1 122
订阅者
无数据24 小时
无数据7 天
-1430 天
帖子存档
1 123
Ассалом
Устоди азиз !
Мо аз шумо хело миннатдор.
Як сол боз видёроликҳои шумора тамошо дорум, хело ва хело ба худ тағирот дидум.
Лекин, дарсеки дар алоҳидаги мада доден, фигр мекнам чашмонам ба ҳаёт ҳақиқи кушода ши.Ма медидм, шугр ки бино ҳастм, лекин Худро дида тавонистанам як тавонои бдай.
Ма чи қадар дар оила марди бад будиям,чи қадар сахтгир бдям. Лекин боре ҳам ҳис намекадм.
Шигр ки фарзандонам се бача будиян, ки сахт гирии мара бардошт кадан. Ага уво дхтар мебидан,ма худро ҳеҷ гоҳ бахшида наметавонистм.
Инсон чи қадар сӯи хдш чашм пӯшида мешидай. Фигр мекнам хонаи ма равшан ши, бахт, хушбахти дрома.
Устоди азиз
Ҷ.Рузимуродов ба шумо ташакур!
Худо илматонро ай и ҳам зиёда соза. Иқболтон баланд кна.
Ай қалб озод торики рафт, ҷисму руҳи хдма сабук ҳис мекнам.
Иншоло ба хд ваъда метам, ки бо мадади Аллоҳ ай болои хд доими кор мекнам.
Ай шумо ва коргаронтон хело миннатдорм.
Бо мадади Аллоҳ ва бо сабаби шумоён оилаи ма лоиқи хирсанди ши.
Ҷои корм да ҳамма ба ма бо диққат назар мекна,лекин прсида натонистестан, ма и ҳолатро озод ҳис кадестам.
Дар ҳақиқат инсони асаби, худро дида наметавонистай.
Аввалин оромии қалб беҳтарин неъмати Аллоҳ бдай.Табасум када тавонистан ҳам дар оила,дар атроф, кори оссон набудай.
Кибри лаъин иқа инсонро мепушидай ки , ки будани хдта дар ҳаво ҳис мекни.
Ма то ин вақт лаззати дунё ра дар дига чи медидм, лекин у лазат набудай. Худшиносӣ беҳтарин лаззат доштай.
Барои вақти қимматтона ба мо бо неки сарф каден.Устоди азиз Ташакур.
Мо ай шумо миннатдор!
1 123
" Худшиносӣ"
Як чанд роҳҳо дорад.
Ин роҳҳо, Илмро амал кардан аст.
Ҳар як кор бо амал пеш меравад, ва натиҷаи хуб дорад.
" Худшиносӣ" ҳам бо маълумот ҷамъ кардан, он қадар натиҷа надора.
Амал кардан, яъне аз болои худ кор кардан, қадами инсонро ба пеш мебарад.
Чи хеле ки дар боло гуфтем,ба қалби инсон танҳо як чиз ҷо мешавад, на ду чиз.
"МЕҲР Ё НАФРАТ"
Ҳамма фикр мекунад, қалби худ соф аст, ба ҳеҷ кас бадӣ надорад.
Лекин!
НАФРАТ на танҳо бадбинӣ аст.НАФРАТ ба ҳар чиз шуданаш мумкин.
Маънои асосии НАФРАТ норизогии қалб аст.
Аз мушкилоти гузашта, аз норасоии пулҳо,аз нобарории кор, ва ба хостаҳо сари вақт нарасидан, ба қалби инсон нисбат ба ҳаёту зиндагӣ, ба худди инсон номаълум НАФРАТ пайдо мешавад.
Агар ба қалби инсон НАФРАТ ҷойгир бошад, инсон парешон хотир, зиққиҳои бесабаб, қалби торик, дар ҳаёт бе завқ ва ба ягон чиз ё ягон шахс хурсанд буда натавонистан нишонаҳо дорад.
Инсоне ки аз болои худ кор мекунад, аз қалби ӯ НАФРАТ меравад, ва МЕҲР ба қалбаш ҷой мешавад.
