uk
Feedback
БАШАНД КИТОБЕН

БАШАНД КИТОБЕН

Відкрити в Telegram

📈 Аналітичний огляд Telegram-каналу БАШАНД КИТОБЕН

Канал БАШАНД КИТОБЕН (@bashandkitoben) у мовному сегменті Російська є активним учасником. На даний момент спільнота об'єднує 10 387 підписників, посідаючи 3 673 місце в категорії Книги та 232 місце у регіоні Таджикистан.

📊 Показники аудиторії та динаміка

З моменту свого створення невідомо, проект продемонстрував стрімке зростання, зібравши аудиторію у 10 387 підписників.

За останніми даними від 08 липня, 2026, канал демонструє стабільну активність. Хоча за останні 30 днів спостерігається зміна кількості учасників на 60, а за останні 24 години на 1, загальне охоплення залишається високим.

  • Статус верифікації: Не верифікований
  • Рівень залученості (ER): Середній показник залученості аудиторії становить 26.98%. Протягом перших 24 годин після публікації контент зазвичай збирає 8.34% реакцій від загальної кількості підписників.
  • Охоплення публікацій: В середньому кожен допис отримує 2 802 переглядів. Протягом першої доби публікація в середньому набирає 866 переглядів.
  • Реакції та взаємодія: Аудиторія активно підтримує контент: середня кількість реакцій на один пост – 12.

📝 Опис та контентна політика

Автор описує ресурс як майданчик для висловлення суб'єктивної думки:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст. Instagram:https://www.instagram.com/bashandkitoben?igsh=MW5zdXE4eGEydmZiaQ%3D%3D&utm_source=qr YouTube: https://youtube.com/@bashandkitoben?si=-CS3pTZA5q5OcCJE Facebook: https://www.facebook.com/share/g/1ArURQip1G/?mi...

Завдяки високій частоті оновлень (останні дані отримано 09 липня, 2026), канал підтримує актуальність та високий рівень охоплення публікацій. Аналітика показує, що аудиторія активно взаємодіє з контентом, що робить його важливою точкою впливу в категорії Книги.

10 387
Підписники
+124 години
+57 днів
+6030 день
Архів дописів
ТАЛИҚАИ МУБОРАКИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ БА МУНОСИБАТИ ИДИ НАВРЎЗ —————————— Фарзандони рӯҳонии азизам Ба муносибати Наврӯз, 21 - уми марти соли 2021, ман муҳаббатомезтарин дуоҳои хайри меҳромези падарона ва модаронаи худро ба ҳамаи фарзандони рӯҳонии маҳбубам дар саросари ҷаҳон мефиристам. Xонаводаи ман низ бо ман барои ҳамаи шумо Наврӯзи муборакро орзу менамояд. Ба ҳамаи фарзандони рӯҳониям, ки ба ин муносибати фархунда хидматҳо намудаанд ва паёмҳои табрикотӣ ва таманниёти неки худро ирсол кардаанд, муҳаббатомезтарин дуоҳои хайри меҳромези худро мефиристам. Бо муваффақ шудан дар баровардани ваксинаҳои босамар ва шаклҳои дигари муолиҷа, ҷомеаҳои инсонӣ дар соросари ҷаҳон бо як ҳисси умед ва некбинӣ чашмдори баромадан аз пандемияи Ковид - 19 мебошанд. Дар ин замон ман тавсия медиҳам, ки ҳамаи фарзандони рӯҳонии ман бояд эмкунии худро мувофиқи дастури созмонҳои муносиби тандурустии онҳо, чун ваксина дастрас гардад , ҳар чӣ зудтар қабул намоянд, ҳамчуноне ки ман аллакай намудаам. Инчунин хоҳиши ман он аст, ки ҷамоатам аз ҳар гуна беэҳтиной дурӣ ҷӯяд, ва ҳар як мурид бояд масъулияти фардиро дар ҳифз намудани худ аз вирус идома диҳад. Ба хусус, ҷамоатам набояд ба ҳамаи иттилооти барғалат дар муносибат ба раванди эмкунӣ ва муқоисаҳо байни ҳамаи ваксинаҳои расман таҳримшуда, ки алҳол дастрасанд, эътибор диҳанд. Ман аз василаҳову иншоотҳои тандурустии Шабакаи Оғохон оид ба Рушд талаб намудаам, ки то ҳадди аксар пуштибонӣ ва кумакро ба сохторҳои ҳукуматӣ дар пиёда сохтани барномаи эмкунӣ ривоҷ диҳанд. Дар ин давраҳои мушкилу ноамн, дуоҳои ман ин аст, ки Наврӯз муждарасон аз оғози нав, бо тобоварӣ , нерӯ ва иттиҳоди бузургтар дар ҷамоатам, дар пирӯз гардидан бар ҳамаи шаклҳои мушкилот хоҳад буд. Чун бо беҳтар гардидани вазъият ҷамоатхонаҳо аз нав боз мешаванд, ман мехоҳам ҷамоатам он аҳамиятеро, ки ман ба суннати таърихии ибодати фардӣ, ибодати хусусии мо медиҳам, дар хотир нигаҳ дошта бошанд. Ман муҳаббатомезтарин дуоҳои хайри меҳромези худро барои мушкилосон ва барои беҳбуди ҷамоати худ, саломатии хуб, амнияту амонӣ мефиристам. Ман инчунин беҳтарин дуоҳои хайри меҳромезамро барои баракат дар ҳаёти рӯҳонӣ ва ҳаёти дунявии шумо ва барои ҳосил шудани ҳамаи муродҳои шумо медиҳам. Ҳамаи шумо махсусан дар қалб, дар афкор ва дар дуоҳои ман ҳастед. Бо муҳаббати қалбӣ Оғохон —————————- 21 - уми МАРТИ СОЛИ 2021

