ch
Feedback
Умеди Нав

Умеди Нав

前往频道在 Telegram
1 104
订阅者
无数据24 小时
无数据7 天
无数据30 天
帖子存档
Алейкум салом Руз ба хайр Айни ҳол чанд вақт боз бисёр одам қабул када наметавонем. Танҳо зарури зарурҳояшро қабул кадестемо. Устод каме бо корҳои тиҷоратишон банд шидестан.

Салом илтимос да 4 мох мешавад мехохам бо устод сухбат кунам аммо ичкас чавоб намедихад

Ба саволҳоятон Устод ҷавоби дуруст дода метавонанд. Мо ин саволи шуморо ба Устод мерасонем ва ҷавобашро ба шумо дастрас менамоем

Админ як саволи дигар доштам аз шумо ва аҳли гурӯҳ қонуни ҷозиба ки дар канал видеояш ҳаст ман уро санҷидам воқеъан дар ҳама соҳа кор мекунад аммо чанд вақт шуд дигар истифода намебарам сабабаш ин аст ки ҳар кореро аввал аз назари динни покам Ислом бояд бинам савол чунин аст оё Аллоҳ ва Расулаш ё олимони бузург оиди ҳамин қонун ягон ишорате кардаанд тасдиқ кардаанд касе медонад лутфан ба ман фаҳмонед то шакки дилам аз баин раваду қалбам ором шавад

Албатта хоҳишҳоятонро дар назар мегирем Устод рузҳои наздиктарин Худо хоҳад ба Тоҷикистон меоянд

Дақиқан вақташ аст куштори вай додарчамон дар рӯҳи тамоми халқи тоҷик махсусан гарибо таъсири манфи расонидааст. Вақти он аст як гурӯҳи калонтаринеро кушоем махсусан барои гарибон дарсҳои хубро ба роҳ монем ИншаАллоҳ устод қабул мекунад

photo content

Салом ба ҳама Рузтон ба хайр боша Устод ҳоло дар хориҷа хело банд астанд Ай сафар оянд Мерасонем Худованд хоста боша

Салом ба устод ва ба ахли гурух!Хамаи мо ин хозишро дорем аз Устоди Азиз як дарси гурухи .Илтимос устод суханони моро рад накунед .Иншоаллох бовари дорам ,ки сухани хамаи мо занонро рад намекунанд ,чунки бисёр халиму рахмлид хастанд устоди мо.

Салом ба ҳама ва Устоди азиз. Ман ҳамон зане ки 27 руз пеш аз шумо дарси Худшиносира гирифта будам. Ба ман 40 руза вазифа дода будед шукри Худо ман ба 27 -тум руз натҷаи беҳтарин шуд. Шукри Худо пешрави. Аз шумо хоҳиш як дарси гуруҳи барои мо барин занон ва модарон ташкил намоед. Дар айни ҳамин замон танҳо мардҳо барои бизнес қарздорӣ ҷавон духтаро барои ҳаёти роҳгумзада дарс доранд лекин ҳеҷ надидам модарҳо ҳам дарс дошта бошанд. Мо барин занҳои саюз илмаш кам беҳад бисёр Ман як зане будам ҳеҷ касро ҳеҷ чизро дуст намедоштам. Зиндаги бачаҳоям бо гуфтаҳои ман мешуд Ба гуфтан бисёр гапҳо. Бачаи калоним бизнесмен ба банкрот дучор шуд. Рузҳои сахттаринро паси сар мекард.Доим хафа хаста пакар мегашт. Устодро ёфтаст дарси Худшиносиро гирифтаст. Руз аз руз қоматаш рост сабук хурсанди дар дилаш бо ҳама хурсандона муомила мекард. Бо каме мудат корҳояш аз пештара хушру роҳ меёфт. Ба додаронаш тавсия мекард ба шумо дарси Худшиносиро гирифта медиҳам. Хулоса аз байн чанд вақт гузашт ба ман мегуфт очаҷон шуморо соҳибилм мекунам Ба устодам мебарамтона дарси худшиносиро мегирен. Зан чи қадар модар бошад қалби бузурги модари дошта бошад лекин саводи илми ҳаёти надошта бошад дар зиндаги бисёр азоби руҳи мекашидаст. Ман бо заҳр ханда гуфтам ба мардҳо барои бизнес барои омадноку дига дига чиҳо дарси худшиноси мешавад. Ман занку ба ман ин дарс чи дахл дорад? Бо меҳрубони чанд руз ба гушам навохт ва маро ба қабули Устод бурдакма. Ман зани хуб ҳастам каме дилозор будам мисли ҳамин дилозори одатҳои халалрасониҳо доштам. Худо мара бубахшад. Бо Устод 3 руз дарс кадем 40 руза як вазифа доданд. Шукри Худо ди руз 27- тум руз ба гуфтаи Устод шуд то ҳол дарун дарун гиря дорам гиряи шодӣ . Чи қадар роҳат будаст бо илм будан Қалбам равшану хотирҷамъ. Давомашро гуфта наметавонам Фақат ҳамин қадар гуфта метавонам ки дарси худшиноси на ба як роҳ балки давои чанд дарди мараз будаст. Ман имруз бо шукронаги гуфта метавонам ки Худо одами бад ҳам ба роҳи нек ҳидоят када илмашро бо ягон сабаб ҳадя мекадаст. Устодҷон дар хориҷа будаед, омадед боз меравем мехоҳам илмамро давом диҳам мехоҳам худамро чуқуртар шиносам аз ғафлат боз ҳам бедортар шавам Дарсе ки ман гирифтам фикр мекунам ба ҳама занҳои мисли ман хело даркор аст. Дарси гуруҳи ташкил кунед Падару модаратонда раҳмат Аллоҳ аз шумо рози бошад Минатдор ҳастем

