1 122
Подписчики
-124 часа
-27 дней
-1230 день
Архив постов
1 122
Салом Ҷамшедбой
Ман ҳамватани шумо аз Майката .
Шумоя аз аввал хуб мешиносам ҳама саргузашти шумоя медонам.
Раҳмат падару модаратонба.
Ҳамин хел одами шуҷоатманд тарбия карден.
Ман баъди бо рафиқатон ҳамсоетон ҳамкор шуда да бадтарин руз фуромадагитона ҳамеш бохабар. Лекин ҳама шумоя тамом шуд гуфта фикр кардаги буд. Ин қадар суми калон корхонаи калон кати ноумед шудан осон нест. Дигар ин одам тамоман худашба омада наметонад фикр доштем.
Худоя бузургеша донистанамо аз ҳамин пеши чашмамо шудаги воқеъаи ба саратон омадаги да моҳон дарси калон шуд.
Ман аз шумо дарс нагиртам
Ман аз шуҷоати шумо ки бо чашми худам дидам дарси калон гирифтам.
Худованд дасти инсони мардро мустаҳкам мегирифтаст.Ҷамшедҷон шумо дар ҳақиқат инсони мард будагед.
Номардии рафиқатон ҳамсоетон ба ҳаққи шумо дар қафо таърих монд. Ҳама ба шикасти шумо хурсанд шуда назар кардагиҳо ҳамма дарси шумоя гуш кардагиша худам шоҳид шудам.
Ҷамшед роҳаша гум кардас рафта рафта психолог шудаст гуфта хандидан.
Имруз акнун таслим шудем ки ҳар як хонаба ҳар як оила ба психолог шуданаш даркор.
Ун вақти шумо илм гирифтед мо карахт будем акнун натиҷаҳои шумоя дида ҳар руз аз ютуб аз истаграм тикток то маълумот гуш накунем қалбомо ором намешавад.
Шумо доим як қадам пеш ҳастед.
Мақсади навистагии ман
Ҳозир дуои нек гуфта ба он бародар тавсия додет
Қалби шумоба баъди ҳамин қадар бадиҳоя дидан ҳоло ҳам неки лабо лаб будас.
Рости авлоди падаратона пурра намешиносам худи падаратона раҳмати инсони хуб будан мешиносам авлоди модаратон Хуҷамуфҳо инсонҳои баобру бой ҳамаашон оилая ҳурмат мекардаги одобу ахлоқдор инсонҳои поку ҳалолхур ҳар кас ба ҷабр намекардагиҳо хайру эҳсондоро.
Шумоя зотатон пок да
Дар шаҳри Панҷакент бо ҳамсоетон ҳамсуҳбат шудем хело дар ҳаққи шумо таърифу дуои нек карданд.
Меарзед
Ҷамшедбой
Барои чи ҳама сафар рафтагетона каналба намегузоред.
Ман доим каналатонба ҳастам.
Аз группаи Майката ба сафари Афғонистону Покистон рафтагитона дида ба шуҷоататон раҳмат гуфтем.
Моям ғоибона шогирди шумо
Ман Майкатая узбекаш бошамам шумоя ҳурмат мекунам.
Аз шумо хоҳиш
Видёроликҳо гузоред
Хело шуд навор нест.
Мефаҳмам шумо бисёр банд
Неки моро ҳам ба назар гирифта ҳар вақт наворҳо гузошта истед
Аз ин ҳам боло мартаба шавед. Худо фарзандҳои мана мисли шумо марди нек ва шуҷоатманд кунад
1 122
Алейкум бар салом
Саволи беҳтарин.
Мо шуморо мефаҳмем. Оссон нест, дар чунин вазъият зиндагии осуда кардан.
Лекин!
На падар ва на ягон шахси дигарро зуран ба илм даъват карда намешавад то худди инсон дар қалбаш хоҳиш ва завқи илм гири набошад.
Агар шумо имконият дошта бошед худатон дарс гиред.
Аз оила як нафар илм гирад ҳам агар чи будани илмро ҳис карда тавонад
Илм ба тамоми оила ва авлод равшани медиҳад, ҳатто ба мушкилиҳои хурду калони оила ҳам.