НУКОТ АЗ ТАЛИҚАИ МУБОРАКИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ ————————— «Фарзандони руҳонии азизам! Ба муносибати Наврӯз, 21 марти соли 2009, муҳаббатомезтарин дуоҳои хайри падарона ва модаронаи худро ба тамоми фарзандони руҳонии ҷамоатам дар Тоҷикистон мефиристам. Хонаводаи ман низ барои ҳамагии шумо Наврӯзи муборак орзу доранд. Ман барои тамоми ҷамоатам баракат фиристодаам. Барои тамоми фарзандони руҳониам, ки ба ин муносибати фархунда хадамоте тақдим доштаанд ва паёмҳои табрик ва орзуҳои нек ирсол намудаанд, муҳаббатомезтарин дуоҳои меҳромези худро мефиристам.» ————————— 20 марти соли 2009  

Шеър ва оҳанги Шириншоҳ Маъсуми Заифӣ Унвони шеър: Эй бехабар ту кин назар! Таърихи нигориш: Солҳои 1995

Ҳикояти тамсилӣ: ТИҶОРАТИ МАЙМУН МУАЛЛИФ: Устод Заифӣ Яке аз волотарин ҳикоёти тамсилӣ! Якумин ҳикояи тамсилӣ помирай зивти! Саропо ҳикмат, ҳақиқат, маънавият!

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ ҲОЗИРИМОМ —————————- «Баъзан ман фикр мекунам, ки фарзандони руҳониям аз худашон суол мекунанд: “Барои чӣ Имом моро механдонад? Оё ин вазифаи маъмулии Имом аст?”. Ман дуст дорам, ки фарзандони руҳониям хушбахт бошанд, ман мехоҳам онҳо табассум кунанд, ман мехоҳам онҳо байни ҳам хурсанд бошанд ва дар ҳузури ман хушҳол бошанд. Аз ин ру, вақте шумо табассум мекунед, ин барои ман хушҳолӣ мебахшад. Бинобар ин, агар тафсирҳои дигари Ислом бо ин шакли хушбахтӣ норозӣ бошанд, ин иллат дар худи онҳост, вале хушбахтии мо ин якҷоя табассум кардан, хушҳол будан, хушбахтӣ овардан ва кушиши ҳал кардани ҳар душворие, ки мурид дар ҳар гушаи ҷаҳон дорад - мебошад. Аз ин хотир, имруз ман ба шумо мегуям: Ман ба якояки шумо беҳтарин, беҳтарин дуоҳои хайру баракатамро барои мушкилосон, барои умри дароз ва барои хушбахтӣ медиҳам. Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон.» ————————- 17. Декабр. 2017 Қарочӣ. Покистон

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МУБОРАКИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ ———————- «Ман дуоҳои хайри худро барои саодат, барои нерӯ дар сирот-ал-мустақим, барои рӯшанбинӣ дар зиндагӣ, барои муваффақияти маънавӣ, болоравӣ, болоравӣ ва болоравии бештари шумо медиҳам, то шумо дар ҷустуҷӯи саодати маънавӣ нури махсусро пайдо кунед, то он ба ҳар кадоми шумо бирасад, то шумо аз он огоҳ бошед ва онро бо худ дошта бошед – ин умеди ман, дуои ман ва баракати ман барои ҷамоатам аст. Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон.» ———————— 12. Декабр. 2017 Исломобод. Покистон

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МУБОРАКИ ҲОЗИРИМОМ ————————- «Вақте ки шумо бо хонаводаҳои худ дар тамос мешавед, он чиро, ки ман имрӯз ба шумо гуфтам, такрор кунед. Ба онҳо бигӯед, ки ҳарчанд онҳо ҷисман дар ин ҷо, дар назди ман ҳузур надоранд, ба унвони ҷамоати ҷаҳонӣ дар афкор ва дар дуоҳои ман ҳастанд.» ———————- 12.Декабр. 2017 Исломобод Покистон

НУКОТЕ АЗ ФАРОМИНИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ ——————— «Умедворам - бароям хоҳанд гуфт, ки донишҷӯёни исмоилӣ аз қабили донишҷӯёни беҳтарини кишвар ҳастанд, инчунин мехоҳам, ки шумо талоши хосе биварзед, то инки бароям чунин хушҳолиро пешкаш намоед.» ————— Бомбай 9 ноябри соли 1967

QUOTATION TAKEN FROM HAZIR IMAM’S FARMAN «I hope that I will be told that Ismaili students are some of the best students in the country, and I want you to make a special effort to give me this happiness.» Bombay 9 November 1967.

