1 104
Подписчики
Нет данных24 часа
+17 дней
+230 дней
Архив постов
1 104
ҲИЛОЛИ АҲМАР
Суханони росту ахлоқи хушхӯ,
Сармашқи ҳар як инсони некӯ.
Дар аҳду паймон ҳам устуворӣ
Ҳар фардро эмин дорад зи адӯ.
Не молу давлат, балки хоксорӣ,
Зеб медиҳад моро ҳар замон.
Тарбияи нек дар зиндагонӣ,
Ному ёди нек монад зи инсон.
Дар охирон марг сарнавишти мост ,
Танҳо ёди нек монад дар олам.
Ҳар ки рафтори накӯро дорост,
Ёдгорӣ шеър аст аз баҳри одам.
Инсон будан аз ҳама афзал аст,
Одамгарӣ дар мадди аввал аст.
Ҳам адлу инсоф меҳру садоқат,
Меҳру рафқат Ҳилол Аҳмар аст.
1 104
ҲИЛОЛИ АҲМАР
Суханони росту ахлоқи хушхӯ!
Сармашқи ҳар як инсони некӯ.
Дар аҳду паймон ҳам устуворӣ
Ҳар фардро эмин дорад зи адӯ.
Не молу давлат, балки хоксорӣ,
Зеб медиҳад моро ҳар замон.
Тарбияи нек дар зиндагонӣ,
Ному ёди нек монад зи инсон.
Дар охирон марг сарнавишти мост ,
Танҳо ёди нек монад дар олам.
Ҳар ки рафтори накӯро дорост,
Ёдгорӣ шеър аст аз баҳри одам.
Инсон будан аз ҳама афзал аст,
Одамгарӣ дар мадди аввал аст.
Ҳам адлу инсоф меҳру садоқат,
1 104
Салом ба ҳамагӣ
Аз ҷумла ба Устоди азиз. Рузимуродов,
Ташакур ва миннатдори худамро мерасонам.
Ман зан ҳастам, ва маълумоти олӣ дорам.
Ҳамшира мебошам. Лекин он қадар худро фикран азоб медодаам ки, на сиҳат буданма ва на бемор буданма ҳис намекардам.
Хастаги маро руз то руз дилсарди кору зиндаги мекард. Шукронаи Худо имруз ҳис карда истодаам, баъди дарсҳои шумо зиндагии зебоямро , кудакони ширин ва шавҳари беҳтаринро.
Худованд барои мо ин қадар меҳрубон аст, мо барои фаҳмидан илм ва фаҳмишамон норасои дора.
Устоди азиз барои шумо як умр дуо дорем.
Бо сабаби шумо, қимматии худ ва ҳаётро дарк кардем.
Аз шумо миннатдорем.
Зулхумор.
1 104
Асаломалекум
Устоди азиз.
Имруза дарси "ҚАЛБАТ РО ГУШ ДЕҲ" бениҳоят дарси олӣ буд. Ма бовари дорам ин дарс ро на ҳар кас сарфаҳм мерава. Устод.
Чунки ма то дарси шумора нагирифтам,ин хел мавзуҳора мехондам, мешнидам, лекин оддӣ қабул мекардам.
Ба қиммати ҳама чи доштам, шугронаи Худо. Лекин зиндаги ором надоштам.
Вақте ба дарсҳои шумо иштирок кардам, рости
Чи хел гуям. Ҳамма ноороми ба худи ма будааст. Каме асабам хаста шава, аз даҳонам чи гапҳое мебаромад, боре ҳис намекардам, ки қалби кира дард мегира. Баръакс сабук мешидам.
Дар ҳақиқат барои одами, беҳтарин кор, аз болои худут кор кардан будаст.
Устоди азиз хело миннатдорем аз шумо, ки сабаби чунин корҳои нек ҳастед.Натиҷаҳои беҳтаринра ҳар руз дар зиндаги ва дар корхонаам дидестам.
Шугронаи Худои меҳрубон.
Барои ма аз ҳамма беҳтаринаш қалбам равшан ва хотирҷамъи аст.
Дар ҳақиқат Худро шинохтан, ва вазифаи инсонира иҷро кардан барои мо душвортарин амал будаст, ки баъзан, ба содагӣ сарфаҳм намеравем.Мо фикр мекнем,
Илми олӣ дорем, диплом дорем.
