cookie

Мы используем файлы cookie для улучшения сервиса. Нажав кнопку «Принять все», вы соглашаетесь с использованием cookies.

avatar

Азия-Плюс TJ

Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон Сомона - www.asiaplustj.info/tj Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj

Больше
Рекламные посты
13 829
Подписчики
-524 часа
-277 дней
+44930 дней
Время активного постинга

Загрузка данных...

Find out who reads your channel

This graph will show you who besides your subscribers reads your channel and learn about other sources of traffic.
Views Sources
Анализ публикаций
ПостыПросмотры
Поделились
Динамика просмотров
01
#дунёикӯдак Мутолиа намудан истироҳати хуш ва ҳамзамон фоиданок низ мебошад. Дар нашри навбатии “Дунёи кӯдак” дар бораи манфиатҳои ба кӯдак одат додани китобхонӣ қисса мекунем. -------- Таблиғ: Дар баробари сайқал додани саводнокии кӯдак, ҳамчунин системаи иммунии ӯро низ бо маҳсулоти фоиданоки "Нури Зулол" аз ширкати "Оби Зулол" тақвият бахшед!
4192Loading...
02
🔴Шоҳрух Саидзода сардори Раёсати ВКД дар Душанбе шуд Имрӯз дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон дар Вазорати корҳои дохилӣ таъйироти кадрӣ анҷом дода шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат. Ба иттилои манбаъ, Файзулло Баротзода аз вазифаи сардори Раёсати ВКД дар Душанбе рафт. Гуфта мешавад, ки Шоҳрух Саидзода сардори Раёсати ВКД дар Душанбе таъйин шуд. Ғайр аз ин: Абдулло Навҷувонов аз вазифаи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд рафт; Ба ҷои ӯ кӣ таъйин шуд, маълум нест; Баҳодур Ваҳобзода аз вазифаи сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт рафт; Ба ҷои ӯ кӣ таъйин шуд, маълум нест; Инчунин, сардори Хадамоти давлатии “Муҳофиза”, сардорони раёсатҳои ҳифзи тартиботи ҷамиятӣ, кофтукови ҷиноятӣ, алоқа, Намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия аз вазифа озод шуданд ва ба ҷоияшон нафарони нав таъин гардиданд. ✅Бо ❤️ бошед: Telegram ✅
1 10217Loading...
03
Дар як рӯз ду навраси дигар дар об ғарқ шуданд. Тавсияҳои КҲФ дар мавсими оббозӣ
1 0792Loading...
04
Ҳар як кӯдаки сеюм дар Тоҷикистон ба серӣ хӯрок намехӯрад
1 0961Loading...
05
Дар шаҳри Волхови Русия як кӯдаки худсоли тоҷик аз ошёнаи чаҳоруми бинои баландошёна поён афтодааст, хабар медиҳад MK.RU. Ба гуфтаи манбаъ, ин кӯдак якуним сол доштааст ва ҳоло дар шӯъбаи эҳёи бемористони шаҳри Волхов дар ҳолати вазнин бистарӣ гардидааст. Гуфта мешавад, ки волидони кӯдак шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд; падараш муҳоҷир будааст ва модараш муваққатан ба ин шаҳр сафар кардааст. ✅Бо ❤️ бошед: Telegram ✅
1 6153Loading...
06
Як намунаи ғазал, чанд тавсия барои ронандаҳо, чанд саволи ҷолиб аз ҳар самт, имкони баҳсу баррасии мавзӯоти муҳим ва қиссаҳо аз ҳар боб... Ҳар рӯзи корӣ аз соати 10 то 13 дар радиои Азия Плюс. ИМКОН - бо Субҳон Ҷалилов Тамос: 446107107 Имкон - барои рӯзи беҳтар! @radioasiaplus
1 5830Loading...
07
Шӯрои олимпии Осиё барои сохтмони майдони варзиши сабук дар Душанбе 1,5 млн сомонӣ медиҳад
1 5601Loading...
08
Душанбе то моҳи сентябри соли оянда пурра ба электромобил мегузарад
1 9583Loading...
09
Аз Урдун шикаст хӯрд. Тоҷикистон имкони роҳ ёфтан ба Ҷоми Ҷаҳон-2026-ро аз даст дод
