ch
Feedback
БАШАНД КИТОБЕН

БАШАНД КИТОБЕН

前往频道在 Telegram

📈 Telegram 频道 БАШАНД КИТОБЕН 的分析概览

频道 БАШАНД КИТОБЕН (@bashandkitoben) 俄语 语言赛道中的 是活跃参与者。目前社区聚集了 12 045 名订阅者,在 书籍 类别中位列第 3 129,并在 塔吉克斯坦 地区排名第 186

📊 受众指标与增长动态

невідомо 创建以来,项目保持高速增长,吸引了 12 045 名订阅者。

根据 17 九月, 2026 的最新数据,频道保持稳定运转。过去 30 天订阅人数变化为 624,过去 24 小时变化为 14,整体触达仍然可观。

  • 认证状态: 未认证
  • 互动率 (ER): 平均受众互动率为 27.88%。内容发布后 24 小时内通常能获得 N/A% 的反应,占订阅者总量。
  • 帖子覆盖: 每篇帖子平均可获得 0 次浏览,首日通常累积 0 次浏览。
  • 互动与反馈: 受众积极参与,单帖平均反应数为 0

📝 描述与内容策略

作者将该频道定位为表达主观观点的平台:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст. Instagram:https://www.instagram.com/bashandkitoben?igsh=MW5zdXE4eGEydmZiaQ%3D%3D&utm_source=qr YouTube: https://youtube.com/@bashandkitoben?si=-CS3pTZA5q5OcCJE Facebook: https://www.facebook.com/share/g/1ArURQip1G/?mi...

凭借高频更新(最新数据采集于 18 九月, 2026),频道始终保持新鲜度与高覆盖。分析显示受众积极互动,使其成为 书籍 类别中的关键影响点。

12 045
订阅者
+1424 小时
+627 天
+62430 天
帖子存档
ОНЛАЙН-ШКОЛА АНГЛИЙСКОГО ЯЗЫКА! Для всех уровней! Барои ҳамаи сатҳҳо. ~Beginner ~Elementary, ~Pre-Intermediate, ~Intermediate, ~Upper intermediate ~Advanced ~Групповые и индивидуальные занятия! ~Гибкий график. Для получения дополнительной информации по поводу графика и цены вы можете связаться с нами по ссылке: 👉👉https://t.me/Tasmim_English_Academy

НАУЧНАЯ СТАТЬЯ: ЖИЗНЕННЫЙ МИР УЧЕНОГО ШОДИХОНА ЮСУФБЕКОВА. ОПЫТ СОЦИОЛОГИЧЕСКОГО АНАЛИЗА БИОГРАФИЧЕСКИХ ДОКУМЕНТОВ АВТОР: Х. О. Хушкадамова «Аннотация. Исследуется жизненный мир государственного и общественного деятеля, ученого Шодихона Юсуфбекова, ушедшего из жизни в 56 лет. Он занимался исследованием памирских языков и культуры Таджикистана. В статье использован биографический метод, анализ документов, включенное наблюдение, описательный анализ. Автор анализирует биографические нарративы коллег и родных ученого, среди которых уникальное письмо Д. И. Эдельман семье Ш. Юсуфбекова, свидетельствующее о плодотворном взаимодействии ученика и наставника, которое с годами переросло в родственные отношения. В нарративах просматривается позиция самого ученого, его компетенция, образ жизни исследователя, что делает их бесценными документами в практическом и теоретическом плане. В контексте изучения выявлены основные проблемы, связанные с бесписьменными памирскими языками, требующими в перспективе своего решения.»

В Telegram есть канал МУНОҶОТ~MUNOJOT. В этом канале можно послушать: МУНОҶОТ! МАДДО! ЗИКР! Подписаться на группу можно по сл
В Telegram есть канал МУНОҶОТ~MUNOJOT. В этом канале можно послушать: МУНОҶОТ! МАДДО! ЗИКР! Подписаться на группу можно по следующей ссылке. https://t.me/MadoMunojot

