ru
Feedback
БАШАНД КИТОБЕН

БАШАНД КИТОБЕН

Открыть в Telegram

📈 Аналитический обзор Telegram-канала БАШАНД КИТОБЕН

Канал БАШАНД КИТОБЕН (@bashandkitoben) языкового сегмента Русский является активным участником. Сейчас сообщество объединяет 10 390 подписчиков, занимая 3 674 место в категории Книги и 233 место в регионе Таджикистан.

📊 Показатели аудитории и динамика

С момента создания невідомо проект демонстрирует стремительный рост, собрав аудиторию из 10 390 подписчиков.

Согласно последним данным от 25 июня, 2026, канал показывает стабильную активность. За последние 30 дней изменение числа участников составило 237, а за последние 24 часа — 0, при этом общий охват остаётся высоким.

  • Статус верификации: Не верифицирован
  • Уровень вовлечённости (ER): Средний показатель вовлечённости аудитории составляет 20.30%. В первые 24 часа после публикации контент обычно набирает 8.67% реакций от общего числа подписчиков.
  • Охват публикаций: В среднем каждый пост получает 2 110 просмотров. В течение первых суток публикация набирает 901 просмотров.
  • Реакции и взаимодействия: Аудитория активно поддерживает контент: среднее количество реакций на один пост — 13.

📝 Описание и контентная политика

Автор описывает ресурс как площадку для выражения субъективного мнения:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст. Instagram:https://www.instagram.com/bashandkitoben?igsh=MW5zdXE4eGEydmZiaQ%3D%3D&utm_source=qr YouTube: https://youtube.com/@bashandkitoben?si=-CS3pTZA5q5OcCJE Facebook: https://www.facebook.com/share/g/1ArURQip1G/?mi...

Благодаря высокой частоте обновлений (последние данные получены 26 июня, 2026) канал поддерживает актуальность и высокий уровень охвата публикаций. Аналитика показывает, что аудитория активно взаимодействует с контентом, что делает его важной точкой влияния в категории Книги.

10 390
Подписчики
Нет данных24 часа
+37 дней
+23730 день
Архив постов
Гулнисо_РИЗВОНШОЕВА_Хоруғ_МАРОСИМИ_ТӮЙ_ВА_УНСУРҲОИ_ОН_ДАР_АФСОНАҲОИ.pdf3.71 KB

НОМИ КИТОБ: Зиндарӯд МУАЛЛИФ: Ҷовид Иқбол «Дар асари доктор Ҷовид Иқбол тамоми паҳлуҳои зиндагии Аллома Муҳаммад Иқбол бо таҳлили амиқи илмӣ ва шарҳи сиёсиву иҷтимоии замони ў тасвир ёфтааст. Китоб мухтасаран аз тарҷумаи форсии он таҳия шудааст. Ба оммаи васеи хонондагон тавсия мешавад.» Книгу можно скачать по данной ссылке:

photo content

Шогун баҳор муборак! —————- Гардиши сол аст май дар соғари ишрат кунед, Гуши миноро тиҳӣ аз пунбаи ғафлат кунед. Сураи ёсин ч
Шогун баҳор муборак! —————- Гардиши сол аст май дар соғари ишрат кунед, Гуши миноро тиҳӣ аз пунбаи ғафлат кунед. Сураи ёсин чй мехонед чил навбат ба ёр, Норпистоне ба даст ореду сад ишрат кунед. Офтоб имрӯз дар бурҷи шараф по мениҳад, Даст пеш ореду бо ҷоми сабӯ байъат кунед. Шабнишин бо маҳҷабинон чашм равшан мекунад, Ҳамчу шамъи қадрдон cap дар сари сӯҳбат кунед. Осмон дар санги анҷум санглохи тафриқаст, То муяссар ҳаст, эй аҳбоб, ҷамъият кунед. Бармадоред аз нигоҳи чашм, агар афтад ба даст, Гӯшаи чашме, к-аз у идроки кайфият кунед. Юсуфи мо дар тарозу чанд бошад ҳамчу санг, Эй, ба ҳиммат аз Зулайхо камтарон, иззат кунед. Ин ғазалро тоза Соиб дар қалам овардааст, Дар навиштан, дустон, бар якдигар сабқат кунед. Ғазал аз Соиб Исфаҳонӣ https://t.me/bashandkitoben