2 2761Loading...
10
⚽️Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 0 бар 3 аз тими миллии Урдун шикаст хӯрд. 🇯🇴3:0🇹🇯 Ин рақобат дар доираи бозиҳои даври паҷуми марҳилаи дуюми бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи “G”-и мусобиқот дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Аммони Урдун доир гардид. Новобаста ба бозии охирини Тоҷикистон бар муқобили Покистон футболбозони тоҷик имкони роҳ ёфтан ба марҳилаи сеюми бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026-ро аз даст доданд. ✅Бо ❤️ бошед: Telegram ✅
3 2153Loading...
11
⚽️Дар сурати пирӯзии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бар тими Урдун аз тарафи Федератсияи футболи кишвар ба ҳайати даста 100 ҳазор доллар ва дар сурати мусовӣ 50 ҳазор доллар мукофотпулӣ тақдим хоҳад шуд. Дар ин бора саҳифаи “Инстаграм”-и “Goal.tj” бо истинод аз суханони  Дилшод Ҷӯразода, ноиби президенти Федератсия футболи кишвар хабар медиҳад. Айни ҳол бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сафар бар муқобили Урдун ҷараён дорад. Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби мусовии 0:0 ба поён расид. Навор: аз Goal.tj ✅Бо ❤️ бошед: Telegram ✅
3 0846Loading...
12
❗️Бо ташаббуси Тоҷикистон ЮНЕСКО 815 солагии Мавлоноро таҷлил мекунад. 📚🎧Радиои «Азия-Плюс» ҳар субҳ соати 05:00 ва шаб соати 21:00 аз мавҷи 107 FM, дар доираи лоиҳаи АУДИОКИТОБ силсилаи ҳикоёти ҷолиби “Маснавӣ” -и Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро бо садои Субҳон Ҷалилов тақдими шумо мекунад. 😍Асрори ниҳони будану зистан ва тафсири ишора ва маъниҳои амиқ бо роҳи ҳикоёту ҳикматҳои ҷолибу ҷаззоб . «Азия-Плюс» - содиқ ба арзишҳои бузург!!! @radioasiaplus
3 3851Loading...
13
12 аҷдоди гузаштааш оҳангар будааст Аҳмад Умаров беш аз 50 сол инҷониб ба оҳангарӣ машғул аст ва ин касби аҷдодии ӯ ба ҳисоб меравад: 12 аҷдоди гузаштааш ҳам оҳангар будаанд. Ӯ аз оҳангарони маъруф ва собиқадори водии Зарафшон ба ҳисоб меравад ва варо бо кунияи усто Аҳмад бештар мешиносанд. Аҳмад Умаров соли 1963 дар рустои Ворӯи ноҳияи онвақтаи Панҷакент дар оилаи оҳангар чашм ба олами ҳастӣ боз кардааст ва ба гуфтаи худаш, ин касбро аз падараш омӯхта ва аз 8-солагӣ машғули оҳангарист. “Азия-Плюс” аз раванди кор ва шаҷараи оҳангарии ӯ гузориш омода кард. ✅Бо ❤️ бошед: Telegram ✅
3 4451Loading...
14
#Якхабар Дар Душанбе мутахассисони чинӣ бемории катарактаи чашмро ройгон муоина ва ҷарроҳӣ мекунанд. Иқдом аз 31 май то 18 июн идома ёфта, дар назар аст дар доираи он 500 нафар бемор ҷарроҳӣ шаванд. Сокинони  шаҳри Душанбе ва дигар навоҳии кишвар метавонанд то 18 июн ҳамарӯза аз соати 8:00 то 17:00 барои муоинаи ройгон ба “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм” дар Душанбе муроҷиат кунанд. Катаракта ин бемориест, ки ба хирашавии зуҷоҷаи (линзаи оптикии) дохили чашм оварда мерасонад. __ Пардифен Актив гел барои сабук кардани дард дар мушаку пайвандҳо! Пардифен Актив гел аз ширкати Вегафарм. Дар дорухонаҳои шаҳр пурсон шавед.
3 2806Loading...
15
Идомаи ҷанҷол дар ҲДТ. Усмонзода далелҳои иловагии худро ба Вазорати адлия пешниҳод кардааст Ӯ гуфт, вакилон аз созмонҳои ҲДТ аз ВМКБ ва Хатлон дар Анҷумани баргузоркардаи Шаҳбози Аброр ширкат надоштанд