««МАРТАБАИ» ВОИЗОНУ ЗӮҲДФУРӮШОН АЗ ДИДГОҲИ ҲОФИЗ, ҶОМӢ, НОСИРИ ХУСРАВ, НОСИРИ БУХОРОӢ ВА УБАЙД ЗОКОНӢ ——————- Воиз хар асту анҷумани ваъз харгала, Гар хар равад ба харгала, натвон зи хар гила. Аз савти тифли хурд тавоҷуд кунад, бале, Роҳи самоъи хар бувад овози зангула. Осудагӣ маҷуй зи воиз, ки халқро, Ҷуз дарди сар намедиҳад аз бонгу машғала. Равшан нашуд зи партави гуфтори у, вале Кай кирми шабчароғ кунад кори машъала?! Шайхи хамидапушт, ки орад ба чилла руй, Аз баҳри сайди ом камон мекунад чила. Фарз аст ишқу ҳар чи ба ҷуз ишқ, нофил аст, То чанд тарки фарз кунӣ баҳри нофила? Ҷомӣ расонд силсилаи худ ба аҳли фақр, Лекин ба ҳеҷ ҷо нарасад кас ба силсила. ~Абдураҳмони Ҷомӣ Воизон ин ҷилва дар болои минбар мекунанд, Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд. ~Ҳофиз Воизи шаҳнашинос ин азамат, гӯ, мафурӯш, 3-он, ки манзилгаҳи султон дили мискини ман аст. ~Ҳофиз Ҳофизо, воиз насиҳат, гӯ, макун, Тарки туркони Хито набвад савоб. ~Ҳофиз Бирав ба кори худ, эй воиз, ин чӣ фарёд аст? Маро фитод дил аз раҳ, туро чӣ афтодаст? ~Ҳофиз Гарчи бар воизи шаҳр ин сухан осон нашавад, То риё варзаду солус, мусулмон нашавад. ~Ҳофиз Ҳофиз, ороста кун базму бигӯ воизро, Ки бибин маҷлисаму тарки сари минбар гир! ~Ҳофиз Дур шав аз барам, эй воизу беҳуда магӯй, Ман на онам, ки дигар гӯш ба тазвир кунам. ~Ҳофиз Воизи мо бӯи хақ нашнид, бишнав, к-ин сухан Дар ҳузураш низ мегӯям, на ғайбат мекунам. ~Ҳофиз Мо шайху воиз камтар шиносем, Ё ҷоми бода, ё қисса кӯтоҳ! ~Ҳофиз Воиз кист? АЛ ВОИЗ- ОН КИ БИГӮЯДУ НАКУНАД.. ~ Убайд Зоконӣ Эй муфтии шаҳр, аз ту пуркортарем, Бо ин ҳама мастӣ зи ту ҳушёртарем. Ту хуни касон хўриву мо хуни разон, Инсоф бидеҳ, кадом хунхортарем?! ~Хайём Воизе бар сари минбар мегуфт: – Ҳар гоҳ бандае маст мирад, маст дафн шавад ва маст сар аз гӯр бароварад. Хуросоние дар пойи минбар буд, гуфт: Ба Худо, он шаробест, ки як шишаи он ба сад динор меарзад. ~Убайд Зоконӣ Ҳикоят Воизе бар минбар сухан мегуфт. Шахсе аз маҷлисиён сахт гиря мекард. Воиз гуфт: – Эй маҷлисиён, сидқ аз ин мард биёмӯзед, ки ин ҳама гиря басӯз мекунад. Мард бархост, гуфт: Мавлоно, ман намедонам, ки ту чӣ мегӯӣ. Аммо ман бузаке сурх доштам, ришаш ба риши ту мемонд. Дар ин ду рӯз сақат шуд. Ҳар гоҳ ту риш меҷунбонӣ, маро аз он бузак ёд меояд ва гиря бар ман ғолиб мешавад. ~ Убайди Зоконӣ Ҳикоят Воизе бар минбар мегуфт, ки: – Ҳар кӣ номи Одаму Ҳавво навишта дар хона овезад, шайтон бад-он хона дар наёбад. Талҳак аз пойи минбар бархосту гуфт: – Мавлоно, шайтон дар биҳишт дар ҷавори Худо ба назди эшон рафту бифирефт. Чӣ гуна мешавад, ки дар хонаи мо аз исми эшон бипарҳезад?! ~ Убайди Зоконӣ Маро ба маҷлиси воиз махону панд мадеҳ, Фиреби ман ба фусуну фасона натвон кард! ~Убайд Зоконӣ Ҷоҳили кӯтаҳназар девона мехонад маро, Фосиқу дурдикаши майхона мехонад маро. Шайхи азрақпӯш гар ҳошок месозад мурид, Ҳамдами чангу дафу паймона мехонад маро. Воизи қаллош, к–ӯ афсуни дардам мекунад, Рӯзу шаб дар гӯши дил афсона мехонад маро. ~НОСИРИ БУХОРОӢ Магӯ, воиз, ба мо аз куфру имон, Ки томоти шумо, афсона бошад. ~Носир Бухороӣ Ҳикоят Лураке дар маҷлиси ваъз ҳозир шуд. Воиз мегуфт: – Сирот аз мӯй бориктар бошаду аз шамшер тезтар ва рӯзи қиёмат ҳама касро бар ӯ бояд гузашт. Лурӣ бархост, гуфт: – Мавлоно, он ҷо ҳеч доробзине ё чизе бошад, ки даст дар он ҷо зананд ва бигзаранд? Гуфт: – На. Гуфт: – Нек ба риши худ механдӣ. Валлоҳ, агар мурғ бошад, аз он ҷо натавонад гузашт. ~Ҷаноб Убайд Зоконӣ Ба қавл бандаи Яздони қодиранд, валек, Бо эътиқод ҳама умматанд Шайтонро ~Носири Хусрав Бувад порсоӣ калиди биҳишт, Хунук он касеро, ки ин порсост. Ҳама порсоӣ на рўза-сту зўҳд, На андар фузуний намозу дуост. На ҷомай кабуду на мўи дароз, На андар саҷода, на андар ватост. Чу ин расмҳоро бибинӣ, бидон, Ки ин бештар баҳри рўю риёст. Валекин ту он мешумар порсо, Ки ботин чу зоҳир варо босафост. ~ Носири Хусрав

