cookie

Мы используем файлы cookie для улучшения сервиса. Нажав кнопку «Принять все», вы соглашаетесь с использованием cookies.

avatar

Азия-Плюс TJ

Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон Сомона - www.asiaplustj.info/tj Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj

Больше
Рекламные посты
13 460
Подписчики
+124 часа
+1167 дней
+56130 дней

Загрузка данных...

Прирост подписчиков

Загрузка данных...

#Якхабар Дар Тоҷикистон озмуни “Оилаҳои намунавӣ” ҷамбаст шуд ва шоҳҷоизаи он ба оилаи Оқилбой Гадоев аз шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд насиб гардид. Оқилбой Гадоев ва ҳамсараш Чевар Муродова 41 сол пеш бо ҳамдигар издивоҷ кардаанд. Онҳо соҳиби чаҳор фарзанд ва нӯҳ набера мебошанд. Ҳардуяшон омӯзгор мебошанд. Дар ин озмун оилаи Талабхӯҷа Нозимов аз шаҳри Кӯлоб ҷойи якум, оилаи Саидаҳмад Шеров аз ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва оилаи Шоин Мастонов аз ноҳияи Роштақалъаи ВМКБ ҷойи дуюмро соҳиб шуданд. Се оила - хонаводаи Муқимҷон Гиёев аз ноҳияи Рашт, оилаи Ҳабибулло Султонов аз ноҳияи Рӯдакӣ ва Бобоназар Мирзоев аз ноҳияи Файзобод сазовори ҷойи сеюм шуданд. Ба ғолибон диплом ва тӯҳфаҳо дода шуд. ____ Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс хурдсоли шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен Кидс аз аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Показать все...
👍 6🤣 4 1👌 1
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик Чаро аксари "сароянда"-ҳои тоҷик гирифтори "зангиримания" шудаанд ва асосгузори он аст?
Показать все...
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик

Ҳама ончиро ки баъзе сарояндаҳо зери мусиқӣ мехонанд намешавад суруд гуфт. Гапҳои кӯчабозориро зери мусиқӣ иҷро кардан набояд суруд ном дошта бошад. Номи муносибтаре барои он шояд ҳарзасароист. Ҷумлаҳои берабту низом, ки бо лаҳҷа ва дағалу нофорам иҷро шудаву бӯйе аз вазну қофия набурдаанд. Азбаски дар таҳхонаи шоубизнеси тоҷик аз ин “чормағзҳои пуч” ғарам-ғарам хобидаасту ҳамвора ҷувол-ҷувол аз ин ҳарзаҳо ба он илова мешавад, тасмим гирифтем онҳоро ба бахшҳо ҷудо карда, ба баҳсу баррасӣ кашем...

😁 11🔥 7 3👎 2👍 1
Показать все...
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид

Рӯзи 11‑уми май дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи намунавӣ” ҷамъбаст гардид ва ғолибон муайян шуданд. Шоҳҷоизаи озмуни “Оилаи намунавӣ”‑ро оилаи Оқилбой Гадоев аз шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд ба даст овард.

🎉 6👍 3
Показать все...
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж

Аксбардори тоҷик Самир Афардӣ ба намоиши корҳои эҷодии худ дар Ҳамоиши байнулмилалии расонаҳои “Диалог Культур” (Муколамаи Фарҳангҳо) омодагӣ мегирад. Ҳамоиш аз 22 то 25 май дар толорҳои Эрмитаж дар Санкт-Петербург баргузор мешавад.

👍 6 2
🫥Дар Душанбе як духтари хурдсол фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард Рӯзи 10 май як сокини пойтахт Таманно Ҷамиловаи 22-сола бар асари бориши шадид ва роҳбандӣ натавонистааст сари вақт ба таваллудхона биравад. Сафармоҳ Саидова, модари Таманно ба «Азия-Плюс» гуфт, ҳоло духтару наберааш худро хуб ҳис мекунанд ва рӯзҳои наздик аз бемористон ҷавоб хоҳанд шуд. Бо ❤️ бошед: Telegram
Показать все...
27👍 12😁 10🤣 6🔥 2
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом Дар роҳи мошингарди Хуҷанд-Конибодом бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда рух дод, ронандаи воситаи нақлиёт ва 2 мусофир ба ҳалокат расиданд. Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, соати 20:30 дақиқаи рӯзи 12 май ба шуъбаи навбатдории Кумита хабар расидааст, ки дар қитъаи роҳи мошингарди Хуҷанд-Конибодм дар ҷамоати Лоҳутӣ садамаи нақлиёти марговар рух додааст.
“Вақте ки имдодгарон ба ҷойи ҳодиса ҳозир мешаванд, маълум мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Toyota Avensus», сокини 40-солаи шаҳри Исфара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат меравад ва ба автомашинаи тамғаи «Lexus» бармехӯрад, ки дар натиҷа ронанда ва ду мусофир дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - зикр мегардад дар хабар.
Гуфта мешавад, имдодгарон ҷасадҳоро аз дохили автомашина берун оварда, ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар ба ронандагон хотиррасон менамояд, ки зимни ҳаракат қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бахусус реҷаи суръатро қатъиян риоя кунанд. Бо ❤️ бошед: Telegram
Показать все...
😢 14👍 6
Показать все...
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард

Сергей Шойгу, ҳамакнун собиқ вазири дифои Русия ва яке аз ёрони наздики Владимир Путин, раиси ҷумҳур, баъди истеъфои кобинаи ҳукумати ин кишвар, дигарбора ба курсии вазири дифоъ таъин нашуд. Ҷойи ӯро дар ин маснад Андрей Белоусов гирифт. 

👍 3
Показать все...
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?

Ба муносибати 79-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ғалаба ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз 10 то зиёда аз 6 ҳазору 800 доллар кӯмакпулӣ тақдим гардид.

👍 8
Показать все...
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард

Пас аз мусобиқа дар Душанбе (“Dushanbe Grand Slam 2024”) ҷудокорони тоҷик боз дар як мусобиқаи ин силсилаи Тоскулоҳи бузург” дар шаҳри Остонаи Қазоқистон - «Qazaqstan Barysy Grand Slam 2024» ширкат варзиданд.

👍 10 1