Чи қадар илми бисёр, барои инсон кам аст. Илми ҳаёти барои ҳар як шахс муҳимтарин аст, то худатро шиносӣ!
Устод барои заҳматҳоятон миннатдорем.
Яке аз шогирдони шумо Бахтовар ш. Душанбе
1 104
БА ҚАЛБАТ ГӮШ ДЕҲ !
ҚИССАИ ИБРАТОМЕЗ!
Писари донишманде,
Руза гирифтан мехоҳад.
Баъди рузадорӣ
__ Донишманд ба писараш мегуяд;
__ Рӯза доштӣ?
__ Бале мегуяд писар.
Имруз то бегоҳ, чи сухане аз даҳон баромад ба дафтарчаат бинавис, чи хел сухане бошад.
Бегоҳ беҳтарин чизеро ба ту мегуям.
Писар давоми руз бо ки,чи сухане аз даҳон баромад,ҳаммаашро ба дафтар навист.
Ӯ ҳатто фикрашро надошт, ки барои чи ҳар як калимаҳои гуфтаашро менависад, ва падар ӯро имтиҳон мекунад.
Бегоҳ шуд.
Вақте писар барои рузакушои худро ба дастурхон наздик кард.
__ Падар аз ӯ вазифаро талаб кард!
__Имруз ҳар як суханҳоятро навистӣ?
__ Писар бо хурсанди бале гуфт.
__Аввал ҳаммаашро ба ман хонда деҳ!
__ Баъд ҳар ду хӯроки шом мехӯрем!
__ Писар хело тааҷуб кард, ва ноилоҷ хонданро давом дод.
Он қадар хондан кард ки шаб ним шуд.
Хост ки падар барояш беҳтарин чизеро бигӯяд...
Аммо падар пагоҳ гуфт.
__Рузи дигар боз руза гирифт, ва падар ҳамон вазифаро такрор дод.
__ Бегоҳ падар вазифаро пурсон шуд, ки писар дар як лаҳзаи кӯтоҳ навистаашро хонда дод.
__ Падар ҳайрон шуд
__ Ҳаммааш ҳамин?
__ Бале гуфт;
Ба писар рӯ овард ва гуфт.
Дар ин ду руз ту чиро ҳис кардӣ?
Писар аввал хело хиҷолат кашид, ва гуфт;
Ба ҳар як суханҳоям гуш додам.
__Падар ;
__Дар давоми ду руз кадом суханҳоят манфиат бахш буд?
Навистаҳои рузи аввал, хело суханҳои қалб шикананда, дарддиҳанда ва бе манфиат буд.
__Рузи дуюм чиро ҳис кардӣ?
Бегоҳ назди шумо хондан, бароям душвортарин ҳолатро ҳис кардам.
__ Ман ҳаммаги ду руз суханҳои туро, дар вақти рузадорият, имтиҳон кардам, ва хушбахтона натиҷаи хубро эҳсос кардам.
Давоми умр мо чи суханҳо мегуем,чанд қалб ро меранҷонем, ва чанд қалбро мешиканем.
Барои мо маълум нест.
__ Донишманд,
Ба ту беҳтарин сирро мегуям.
" Ба ҚАЛБАТ гуш бидеҳ"
Сифати беҳтарини инсони дар ҳамин ҷо ниҳон аст.
Агар ба ҚАЛБАТ гуш карда тавонӣ,қалб худаш мегуяд, кадом сухан хуб аст, ё кадоме бад.
Тавоноии инсон ба худ гуш карда тавонистан вобастаи калон дорад.
Хулоса;
Бисёрии мо чи будани таъсири суханро дарк карда наметавонем.
Бо сухан метавон дилеро шод кард.
Ва бо сухан метавон,қалберо шикаст.
Ҳар як шахс фикр мекунад, одати бад надорад.
Лекин!
Вақте аз болои худ кор кард, ҳоҷат ба забон баён кардан нест.
Ҳар як сухан ҷон дорад! сухани бад, дарддиҳанда ва
Кушанда аст.
