, ки он ѐздаҳ моҳи дигар, ки ѐрони ваянд, он шараф надоранд. Ва таъвили он ки моҳи Рамазон нӯҳум моҳ аст аз ҷумлаи моҳҳо, он аст, ки мартабати ҳудуди дин дувоздаҳ аст аз мустаҷиб то ба ақл, чун мустаҷиб ва маъзуни махдуд ва маъзуни мутлақ ва доъии махдуд ва доъии мутлақ ва ҳуҷҷату боб ва имому васй ва нотиқ ва сониву аввал. Ва васӣ нӯҳум мартабат аст, ҳамчунон ки моҳи Рамазон нӯҳум моҳ аст аз сол. Ва пас аз моҳи Рамазон аз сол се моҳ аст, чун шаввол ва зулқаъда ва зулҳиҷҷа ҳамчунин пас аз васӣ се мартабат аст андар дин, чун нотиқу нафс ва ақл. Ва андар адад ин ҳол ҳам мавчуд аст, аз баҳри он ки адад ба дувоздаҳ мартабат аст: нӯх аз ӯ оҳод аст, даҳум ашарот аст ва ѐздаҳум миъот ает ва дувоздаҳум улуф аст. Ва аз паси ҳазор ҳама такрор аст, ҳам бар ин сурат оҳод маргабати ҷисмониѐну мутаъаллимон аст. Ва васӣ бартар дараҷа аст, ки ӯ ба нӯҳум манзалат аст. Ва нотикро мартабати аюарот аст аз ҳисоб, ки ӯ ниҳояти одамиѐн аст ва камоли еурати инсонист. Набинй, Худой мар-даҳро, ки он мартабати нотиқ аст, ҳаме комил хонад: қавлуҳу Таъоло: «Тилка ашаратун комилатун» (2:196). Ва мартабати миъот мар- нафсрост ва мартабати улуф мар-ақлрост Аммо таъвили он ки мар-ҳар рӯзеро, ки рӯза дорад, аз шаби он рӯз нийят бояд кардан, он аст, ки мар-зоқирй Китобу Шариъат таъвилпазир омадааст. Ва сабаби он таъвил бувад, ки пас аз зоҳир бувад, бар мисоли сухане, кй ба овозу калимот ва ҳуруф бигӯянд. Пас, сабаби ин овозу калимот ва ҳуруф он маънй буда бошад, ки нафси шунаванда нахуст шунавад ва сухан аз гӯянда бар ой маънипазир ояд. Пас, рӯзаи зоҳирро аз шаби зоҳир нийят бояд кардан, то дуруст бошад. Ва ҳамчунин нахуст маънии рӯза бибояд донистан, он гаҳ рӯза дорй, то он нийят, ки он шинохти рӯза аст, сабаб бошад мар-рӯза доштанро, ки он рӯза доштан пӯшида доштани мартабати асос аст аз душманони дин. Ва аммо таъвили он ки рӯза сӣ рӯзи тамом бибояд доштан он аст, ки ин сӣ мартабатро нахуст бибояд шинохтан, то аз он ба таъвил расем. Ва он сй мартабат он аст, ки офоқу анфус бар дурустии он гувоҳ аст. Ва аз он сй мартабат шаш мартабати офариниш андар ҷасадҳост, чунонки Худои Таъоло мар-онро ѐд кардааст аз нутфа ва сулола ва алақа ва музға ва лаҳм ва изом, то бад-он ҳафтум мардум тамом шавад. Ва баробари он андар офариниши нафсҳо шаш мартабат аст аз таҳорату намоз ва рӯзаву закот ва ҳаҷҷу ҷиҳод, то ба вилоят тамом шавад. Ва баробари он андар пайғамбарӣ шаш мартабат аст, чун Одам* ва Нӯҳ* ва Иброҳим* ва Мусо* ва Исо* ва Муҳаммади Мустафо*, алайҳиму-с-салом, то нутфаи нубувват тамом шавад. Ва баробари он аз паси пайғамбар шаш имом аст, ки тамоми он андар падид омадани Қоим ҳақк асг, алайҳи-с-салом. Ва мар-ҳар шашро аз ин шашҳо, ки ѐд карда нуд, ҳафтумин ас'г, ки тамомии он шаш аз ҳар манзалате андар ҳафтуми ӯст, чунонки мар-шаш мартабати анҷомии ҷасадро ҳафтум -243- рӯҳ аст, ки тамомии он шаш мартабат андар ӯст. Ва низ баробари ин ҳафт мартабати ҷисмонй андар ҷасад ҳафт аъзои раиса аст, чун мағзу дил ва ҷигару шуш ва сипурзу заҳра ва гурда, ки зиндагии ҷисм андар ӯст. Ва баробари ҳафт рукни Шариъат маъниҳо он аст, ки аз дониши он пайвасган аст бар вилоят. Ва баробари таҳорат покиза кардани нафс аст. Ва баробари намоз итоъат ва баробари рӯза хештан нигоҳ доштан аз ношоиста. Ва баробари закот илм гуфтан ва баробари ҳаҷҷ