МЕҲР ба Офаридгор ва ба ҳаёту зиндагӣ.
МЕҲР ба худ, ки сабаби аз ҳар гуна одатҳои бад худдори карда тавонистан, ва худро ҳам чун қимматтарин шахсият , ҳам аз ҷиҳати ҷисм, ва ҳам аз ҷиҳати фикрҳои бад,эҳтиром ва пок нигоҳ дошта тавонистан аст.
Таваҷҷӯҳи инсони " Худшинос" Ҳамеша ба худ, ва ба корҳои худ мешавад.
Инсони " Худшинос" бо Кибр не бо МЕҲР пайваста мешавад.
МЕҲРеки бузургии Офаридгорро ҳис мекунад, қудрати ӯро, ва мадади доимии ӯро ҳис мекунад.
Инсон чи қадар аз болои худ кор кунад, ҳамон қадар
аз ӯ тарс, шубҳа, нобоварӣ,бадбинӣ, ҳасади даруна, дудилагӣ, тамоми одатҳои бад дур мешавад.
Қалб равшан бошад, фикрҳо тозза мешавад, ва идеаҳои нав ба нави самарабахш ба инсон пайдо мешавад.
" Худшиносӣ" беҳтарин сифати инсонӣ аст.
1 123
АССАЛОМ АЛЕЙКУМ
ДӮСТОН ВА ҲАМВАТАНОНӢ АЗИЗ!
РӮЗАТОН БА ХАЙРУ ҚАЛБАТОН ПУР НУР БОШАД.
БА ҲАР КУҶОЕ БОШЕД, ХУДОВАНДИ МЕҲРУБОН НИГАҲБОНАТОН БОШАД.
1 123
АССАЛОМ АЛЕЙКУМ
ДӮСТОН ВА ҲАМВАТАНОНӢ АЗИЗ!
РӮЗАТОН БА ХАЙРУ, ҚАЛБАТОН ПУРНУР БОШАД.
БА ҲАР КУҶОЕ БОШЕД, ХУДОВАНДИ МЕҲРУБОН НИГАҲБОНАТОН БОШАД.
1 123
ХУДШИНОСӢ
Калимаи Худшиносӣ имрузҳо бисёр инсонҳоро дар ҳайрат мегузорад.
Гӯё як калимаи нофаҳмо аст.
Баъзе инсонҳо баробари шунидани калимаи "Худшиносӣ" дар фикр мераванд,ки чи гуна худро шиносем, ва бо кадом роҳ?
Худ---шиносӣ
Худ калимаи равшан ва фаҳмо аст.
Худро шинохтан,,,
Бисёрии мо баробари субҳ рузро оғоз кардан,то шаб вақти хоб,бо фикри ҳаёту зиндагӣ,ва ташвиши кор ҳастем.
Мо тамоми корро бо мадади Худованд иҷро карда метавонем.
Ба ҳар соҳа хонда, соҳиби касбу кор, ва маблағ шуда метавонем.
Тамоми роҳ ва кор барои мо равшани дорад.
Лекин!
Мо ба соҳаи худ ( қалбшиносӣ) хонда наметавонем. Ва дар ягон ҷой чунин мактабҳо ё дарси кушоду равшан нест.
Ҳастанд инсонҳое ки аз болои
Худ кор мекунанд, ва бо қалби худ шинос ҳастанд.
" Худшиносӣ" як чанд роҳҳо дорад, ки бо ин роҳҳо инсон метавонад, чашми қалбаш кушода мешавад. Яъне инсон аз ғафлат бедор мешавад. Фаҳмиши асоси меояд.
Агар оддӣ карда фаҳмонем, аз худ огоҳ будан, ҳамма руза барои худ вақт ҷудо кардан, ва бо олами ботинӣ ( фикри худ, ва қалби худ) шинос шудан аст.
Барои худди инсон но маълум, ҳар як шахс ҳамма руза дарунан зиқ, ё аз чизе норизо. Доим фикрҳои манфи инсонро пахш мекунад.
