Isloh.net
رفتن به کانال در Telegram
https://t.me/+QwF1WzixUeeO9oId Хушомадед ба канали телеграмии пойгоҳи Ислоҳ. Дар ин канал ҳама он мақолаҳо, таҳлилҳо, дидгоҳҳо,нақду назарҳое дар Isloh.net ва ISLOH TV ба нашр мерасанд,нашр мегардад. Дӯстони худро ба ин канали телеграмии мо даъват намоед.
نمایش بیشتر778
مشترکین
-124 ساعت
-67 روز
-1430 روز
آرشیو پست ها
778
Руссия давлатест, ки дар он миллатгарои (национализм) ва нажодпарасти (Расизм) рушд карда истода аст!
778
https://isloh.net/22677/nomaҳo-az-noҳiyaҳo-ba-isloҳ-net-№363/
Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №363
778
https://isloh.net/22674/nomaҳo-az-noҳiyaҳo-ba-isloҳ-net№-362/
Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 362
778
Бо вуҷуди доштани "ВНЖ" вуруд ба Россия -ро барои 10 сол манъ карданд, гӯё, ки ҳузури у дар Россия хатар барои давлат аст!
778
Об манбаи хаёт.
Тоҷикистоне, ки яке аз давлатҳои бойтарин аз об аст, дар баробари ин аз об танқисӣ мекашад! Ин мушкилии як солу ду сол нест! Ин мушкили солҳои сол аст ки давом дорад!
Инқадар обҳои Тоҷикистон куҷо меравад?
Чаро зиёда аз 90 фоизи Тоҷикистон куҳ ҳасту барфу яхпора вале Тоҷикистон аз об танқиси мекашад? Куҷост обҳои Тоҷикистон?
778
https://isloh.net/22661/imperiyai-buzҳoi-vkd-dar-krasnodar-shabakai-habarkashii-rezhimi-raҳmonov/
«Империяи бузҳои ВКД дар Краснодар»: шабакаи хабаркашии режими Раҳмонов
778
Муҳоҷироне ки Руссия қарор доранду дар такси кор мекунанд эҳтиёт бошед, чунин "подставаҳо" хело зиёд шуда истодаанд!
Ҳамеша камераҳои мошинатонро гирён монед! То ин ки шуморо бо гуноҳе ки накардаед ҳабс, ҷаримо ва ихроҷ (депортатсия) накунанд!
Admin: T.S
778
https://isloh.net/22658/nomaҳo-az-noҳiyaҳo-ba-isloҳ-net№361/
Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№361
778
https://isloh.net/22653/billing-yo-ғorati-rustami-emomalӣ-schyotchikҳoe-ki-ҳatto-honai-holiro-қarzdor-mekunand/
Биллинг ё ғорати Рустами Эмомалӣ? Счётчикҳое, ки ҳатто хонаи холиро қарздор мекунанд
778
Миллати азизу шарифам!
Дар ин лаҳзаҳои суруру шодмонии тамоми мусалмонони ҷаҳон ҳамаи ҳаммеҳанони азизамро ба муносибати Иди Қурбон иди ийсору фидокорӣ, сабру устуворӣ самимона табрик мегӯям.
Аз даргоҳи Худованди меҳрубон бароятон саломатӣ, ризқи фаровон, оромии дил ва баракат дар зиндагӣ ва озодӣ аз режими истибдодгарро орзу дорам. Худованд қурбониҳо, дуъоҳо ва тамоми ибодатҳои анҷомдодаи мо ва шуморо дар ин даҳаи мубораку пурфазилат пазируфта, ба даргоҳи худ қабул фармуда бошад.
Агарчи имрӯз миллионҳо ҳамватанони мо дур аз Ватан, дур аз хонаводаву азизони худ ин иди муборакро дар ғурбат сипарӣ мекунанд, вале қалбану рӯҳан ҳамоно дар канори оилаҳои худ ҳастанд. Ин ҳолатро танҳо касоне дарк мекунанд, ки худ дарди дурӣ ва ғурбатро чашидаанд ва он наздиконе, ки чашм ба роҳи бозгашти онҳо ҳастанд.