Ба шумо тавсия!
Аз қалбатон нафрат ва ранҷишро дур созед.
Падарро бисёр дуои нек кунед. ( бисёртар)
Чунин инсонҳо бад нестанд.
Ба дуо ниёз доранд.
Аз Худо талаб кунед, то падари шуморо беҳтарин падар созад
Ба Худованд оссон аст.
Худованд бо воситаи дуои сидқан ҳамма бадиро аз инсон дур карда роҳи нек ва равшанро ҳидоят мекунад.
1 122
Ассалому алейкум устод як савол падари ма бехад бехуда чангу чанчоли бисёр мекна хама вакт аз хает норозиай.факат ба дигаро хасад мебарад.ба бародарам мега фалони ба падарша мощин харида додай фалони падарша хач равон кардай ту барои мара чи кор карди.хол он ки тамоми харчу махрачи зиндаги ба гардани бародармай падарм боща як тин расход намекна болои ин факат хам бародара хам мора яъне хамаи фарзандоша гур мезана.як бор шукронаи фарзанду хонаву наберахощ намекна.чоеш мешава ягонтата набинм гуфта аз хона пеш мекна гох созай гохе хамихели мешава.мегуян чин дора хеч чизша намефахмем.чи маслихат метиен? Мехохм курси шумо барумш неке намедонм Кадомаш.
Аммо мутаасифона падари ма бехад аз илму марифат дурай.фикрониш холо хам фикронии одамои асри 20 аст.ва илму фархангу савод ва чахонбиниш дар сатхи паст аст гуем хам мешавад.
Илтимос устод чавоб тиен мо чи кор кунем? Чунки алакай монда шудаеи аз харуз чангу чанчолу таънаву маломатхо😢
1 122
Саломалейкум
Устоди азиз ва дустон.
Ман як зан, модар ва хушдоманам.
Ба тавсияи беҳтарини Устод тасанно мигуям ва раҳмат ба чунин донишмандон ки аз ҷиҳати илмию психологи инсонро ба инсоният мирасонанд.
Чанд вақт пиш зиндагии ман ҳам бесару сомон ғурбат болои ғурбат нофаҳмиҳои зиндаги зурам омад.
Ба дарси 3 рузаи Устод иштирок кадам.
Устод дар ҳақиқат қалбшиноси ҳақиқи будиян.
Дарси аввал бароям аз нарасидани илмам хело бад анҷом ёфт.
Устод гуфтанд бесару сомонии оиларо аз худатон сабабашро ҷуед!
Чува гуфтам?
Чува будас, чизе мигуед гуфтам?
Устод мифаҳмонанд мифаҳмонанд, ман гарданшахи микунам.
Чунки дар ҳамин дунё ҳиҷ кас айби худашро дида намитостас.
Ҳамма одам ба гуфтаи Устод ду ниқоб доштас.
Дар ҳаёт ниқоби аслии мо уқа кор намитияд.
Мо бо ниқоби сохта асос ҳаётро пиш мибарим.
Хулоса Устод ва дарс ба ман зури кадан.
Ман аслии худамро дидиям ки хело ҳаёти ман ба нолидан омадааст.
Пишаки узр аз дигар занон ва аз модарони беҳтарин, бо суханои манба хафа нашавитон, ман танҳо хатогиҳои худама гуфсодиям.
Рашки ман дарун дарунам ҷой шудаасту
Беруни ман гуё модари меҳрубонам.
Бачиконамро дар атрофам гита мишиштам.
Бо ҳамсарошон ханда кунан ё каме тез тез занг занан мабодоо ба дастошон пул дода монан ман ба бисёр нороҳати сахт меомад.
Айнан ҳамин хелакоша намехостиям.
Хулоса чи қадар гуям он беилмию хатогиҳои худама адоо надорад.
Устод як вазифа додан ки ҳамин вазифая иҷро кадам гуед
Ҳаёти манба тағиротҳо шуд.
Оста секин бесару сомониҳо аз ҳаёти мон барафт.
Устод гуфтанд 7 руз ҳамин вазифая иҷро кунид баъд пишам оед.
Бо худ рост кор бошид.
Ман намибинам.
Худо диданша фаромуш накунид!