Ин ҳолат қариб ба ҳамма дида мешавад. Ба 99% одамон гӯем ҳам хато намекунем.
Вақте инсон худашро мешиносад, ин ҳолатҳо ба ӯ таъсир намерасонад.
Ба қалби ҳар як инсон, як чиз ҷой мешавад, ки он ё МЕҲР аст, ё НАФРАТ.
Инсоне ки худашро мешиносад, аз қалби ӯ нафрат меравад, ва МЕҲР ҷой мешавад.
МЕҲР ба Офаридгор, ва ба ҳаёту зиндагӣ.
" Худшиносӣ" мисли море ки бо душвори пӯст мепартояд, ҳаммонанд аст.
Мор ба он хотир пӯст мепартояд, ки боз қавитар бошад.
Пӯсти инсон, ин одатҳои бади инсон аст, ки баробари аз болои худ кор кардан, инсон ҳам қавӣ ва ҳам тавоно мешавад.
" Худшиносӣ" ба худ вазифаҳо дорад, ки аз ин вазифаҳо инсон лаззат мебарад.
Тарс, шакку шубҳа,дудилагию нобоварӣ( заифии имон) роҳгуми аз инсон дур мешавад.

Тарс, шакку шубҳа,дудилагию нобоварӣ,роҳгуми аз инсон дур мешавад.

ФАРЗАНДОНИ "АСРИ 21"
Бисёр саволҳо меояд, ки чаро фарзандҳои ҳозира замон падару модарро гӯш намекунанд?
Ё таъсири Интернет бошад, ки фарзандҳоро аз мо дур карда истодааст?
Мо чи гуна фарзандонамонро аз Интернет дур созем?
Саволҳои беҳтарин.
Ҳар як савол ду ҷавоб дорад.
Ҳам ҷавоби нек, ва ҳам бад.
Агар мо фикрронаи равшан дошта бошем, метавонем ҳамеша фикри хуб созем, на танҳо дар бораи фарзанд, балки дар бораи худамон, оилаамон, дар бораи ҷамъият.
Фикри хуб ҳамеша хушбахтӣ меорад.
Албата фикри хуб кардан, нисбат ба фикри бад кардан, хело душвор аст.
Лекин!
Ҳосили фикри хуб, самара бахш аст.
Чаро фарзандҳои ҳозира замон падару модарро гӯш намедиҳанд?
Сабаби асосӣ,падару модар
Нисбат ба фарзанд МЕҲРи сидқан надоранд. Масъулият ва
Ғамхори мекунанд,ки гушна намонад, азоб накашад,беҳтарин либосҳоро пӯшад, дар назди ёру рафиқон, ё дугонаҳо паст нашавад. Ҳамма чизро дода метавонанд.
Лекин МЕҲРи ҳақиқиро, сӯҳбати орому, нигоҳи гармро дода наметавонанд.
Қариб 98% одамон ҳамин хел ҳастанд.
МЕҲРи падару модар, барои фарзанд равшани роҳ аст, ки бо ин МЕҲР фарзандон, балки як умр роҳ гум на мезананд.
Масалан;
Қиссаи Яъқуб пайғамбар ва Юсуф ( а.с.) ро дар назар гирем.
Меҳри падар ба писар чи гуна буд. Он замонҳо бизнес ривоҷ наёфта буд.
МЕҲР ва Сӯҳбати падар , маслиҳатҳои падар Юсуф ( а.с.) ро дар тамоми мушкилиҳо роҳнамо шуд, то роҳ гум назананд.
Вале Яъқуб ( а.с.) ба дигар фарзандон чи гуна муносибат доштанд, ки онҳо дар зиндаги роҳ гум заданд, ва сабаби нафрат ба додари худ шуданд. Ин ҳамма хатогиҳо аз бародарон набуд, аз нарасидани МЕҲРи падару модар буд. Дар қалби инсон МЕҲР набошад, вуҷудашро нафрат пахш мекунад, ва бисёр роҳ гум мезанад. Он МЕҲРе ки аз падару модар мехоҳад, фарзанд чи будани МЕҲР ро намедонад, лекин ин норасоии МЕҲР фарзандро маҷбур месозад, аз берун дӯстон ва рафиқони худро дарёбад.