Салом Аҳли гурӯҳ Умед дорам ҳама хуб ҳастед. Ба саволи ака мехоҳам кутоҳ ҷавоб диҳам. Дар қалбатон чи ҳаст? Ки шумо бо бардошти ин қадар душвориҳо боз ором ҳастед? Фикр мекунам ба қалби Устод чизе нест. Қалби Устод аз ғафлат бедор аст. Ман ҳам мисли як чанд шогирдони Устод дарси худшиносиро хондам. Ман бизнеси калон ва абароти калон доштам. Бо каме бепарвои ё зудбовари фирефта шуда ба коми минус рафтам. Ба гуфтан хело аламовар, дарди сахттарини қалб аст вақте одами шерикат чи наздиконат чи рафиқат ё чи ошноят бошад ноошноги кард. Ман пештар психологро бисёр бад медидам. Чунки корафтода набудам. Баъди кор аз кор гузаштан ва ноумедиҳои ниҳони ҳаёт маҷбурам сохт суи равоншинос равам. Ба дарси Худшиносии Устод иштирок кардан сабаб шуд хело тагирот кардам Шукри Худо Устод ҳамон вақт гуфта буданд Лаззати имон бардошт карда тавонистан санҷишҳои Иллоҳиро Лаззати илм ҳис👆карда тавонистан. Ҳарду лаззат дар қалби бедор ( қалби зинда) ҷойгир аст. Вақте маънои дарси Устодро сарфаҳм рафтам вуҷудам таккон хурд. Хело дарсҳои бебаҳо огоҳии қалб, ғафлат ва бедори, худро шинохтан. Агар ака ҷавоби саволашро аз навистаи ман дарёбад Бисёр хурсанд ҳастам. Ба ҳамаи шумоён тавсияи беҳтаринам аз ғафлат кушиш намоед бедор шавед. Роҳи беҳтарин ва манфиатбахш