Худатонро сар диҳид.
Ором шавид.
Ки чи кор микунад 7 руз кордор нашавид.
Дустон бовар кунид 7 руз ман бисёр сахт азоб кшидам.
Худи дарунама алоб месузондаги бойин. Неке илоҷ надоштам вазифа буд дига ба гардани ман.
Рузи 6 ва 7 тум гуйид ҳаётам ором бачикон хурсанд келиндҳо ҷамъу ҷур коро сари вақт тоза озода кадагиша бо чашмом дидам.
7 руз ба кор ҳам набромдиям.
Бизниси тилло микунам.
Устод 7 рузба аз пулҳои дунё монид ҳам ба кор наравид.
Баъди 7 руз ба дарси Устод омадан баробар гиряма дошта натонисодам.
Аз шармам буд ё аз қалби инсониям кушода шудагиш бошад надонистам.
Устод чи хел як марди Худо, ки ором истодиян.
Баъди хело худам гардан гирифтам, худам хатогиҳома дидам.
Ба гуфтаи Устод сабабро аз худам ёфта тавонистам.
Устоди азиз гуфтанд.
Шумо гунаҳкор нистид.
Модаро ҳама вақт зинда бошид, сардори хона бошид.
Ҳурмати бузург дорид.
Лекин ҷавонои ҳозира ки ягонташон ба ҳаёт пурра тайёр нистанд ба онҳо устози беҳтарини ҳаёт бошид.
Надонистагиша омузонид ҳамчун модарона гуфтанд.
Ба инсон илм нарасад
Инсон, қолаби инсон шакл дорад.
Дар асл
беилми баъзе ҳолат мешавад аз ҳайвон поёнтар мекунад одамро.
Устод гуфтанд
Ҳаёт хело мураккаб аст.
Мо айби худро намибинем
Мо айбдор микобим
Дар ҳаёт асоси рол
ҳар инсон Масъулияти худро донад
Худашро ки буданашро мидонад.
Масъулиятро донистан душвортарин фаҳмиш аст.
Шукри Худо ва
Раҳмати бепоён ба шумо Устоди азиз.
Сабабгори чанд қалби рушан ҳастид.
Худо илматона боз зиёда гардонад, ки мо бойин инсоноба ҳамиша бошид.
1 122
Алейкум бар салом.
Бе амри Худо барге наафтад бар замин!
Дар ҳаёту зиндаги ҳар кор шуданаш мумкин.
Санҷишҳои Худо ҳар хел аст.
Ҳар санҷише ки ба ҳаммаи мо меояд, Худо оқибаташро ба хайр созад.
Вайрон кардан оссон.
Лекин
Обод кардан бениҳоят душвор аст.
Баъзан илми психология тавсияҳое дорад, ки қалби инсонро меранҷонад, вале чашм кушода мешавад.
Пеш аз фикри ҷудошавиро кардан 10 савол аз худ ҷуед
ва 10 савол аз ҳамсаратон.
Масалан;
1.Чаро ҳамсарам баромада рафт?
2.Шояд аз сабаби бисёр ба Интернет нишастанаш ба волидонам зӯр омад?
3.Муҳаббати шумо шахсан ҳамчу шавҳари ҳақиқи ба ҳамсаратон чи гуна буд, ки ҳамсар фикри муҳаббати шуморо ҳам накарда рафт?
4.Оё шумо масъулияти шавҳари ва падариро дуруст иҷро кардед? ( аз ҳамма хостаҳояш ба ҳолати даромадатон назар карда расидаги карда метавонистед?)
Мешавад ҳолати муҳоҷири баъзан кор ёфтан душвор, баъзан музди меҳнатро гирифта наметавоем,баъзан ҳолати қарздорӣ мешавад. Аз ин ҳолатҳо берун, масъулияти худро чи гуна медидед?
Агар сари вақт ба ҳама хостаҳояш каму беш расидаги доштед, боз чи фикр маҷбур сохт ки ба рафтан қарор кард?
Мисли ҳамин хел саволҳо.
Аввал мард бояд аз худ кобад хатогиро.Чунки зан дар ҳама ҳолат итоаткор аст.