НОМИ КИТОБ: Масъуд ва озодӣ МУАЛЛИФИ КИТОБ: Солеҳмуҳаммади Регистонӣ «Китоби «Масъуд ва озодӣ» достони зиндагии сипаҳсолори бузург Аҳмадшоҳи Масъудро – ҳамтабори номвари моро ҳикоят мекунад, достони марде, ки дар ӯ шуҷоати аъло ва хиради амалӣ сахт омезиш ёфта буд. Аҳмадшоҳи Масъуд дар набард бо лашкари сурху лашкари сиёҳ шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кард ва рамзи озодӣ гардид. Ӯ ба дурустии роҳе, ки баргузида буд, бовар дошт ва савганд хӯрда буд, ки агар дар корзор як тан ҳам бимонад, хоҳад размид.» Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3589

В Telegram есть канал МУНОҶОТ~MUNOJOT. В этом канале можно послушать: МУНОҶОТ! МАДДО! ЗИКР! Подписаться на группу можно по сл
В Telegram есть канал МУНОҶОТ~MUNOJOT. В этом канале можно послушать: МУНОҶОТ! МАДДО! ЗИКР! Подписаться на группу можно по следующей ссылке. https://t.me/MadoMunojot

БАШАНД КИТОБЕН —————————— В Telegram есть группа под названием БАШАНД КИТОБЕН-BASHAND KITOBEN. В этой группе вы можете найти полезные книги по истории, культуре, религии, науке и традиции нашего народа. Вы можете подписаться на группу по этой ссылке: 👉https://t.me/bashandkitoben

НОМИ КИТОБ: ПАМИР СТРАНА АРЕЕВ - ПОМИР КИШВАРИ ОРЁИҲО. -Арийская религия - гармония двух миров -Хонаи пайравони ростӣ МУАЛЛИФ: ШОХУМОРОВ АБУСАИД «Помир Кремли умумиҷаҳонӣ, биҳишти Эдем, яке аз се сарзамини муқаддаси дунё ва ҷойгоҳи нузули Нахустодам аст.» Н. Фёдоров Книгу можно скачать по данной ссылке: https://t.me/bashandkitoben/3588