3 2981Loading...
16
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тозатарин дар ИДМ эътироф шуд
3 3014Loading...
17
Як мард барои куштори ҳамзисташ 16 сол равонаи зиндон шуд
3 3001Loading...
18
“Либоси миллиро бо меъёри шаръӣ пӯшед”. “Ҳимоят”-и муфтии Тоҷикистон аз тарҳи қонуни манъи "либоси бегона”
3 3173Loading...
19
⚽️🇹🇯Рустам Ятимов ба лигаи олии Русия гузашт Дарвозабони 25-солаи тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов бозигари дастаи «Ростов» шуд. Дар ин бора «РБ Спорт» хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ, дарвозабон то охири моҳи июни соли 2029 шартномаи 5-сола имзо кардааст. Гуфта мешавад, маблағи ҷуброни трансферӣ барои интиқоли Ятимов 230 ҳазор евроро ташкил медиҳад. ✅Бо ❤️ бошед: Telegram ✅
3 5721Loading...
20
Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар ноҳияҳои Темурмалик ва Балҷувон шинос шуд
3 4321Loading...
21
“Парвози ҳунар”. Таҷлили 70-солагии умр ва 50-соли фаъолияти эҷодии ҳунарпеша Бурхвалӣ Ғуломҳайдар
3 4951Loading...
22
Дар роҳи “Душанбе-Чанок” ба равуои нақлиёти гаронвазн маҳдудият ҷорӣ шуд
3 4811Loading...
23
Сафи муҳоҷирони корӣ аз Ӯзбекистон дар Русия сол то сол камтар мешавад
3 4540Loading...
24
Даромади солона аз канали Қуштеппа дар Афғонистон 500 млн доллар арзёбӣ шуд
3 4231Loading...
25
📹«Салом, тобистон!»: чӣ гуна "Азия-Плюс" кӯдаконро шод кард Боғи ботаникии «Ирам»-и пойтахт 31-уми май пур аз шодӣ ва муҳаббат буд, зеро он ҷо фестивали ҳамасолаи оилавии «Салом, тобистон!» баргузор шуд. Аз ҳар сӯ садои суҳбату ханда ва мусиқиву шодӣ ба гӯш мерасид. Рафти ҷашнвораро дар гузориши навбатдори мо дар шаҳр тамошо кунед. Фестивалро «Азия-Плюс» бори шашум баргузор мекунад. Сарпарасти кулл: ширкати «Оби Зулол» зери тамғаи «Нури Зулол». Шарикони расмӣ: мағозаи молҳои конселярии «Килк» ва ташкилоти амонатии қарзии хурд «Имон Интернешнл». Шарикон: Евросоюз, «Линдавит», IT-RUN, Lilo Фуд- Шарикон: Pokiza, «Форам», Jardin Иштирокдорон: RobX, Академияи шоҳмоти ба номи А.Назаров, академияи Juventus, ХО Эскимо, Mondays Art, «Арабеск», Сирки давлатӣ, Red Line ✅Бо ❤️ бошед: Telegram ✅
3 4571Loading...
26
❗️ Аз 1 июн то 31 август дар роҳи Душанбе - Чаноқ ба ҳаракати мошинҳои вазнинбор аз соати 10:00 то 19:00 маҳдудият ҷорӣ карда шуд. Дар ин бора IRS дар саҳифаи Facebook-и худ хабар дод. ✅Бо ❤️ бошед: Telegram ✅
3 4993Loading...
27
Дар роҳҳои Душанбе дурбинҳои худкор ва радарҳо фаъол мешаванд Дар роҳҳои Душанбе дурбинҳои худкор ва ҳамчунин радарҳо насб шуданд ва шурӯъ аз 20 июн фаъол хоҳанд шуд. Онҳо 5 намуд қоидавайронкуниҳо дар роҳро ба қайд мегиранд. Кадом намуд қоидавайронкуниҳо? Ин дастгоҳҳо дар куҷоҳо насб шудаанд? Ҳамаи ин - дар гузориши вижаи мо! ✅Бо ❤️ бошед: Telegram ✅
3 71034Loading...
28
#пурсидедҷавобмедиҳем Ба довталабон даъватнома барои супоридани имтиҳонҳо дар ММТ кай равон карда мешавад? Даъватнома ба довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) номнависшуда то 10-уми июн фиристода мешавад. Аслан, нусхаи электронии даъватнома дар кабинети инфиродии довталаб ҷойгир карда шуда, дар ин бора ба ӯ паёмак (SMS) ба рақами телефони дар анкета сабтшуда фиристода мешавад. Довталаб метавонад даъватномаашро аз кабинети инфиродӣ боргирӣ ва чоп кунад. Боз суол доред? - пас ба мо нависед. __ Промо: Интихоби солим барои тифли шумо? Меваҳои пухта сойдашудаи “Нури Зулол” аз ширкати “Оби Зулол”. Табиӣ, болаззат ва муфид!