Худованди Аламут Ҳасан Саббоҳ ФАСЛИ 27 (аудиокитоб) иборат аз 44 фасл! Номи китоб: ҲАСАН САББОҲ ХУДОВАНДИ АЛАМУТ Муаллиф: Паул Эмир Дум китоб дарун лап пурра маълумот яст дар бораи зиндагии Ҳасани Саббоҳ! Давом ғал яст.....!

КИТОБИ МУҚАДДАСИ АВЕСТО БА ЗАБОНИ ФОРСӢ ХАТТИ СРИЛИК

КИТОБИ ҚУРЪОНИ ШАРИФ БА ЗАБОНИ ФОРСӢ ХАТТИ СРИЛИК

Номи китоб: СИЮ ШАШ САҲИФА МУАЛЛИФИ КИТОБ: Саййид Сӯҳроб Валии Бадахшонӣ Моҳият ва ҷавҳари китоб: Дар масоили ҳикмат ва таъви
+1
Номи китоб: СИЮ ШАШ САҲИФА МУАЛЛИФИ КИТОБ: Саййид Сӯҳроб Валии Бадахшонӣ Моҳият ва ҷавҳари китоб: Дар масоили ҳикмат ва таъвилоти баъзе оятҳои Қуръон. ——————————- Номи китоб: Дидгоҳи фалсафии Саййид Сӯҳроб Валии Бадахшонӣ Муаллиф: Қурбонназар Тавуров Дадъ китобента ғал дар шакли электронӣ дер дастраси хонандаен сен, ат арчай деф харид чи чид ца сод деф ҷой тамард лом, тар Московум винт иҷонди деф савдо кинен! Арварфъен дар якҷояки дар шакли йи китоб: Вардъийет тар му нвшто ё қивдо дам китоб ҷойдод тамард лом: +79296043260

ДУОҲО: ПЕШ АЗ ДУОИ МУБОРАК ВА БАЪД АЗ ДУОИ МУБОРАК

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МУБОРАК —————————- «Ба муносибати ин рӯйдод низ мехостам ба ҷамоатам дар ин ҷо - дар Тоҷикистон, вале дар он сӯи дарё ҳам, бигӯям, ки муҳаббати Имом ҳеҷ марзҳои физикиро намешиносад. На кӯҳ, на дарё, на биёбон қодиранд, ки муҳаббати Имомро барои ҷамоати Ӯ дар саросари дунё боздоранд.» ——————— 5.11.2008 Бадахшон. Тоҷикистон

НУКОТ АЗ ФАРОМИНИ МУБОРАКИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ ———————- «Инчунин, ман барои фарзандони руҳониям ин субҳ мегуям: дар дуоҳоятон мурратаб бошед. Дар хотир дошта бошед, ки ҷисми инсон маҳдуд аст, руҳ абадист.» 19.12.2017 Қарочӣ

НУКОТ АЗ ФАРОМИНИ МУБОРАКИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ ———————- «Фарзандони рӯҳонии маҳбубам, Замоне ки вақт пеш меравад, тавре ки шароитҳои иқтисодӣ тағйир меёбанд, тавре ки маориф бештару бештар ҷавононро ҷалб мекунад, барои ҷамоатамон ба ахлоқаш, ба суннатҳояш, ба амалкард ба имонаш содиқ мондан як чизи бунёдист ва шумо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки зиндагӣ аз ҷанбаи моддӣ, то даме ки шумо дар қайди ҳаёт ҳастед ва аз ҷанбаи рӯҳонӣ ки абадист, иборат мебошад. Рӯҳи шумо абадист. Бинобар ин дар хотир дошта бошед, ки шумо бояд на фақат аз вуҷуди ҷисмониатон, ҳамчунин аз рӯҳатон низ муроқибат кунед.» 18.12.2017 Қарочӣ

ҚИРОАТИ ОЯТ ВА ХОНДАНИ ФАТИҲА ДАР ҲАҚҚИ ГУЗАШТАГОН

ПОРАЕ АЗ ФАРМОНИ МАВЛО ————————— «Шумо метавонед системаи телефонии Угандаро хеле машғул созед, то паёми маро ба хонаводаҳои худ бирасонед. Хонаободон, хонаободон, хонаободон.» —————- Кампала, Уганда, 10-уми октябри соли 2017 ФАРОМИНИ МУБОРАК Ҷашни алмосӣ

НУКОТЕ АЗ ФАРОМИНИ МАВЛО ———————- «Мо бояд ҳомии сулҳ бошем. Мо бояд ҳомии хайрхоҳӣ ва ҳусни тафоҳум бошем. Мо бояд ҳомии дониш ва лаёқат бошем. Мо бояд касоне бошем, ки ба сирот-ул-мустақим - роҳи рост имон доранд ва дар он амал мекунанд.» 10.12.17 Хунзо. Покистон Баракати Мавло ҳар яки тамард! Омин