Салому алейкуум Ҷамшедҷон Шумо нагзми саломатиҳо хубми Ман аз тарафи Панҷакент зодгоҳи шумо Шумо куҷоба кадом давлатба Менеджератон хориҷа рафтаги гуфтан Шумо кати як соат ҳамсуҳбат шудан ҳазор сомон мегӯяд ростми? Э бали шер меарзед шумо марди ҳақиқи ба номус. Як шумоя дида зиёрат карда гузарем гуфтем офисатон набудагед. Чанд вақт боз хориҷа будагед. Кори Худо қудрати Худя бузургеша бинан Ҳамаги панҷ шаш сол пеш чи ҳолатба фуромада будед. Шоҳидаш будем. Бовар кунед ҳаминқадар дилам месухт шумоба Аз байн як муддат гузашт худи як чашм пушида кушоем мисли пештара аз пештара ҳам мартабетон улуғ шудас. Зиёд шавед Ҷамшедбой Худо аз ин ҳам зиёда кунад. Шумоя вай ҷуретон сахт ноумед кардда ҳамкор шуда Тамоми одамо ҳаваёя мешиносад шумо чи хел нашинохта ҳамкор шудед ман ҳайрон. Ҷуретон одами бад набуд вая акош Олимқул асосан доно. Корҳои ҳавай Чибаки шумо пештараи уноя намедонед. Бегимуфҳоям вақташба ино Роҳи равонба панҷ сад сомонам гум шуд раву о карда на ёфтам ҳамун вақт ба худам не ҳамин хел дилам да шумо сухт ки чи хел ҳаминқадар бизнесои калони кардагитон вай базаи калонро нагуед ресторани шаҳр будагиям,ягон одами пулдори Майката дил карда маркази шаҳрба ин хел карда натониста буд ҳамаш хизмати шабонарузи шумо буд чи хел тоқат кардед? чи хел дил доред ?даруни дили шумоба чи ҳаст ки ҳамун вақт ором будед ҳолиям ором табиат. Бо бизнесҳои шумоҳон милиони буд. шоҳиди Худову шоҳидии моба ҳамин хел корҳо шуд ки ақли одами солим намегирад. Ҷазои бадону ноумед кардагиҳоя Худо тияд. Мо аз шумо аз савдоҳои бо шумо кардаги барака ёфтем.дуо мекунем шумо ҳам барака ёвед. Ҷамшедҷон агар ҳамин навистаги мана хонед менеджератонба гуед мана шумоба як пайваст мекардан. Майлаш пулаки ба рози ман. Устод дар хориҷа бисёр ба связ намебароянд наметавонем мегуяд. Хориҷа бошед тилфонқати гап зада мешавадку. Агар Ватан бед ҳам хабардор кунан як маслиҳат гирем. Офисатон биёем Дуо кунед фарзандҳои манам чанд сол боз муҳоҷир шумо барин инсони муътабар шаванд. Шумо аз ҳамин қадар рузҳои сахт буромада тонистед Ба шумо нигоҳ карда мо қуват мегирем хурсанд мешавем. Аҳсан шумоба Ҷамшедҷон ман узбек шумо тоҷик тоҷики карда навистосам хатогиҳошба узр Куҷо ҳастед Худо нигаҳбони шумо ва ҷамиъи муъминон бошад.

Саломалекум Ба ҳама аҳли гуруҳ. Ман ҳам ба суханони и ака тарафдори мекнам. Ма ай устод(аки Ҷамшед ) минатдорм. Ма ҳамсояшон мешавам. Ма 17 сол мешава бо шавҳарам зиндаги дорм. Хондагием, Оли маълумот. Лекин хондани касб дига бдай донистани ҳаёт дигар соҳа бдай. Оилаи ма доим якдигар нофаҳми доим гурбат.Ҳамсоягари сабаб шид ма худро шинохтм.Қиссаи хело дароз Кутоҳ када мегуям. Мо рафту омади ҳамсояги када ба худ бисёр чиз гирифум. Мо зану шавҳар даромади хуб , касбу мансаби хуб шароити хуб дорем. Лекин мо эҳтиром, меҳр,Оромиши қалб надоштаем.Ма ай хди Устод дарс нагирифтум ма ай ҳаёти Устод аки Ҷамшед аз оилашон дарси бузург гирифтум. Дар ҳаёт қимматтарин чиз муҳаббат будай. Меҳрро ҳама медона муҳаббатро ҳама медона лекин ҳама наметонистай. Баъди 17 сол ма Оила муқаддас буданша ҳис кадам Медонистум, мешнидум лекин ҳис када наметонистум. Шукри Хдо имрузҳо дер нашида ма каме ҳам боша худро шнохтестам. Баракати ҳаёту зиндаги пушти меҳр пушти қалби хотирҷам пушти якдигарфаҳми бдай. Мақсади навистани ма ба и гуруҳ барои ҳамаи шумоҳо дустон аввал қалби ором доштан бдай. Ба қатори ҳама дустони Устод ба ҳамсоямон аки Ҷамшед ма ҳам миннатдории худма мерасонм ки ба ҳаёти оилавии ма ҳам таъсири неки худшона гзоштан