3 9646Loading...
29
Нақлиёт ва корхонаҳо. Ҳавои Тоҷикистонро чӣ бештар аз ҳама ифлос мекунад? 📊ИНФОГРАФИКА
3 8772Loading...
30
#Якхабар Дар Қубодиён як ҷавонро барои қаллобӣ дастгир карданд. Ӯ бо ваъдаи ба хидмати алтернативии ҳарбӣ равон кардани як даъватшаванда аз модари ҷавон 54 ҳазор сомонӣ гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Маълум нест, ки ин ҷавон дар куҷо кор мекард ва чӣ гуна мехост ба модари даъватшаванда “кӯмак” кунад. Нисбати гумонбаршуда бар асоси Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Ин модда ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё то 3 сол зиндонро пешбинӣ кардааст. Гуфтан ба маврид аст, ки дар як моҳ ин дуввумин ҳодисаи чунин қаллобӣ дар ин Қубодиён аст. Рӯзи 22-юми май нозири минтақавии ВКД бо гумони гирифтани пора боздошт шуда буд. _ Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидаст (намехобад)? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад. Пардифен Бэби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
3 7722Loading...
31
🎭 Дар Душанбе бахшида ба 70 - солагии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бурхвалӣ Ғуломҳайдарзода маҳфили шаби эҷодӣ оғоз шуд. Дар шаби эҷодӣ, ки ҳоло дар Театри Лоҳутӣ баргузор шуда истодааст, муовини вазири фарҳанг Обид Назариён ва дигар шоирону нависандагон, ҳофизону ҳаводорони ҳунар ширкат доранд. Ин шаби эҷодии Бурхвалӣ Ғуломҳайдарзода бо пешниҳоди пораҳо аз намоишномаҳои нақшбозидаи ӯ ва оҳангу таронаҳо ба анҷом мерасад. Аксҳо: аз Азия-Плюс ✅Бо ❤️ бошед: Telegram ✅
4 0731Loading...
00:52
Видео недоступноПоказать в Telegram
#дунёикӯдак Мутолиа намудан истироҳати хуш ва ҳамзамон фоиданок низ мебошад. Дар нашри навбатии “Дунёи кӯдак” дар бораи манфиатҳои ба кӯдак одат додани китобхонӣ қисса мекунем. -------- Таблиғ: Дар баробари сайқал додани саводнокии кӯдак, ҳамчунин системаи иммунии ӯро низ бо маҳсулоти фоиданоки "Нури Зулол" аз ширкати "Оби Зулол" тақвият бахшед!
Показать все...
20.37 MB
👍 1
🔴Шоҳрух Саидзода сардори Раёсати ВКД дар Душанбе шуд Имрӯз дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон дар Вазорати корҳои дохилӣ таъйироти кадрӣ анҷом дода шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат. Ба иттилои манбаъ, Файзулло Баротзода аз вазифаи сардори Раёсати ВКД дар Душанбе рафт. Гуфта мешавад, ки Шоҳрух Саидзода сардори Раёсати ВКД дар Душанбе таъйин шуд. Ғайр аз ин:
Абдулло Навҷувонов аз вазифаи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд рафт; Ба ҷои ӯ кӣ таъйин шуд, маълум нест; Баҳодур Ваҳобзода аз вазифаи сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт рафт; Ба ҷои ӯ кӣ таъйин шуд, маълум нест;
Инчунин, сардори Хадамоти давлатии “Муҳофиза”, сардорони раёсатҳои ҳифзи тартиботи ҷамиятӣ, кофтукови ҷиноятӣ, алоқа, Намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия аз вазифа озод шуданд ва ба ҷоияшон нафарони нав таъин гардиданд. Бо ❤️ бошед: Telegram
Показать все...
👍 6😁 1
Показать все...
Дар як рӯз ду навраси дигар дар об ғарқ шуданд. Тавсияҳои КҲФ дар мавсими оббозӣ