Агар ҳамма шароит барояш 100 бошад ва ба ин нигоҳ накарда баромада рафт.
Дараб фикри ҷудошавиро не
Фикри тарбият карда ба худ мувофиқ карданро роҳ ёбед.
Аввалин ба модаратон
Муроҷиат кунед
Зан занро мефаҳмад.
Модар ҳамсари маро мисли худатон тарбият кунед.
Ҳамма занро тарбия карда мешавад.
Бо зулм ва ё бо зӯри не.
Бо муҳаббат, бо онҳоро гуш карда тавонистан, бо қадрият зиндаги обод мешавад.
Мо тавсияи ҷудо шавиро надорем.
Ҳар як инсони солимақл аввал хатогиро аз худаш ислоҳ созад "масъулият" ро фаҳмиш карда тавонад
зиндаги тағир меёбад.
Агар Худо
Дар тақдир ҷудои нависта бошад ҳамма кушиш ҳеҷ аст.
Лекин
Ҳамма роҳ сабаби худро дорад.
Тавсияи мо
Барои ҷудошави саросема нашавед
Ва ё фикрҳои торики бефоида насозед.
"Шавҳар"ва "падари" бо масъулият бошед.
То фарзанди кас,ва фарзанди шумо дар роҳи зиндаги дубора ба хонаи падару модар,хешу табор хору саргардон нашавад.
Мо ба волидон чи хел азиз буданамонро ҳис намоем.
Ҳамон хел фарзандонамонро ҳам бояд азиз ҳис карда тавонем.
Аз Худо
Умед дорем
Аз ин қадар тавсия ба худ як роҳи равшанро интихоб карда метавонед.
1 122
Салом
Устоди азиз.
Ман як мухлиси шумо ҳастам.
Доим дарсҳои шуморо гуш мекунам.Ба қалбам як умед пайдо мешавад.
Синну соли ман қариб ба 40 расида истодааст.
Ман дар ҳаёти оилави роҳгум задам.
Бисёр дилам ба танг аст.
Як маротиба оилавайрон шудам. Ҳамсари аввалаамро бисёр дуст медоштам. Бо баъзе нофаҳмиҳо мо аз ҳам ҷудо шудем.
Баъди ду сол боз хонадор шудам. Як нафар зани оилавайрон шударо хуш карда бо ризояти падару модар ба никоҳи худ гирифтам. Аввали зиндагиамон хело хуб мегузашт.
Рости чи гуфтанамро намедонам.
Зан хушмуомила, хурокҳои боллазатро метавонад. Ҳамма кори ҳаёту зиндагиро фаҳмиш дорад. Ӯ худ дар оилаи душвор ба воя расидааст.
Фарзанддор шудем.
Бо маҷбурияти зиндаги ба муҳоҷират рафтам.Қариб ду сол зиёд аст дар муҳоҷират кор мекунам.
Байни хонаводаи мо бо ҳамсарам нофаҳмиҳо шуда истодааст.
Модар мегуяд баромада рафт.
Ҳамсар мегуяд маро ронданд.
Ба ки бовар кунам.
Бисёр хабарҳои дилгиркунанда. Қалбам аз якум оила ҷудо шуданам бадтар дард дорад.
Волидонам намехоҳанд мо боз якҷоя зиндаги созем.
Бисёр суханҳои хунук диламро аз ҳамсар хунук сохтааст. Аз баҳри ӯ гузаштан оссон, лек ба фарзандам роҳгум дорам.
Аз фикрҳои зиёди бефоида дарди сар шудаам.
Аз муҳоҷират рафта ҷавобашро диҳам ҳам ӯ ҳам ман ва ҳам волидонам шояд аз фикрҳои умеду но умеди озод шавем. Лек як қувва маро ба қафо мекашад. Ояндаи фарзандам то ба воя расиданаш
Қалбам дард дорад
Устодҷон
Хоҳиш дорам
Як маслиҳати равшан диҳед.
То чашмонам кушода шавад.
Пешаки Раҳмат
1 122
@@@@@@@@@
Салом
Ба ҳама
Пеш аз ҳама ба Устод Рузимуродов ташаккури худро мерасонам.
Ман ҳам як нафар аз шогирдони Устод ба ҳисоб меравам.