Аз аҳволи зиндониёни бегуноҳи дохили кишвар ҳам нагӯем, ки ҳоли тангу зори онҳо ба ҳамагон маълум аст. Онҳо низ бо дард ва маҳрумияти хоси худ рӯз мегузаронанд. Дар асл, ҳоли мо аз онҳо фарқи зиёди рӯҳиву равонӣ надорад: онҳо дар қайданду мо дар озодӣ, вале дур аз Ватану диёри худ. Рӯҳан ҳама муҳоҷирони иҷборӣ ва зиндониёнро як дард ба ҳам мепайвандад.
Дар чунин рӯзҳои муборак ёди онҳо ва аҳли хонаводаҳояшон дар дилҳои мо зинда аст ва дуъои мо ҳамроҳи онҳост.
Умед дорам, ки идҳои оянда дигар чунин ҳолатҳои сангину талхро надошта бошем; ин «харсангҳо»-е, ки сари роҳи ин миллати бузург ва ин анбуҳи миллионҳо нафар қарор гирифтаанд, аз миён бардошта шаванд ва онҳое, ки чунин мавонеъро эҷод кардаанд, дигар натавонанд миёни мардуму Ватан ҷудоӣ андозанд.
Бо умеди он рӯз, ки идҳои ояндаро ҳама якҷо, дар Тоҷикистони азизи худ, бо амнияту озодӣ, бо чеҳраҳои кушода ва дилҳои ором, дар муҳити воқеан шоиста ва арзандаву озоду ботшукӯҳ таҷлил кунем.
Агар мо тасмим бигирем, агар бо ихлосу садоқат талош намоем ва агар устувор бимонем, ҳатман муваффақ хоҳем шуд.
Талош ва устувориро набояд аз даст диҳем.
Набояд мунтазири касе ё чизе бошем.
Бо таваккал ба Худо ва бо иродаи худ роҳи фардои беҳтарро бо ҳам хоҳем сохт.
Иди Қурбон бар ҳамаи шумо дар дохили Ватан ва дар ҳар гӯшаи ҷаҳон қарор дошта муборак бод!
Бо эҳтиром,
Муҳаммадиқболи Садриддин
Роҳбари ҳаракати сиёсии «Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон»
778
Мардум ба Ид таёри дида истодаанд! Вале дар Рудаки барқ нест!
Дар рӯзи Иди қурбон барқро хомуш кардаанд!
Нависед дар куҷо барқ нест?!
778
Беҳтарин дуъои рӯзи Арафа
Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамд, ва ҳува ъало кулли шайъин қадир.
Нест маъбуде барҳақ ҷуз Аллоҳи ягона, ки шарике надорад. Подшоҳӣ танҳо аз они Ӯст ва ситоиш танҳо барои Ӯст,
ва Ӯ бар ҳар чиз тавоност.
Дар ҳадис омадааст:
“Беҳтарин дуъо дуъои рӯзи Арафа аст, ва беҳтарин чизе, ки ман ва паёмбарони пеш аз ман гуфтаем, ҳамин аст:
لَا إِلٰهَ إِلَّا اللَّهُ وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ، وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ”
(ривояти Имом ат-Тирмизӣ)
Эй Аллоҳ! Рӯзи Арафаро барои мо рӯзи хайру баракат ва раҳмат бигардон.
Гуноҳони моро биёмурз, айбҳои моро пӯшон, ғаму андӯҳи моро дур гардон.
Ба нотавонии мо раҳм намо ва моро аз фазлу карамат рӯзӣ бидеҳ.
Аз ҳар тангӣ барои мо роҳи наҷоте қарор деҳ, аз ҳар ғам кушоише ато фармо, ва ҳар дуои моро ба иҷобат бирасон.
Аллоҳ аз шумо ва ҳамаи мӯъминон дар рӯзи Арафа қабул фармояд. Омин.
اکنون در دسترس! پژوهش تلگرام ۲۰۲۵ — مهمترین بینشهای سال 