Сухани нек, мақсади нек,
Хурсандӣ
Хушбахтӣ
Равшанӣ
Пешравӣ
Ва натиҷаҳои муваффақиятро дорад.

Ассалом алейкум
Дӯстон ва ҳамватанонӣ азиз!
Истиқлолияти давлатии
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ба ҳаммагон муборак бошад!
Барои давлати тинҷу ободамон
Ба Парвардигор шукрона мекунем.
Ба ҳаммаи шумоён
Тансиҳатӣ
Хурсандӣ
Хушбахтӣ
Ва пешравию муваффақиятҳо мехоҳем.
Ҳамеша сарбаланд бошед азизон!
1 104
Асалом
Ба Устоди азиз
Ҷамшед Рузимуродов.
Ман аз шумо хело миннатдор.
Барои дарси беҳтаринтон,ки дар муддати кутоҳ хело фаҳмиши мора равшан кард.
Чанд сол боз бо канали You Tube ошно ҳастем, ва доими матеваторҳоро гуш мекнем. Чандин сол аст, ки фикрронаатро дигар кун, ро мешунавем, чи хел ва чи гуна?
Намефаҳмем.
Вақте ки фикрронара чи буданша дуруст мефаҳмад, инсон, ҳаёт боз ҳам зеботар мешудааст.
Дарсе ки аз шумо гирифтем, бароям хело равшаниҳо овард, ки чи гуна фикррониатро дигар намо! ро сарфаҳм рафтем.
Аз ҳамма маъқултараш, шумо Устоди азиз, гуфтед, ки бисёр маълумот ҷамъ накунед, каме ҳам бошад асосиашро амал намоед.
Ана ҳамин *амал * кардан сири асоси будас.
Амал дар ҳақиқат инсонро дар пеш мекашидааст.
Аз шумо хело миннатдор ҳастем Устоди азиз.
Натиҷаҳо дар оила ва савдо хело бисёр.
Пешравӣ аст.
Рости маро атроф хело дудила сохтанд, ин ҳамаш гап аст, бовар накунед ба ин хел одамон. Ман чанд маротиба кӯшиш мекардам, ва боз дудила мешудаму аз фикри илмгири мегаштам.
Ба гуфтаи баъзеҳо, ҳолат гар ба танг ояд...
Лекин, баъди ба худам ин роҳро интихоб кардан, хело хурсандам ва шукргузорам.
Шаш моҳ мешава, ки ман бо гуфтаи шумо ҳастам Устодҷон.Аз вазифаҳо лаззат мебарам.
Маънои ҳаётро ҳис кардам дар ҳақиқат.
Боз дарси Худшиносира ки як чанд руз пеш ба канали телеграм гузоштен, ва ин дарси дируза.
Ман ин дарсҳора як чанд маротиба такрор хондам, ба худ хело чизҳоро гирифтам.
Ба кормандони Умеди нав ташакур.
Ин дасеки дар муддати кӯтоҳ гирифтам, вақти маро ба ман боз ҳам қимматар сохт.
Ки будани ту, ва чи гуна будани ту, сарфи назар, аз психологияи худ бояд бохабар боши будааст!
Бори дигар ташакур Устоди азиз.
Яке аз шогидони шумо аз Данғара.
1 104
РОҲИ АЗ ЗИҚҚИ ОЗОД ШУДАН !
*_*_***
Имрӯзҳо дар чеҳраи аксарияти одамон зиққӣ ва парешонхотирӣ дида мешавад.
Чаро?
Сабабашро баъзан худи одам намедонад.
Зиққиҳои беасос дар мағзу устухони одам ҷо шудааст, ки дар баъзан ҳолатҳо инсон худашро фаромӯш мекунад.
Агар диққат диҳед,худ шоҳиди чунин ҳолатҳо мешавед.
Зиққии асосӣ дар кадом ҳолат,шуданаш мумкин?
Вақте зиндагӣ,ба хостаи дилаш нест!
Ё дар оила якдигар нофаҳми аст.
Нобарорӣ
Норасоӣ
Беморӣ
Бемеҳрӣ
Танҳоӣ
Ноумедӣ
Бетақдирӣ
Бефарзандӣ
Саргардонӣ
Қарздорӣ
Бе хонаву дар будан
Ё беадолатӣ, аз ҷониби шахсонӣ дуру наздик!