Салом Устоди азиз ва аҳли гуруҳ. Умед дорам ҳаматон хуб ҳастед. Пеш аз ҳама миннатдории худро ба устоди азиз мерасонам ки бо сабаби шумо дар ҳаёти ман хело тағиротҳо шуд. Ман дар зиндаги мисли роҳгум будам. Проблемаҳои пай дар пай маро хастаи бад кард ки на дар роҳи савдо баракат медидам на дар зиндаги роҳат. Аз ҳама аламовараш бо фарзанди худам соз омада наметавонистам.Агар ба одам каме илм нарасад як умр худаш худашро ба азоб медохтаст. Илмро Худованд дар ҳақиқат роҳнамои ҳаёти зиндаги кардааст. Хулоса зурам омад ба дарси устод иштирок намудам. Ҳамаги се руз. Лекин ин дарси кутоҳ шукри Худо чашми маро кушод. Сад дар сад хатоги ба худи одам мешудаст. Бе сабаб дарси "худшиносӣ"набудаст. Худамро каме ҳам бошад, пура гуфта наметавонам шинохтам. Ду моҳ мешавад баъди илм гирифтанам хело дар зиндагиям равшани ва тағиротҳо шуда истодааст.Фарзандам мехост ба корҳои савдоям кумак кунад. Ман фикр мекардам ки ба манфиати худаш мехоҳад ба ман кумак кунад. Ба фикри ман чанд вақт боз дузди кардан, нобовари ҳар ҷониба мисли вирус ҷой шуда буд. Баъди дарси устод аз руи гуфтаҳо амал кардам ва амал карда истодаам. Вақте муомилаамро бо писарам хуб кардам, корам як баробар пешрави кард. Фарзанд ҳеҷ вақт бад набудааст, мо худ роҳнамои каҷу рости онҳо мешудаем. Баъзан шабҳои дароз ба фикр фуру мерафтам ки барои чи фарзанди дигарон хуб бофаҳм фоидадон мешаванд айнан фарзанди ман ин қадар ношуд но ошно аз фикр кардан сарам ба дард меомад, бадтар мешудам ҳар боре оилаи худамро писари худамро хатояшро мекофтам ба назарам шум тар метофтанд. Шукри Худо ва ташакури устоди азизам Рузимуродов ба ин илми бебаҳо дастрас шуда худамро фикрамро тағир додам. Сад дар сад гуфта метавонам ки имруз ман бо мадади Худо хушбахтам қалби хотирҷамъ дорам Ҳаётам ру ба беҳбуди овард. Мо одамон хурдтарин ночизтарин муамморо худамон калон карда худро худ дар азоб мегузоштаем. Аз ҳама Беҳтарин дарс ва бебаҳотарин маслиҳати устод бароям таъсири хуб дод ки Бе мушкили бе муаммо ҳаёт нест сум дор ҳам бе сум ҳам ба худ муносиб муаммоҳои хурду калон дорад. Мо муаммоҳоро фикран нигоҳ дошта ҳаёти худро торик ва дилгир гузаронидан не! Вазифаи мо роҳи ҳалашро бо ороми ёфтан аст. Дар ҳақиқат илм равшании роҳ будааст Устоди азиз роҳати дунё ва охират насибатон бод Сабабгори ҳаёти неки мо шудед. Мо аз шумо минатдорем