Дар ҳамин ҳолат падару модар фикр мекунад, ки фарзанди ӯ гапнодаро шудааст, вайро гӯш намесозад. Нодида мегирад.
Аввалин хатогии падару модар;
Фаҳмиши фарзандро ба худ баробар месозад.
Ҳол он ки ҳар як шахсро, ҳаёт бо пастию баландиҳояш инсон месозад.
Ҳеҷ гоҳ фаҳмиши фарзанд бо фаҳмиши падару модар баробар шуда наметавонад.
Гузашти замон худ, инсонро меомузад.
МЕҲР як калимаи оддӣ аст, ки на ҳар кас ба ин калима эътибор медиҳад.
Лекин!
МЕҲР ба худ он қадар, қувваи бузург, ва сири пӯшида дорад, ки тамоми мушкилот ба воситаи МЕҲР оссон ҳал мешавад.
МЕҲР аз мо ҷон ё пул талаб намекунад.
МЕҲР як неъматест, ки аз инсон тавонои талаб мекунад. Танҳо инсони тавоно МЕҲР дода метавонад, инсони заиф, қалби худро аз нафрат ва бадбиниҳо пур месозад.
МЕҲР ба Худованд беҳтарин сифати инсонӣ аст.
Ҳар шахсе ки ба Худованд МЕҲР дода метавонад, ба тамоми ҳастии рӯи дунё МЕҲР дода метавонад. Қалби инсон аз МЕҲР равшан шавад, дар тамоми ҳолат роҳёбанда аст.
Бо фарзанди худ сари як дастурхон, ҳатто як нигоҳи пурмеҳр (софу беғараз)
басанда аст, ки фарзанд бо ин нигоҳи гарм метавонад, тамоми хизматҳои шуморо бе душвори иҷро месозад. Қалбҳоро танҳо МЕҲРи ҳақиқӣ бо ҳам пайваста метавонад.
Фарзандҳоро аз Интернет дур карда намешавад. Бар акс фарзандҳои ҳозира аз Интернет аз бисёр чизҳо, пешравиҳо, ва роҳи кор бохабар шуда истодаанд.
Тарси асосии падару модар дар бораи Интернет ва фарзандони худ, ки онҳо наворҳои фаҳшу бадиҳоро бинанд, мабодо бероҳа нашаванд.
Мо бо як чанд фарзандон дар алоҳидагӣ сӯҳбати ошкоро гузаронидем, ки қалби онҳо нисбат ба мо дида поктар аст, ва имони мустаҳкам доранд.
Аллакай онҳо медонанд, ки кадом кор бад аст, ё кадом кор нек аст.
Его ҳамавақт кӯшиш мекунад, ки байни зану шавҳар, ва фарзанд як носозгорӣ ва нафрати доими бошад.
Шахсони равшан фикр, ин ҳолатро ҳис карда метавонанд, ва худро дар назди Его нотавон намесозанд.
МЕҲР барои кор ва бизнес асоси амал аст.
Касе дар қалбаш МЕҲРи асосиаш ро ҳис карда тавонист, ба тамоми корҳояш назари неки Худованд баракат медиҳад.
Чунки Худованд худ бахшанда ва МЕҲРУБОН аст.
1 123
Алейкум бар салом.
Саволи беҳтарин.
Ҳамон 20 000 сомонро худ ҷамъ кардед?
Агар дар ҳақиқат худатон ҷамъ карда бошед, шумо 200 000 сомон ҳам, балки миллион ҳам ҷамъ карда метавонед.
Ба шарте аз саратон, тарси ҳамин" пулҳоям боз нобуд нашавад"- ро дур созед.
Пулҳо нобуд мешавад, инсон муфлис( банкрот)мешавад.
Лекин!
Пулҳо дар ҳамма ҳолат дарёфт шаванда аст.
Аввалин ;
коре мекунед, фикратонро ором созед,фикри ором роҳи дурустро равшан дида метавонад.