Ин ҳолатҳо инсонро дарунан месузад, ки баъзан дар нафас кашӣ вуҷуди одам дард мекунад.
Хатогии аввалини одам, дар ҳамин ҷо аст, ки зиққиҳоро, мушкилотро бисёр фикр мекунад, ва хурдтарин мушкилиро калон месозад.
Диқати одам дар куҷо бисёр бошад, қуваташ ҳам ба ҳамонҷо сарф мешавад.
Бисёр инсонҳо диққати худро ба фикрҳои манфӣ медиҳанд.
Чи қадар зиққиро фикр созӣ, ҳамон қадар зиққиҳо ба одам ғолиб мебарояд.
Ягона роҳи аз зиққиҳо баромадан" тан" додан, ва "қабул кардан" аст.
Тан додан, ба зиққиҳо беҳад душвор аст!
Лекин!
Чи қадар зиққиҳоро шабу руз фикр кардан, ғамзадагӣ кардан, инсонро оҳиста оҳиста нобуд месозад.
Худованд аз ҳамма инсони дӯстдоштатаринашро, ки пайғамбарамон Муҳаммад( с.а.в.) буданд, бо тамоми мушкилиҳо ва азобҳои сахт, дучор кард, ва бар замми ин фарзанди писариро аз насли он кас гирифт.
Бо ин ҳамма мушкилиҳо, ҳамеша дар чеҳраи он кас табассум нурпоши мекард.
Чеҳраи зиққиро ҳеҷ гоҳ одат надоштанд.
"Сири"ба ин қадар мушкилиҳо, бо ороми тоб овардани онкасро,ягона ба Худои меҳрубон тан додан будааст.
Инсон чи қадар ба норасоиҳояш ва мушкилоташ бо зиққи, ва парешон хотири даргир шавад, ҳам он қадар ба гирдоби ғам печида мешавад.
Яъне аз назари Худованд дур мешавад.
Моро бо Ягона Офаридгор наздик созанда,ин санҷишҳоро қабул карда тавонистанамон аст.
Ҳамеша бо қалби равшану пурмеҳр, ва чеҳраи табассум бошед дӯстон
То зиққиҳо қалби тавонои моро шикаста натавонанд!
1 104
Ман аз аллохам миннатдорам ки маро бо шумо пайваст кунонид ва ш
укр гзорам ки маро бо рохи дуруст ва одамони хело п
ур к,иммат бо худ шиноси ва худ омузи муносиб гардонид . ва ин ша Аллох кушиш мекнем ки аз инхам бехтару хубтар худамро шиносам ва вазифамро ичро кунам . ва аз Аллохи мехрабон хохони онамки тамоми дарвозахои бракоташро архони гардонад ва дуо гуи он хастамки бо хамрохи устодону устодам ва наздиконам дар ч,аннатул фирдавс дидани дидори чамоли зебояшба муяссар гардонад омин омин . ва боз ягч,оя аз Дасти мубораки Хазрати мухаммади мустафо . С. А. В. Нушидани Об аз хавзи кавсар ба Мушарраф гардонад омин омин омин.
Бо эҳтиром шогирдатон Эшони
АбдуРашид.

Ассалом
Устоди азиз !
Мо аз шумо хело миннатдор.
Як сол боз видёроликҳои шумора тамошо дорум, хело ва хело ба худ тағирот дидум.
Лекин, дарсеки дар алоҳидаги мада доден, фигр мекнам чашмонам ба ҳаёт ҳақиқи кушода ши.Ма медидм, шугр ки бино ҳастм, лекин Худро дида тавонистанам як тавонои бдай.
Ма чи қадар дар оила марди бад будиям,чи қадар сахтгир бдям. Лекин боре ҳам ҳис намекадм.
Шигр ки фарзандонам се бача будиян, ки сахт гирии мара бардошт кадан. Ага уво дхтар мебидан,ма худро ҳеҷ гоҳ бахшида наметавонистм.
Инсон чи қадар сӯи хдш чашм пӯшида мешидай. Фигр мекнам хонаи ма равшан ши, бахт, хушбахти дрома.
Устоди азиз
Ҷ.Рузимуродов ба шумо ташакур!
