Isloh.net
Открыть в Telegram
https://t.me/+QwF1WzixUeeO9oId Хушомадед ба канали телеграмии пойгоҳи Ислоҳ. Дар ин канал ҳама он мақолаҳо, таҳлилҳо, дидгоҳҳо,нақду назарҳое дар Isloh.net ва ISLOH TV ба нашр мерасанд,нашр мегардад. Дӯстони худро ба ин канали телеграмии мо даъват намоед.
Больше786
Подписчики
+424 часа
+57 дней
+330 день
Архив постов
786
Минбари муҳоҷир №417 | 01.07.2026 | برنامه منبر مهاجر
Унвони барнома:
Вазъияти Русия бисёр вахим — муҳоҷирон миёни маргу зиндагӣ
https://www.youtube.com/live/_p4WPI6IiHw?is=k5KG70MkFFcPTIZV
786
https://isloh.net/22711/nomaҳo-az-noҳiyaҳo-ba-isloҳ-net№369/
Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№369
786
https://isloh.net/22717/nomaҳo-az-noҳiyaҳo-ba-isloҳ-net-№370/
Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №370
786
Вақте ҳизб аз шахс болотар аст…
Дар Бритониё як анъанаи сиёсии ҷолиб ва қобили таваҷҷӯҳ вуҷуд дорад. Агар ҳизбе дар интихобот пирӯз шавад, роҳбари ҳамон ҳизб одатан сарвазир мегардад. Аммо агар он сарвазир дар идораи давлат ноком шавад, ё эътимоди мардумро аз даст диҳад ва обрӯи ҳизб коҳиш ёбад, худи ҳизб ӯро иваз мекунад. Ба ҷои ӯ шахси дигаре аз ҳамон ҳизб ба мақоми сарвазирӣ мерасад.
Ҳадаф равшан аст: ҳифзи эътимоди мардум ва нигоҳ доштани мавқеи ҳизб дар интихоботҳои оянда.
Аз ҳамин сабаб, танҳо дар даҳ соли охир Бритониё шаш сарвазирро таҷриба кардааст:
1. Дэвид Кэмерон
2. Тереза Мэй
3. Борис Ҷонсон
4. Лиз Трасс
5. Риши Сунак
6. Кейр Стармер
Дар Тоҷикистон бошад, аз соли 1992 то имрӯз як нафар роҳбари давлат аст.
Мутаассифона, чунин фарҳанги масъулиятшиносӣ ва навсозии роҳбарӣ на танҳо дар ҳокимияти Тоҷикистон, балки ҳатто дар бисёре аз аҳзобу созмонҳои мухолифи тоҷик низ ба назар намерасад. Дар бисёр ҳолатҳо роҳбар солҳо ва ҳатто даҳсолаҳо дар ҷойгоҳи худ мемонад, новобаста аз натиҷаҳо ё коҳиши эътимоди ҷонибдорон.
Ин фарҳанг боиси суст шудани рақобати сиёсӣ, маҳдуд шудани имконияти пайдоиши чеҳраҳои нав ва коҳиши эътимоди мардум мегардад.
Дар сиёсат, шахсиятҳо бояд иваз шаванд, то андешаҳо ва ниҳодҳо зинда бимонанд. Қуввати воқеии як ҳизб дар он аст, ки аз як нафар вобаста набошад, балки тавонад роҳбарони навро тарбия ва ба ҷомеа пешниҳод кунад.
Дар даҳ сол-6 сарвазир.
Дар сиючор сол-1 президент.
786
Минбари муҳоҷир №416 | 28.06.2026 | برنامه منبر مهاجر
45° гармӣ, обанборҳо лабрез аз об, аммо барқ нест — то кай?
https://www.youtube.com/live/5dTgVuXhms0?is=mLIm7SWlwMTrEdNA
786
https://isloh.net/22711/nomaҳo-az-noҳiyaҳo-ba-isloҳ-net№369/
Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№369
786
Пас аз даҳ рӯзи ҷустуҷӯ ҷасади Алишер Мирзонабот дар рӯди Панҷ пайдо шуд
Бино ба маълумоти пешакӣ, дар рӯди Панҷ ҷасаде пайдо шудааст, ки эҳтимолан ба раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот тааллуқ дорад.
Дар ин бора рӯзи 26 июн сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Ориф Нозимиён хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҷасад 26 июн, тақрибан 20 километр поёнтар аз маҳалли садама, ҳангоми идомаи корҳои ҷустуҷӯиву наҷотбахш пайдо гардид. Як рӯз пеш низ дар ҳамин минтақа ҷасади ронандаи раиси ВМКБ ёфт шуда буд.
Наздикону бародарони марҳум ҷасади пайдошударо пешакӣ ҳамчун Алишер Мирзонабот шинохтаанд. Аммо тасдиқи ниҳоии шахсияти ӯ пас аз анҷоми ташхиси судӣ-тиббӣ эълон хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки садама рӯзи 17 июн дар қитъаи роҳи ноҳияи Дарвоз рух дод. Мошине, ки дар он Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонаш қарор доштанд, ба рӯди Панҷ сарозер шуд. Амалиёти ҷустуҷӯву наҷот беш аз даҳ рӯз идома дорад.
То ҳол ҷасадҳои ҳамсари Алишер Мирзонабот, духтараш ва ёвари ӯ пайдо нашудаанд.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар амалиёти ҷустуҷӯ зиёда аз 200 наҷотдиҳанда, кормандони воҳидҳои махсус ва намояндагони дигар сохторҳои давлатӣ иштирок доранд. Ҷустуҷӯ ҳам дар сатҳи об ва ҳам дар зери об дар ноҳияҳои Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, минтақаи Кӯлоб ва дигар қисматҳои соҳили рӯди Панҷ идома дорад.
Уже доступно! Исследование Telegram 2025 — ключевые инсайты года 