Қосимова_М_Н_Хат_ва_имлои_матни_классикии_тоҷик.pdf11.03 MB

ФАТВОИ КАҶ ————————- Чунон дилгирам аз фатвои «диндорони» бедониш, На аз мантиқ хабардоранду не аз шеваи хониш. Ба амсоли малахҳои ба кишт офатрасон ҳастанд, Ки меёбанд ҳар як соату ҳар лаҳза афзоиш. На аз фарҳанг огоҳанду не аз санъату таърих, Дили торикашон як дам надорад бо хирад созиш. Агар як дасташон дар дин, вале дасти дигар дар хун, Замин аз дасташон ҳаргиз надорад сулҳу осоиш. Агар инҳо намебуданд, олам гулситон мегашт, Намебуд ин замини хунчакон мӯҳтоҷи полоиш.. Яке қурбони Ал-қоида шуд бо даъвати инҳо, Яке қурбони Толибҳо, яке қурбонии ДОИШ. Закоту молро аз халқ бо найранг бистонанд, Ки то амволу сарватшон наёбад заррае коҳиш. Ба чашми халқ агар инҳо фақиру бенаво ҳастанд, Вале суратҳисоби пулашон ҳамвора дар гардиш. Агар тороҷи моли халқ, худ фармони дин бошад, Басо безори он динам - ва аз ин гуна фармоиш. Агар мақсуди мо ободиву созандагӣ бошад, Вале мақсуди инҳо нест - илло ғорату таркиш. Кунун эй мардуми тадбирсози ориёиям, Бибояд кард бар рағми чунин сангиндилон шӯриш. Замоне решаи инҳо агар зӯру қавӣ гардад, Набинад халқи мо он дам зи инҳо амну оромиш. Дуогӯям, ки эмин бод халқ аз шарри муллоҳо, Ба ҳайси як башар дорам Худоё аз ту ин хоҳиш. На танҳо ман ҳарифи ҷунбиши ифротиён ҳастам, Ҳазорон чун Аҷибе ҳаст алорағми чунин ҷунбиш. ————————— Аҷиб Ҷамол

ФАТВОИ КАҶ: Шакли пурраи шеър дар фейсбук: 👉 https://www.facebook.com/share/p/uET41G4Nkv6M755F/?mibextid=WC7FNe
ФАТВОИ КАҶ: Шакли пурраи шеър дар фейсбук: 👉 https://www.facebook.com/share/p/uET41G4Nkv6M755F/?mibextid=WC7FNe

В Telegram есть канал МУНОҶОТ~MUNOJOT. В этом канале можно послушать: МУНОҶОТ! МАДДО! ЗИКР! Подписаться на группу можно по сл
В Telegram есть канал МУНОҶОТ~MUNOJOT. В этом канале можно послушать: МУНОҶОТ! МАДДО! ЗИКР! Подписаться на группу можно по следующей ссылке. https://t.me/MadoMunojot

В Telegram есть канал МУНОҶОТ~MUNOJOT. В этом канале можно послушать: МУНОҶОТ! МАДДО! ЗИКР! Подписаться на группу можно по следующей ссылке. https://t.me/MadoMunojot

Гулнисо_РИЗВОНШОЕВА_Хоруғ_МАРОСИМИ_ТӮЙ_ВА_УНСУРҲОИ_ОН_ДАР_АФСОНАҲОИ.pdf3.71 KB

НОМИ КИТОБ: Зиндарӯд МУАЛЛИФ: Ҷовид Иқбол «Дар асари доктор Ҷовид Иқбол тамоми паҳлуҳои зиндагии Аллома Муҳаммад Иқбол бо таҳлили амиқи илмӣ ва шарҳи сиёсиву иҷтимоии замони ў тасвир ёфтааст. Китоб мухтасаран аз тарҷумаи форсии он таҳия шудааст. Ба оммаи васеи хонондагон тавсия мешавад.» Книгу можно скачать по данной ссылке:

photo content

Шогун баҳор муборак! —————- Гардиши сол аст май дар соғари ишрат кунед, Гуши миноро тиҳӣ аз пунбаи ғафлат кунед. Сураи ёсин ч
Шогун баҳор муборак! —————- Гардиши сол аст май дар соғари ишрат кунед, Гуши миноро тиҳӣ аз пунбаи ғафлат кунед. Сураи ёсин чй мехонед чил навбат ба ёр, Норпистоне ба даст ореду сад ишрат кунед. Офтоб имрӯз дар бурҷи шараф по мениҳад, Даст пеш ореду бо ҷоми сабӯ байъат кунед. Шабнишин бо маҳҷабинон чашм равшан мекунад, Ҳамчу шамъи қадрдон cap дар сари сӯҳбат кунед. Осмон дар санги анҷум санглохи тафриқаст, То муяссар ҳаст, эй аҳбоб, ҷамъият кунед. Бармадоред аз нигоҳи чашм, агар афтад ба даст, Гӯшаи чашме, к-аз у идроки кайфият кунед. Юсуфи мо дар тарозу чанд бошад ҳамчу санг, Эй, ба ҳиммат аз Зулайхо камтарон, иззат кунед. Ин ғазалро тоза Соиб дар қалам овардааст, Дар навиштан, дустон, бар якдигар сабқат кунед. Ғазал аз Соиб Исфаҳонӣ https://t.me/bashandkitoben

Саҳифаҳо_аз_таърихи_наврӯз_Маҷмӯа.pdf13.08 MB