Худо илматонро ай и ҳам зиёда соза. Иқболтон баланд кна.
Ай қалб озод торики рафт, ҷисму руҳи хдма сабук ҳис мекнам.
Иншоло ба хд ваъда метам, ки бо мадади Аллоҳ ай болои хд доими кор мекнам.
Ай шумо ва коргаронтон хело миннатдорм.
Бо мадади Аллоҳ ва бо сабаби шумоён оилаи ма лоиқи хирсанди ши.
Ҷои корм да ҳамма ба ма бо диққат назар мекна,лекин прсида натонистестан, ма и ҳолатро озод ҳис кадестам.
Дар ҳақиқат инсони асаби, худро дида наметавонистай.
Аввалин оромии қалб беҳтарин неъмати Аллоҳ бдай.Табасум када тавонистан ҳам дар оила,дар атроф, кори оссон набудай.
Кибри лаъин иқа инсонро мепушидай ки , ки будани хдта дар ҳаво ҳис мекни.
Ма то ин вақт лаззати дунё ра дар дига чи медидм, лекин у лазат набудай. Худшиносӣ беҳтарин лаззат доштай.
Барои вақти қимматтона ба мо бо неки сарф каден.Устоди азиз Ташакур.
Мо ай шумо миннатдор!
1 104
" Худшиносӣ"
Як чанд роҳҳо дорад.
Ин роҳҳо, Илмро амал кардан аст.
Ҳар як кор бо амал пеш меравад, ва натиҷаи хуб дорад.
" Худшиносӣ" ҳам бо маълумот ҷамъ кардан, он қадар натиҷа надора.
Амал кардан, яъне аз болои худ кор кардан, қадами инсонро ба пеш мебарад.
Чи хеле ки дар боло гуфтем,ба қалби инсон танҳо як чиз ҷо мешавад, на ду чиз.
"МЕҲР Ё НАФРАТ"
Ҳамма фикр мекунад, қалби худ соф аст, ба ҳеҷ кас бадӣ надорад.
Лекин!
НАФРАТ на танҳо бадбинӣ аст.НАФРАТ ба ҳар чиз шуданаш мумкин.
Маънои асосии НАФРАТ норизогии қалб аст.
Аз мушкилоти гузашта, аз норасоии пулҳо,аз нобарории кор, ва ба хостаҳо сари вақт нарасидан, ба қалби инсон нисбат ба ҳаёту зиндагӣ, ба худди инсон номаълум НАФРАТ пайдо мешавад.
Агар ба қалби инсон НАФРАТ ҷойгир бошад, инсон парешон хотир, зиққиҳои бесабаб, қалби торик, дар ҳаёт бе завқ ва ба ягон чиз ё ягон шахс хурсанд буда натавонистан нишонаҳо дорад.
Инсоне ки аз болои худ кор мекунад, аз қалби ӯ НАФРАТ меравад, ва МЕҲР ба қалбаш ҷой мешавад.
МЕҲР ба Офаридгор ва ба ҳаёту зиндагӣ.
МЕҲР ба худ, ки сабаби аз ҳар гуна одатҳои бад худдори карда тавонистан, ва худро ҳам чун қимматтарин шахсият , ҳам аз ҷиҳати ҷисм, ва ҳам аз ҷиҳати фикрҳои бад,эҳтиром ва пок нигоҳ дошта тавонистан аст.
Таваҷҷӯҳи инсони " Худшинос" Ҳамеша ба худ, ва ба корҳои худ мешавад.
Инсони " Худшинос" бо Кибр не бо МЕҲР пайваста мешавад.
МЕҲРеки бузургии Офаридгорро ҳис мекунад, қудрати ӯро, ва мадади доимии ӯро ҳис мекунад.
Инсон чи қадар аз болои худ кор кунад, ҳамон қадар
аз ӯ тарс, шубҳа, нобоварӣ,бадбинӣ, ҳасади даруна, дудилагӣ, тамоми одатҳои бад дур мешавад.
Қалб равшан бошад, фикрҳо тозза мешавад, ва идеаҳои нав ба нави самарабахш ба инсон пайдо мешавад.
" Худшиносӣ" беҳтарин сифати инсонӣ аст.