Дар шабонарӯзи гузашта бинобар риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ дар Тоҷикистон ду навраси дигар дар об ғарқ шудаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фақулода (КҲФ) хабар медиҳад.

👍 1
Показать все...
Ҳар як кӯдаки сеюм дар Тоҷикистон ба серӣ хӯрок намехӯрад

Зиёда аз 431 ҳазор кӯдак (яъне ҳар як кӯдаки сеюм) дар синни то панҷсолагӣ дар Тоҷикистон ғизои пурра ва гуногунро, ки барои афзоиш ва рушди хубтарин зарур аст, истеъмол намекунад.

😢 7 2😱 1
Фото недоступноПоказать в Telegram
Дар шаҳри Волхови Русия як кӯдаки худсоли тоҷик аз ошёнаи чаҳоруми бинои баландошёна поён афтодааст, хабар медиҳад MK.RU. Ба гуфтаи манбаъ, ин кӯдак якуним сол доштааст ва ҳоло дар шӯъбаи эҳёи бемористони шаҳри Волхов дар ҳолати вазнин бистарӣ гардидааст. Гуфта мешавад, ки волидони кӯдак шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд; падараш муҳоҷир будааст ва модараш муваққатан ба ин шаҳр сафар кардааст. Бо ❤️ бошед: Telegram
Показать все...
😢 7
Фото недоступноПоказать в Telegram
Як намунаи ғазал, чанд тавсия барои ронандаҳо, чанд саволи ҷолиб аз ҳар самт, имкони баҳсу баррасии мавзӯоти муҳим ва қиссаҳо аз ҳар боб... Ҳар рӯзи корӣ аз соати 10 то 13 дар радиои Азия Плюс. ИМКОН - бо Субҳон Ҷалилов Тамос: 446107107 Имкон - барои рӯзи беҳтар! @radioasiaplus
Показать все...
🔥 3
Показать все...
Шӯрои олимпии Осиё барои сохтмони майдони варзиши сабук дар Душанбе 1,5 млн сомонӣ медиҳад

Шӯрои олимпии Осиё барои сохтмони майдони варзиши сабук бо роҳравҳои резинӣ ва майдонҳои волейбол, баскетбол ва футбол дар Тоҷикистон беш аз 1,5 млн сомонӣ маблағгузорӣ мекунад.  Дар ин бораи саҳифаи Кумитаи милли олимпии кишвар хабар додааст.

👍 2
Показать все...
Душанбе то моҳи сентябри соли оянда пурра ба электромобил мегузарад

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе супориш додааст, ки то 1-уми сентябри соли 2025 ҳамаи таксиҳои пойтахт ба электромобил ё нақлиёти барқӣ гузаранд, хабар медиҳад ҳукумати шаҳри Душанбе.

👎 2
Показать все...
Аз Урдун шикаст хӯрд. Тоҷикистон имкони роҳ ёфтан ба Ҷоми Ҷаҳон-2026-ро аз даст дод

Шоми дирӯз, 6-уми июн, футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии панҷуми марҳилаи дуюми бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 аз тими миллии Урдун бо щисоби 0 бар 3 мағлуб шуданд.

👍 2🤣 2👎 1
Фото недоступноПоказать в Telegram
⚽️Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 0 бар 3 аз тими миллии Урдун шикаст хӯрд.
🇯🇴3:0🇹🇯
Ин рақобат дар доираи бозиҳои даври паҷуми марҳилаи дуюми бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи “G”-и мусобиқот дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Аммони Урдун доир гардид. Новобаста ба бозии охирини Тоҷикистон бар муқобили Покистон футболбозони тоҷик имкони роҳ ёфтан ба марҳилаи сеюми бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026-ро аз даст доданд. Бо ❤️ бошед: Telegram
Показать все...
😢 19🤬 7👍 4😁 4👎 3🔥 2