Салом алейкум Устоди азиз. Бо шукри Худо ва сабаби шумо ман худамро каме ҳам бошад шинохтам. Дар ҳақиқат дарсҳоятон натиҷадор аст. Ман қариб аз оилаам ҷудо мешудам. Одами як одати бад доштааст. Ҳеҷ вақт хатогии худро ягон шахс дида наметавонистааст, ё гардан намегирифтааст. нодида ҳам бовар карда худ душмани бадтарини худ мешудааст. Як маротиба зиндагиям вайрон шуд. Сабаби ҳафт сол бефарзанд буданамо. Дубора оиладор шудам. Худо фарзанд дод. Замоне омад ки оиладор мешавем баъди каме роҳ суи муҳоҷират пул зиндаги гуфта ҷавони ҳаёти ширинро нодида умр мегузаронем. Ҳамсарамро наздикон ҳар вақте бад мегуфтанд рафторашро , дилам хунук шудан мегирифт. Рафиқонам ҳар вақте ба тоҷикистон занг занан хурсанд мешуданд ман баръакс зиқ дилмонда нафратовар мешудам. Ҳамин рафтор ба корам ҳам ба даромадам ҳам зарар кард. Хулоса аз байн чанд муддат гузашт фикри ҷудоиро кардем. Шаб видёи шуморо дида ҳамон вақт ба дарсатон номнавис кардам. Бароям беҳтарин вазифа додед ки то ҳол вуҷудам дард мекунад. Ҳамсаратоно аввал айбдор накарда худатонро дар назар гиред. Масъулияти шавҳариятонро чи кор кардедки шуморо нодида гирифт? Давоми се руз ман чи қадар хатогиҳои худро дида аз худам нафрат кардам. Модарам бе телефон як лаҳза истода наметавонан. Гарчанде синну солашон ба ҷое расида бошад ҳам. Ман ба ҳамсари аввалаам ва дувумашҳам телефон нахаридаам. Мегуянд телефон онҳоро вайрон мекунад. Дар як ҳафта як маротиба занг мезадам.ҳамон ҳам дилашро то наранҷонам телефонро хомуш намекардам. Таи чанд сол базур ёфта фарзандам ягон сару либоси дуруст надошт ман фикр мекардам ҳамсарам дуруст нигаҳаш намекунад. Ба ҳамсарам алоҳида ба худаш боре ҳам пул равон накардаам. Модарам барои фарзанди ман либосҳои беарзиш аз қади роҳ мегирифтаанд. Либос ҳам афтаритети аввалиндараҷа будааст. Ҳамин хел ба гуфтаи Устоди азиз Ман худам барои ҳамсар ҳиччи накарда аз у талаби калон мекардаам. Қалб шикастан хело осон будааст ки ҳатто ҳис намекуни.Қалбат шиканад... Устод гуфтанд Мард агар даруна номуси мардияшро бедор созад Модар барояш дар ҷои "аввал" азиз Оила дар ҷои "худаш" азиз буданаша медонад. Мард агар худашро ки буданашро " Одам буданаш"ро донад оила барояш муқаддас мешавад. Сарнавишт чи нависта бошад нодида намегузарем, даҳ маротиба оилавайрони нависта бошад тақдир👆 ҳамонро мебинем Лекин то ҳамонро дидан ҳам дигаронро не ҳар як шахс камбудиро аз худаш бояд кобад. Оила вайрон кардан осон. Оиладор шудан ҳам осон. Мард будан душвор. Масъулиятро бояд донист. Дар ҳақиқат мард будан душвор будааст.Саргузашти хело дардовар доштам. Ба он хотир ба ин канал ва ба аҳли гуруҳ нависта истодаам,ки беҳтарин кор беҳтарин роҳ хатогии худро дида тавонистан худро шинохтан будааст. Дар бораи худшиноси бисёр маълумот ҳо мешунидам аммо то ин дараҷа равшан сарфаҳм на мерафтам. баъди дарси шумо бе ягон фикру дудилаги бе ягон тарс оилаамро овардам. Табасумамро барояш дарег медоштам. Ҳама чиз пушти меҳр паноҳ будаст. Баъди бо ҳамсарам якҷоя ҳаёти наву хушбахтиро сар кардем. Даромадам номаълум як чанд дараҷа боло баромад. Қалбам ором хотирҷамъ шуд Устоди азиз Шуморо тарбият карда ба падару модаратон раҳмат. Як илм як дарси кутоҳмуддат ба ҳаёти ман ба даромади ман равшанию баракат овард. Дар ҳаққатон дуогу ҳастем. Худо аз шумо рози шавад🙏