Ман як шахси вазифадор
Соҳиби ...ҳастам.
Шукри Худо зиндагиям хуб.
Аммо
Қалбам ноором
Дар ин муддати зиндаги кушиши ман доим ба мақсадҳоям буд.
Хона бхарам ба орзуям мерасам
Мошини хостагиамро бгирам, қалбам шод мешавад.
Ҳамин хел чанд соли умри ман бо кор вазифа орзуҳоро харидан мегузашт.
Ҳар қадар ба хостаам расам, боз қалби ман як ё ду соат саҳлан шод мешуд, боз ҳамон торики,нооромӣ
Оҳиста оҳиста ба ман ҳеҷ кас ҳеҷ чиз намефорид.
Чанд маротиба бе дарди аниқ табобати асаб гирифтагиям.
Фоидаш накард.
Рузе фикрҳоям парешон хаста ба You Tube ворид гаштам.
Ба навори Устод бархурдам.
Каме гуш кардам фикр кардам устод ҳолати маро суханрони дорад.
Атписаниша ҷусту ҷу карда дарси 3 рузаи худшиносиро интихоб кардам.
Қисса кутоҳ
Ба дарс иштирок кардам.
Бо Устод 3 руз дарси тоқаги бгзаштем.
Устод вазифаи махсус дод
Лекин
Ба ман таъсир накард.
Натиҷа надод.
Чи хеле будам, ҳамон хел қалбам ноором, сиёҳ, туғён дошт.
Аз байн қариб шаш моҳ гузашт
Дарди бедавои ман бадтар мешуд.
Рузе боз подкаст навори Устодро бо як марди Истаравшани Ҳоҷи Билолов шунидам
Бе ягон шакку шубҳа бе ягон фикр дубора дарси 3 рузаи Устодро харидори карда иштирок намудам.
3 руз дарс шуд
Ҳамон хел дарси такрори, чи хеле ки шаш моҳ пеш гирифта будам.
Ман ру ба Устод оварда гуфтам
Устод боз ҳамон дарс?
Ба ман ягон чи дарс тиед!
Ман то аз ин балои дарунам озод шавам
Чи Сир ҳаст ки ҳамма ин дарсро гирифта хушҳол мешавад аммо ман не?
Устод ором ҷавоб дод
Онҳо диққат медиҳанд, ҳис мекунанд
Диққати шумо ба дарс нест
Вазифаи додагиро иҷро накардед.
Ба шумо супориш;
Имшаб давоми 3 руз чи дарс гузаштем ҳаммаашро бо диққат аз назар гузаронед.
Тавонед иҷро кунед
Агар заррае ҳисси шумо кор кард
Пагоҳ биёед
Кадом вақту соат омадед хабар медиҳам
Шуморо бе навбат қабул мекунам.
Вақте ман дарсҳоро бо диққат аз назар гузаронидам
Қалбам вуҷудам ба дард даромад.
Шаб нисф шуд аз дарунан, қалбан,гиря худдори карда наметавонистам.
Ҳамма дарсҳо маънои бузург доштанд
Ман даруни 3 руз дарси "меҳри Иллоҳӣ"ро гузаштаам.
Кибри ман гушҳоямро қалбамро маҳкам пушидааст, ки ҳиссиёти ғафлати маро Устод пай бурдааст.
Ба гуфтаи Устоди азиз душмани бадтарини одам худди инсон, кибри инсон будааст.
Устод давоми дарс ин мисраъро гуфт
Хело писандам омад.
Ҳар ки илмро ҷуст
бо "амал" Олим шуд
Ҳар ки "ор" кард аз илм
Бар худаш золим шуд.
Ҳамин хел мо золими худ ҳастем.
На лаззати ҳаётро на лаззати имонро на лазҳати зиндагиро ҳис мекунем
Чунки дар соҳаи худ илми кофи надорем.
Ҳар як инсон ба соҳаи касби худ ба вазифаи худ илм мегирифтааст.
На ҳар шахс бар соҳаи худ
Торикии қалб маро то ҳамин дараҷа расонид, ки ман оромиш мехостам ҳатто модарамро фарзандонамро оилаамро ҳис карда наметавонистам.