Саҳифаҳо_аз_таърихи_наврӯз_Маҷмӯа.pdf13.08 MB

Наврузномаи Хайём.pdf15.28 MB

Помиру_Бадахшон_Ҳайдаршо_Пирумшо.pdf4.93 KB

НОМИ КИТОБ: ДИДОР МУАЛЛИФИ КИТОБ: ҚОЗИДАВЛАТ ҚОИМДОД СУХАНОНИ МУАЛЛИФ: «ДАР ЗИНДАГӢ ЧУН ДИГАР ИНСОНҲО, МАҚСАДҲОВУ ОРЗҲОИ ЗИЁД ДОШТАМ, ВАЛЕ ОРЗУИ ДИДОР БО ВОЛОҲАЗРАТ ҲОЗИРИМОМ ШОҲКАРИМ-АЛ-ХУСАЙНӢ БАРОЯМ ДАСТНОРАС БУД. ЯЪНЕ ҶОМАИ АМАЛ ПУШИДАНИ ЧУНИН ОРЗУРО МАН ИМКОННОПАЗИР МЕДОНИСТАМ. ДАР ХОТИР ДОРАМ, ВАҚТЕ КИ ПЕШ АЗ САФАРИ ШВЕЙТСАРИЯ БАРОИ АЁДАТИ ЯКЕ МУЙСАФЕДОНИ ҚАДРШИНОСАМ-АМАКИ АЛИБАХШ РАФТА, МАҚСАДИ САФАРАМРО БАЁН КАРДАМ, Ӯ БО НИГОҲИ ҲАЙРАТЗАДА ЧУНИН ҶАВОБАМ ДОД: «ИН ҲЕҶ МУМКИН НЕСТ». БАЛЕ, МАН НИЗ ОН СОЛҲО ЧУНИН ФИКР МЕКАРДАМ, АММО ТАКДИР ЧУНИН ЛАҲЗАИ ФАРОМУШНАШАВАНДАРО НАСИБАМ ГАРДОНД, КИ МАН ИН ЛАҲЗАРО ГУВОРОТАРИН ВА МУАССИРТАРИН ЛАҲЗАИ ҲАЁТИ ХУДАМ МЕҲИСОБАМ. ЧУНИН ЛАҲЗА, ЯЪНЕ ДИДОРИ ПЕШВОИ ИСМОИЛИЁНИ ҶАҲОН ВОЛОҲАЗРАТ ОҒOХОНИ IV-РО ҲАР ФАРДИ ИСМОИЛЙ ОРЗУ ДОРАД.»

БЕДОР БОШ ЭЙ ҲАМНАСАБ! 👉https://www.facebook.com/share/wPnwFzUkiAwGnvo4/?mibextid=WC7FNe

МУБОРАК БОД ҶАШНИ МОДАРОН
МУБОРАК БОД ҶАШНИ МОДАРОН

ПРОБЛЕМА_ЧЕЛОВЕКА_В_ФИЛОСОФИИ_НАСИРА_ХУСРАВА_НАЗАРАМОНОВ_ШАБОЗ_ПАРВОНАЕВИЧ.pdf2.74 MB

МУАЛЛИФ: ҲАЙДАРШО ПИРУМШО НОМИ КИТОБ: ДАВЛАТИ СОМОНИЁН ДАР ТАРОЗУИ ТАЪРИХНИГОРӢ «Китоб авалин кӯшиши ҷиддиест дар таҳлили таърихнигории давлати Сомониён. Дар рисола дараҷаи инъикоси масъала дар осори муаррихону ҷуғрофиёшиносони замони Сомониён ва баъди сукути давлатдории онҳо, таҳқиқотҳои муҳаққиқони тоинқилобии рус, замони шӯравӣ, дараҷаи таҳқиқи шукӯҳу шаҳомати ин давлати фарохдоману тамаддунофари тоҷикон дар таърихнигории миллӣ ва хориҷӣ мавриди омӯзиши мукаммал қарор гирифтааст. Муаллиф бо далелҳои муътамаду раднопазир ақидаи ононе, ки бо ғараз мақоми меҳварии сокинони азалии Осиёи Марказӣ-тоҷикон ва ҷойгоҳи давлати Сомониёнро дар тамаддуни Шарқ зери шубҳа мегиранд, комилан ботил намудааст.» Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3570

АЗ_РӮДАКӢ_ТО_ЛОИҚ_АБДУНАБӢ_САТТОРЗОДА.pdf1.90 MB

НОМИ КИТОБ: Фолклори Помир МУАЛЛИФ: Нисормамад Шакармамадов «Асотир, ривоят ва нақлҳо, ки ба ҷилди китоб дохил гардидаанд, тибқи мундариҷа ва мазмун ба ҳашт гурӯҳ ҷудо шуда, онҳо дар маҷмӯъ баёнгари воқеии таърихи тулонии рӯзгор, дину оин, расму суннатҳо, тасаввуроту ақидаҳои қадимии мардум оид ба ашё ва ҳодисаҳои зиндагӣ, муҳит, ҳодисаҳои фавқуттабиӣ ва ғайра мебошанд. Аз асотиру ривояту нақлҳо рӯшан пайдост, ки мардуми Кӯҳистони Бадахшон дар тули таърихи ҳазорсолаҳо ба ҳар роҳу восита ба халқу кишварҳои дуру наздик дар равобити сиёсӣ-иҷтимоӣ, моддӣ-иқтисодӣ ва маънавӣ-фарҳангӣ қарор доштааст. Ҷилди дуюми «Фолклори Помир» аз рӯи таҷрибаи навтарини фолклоршиносӣ таҳия ва ба чоп омода шудааст.» Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3568