Салом Ҷамшедбой Ман ҳамватани шумо аз Майката . Шумоя аз аввал хуб мешиносам ҳама саргузашти шумоя медонам. Раҳмат падару модаратонба. Ҳамин хел одами шуҷоатманд тарбия карден. Ман баъди бо рафиқатон ҳамсоетон ҳамкор шуда да бадтарин руз фуромадагитона ҳамеш бохабар. Лекин ҳама шумоя тамом шуд гуфта фикр кардаги буд. Ин қадар суми калон корхонаи калон кати ноумед шудан осон нест. Дигар ин одам тамоман худашба омада наметонад фикр доштем. Худоя бузургеша донистанамо аз ҳамин пеши чашмамо шудаги воқеъаи ба саратон омадаги да моҳон дарси калон шуд. Ман аз шумо дарс нагиртам Ман аз шуҷоати шумо ки бо чашми худам дидам дарси калон гирифтам. Худованд дасти инсони мардро мустаҳкам мегирифтаст.Ҷамшедҷон шумо дар ҳақиқат инсони мард будагед. Номардии рафиқатон ҳамсоетон ба ҳаққи шумо дар қафо таърих монд. Ҳама ба шикасти шумо хурсанд шуда назар кардагиҳо ҳамма дарси шумоя гуш кардагиша худам шоҳид шудам. Ҷамшед роҳаша гум кардас рафта рафта психолог шудаст гуфта хандидан. Имруз акнун таслим шудем ки ҳар як хонаба ҳар як оила ба психолог шуданаш даркор. Ун вақти шумо илм гирифтед мо карахт будем акнун натиҷаҳои шумоя дида ҳар руз аз ютуб аз истаграм тикток то маълумот гуш накунем қалбомо ором намешавад. Шумо доим як қадам пеш ҳастед. Мақсади навистагии ман Ҳозир дуои нек гуфта ба он бародар тавсия додет Қалби шумоба баъди ҳамин қадар бадиҳоя дидан ҳоло ҳам неки лабо лаб будас. Рости авлоди падаратона пурра намешиносам худи падаратона раҳмати инсони хуб будан мешиносам авлоди модаратон Хуҷамуфҳо инсонҳои баобру бой ҳамаашон оилая ҳурмат мекардаги одобу ахлоқдор инсонҳои поку ҳалолхур ҳар кас ба ҷабр намекардагиҳо хайру эҳсондоро. Шумоя зотатон пок да Дар шаҳри Панҷакент бо ҳамсоетон ҳамсуҳбат шудем хело дар ҳаққи шумо таърифу дуои нек карданд. Меарзед Ҷамшедбой Барои чи ҳама сафар рафтагетона каналба намегузоред. Ман доим каналатонба ҳастам. Аз группаи Майката ба сафари Афғонистону Покистон рафтагитона дида ба шуҷоататон раҳмат гуфтем. Моям ғоибона шогирди шумо Ман Майкатая узбекаш бошамам шумоя ҳурмат мекунам. Аз шумо хоҳиш Видёроликҳо гузоред Хело шуд навор нест. Мефаҳмам шумо бисёр банд Неки моро ҳам ба назар гирифта ҳар вақт наворҳо гузошта истед Аз ин ҳам боло мартаба шавед. Худо фарзандҳои мана мисли шумо марди нек ва шуҷоатманд кунад

Алейкум бар салом Саволи беҳтарин. Мо шуморо мефаҳмем. Оссон нест, дар чунин вазъият зиндагии осуда кардан. Лекин! На падар ва на ягон шахси дигарро зуран ба илм даъват карда намешавад то худди инсон дар қалбаш хоҳиш ва завқи илм гири набошад. Агар шумо имконият дошта бошед худатон дарс гиред. Аз оила як нафар илм гирад ҳам агар чи будани илмро ҳис карда тавонад Илм ба тамоми оила ва авлод равшани медиҳад, ҳатто ба мушкилиҳои хурду калони оила ҳам. Ба шумо тавсия! Аз қалбатон нафрат ва ранҷишро дур созед. Падарро бисёр дуои нек кунед. ( бисёртар) Чунин инсонҳо бад нестанд. Ба дуо ниёз доранд. Аз Худо талаб кунед, то падари шуморо беҳтарин падар созад Ба Худованд оссон аст. Худованд бо воситаи дуои сидқан ҳамма бадиро аз инсон дур карда роҳи нек ва равшанро ҳидоят мекунад.