Ба онҳо ранҷ медодам
Дустони азиз
Ва иштирокчиёни ин канали илм
Бо ин суханҳо ман чи гуфтаниям.
Хушбахти на танҳо ба моликият
Балки хушбахтии асоси ба оромиши қалб
Ба меҳри Иллоҳӣ
Ба шинохти асосии худ будааст!
Кибр, ғурур ё худ бечорасози чашмони қалби моро мепушад ки мо дар ғафлати сахт даргир мешавем.
Ташаккур ба устоди азиз
Бисёр миннатдорам
Арзандаи ҳадяи аз ин ҳам зиёд ҳастед.
Сафи шумо барин қалб шинос зиёда шавад, то мардум бо сабаби шумоён шифои қалб ёбанд.
1 122
Алейкум салом
Саволи беҳтарин.
Ҳар як инсон дар ин ҳаёт интихоби худро дорад.
Шумо агар 33 сола ҳастед
Маслиҳати аввалини мо ба шумо
Аз фикри мардум бароед!
Мардум бигзор ҳар чи гуянд, ту велик ҳам ҳай карда наметавони ин гапҳо саддӣ роҳи шумо шуда наметавонад.
Мард ҳамон вақт ривоҷ меёбад ки аз гапи мардум канор аст. Ҳамма пешравиҳо дар тамоми ҳолат бо мардум аст. Ҷамъият якҷояги файз аст.
Лекин!
Ба гапҳои бефоидаи мардум дода шудан,ин худ як заифӣ!
Маслиҳати дуюми мо ба шумо
Агар ба шофёри дар ҳақиқат завқ доред
50 фоиз не
Аввал рафта 100 фоиз рондан ва нозукиҳои онро омузед.
Баъд бо бовари корро оғоз намоед.
Ҳар як мақсадатонро ба ҳамма нагуед, то он ро бо амал нишон надиҳед.
Аз ҳамон инсон( падар ё модар) маслиҳат пурсед ё дуо гиред, ки шуморо мефаҳмад ба шумо бовар дорад.
1 122
устод салом Алекум Рости ма дар хами шафиёри мошинои боркаш бисёр завк дорум хаёл мекунум ки худованд хами кора дар дили ма чо кардагихай ба гайр ай хами шафиёри дар ягон кор завк надорум ярости Устод ма 33 сола шидум ягон кори Аник надорум кори сиёх мекардум дилма гирифт бромадум ай кор рости Устод хами дилум мега шафиёрша Устод рости ма 10 руз рафтум хаму мошинои калонда хондум хай кардум як 50 фоиз ёд гирифтум як фирмахай дар хами тчикистон мегу шафиёр мешам усал менан ки т велика хай карда нметони т нмешай тра да умошино зурут нмераса меган рости механдан бад устод зик мешам ру афтода мешам шавку завкум гум мешав бо устод рости то холи ма ай пули отам хурдестам Шумо чи маслихат метен Устод
1 122
ТАРС
НИШОНАИ
РИВОҶЁБИ АСТ
__
Тарс деворҳои ноаёние, ки туро бозмедорад 🧱
Аксар вақт мо тарсро душмани худ мепиндорем. Аммо дар асл, тарс механизми муҳофизатии рӯҳ аст.
Ӯ ба ту сигнал медиҳад:
🔸 "Дар ин ҷо дард эҳсос шуда буд"
🔸 "Дар ин роҳ хато карда будӣ"
Аммо зиндагӣ танҳо бо эҳтиёткорӣ сохта намешавад — бо ҳаракат ва ҷуръат низ.
Тарс метавонад туро боздорад, аммо рафтан ба самти тарс туро рушд медиҳад.
Пас, муҳим нест, ки аз тарс гурезӣ — ё тарсро аз худ боло донӣ!
муҳим он аст, ки ба он гӯш диҳӣ, фаҳмӣ ва қабул намоӣ.
Андеша кун:
Чаро метарсӣ?
▪️ Аз он ки мардум чӣ мегӯянд?
▪️ Ё аз он ки хатое мекунӣ?
Ё фикр дори аз ӯҳдааш намебароӣ?
▪️ Ё шояд ба худ эътимод надорӣ?