БАШАНД КИТОБЕН —————————— В Telegram есть группа под названием БАШАНД КИТОБЕН-BASHAND KITOBEN. В этой группе вы можете найти полезные книги по истории, культуре, науке и традиции нашего народа. Вы можете подписаться на группу по этой ссылке: 👉https://t.me/bashandkitoben

НОМИ КИТОБ: МУРАТТИБОН: Ширинбек Давлатмамадов. Мавлодод Фарҳодов. Хадича Ҷалолова. «Пандномаи мардумии Бадахшон - маҷмӯаи насру назм аз зарбулмасалу мақолу андарзҳоест, ки дар Бадахшонзамини Тоҷикистон вирди забони оммаи мардум мебошанд. Забони порсии тоҷикӣ бо лаҳҷаҳои дарвозӣ, ғоронӣ ва бадахшонӣ, дар канори забонҳои помирии минтақа, дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз ҳазор сол роиҷ буда, ганҷинаи бебаҳои фарҳанги диёрамон мебошад.» Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3565

БАШАНД КИТОБЕН —————————— В Telegram есть группа под названием БАШАНД КИТОБЕН-BASHAND KITOBEN. В этой группе вы можете найти полезные книги по истории, культуре, науке и традиции нашего народа. Вы можете подписаться на группу по этой ссылке: 👉https://t.me/bashandkitoben

НОМИ КИТОБ: Таърихи Бадахшон МУАЛЛИФОН: Сангмуҳаммади Бадахшӣ Фазлалибеки Сурхафсар «Нусхаи мазкур аз рӯи китоби "Таърихи Бадахшон"-и Сангмуҳаммади Бадахшӣ ва Фазлалибеки Сурхафсар, ки аз тарафи ховаршиноси маъруфи Иттиҳоди Шӯравӣ, профессор А.Н.Болдырев таҳия шудааст ва дар факултаи эроншиносии Донишгоҳи Давлатии Ленинград ба нашр расида буд, феълан ба хатти кириллӣ баргардонида шуда, манзури хонандагони сершумор ва муштоқони таъриху тамаддун мегардад. Дар китоб дар бораи ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии Бадахшони Афғонистон ва Шуғнону Вахон ва Дарвози ин тарафи дарёи Панҷ сухан меравад.» Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3512

НОМИ КИТОБОЙ: Муллоёри Ванҷӣ (Аҳвол ва ашъор) МУРАТТИБ: А. Ҳабибзода «Китобе, ки дар даст доред, аз аҳвол ва ашъори яке аз беҳтарин шоирони сарзамини шоирхези Бадахшон Муллоёр Муҳаммади Ёрии Ванҷӣ, ки дар нимаи дуввуми асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ умр ба сар будааст, маълумот медиҳад. Дар баробари ин бори аввал ашъори нисбатан пурратари ин шоири номӣ ҳамчун китоби мустақил ба хонандагони гиромӣ пешкаш мешавад. Китоби мазкур ба ҳамаи завқмандон ва ихлосмандони адабиёт ва хусусан дустдорони ашъори бонамаки Муллоёр лаззати фаровоне хаҳад бахшид. Инчунин хонанда дар қисми мулҳақот бо ашъори якчанд шоироне, ки ба лаҳҷаи ванҷӣ ё ки дарвозӣ шеър эҷод кардаанд, шинос хоҳад шуд.»

НОМИ КИТОБ: ЛАЪЛИ БАДАХШОН. МУАЛЛИФИ КИТОБ: Алис Ҳонсбергер ҲАЁТ ВА ОСОРИ НОСИРИ ХУСРАВ «Пас гирифтам, то бад-он бингарам, ки Носири Хусрав чӣ мехостааст бигӯяд. "Сафарнома"- ро бодиққат хондам ва ҳамаи он чиро, ки гуфта буд аз назар гузаронидам, ашъори "Девон"-ро хондам то мазмунҳои аслӣ ва умдаи онро дарёбам ва бори дигар осори фалсафии ӯро батафсил ворасӣ кардам, то дарёбам дар баррасиам дар бораи нафс чӣ матолиберо нодида гирифтаам. Сохту дарунмояи ин китоб натиҷаи ин бозбиниҳост.» А. Ҳонсбергер Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3562