Ассалому алейкум устод як савол падари ма бехад бехуда чангу чанчоли бисёр мекна хама вакт аз хает норозиай.факат ба дигаро хасад мебарад.ба бародарам мега фалони ба падарша мощин харида додай фалони падарша хач равон кардай ту барои мара чи кор карди.хол он ки тамоми харчу махрачи зиндаги ба гардани бародармай падарм боща як тин расход намекна болои ин факат хам бародара хам мора яъне хамаи фарзандоша гур мезана.як бор шукронаи фарзанду хонаву наберахощ намекна.чоеш мешава ягонтата набинм гуфта аз хона пеш мекна гох созай гохе хамихели мешава.мегуян чин дора хеч чизша намефахмем.чи маслихат метиен? Мехохм курси шумо барумш неке намедонм Кадомаш. Аммо мутаасифона падари ма бехад аз илму марифат дурай.фикрониш холо хам фикронии одамои асри 20 аст.ва илму фархангу савод ва чахонбиниш дар сатхи паст аст гуем хам мешавад. Илтимос устод чавоб тиен мо чи кор кунем? Чунки алакай монда шудаеи аз харуз чангу чанчолу таънаву маломатхо😢

Саломалейкум Устоди азиз ва дустон. Ман як зан, модар ва хушдоманам. Ба тавсияи беҳтарини Устод тасанно мигуям ва раҳмат ба чунин донишмандон ки аз ҷиҳати илмию психологи инсонро ба инсоният мирасонанд. Чанд вақт пиш зиндагии ман ҳам бесару сомон ғурбат болои ғурбат нофаҳмиҳои зиндаги зурам омад. Ба дарси 3 рузаи Устод иштирок кадам. Устод дар ҳақиқат қалбшиноси ҳақиқи будиян. Дарси аввал бароям аз нарасидани илмам хело бад анҷом ёфт. Устод гуфтанд бесару сомонии оиларо аз худатон сабабашро ҷуед! Чува гуфтам? Чува будас, чизе мигуед гуфтам? Устод мифаҳмонанд мифаҳмонанд, ман гарданшахи микунам. Чунки дар ҳамин дунё ҳиҷ кас айби худашро дида намитостас. Ҳамма одам ба гуфтаи Устод ду ниқоб доштас. Дар ҳаёт ниқоби аслии мо уқа кор намитияд. Мо бо ниқоби сохта асос ҳаётро пиш мибарим. Хулоса Устод ва дарс ба ман зури кадан. Ман аслии худамро дидиям ки хело ҳаёти ман ба нолидан омадааст. Пишаки узр аз дигар занон ва аз модарони беҳтарин, бо суханои манба хафа нашавитон, ман танҳо хатогиҳои худама гуфсодиям. Рашки ман дарун дарунам ҷой шудаасту Беруни ман гуё модари меҳрубонам. Бачиконамро дар атрофам гита мишиштам. Бо ҳамсарошон ханда кунан ё каме тез тез занг занан мабодоо ба дастошон пул дода монан ман ба бисёр нороҳати сахт меомад. Айнан ҳамин хелакоша намехостиям. Хулоса чи қадар гуям он беилмию хатогиҳои худама адоо надорад. Устод як вазифа додан ки ҳамин вазифая иҷро кадам гуед Ҳаёти манба тағиротҳо шуд. Оста секин бесару сомониҳо аз ҳаёти мон барафт. Устод гуфтанд 7 руз ҳамин вазифая иҷро кунид баъд пишам оед. Бо худ рост кор бошид. Ман намибинам. Худо диданша фаромуш накунид! Худатонро сар диҳид. Ором шавид. Ки чи кор микунад 7 руз кордор нашавид. Дустон бовар кунид 7 руз ман бисёр сахт азоб кшидам. Худи дарунама алоб месузондаги бойин. Неке илоҷ надоштам вазифа буд дига ба гардани ман. Рузи 6 ва 7 тум гуйид ҳаётам ором бачикон хурсанд келиндҳо ҷамъу ҷур коро сари вақт тоза озода кадагиша бо чашмом дидам. 7 руз ба кор ҳам набромдиям. Бизниси тилло микунам. Устод 7 рузба аз пулҳои дунё монид ҳам ба кор наравид. Баъди 7 руз ба дарси Устод омадан баробар гиряма дошта натонисодам. Аз шармам буд ё аз қалби инсониям кушода шудагиш бошад надонистам. Устод чи хел як марди Худо, ки ором истодиян. Баъди хело худам гардан гирифтам, худам хатогиҳома дидам. Ба гуфтаи Устод сабабро аз худам ёфта тавонистам. Устоди азиз гуфтанд. Шумо гунаҳкор нистид. Модаро ҳама вақт зинда бошид, сардори хона бошид. Ҳурмати бузург дорид. Лекин ҷавонои ҳозира ки ягонташон ба ҳаёт пурра тайёр нистанд ба онҳо устози беҳтарини ҳаёт бошид. Надонистагиша омузонид ҳамчун модарона гуфтанд. Ба инсон илм нарасад Инсон, қолаби инсон шакл дорад. Дар асл беилми баъзе ҳолат мешавад аз ҳайвон поёнтар мекунад одамро. Устод гуфтанд Ҳаёт хело мураккаб аст. Мо айби худро намибинем Мо айбдор микобим Дар ҳаёт асоси рол ҳар инсон Масъулияти худро донад Худашро ки буданашро мидонад. Масъулиятро донистан душвортарин фаҳмиш аст. Шукри Худо ва Раҳмати бепоён ба шумо Устоди азиз. Сабабгори чанд қалби рушан ҳастид. Худо илматона боз зиёда гардонад, ки мо бойин инсоноба ҳамиша бошид.