Ҳар як кор 100% иҷро шаванда нест.
Лекин!
Баъзе кори но шудани туро ривоҷ медиҳад, туро қавӣ месозад.
Ба ту имкониятҳои ногаҳонӣ ва дарозмуддат пешниҳод мекунад.
Пас ҳар тарс пушти худ имконият ва таҷрибаи нав дорад.
Агар ба самти он тарсе, ки ҳис мекунӣ, як қадам гузорӣ !
— марзҳои зиндагиат аз байн мераванд.
Худованд тарсро ба мо неъмат офарид, то мо аз он тарс
роҳи рост ва ривоҷ карданро
Фаҳмиш карда тавонем.
Дар хотир дошта бошед!
Тарс барои бозистодан нест
— барои рушд кардан аст.
Барои
Ривоҷи худ
Ва
Рушди кору пешравӣ!
1 122
---
ОМАД
ТАСОДУФ НЕСТ
______
Бисёриҳо мегӯянд:
«Ӯ бахтёр аст, ман не».
Вале дар ҳақиқат
омад — як ҳолати дарунист.
Шахси бахтёр
шахсе аст, ки пур энергия( дарунан қавӣ) боэътимод ва шукргузор аст.
Омад ба сӯи шумо меояд, вақте ки шумо аз ҳаёти худ розӣ ва бо шодию меҳр зиндагӣ мекунед ва шубҳаро раҳо месозед.
Зеро омад
— раҳмати Худо аст
ва барои эҳсоси он, дил бояд кушода ва орому хотирҷамъ бошад.
Пас:
— Ҳар рӯз шукр кунед
Сидқан
— Дар ҳар кор некӣ ва хайрро бубинед,яъне аввал тарафи хубашро дида бароед!
— Ҳаргиз нагӯед:
«Ман наметавонам» ё «аз ман намешавад».
Он гоҳ омад ба зиндагии шумо бо роҳҳои табиӣ ворид мешавад.
Зеро Худо ҳеҷ гоҳ касонеро, ки некандеш ва умедвор ҳастанд, танҳо намегузорад.
Имрӯз низ аз Худо пурсед, то ба зиндагии шумо омади ногаҳонӣ фиристад,
Зеро Ӯ бар ҳама чиз қодир аст. ✨
1 122
Чаро бисёре аз соҳибкорон аз бизнеси худ хаста мешаванд?
Ман ҳар рӯз бо соҳибкороне во мехӯрам, ки чунин савол доранд:
«Аз бизнесам хаста шудам, мехоҳам махкам кунам…»
«Бо коргарон мушкили доимӣ дорам…»
«Ба ҷои афзоиши даромад — қарзҳоям зиёд шуданд…»
«Команда сохта натавонистам…»
«Даҳҳо курс гузаштам, вале ягон натиҷа нагирифтам…»
Агар ин саволҳо ба ту ҳам шинос бошанд, пас ман мехоҳам ҳақиқатро бигӯям.
👉 Мушкили асосӣ на дар бизнеси туст ва на дар курсҳо.
Мушкили асосӣ дар худи туст.
Вақте роҳбар равонӣ ва фикрронии нодуруст дорад — бизнесаш ҳам идома ёфта наметавонад.
Вақте роҳбар ба худ бовар надорад — коргарон низ ба ӯ бовар намекунанд.
Вақте роҳбар системавӣ нест — бизнесаш низ системавӣ намешавад.
Бисёр вақт соҳибкорон мехоҳанд бизнесро иваз кунанд, курсҳои нав гузаранд, кормандонро дигар кунанд…
Аммо воқеан, аввал бояд худи худро тағйир диҳанд.
🎯 Аз ҳамин сабаб ман ҳамчун бизнес-психолог мини-мастер-класс ташкил мекунам:
📅 5 октябр
Мавзӯъ: “5 хатогиҳое, ки моро муваффақ шудан намемонад”
Дар ин мастер-класс ман бо ту рӯшан мекунам:
Чаро курсҳо ба ту фоидае накарданд.
Чӣ тавр блокҳо ва фикрҳои нодурустат ба бизнес таъсир мерасонанд.