Дувумин;
Агар ба савдои тухм завқ пайдо карда бошед, аз 10 000 сомон сар кунед. Тухм савдои нозук аст, ва муҳлати бениҳоят кам дорад.
Борро аз куҷое оптовӣ мегиред, ҳамеша бори босифат гиред.
Сифати хуб ба инсон бовари мебахшад.
Аз пулро гум кардан натарсед, ва фикрашро ҳам накунед. Фикри пулҳо ро зиёд карданро ба худ оромона омӯзед.

Асалому алейкум ака 20 ҳазор сомон дорам мехоҳам савдои тухмфуриширо сар кунам йин ки шашликро илтимо ба ман маслиҳат те ҳарчи зутар пулам нобут нашавад раҳмат ба шумо
1 123
Салом
Устоди азиз
Абдумуталлиб ҳастам.
Яке аз шогирдони шумо.
Хело аз шумо миннатдорам, ва инчунин аз коргаронатон.
Аз Худованд шукргузорӣ мекунам, барои илми гирифтаам.
Ман бори дувум аст, ки ба курсҳои шумо иштирок мекунам.
Рости як сол пеш курси худшиносира аз шумо гирифта будам, он вақт шояд тайёр набудам, дарси шуморо гирифтам, вазифаҳора иҷро мекардам, лекин чун ҳозира сарфаҳми чунин дарси беҳтарин нарафтаам.Боз дар ҳамон ҳолат ба ман чанд натиҷаҳои хуб шуда буд.
Аз видёроликҳоятон хело фаҳмиш гирифтам, ва хостам дубора ба курсҳоятон иштирок намоям.
Ман фикр мекардам, Оли маълумот ҳастам, бар замми ин аз намозу ибодат ҳам каму беш хабар дорам.
Лекин илм барои инсон чи қадар бошад, боз ками доштааст.
Илми психологи ҳам яке аз беҳтарин илмҳо будааст. Ҳама чи дорам, боз таги дил сиёҳи, фикр мекунам, ба ман чизе намерасад, чизе мехоҳам дастрас мекунам, боз қаноатманд намешавам.
Рости Устоди азиз илмеки гирифтам, фикр мекунам дар қалбам равшани даровард, қалбам хотирҷамъ, асабҳоям бениҳоят ором, зиндагиям пурмуҳабат, дар 44 соли ҳаётам ман чунин оромии зебоиро ҳис накарда будиям.
Устоди азизам, Рӯзимуродов Ҷ. аз шумо хело миннатдорам.Худо боз ҳам илматонро зиёда созад.
Мо шогирдон, ва мухлисон аз дарсҳоятон ва аз ин канали илму адаб хело руҳия гирифтем. Аз ҳамма бештар савоби фарзандонам ба шумо мерасад. Хело падари сахтгир будам. Ҳоло бо фарзандонам оромона сӯҳбати падарона мекунем, ки роҳатбахш аст.
Ман чандин сол ба худ номаълум, асабони мпгаштаам, ки фарзандонамро меҳри ҳақиқи надода будаам. Меҳр чи қадар неъмати бебаҳо будааст, ки на ҳар кас дода метавонад. Маро дар ҳақиқат Худованд дӯст медоштааст, оилаи хуб, фарзандони беҳтарин, касбу кори хуб доштаам. Касбамро гуфта наметавонам дар инҷо Устодҷон.лекин касби ман чашми маро пӯшида будааст, ки худро нашинохта будаам.
Фикр мекунам чашмонам нав ба ҳаёти ҳақиқи боз шуд.
Дар бораи натиҷаҳоям чи қадар гуям боз кам аст.
Аз ҳамма беҳтаринаш қалбам равшану хотирҷамъ шуд.
Ташакур ба шумо Устодҷон.ба коргаронатон, ки хело муомилаи хуб доранд.
Ва ба иштирокчиёни ин канали беҳтарин.