Алейкум бар салом. Бе амри Худо барге наафтад бар замин! Дар ҳаёту зиндаги ҳар кор шуданаш мумкин. Санҷишҳои Худо ҳар хел аст. Ҳар санҷише ки ба ҳаммаи мо меояд, Худо оқибаташро ба хайр созад. Вайрон кардан оссон. Лекин Обод кардан бениҳоят душвор аст. Баъзан илми психология тавсияҳое дорад, ки қалби инсонро меранҷонад, вале чашм кушода мешавад. Пеш аз фикри ҷудошавиро кардан 10 савол аз худ ҷуед ва 10 савол аз ҳамсаратон. Масалан; 1.Чаро ҳамсарам баромада рафт? 2.Шояд аз сабаби бисёр ба Интернет нишастанаш ба волидонам зӯр омад? 3.Муҳаббати шумо шахсан ҳамчу шавҳари ҳақиқи ба ҳамсаратон чи гуна буд, ки ҳамсар фикри муҳаббати шуморо ҳам накарда рафт? 4.Оё шумо масъулияти шавҳари ва падариро дуруст иҷро кардед? ( аз ҳамма хостаҳояш ба ҳолати даромадатон назар карда расидаги карда метавонистед?) Мешавад ҳолати муҳоҷири баъзан кор ёфтан душвор, баъзан музди меҳнатро гирифта наметавоем,баъзан ҳолати қарздорӣ мешавад. Аз ин ҳолатҳо берун, масъулияти худро чи гуна медидед? Агар сари вақт ба ҳама хостаҳояш каму беш расидаги доштед, боз чи фикр маҷбур сохт ки ба рафтан қарор кард? Мисли ҳамин хел саволҳо. Аввал мард бояд аз худ кобад хатогиро.Чунки зан дар ҳама ҳолат итоаткор аст. Агар ҳамма шароит барояш 100 бошад ва ба ин нигоҳ накарда баромада рафт. Дараб фикри ҷудошавиро не Фикри тарбият карда ба худ мувофиқ карданро роҳ ёбед. Аввалин ба модаратон Муроҷиат кунед Зан занро мефаҳмад. Модар ҳамсари маро мисли худатон тарбият кунед. Ҳамма занро тарбия карда мешавад. Бо зулм ва ё бо зӯри не. Бо муҳаббат, бо онҳоро гуш карда тавонистан, бо қадрият зиндаги обод мешавад. Мо тавсияи ҷудо шавиро надорем. Ҳар як инсони солимақл аввал хатогиро аз худаш ислоҳ созад "масъулият" ро фаҳмиш карда тавонад зиндаги тағир меёбад. Агар Худо Дар тақдир ҷудои нависта бошад ҳамма кушиш ҳеҷ аст. Лекин Ҳамма роҳ сабаби худро дорад. Тавсияи мо Барои ҷудошави саросема нашавед Ва ё фикрҳои торики бефоида насозед. "Шавҳар"ва "падари" бо масъулият бошед. То фарзанди кас,ва фарзанди шумо дар роҳи зиндаги дубора ба хонаи падару модар,хешу табор хору саргардон нашавад. Мо ба волидон чи хел азиз буданамонро ҳис намоем. Ҳамон хел фарзандонамонро ҳам бояд азиз ҳис карда тавонем. Аз Худо Умед дорем Аз ин қадар тавсия ба худ як роҳи равшанро интихоб карда метавонед.