Қадамҳои оддӣ барои тағйироти шахсӣ, ки натиҷаи молиявиро ҳам дигар мекунанд.
👉 Агар мехоҳӣ, ки бизнесатро бо энергия ва рушд идома диҳӣ, на бо хастагӣ ва қарз, пас ҳамин ҳоло сабт шав.
📲Номнавис шудан Telegram: +992504444911 WhatsApp: +992504444911
1 122
«Кӣ бошӣ — беҳтар бош!»
Маънои ин сухан он аст, ки ҳар кас метавонад аз он ки имрӯз ҳаст, беҳтар шавад.
Фарқ надорад, ки ҳоло ту дар кадом ҳолат ҳастӣ —доро ё камбизоатӣ, душворӣ, ё сатҳи пасти дониш.
Муҳим он аст, ки имрӯз як қадами нав гузорӣ, як ҳаракате кунӣ, ки туро ба одаме беҳтар ва муваффақтар табдил диҳад.
Ҳар рӯз як шонси нав аст.
Имрӯз ҳам метавони пешравӣ намои агар худат хоҳӣ.
Барои беҳтар шудан — бояд кӯшиш кунӣ, омӯзӣ, ва боз ҳам кӯшиш кунӣ.
Муҳим нест ки ту дар куҷои, муҳим он аст ки ту нисбат ба дирӯзат беҳтар шавӣ.
Зиндагӣ ҳамеша дар ҳаракат аст — агар ту истӣ, пас ақиб мемонӣ.
Хулоса:
✅ Ҳар рӯз каме беҳтар шав.
✅ Ба худамон кор кунем, на ба дигарон нигоҳ кунем.
✅ Агар ростқавл бошӣ ва кӯшиш кунӣ — ҳатман пеш меравӣ.
✅ Дунё насиби онҳост, ки ҳар рӯз ҳаракат мекунанд, на онҳое ки мунтазири «рӯзҳои хуб» менишинанд.
1 122
Илм (фаҳмиш) равшанӣ медиҳад ба қалби мо,
ба роҳи мо,
ба зиндагии мо.
Илм барои инсоне, ки мехоҳад бифаҳмад,
на танҳо равшанӣ,
балки шифоест барои қалби пок,
муҳаббати ҳақиқӣ,
ва ҳалли тамоми мушкилоти зиндагист
1 122
ИЛМ — НЕЪМАТИ ИЛЛОҲӢ ВА РАВШАНИИ ҚАЛБ
Илм — неъмати бебаҳои Иллоҳӣ аст.
Илм — роҳнамо ва дарккунандаи ҷисму рӯҳ мебошад.
Лекин...
Илмро на ҳар кас сарфаҳм меравад.
Илм мавзӯи бениҳоят чуқур аст.
Аз ҳамин сабаб гуфтаанд:
«Илм омӯз аз гаҳвора то ба гӯр».
Барои инсон як фаҳмиш лозим аст:
Фаҳмиши шинохти худ,
Аз ғафлат то бедорӣ.
Волидон аз хурдӣ моро меомӯзонанд:
Таату ибодат, роҳи нек ва бад, ҳаром ва ҳалолро.
Аммо...
Ончи муҳим аст — фаҳмиши аслӣ, ҳис кардан, шинохти худ
инро омӯхта наметавонанд
бояд ҳақиқатро дарк кард.
Чаро?
Зеро фаҳмиши ҳақиқӣ
Илм мехоҳад.
Саводи шахсӣ.
Садои қалб.
Илмро ба ҳеҷ кас бо зӯр дода намешавад.
На ҳар кас онро соҳиб шуда метавонад.
Набудани маблағ,барои илмгири
ва ё надоштани вақт — сабаб шуда наметавонад ҳеҷ гоҳ!
Агар бо маблағи калон ё хурд ҳам илм омӯзем,
агар завқ ва хоҳиш надошта бошем,
сирри илмро дарк нахоҳем кард.
Қалби моро равшан карда наметавонад,
агар мо ҳис карда натавонем.
Асос чист?
Қалбе, ки хоҳиш дорад.
Қалбе, ки завқ дорад.
Қалбе, ки месӯзад.
Уже доступно! Исследование Telegram 2025 — ключевые инсайты года 