Дӯстон агар шумоён ҳам аз ин канал ва ё аз дарсҳо фикратон равшан шуда бошад, нависед то ҳамакаса шод шавем. Бар волидонатон раҳмат, Устоди азизи мо.
1 123
РОҲИ КОР
ПЕШРАВИИ АСОСӢ;
Ду марди ҷавон дар бозори матоъ нуқтаи савдо доштанд, ва дар онҷо худ савдо мекарданд.
Нуқтаи савдои онҳо дар охири бозор ҷой дошт, ва бениҳоят савдо сусту дилгиркунанда буд.
Яке доимо ба ҷустуҷӯи пешравии кор маълумот меҷуст, дигаре аз суст будани савдо дилгир шуда, доимо ба бозиҳои интернети банд мешуд,рекламаҳои аз бози пул коркарданро,меҷусту машғул мешуд, ва бисёр фанд мехӯрд.
Рузе рафиқаш пешниҳод мекунад, ки ба назди маслиҳатгари роҳи савдо равем. Ва барои корҳоямон маслиҳат гирем, шояд мо ҳам дар роҳи савдо муваффақ шавем.
Рафиқаш мегуяд, доно бисёр шудааст, аҷаб дили содда дорӣ дӯстам!
Ба ҳар кас бовар мекунӣ!
Рӯзи дигар рафиқ ба назди маслиҳатгар меояд. Ва рафиқаш ҳам ноилоҷ бо ӯ меояд.
_Устод мо чанд сол аст, ки нуқтаи фуруши дорем, лекин пешрави нест, пасандоз карда наметавонем.
Сабаб дар чи бошад?
_Устод баъди каме савол ҷавоб мегуяд;
_ Ҷоятонро иваз намоед!
Бо ҳамин онҳо аз паи кор мешаванд.
_ Ӯ ба рафиқаш мегуяд, биё ҷои муносиб меҷӯем, шояд беҳтаринашро ёбем.
_Рафиқи нохоҳам хело механдад, ва мегуяд.
Ҳамин ҳам маслиҳат аст!
Лекин!
Ҳамроҳаш ба ин суханҳо эътибор надода, аз паи кор мешавад.
Рузи сеюм, дар маркази бозор, ҷоеро барои фурӯш реклама гузошта буд, худро ба онҷо мерасонад. Ва харидор мешавад.
Ҷои беҳтарин буд, ва соҳиби онҷой зане буд, ки мегуфт аз ноилоҷи фурухта истодаам, шавҳарам дар хориҷа хона харидааст,мехоҳад мо ба наздаш равем ва якҷоя зиндаги кунем.
Мард онҷойро бо хурсанди мехарад, ва савдояшро ба пеш мебарад. Корҳо бениҳоят хуб пешрави мекунанд. Муддати чанд моҳ мард роҳи савдоро пурра мефаҳмад, ва назди Устод рафта натиҷаашро мегуяд.
_ Устод маслиҳат медиҳад, коргар гиред!
Лекин!
Ҳар бегоҳ ҳисоботро( учётконтроль) -ро дуруст ба кор баред.
_Агар боз чунин ҷойро дастрас кардед, харидорӣ кунед.
_ Чунки шумо идора карда метавонед.
Аз байн чанд мудат мешавад.
Рӯзе рафиқаш аз роҳи ӯ мебарояд, мебинад ки рафиқ бо мошини гаронбаҳо равон аст.
Онҳо хело сӯҳбат мекунанд, ва ниҳоят чи гуна ба ин дорои расиданашро мепурсад.
Ӯ чизе шуд, ҳамаро нақл мекунад, ва аз ҳоли ӯ пурсон мешавад.
Рафиқ аввал механдад, ва мегӯяд,чи хеле ки дида буди, ман ҳоло ҳам ҳамон ҳастам, дар болояш каме қарздор ҳам шудам, барои пардохти ҳамон ҷойи савдо, пулаш аз худаш набаромад.
Хулоса;
Ин қиссаи ҳикояти ба чандин нафар шояд дахл дошта бошад.
,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,
Маълумотҳои бисёр ҷамъ кардан бефоида аст.
Амал кардан, яке аз сири роҳҳои муваффақият аст.
Танҳо амал инсонро ба пеш мебарад!!!
1 123
ҶИСМИ ИНСОН МУҚАДДАС АСТ ❗️
Инсонҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд.
Гурӯҳи бедор
Ва
Гурӯҳи ғафлат.
Гурӯҳи бедор ;
Аз болои худ доими кор мекунанд, ва ин кор ба онҳо ороми ва қалби хотирҷамъ дода метавонад.
Гурӯҳи бедор, онҳо медонанд , ки онҳо ро 👆офаридааст.
Ва ғайр аз ӯ👆ҳеҷ кас инсони ҳақиқиро офаридан тавонои надорад.
Инсони бедор тамоми эътибораш ба худ ба ҳаёту зиндагии худ, ва Худшиносӣ аст.
Гурӯҳи ғафлат, хоб нест.
Мешунавад, бино аст, хурдан ва гаштан, ҳамма чиз сари вақт аст.
Лекин!
Аз худ огоҳ нест!
Нуқтаи назари инсонҳои дар ғафлат буда доимо ба дигарон банд аст.
Аз худ дида, ҳаёту зиндагии дигаронро беҳтар медонад.
Ҳангоми ғайбат кардан ё ғайбат шунидан дарунан роҳат мекунад.
Вақташро бисёртар бефоида мегузаронад,,,гирифтори сӯҳбатҳои бефоида, тамошои интернетҳои бефоида мешавад.
Яъне барояш на худ, ва на вақти қиммату ноёб арзиш надорад.
Ба бисёр инсонҳо худашон маъқул нестанд.
Аз худ як камбуди мекобанд. Ҳол он ки тавоноии ҳамон камбуди ро дуруст кардан надорем.
Инсон зеботарин офаридаи Офаридгор аст.
Инсон азизи Офаридгор аст.
Ҷисми инсон МУҚАДДАС аст!
Ақли солимеки дорем, неъмати бебаҳо ва нишонаи сифати инсони аст.
Чашмони мо, мӯъҷизаи ҳақиқи аст, ки бо ин чашмон мо метавонем ҳаёту зиндагиро, равшану зебо дида, ва мо метавонем торикию зулмот дида!
Қалби мо, ки будани моро, сифати моро нишона медиҳад.
Мо метавонем бо ин қалб, тамоми умр бо нафрату норозигӣ,бадбинию бадгумони, ва дар зиндагии дигарон дахолат кардан зиндаги карда!
Мо метавонем, худро шинохта, бузургии Офаридгорро ҳис карда, орому самими, ва бо равшани зиндаги карда.
Ҳар як қисми,ҷисми мо аз ҷониби Офаридгор бехато ва бо вазифаи ба худ мос офарида шуда аст.
Мо метавонем, тамоми умр бо фикрҳои зиққи, нобоварӣ,ва бо мақсадҳои дунёи зиндагӣ карда.
Мо метавонем, бо фикрҳои равшан, бо амалҳои нек, таввакал ба худаш карда тавониста, бо пешрави зиндаги кардан.
Ҷисми мо Муқаддас аст, то пок нигоҳ дорем, аз нигоҳо ва амалҳои номумкин ❌ .
Барои мо зиндагии озод аст.
Ва инчунин, ихтиёри касбу фаъолияту пешравию ривоҷёбӣ.
Мо метавонем соҳиби тамоми моликият шавем, агар Худованд хоста боша.
Аз тавоноию кӯшишҳои мо вобаста.
Ягона сирест, ки моро ба хушбахтии ҳар ду олам сазовор месозад.
Қалби худро мақоми 👆Парвардигор ҳис карда тавонистан, ва
Ҷисми худро Муқаддас донистан аст.
Вақте мо ин ду вазифаро амал месозем, ҳаёти ҳозираи мо рӯ ба беҳбуди меорад.Ба Тиҷорати мо баракат, пешравӣ ва корҳои мо ривоҷ меёбад.
现已上线!2025 年 Telegram 研究 — 年度关键洞察 