fa
Feedback
ПЕДАГОГИ ТОҶИК

ПЕДАГОГИ ТОҶИК

رفتن به کانال در Telegram

Муаллимаи синфҳои ибтидоӣ Барои муроҷиат: @pedagog_tj_admin TELEGRAM https://t.me/pedagogitojik INSTAGRAM https://www.instagram.com/pedagogtj?igsh=Y3I1ZjJ3cnp1bXpr FACEBOOK https://www.facebook.com/share/1RWeftdwZo/

نمایش بیشتر
298
مشترکین
+924 ساعت
+467 روز
+4330 روز

در حال بارگیری داده...

کانال‌های مشابه
هیچ داده‌ای
مشکلی وجود دارد؟ لطفاً صفحه را تازه کنید یا با مدیر پشتیبانی ما تماس بگیرید.
ابر برچسب‌ها
هیچ داده‌ای
مشکلی وجود دارد؟ لطفاً صفحه را تازه کنید یا با مدیر پشتیبانی ما تماس بگیرید.
اشارات ورودی و خروجی
---
---
---
---
---
---
جذب مشترکین
ژوئیه '26
ژوئیه '26
+59
در 0 کانال‌ها
ژوئن '26
+8
در 0 کانال‌ها
Get PRO
مه '26
+23
در 1 کانال‌ها
Get PRO
آوریل '26
+22
در 2 کانال‌ها
Get PRO
مارس '26
+33
در 0 کانال‌ها
Get PRO
فوریه '260
در 2 کانال‌ها
Get PRO
ژانویه '26
+37
در 0 کانال‌ها
Get PRO
دسامبر '250
در 1 کانال‌ها
Get PRO
نوامبر '25
+32
در 0 کانال‌ها
Get PRO
اکتبر '25
+67
در 0 کانال‌ها
Get PRO
سپتامبر '250
در 0 کانال‌ها
Get PRO
اوت '25
+49
در 0 کانال‌ها
Get PRO
ژوئیه '250
در 0 کانال‌ها
Get PRO
ژوئن '250
در 0 کانال‌ها
Get PRO
مه '250
در 0 کانال‌ها
Get PRO
آوریل '25
+41
در 0 کانال‌ها
Get PRO
مارس '250
در 0 کانال‌ها
Get PRO
فوریه '25
+4
در 0 کانال‌ها
تاریخ
رشد مشترکین
اشارات
کانال‌ها
10 ژوئیه+1
09 ژوئیه+9
08 ژوئیه+8
07 ژوئیه+1
06 ژوئیه+4
05 ژوئیه+14
04 ژوئیه+11
03 ژوئیه+11
02 ژوئیه0
01 ژوئیه0
پست‌های کانال
🎁 ФУРСАТИ ОХИРИН! Муаллимони азиз! 📚✨ Пагоҳ озмуни мо ҷамъбаст мешавад ва ғолибон соҳиби тӯҳфаҳои арзишманд мегарданд. Агар
🎁 ФУРСАТИ ОХИРИН! Муаллимони азиз! 📚✨ Пагоҳ озмуни мо ҷамъбаст мешавад ва ғолибон соҳиби тӯҳфаҳои арзишманд мегарданд. Агар то ҳол ҳамроҳ нашудаед, имрӯз беҳтарин фурсат аст! ⚠️ Илтимос, танҳо омӯзгоронро ба канал даъват намоед. Бигзор ин тӯҳфа ба онҳое расад, ки воқеан аз маводҳои омӯзгорӣ истифода мебаранд. 🎁 Як шартро фаромӯш накунед: Агар касе танҳо барои гирифтани тӯҳфа ба канал ҳамроҳ шуда, баъди гирифтани он аз канал хориҷ шавад, аз нигоҳи ахлоқӣ ва виҷдонӣ ин тӯҳфа барояш баракат нахоҳад дошт. 🤝 Канали мо барои дастгирии омӯзгорон таъсис ёфтааст. Агар аз маводҳо истифода мебаред, бо мо бимонед ва ҳамеша аз маводҳои нави ройгон ва муфид баҳра баред. ⏳ Пагоҳ соати 10:00 озмун ба охир мерасад ва ҷамъбаст карда мешавад. ! Шитоб кунед ва омӯзгорони дигарро низ даъват намоед! 🍀 Барори кор ба ҳамаи иштирокчиён! 🌹 https://t.me/pedagogitojik

2
🎁 ТӮҲФАИ РОЙГОН БАРОИ ОМӮЗГОРОН! 🎉 Ассалому алайкум, омӯзгорони азиз! 🌹 Тавре ваъда дода будем, имрӯз барои ҳамаи аъзои канали «Педагоги тоҷик» як тӯҳфаи ройгон омода кардем! 📚✨ 🎁 Ин мавод барои осонтар, ҷолибтар ва самараноктар гузаронидани дарсҳои шумо омода шудааст. 📎 Файлро дар паёми навбатӣ дар вақтҳои наздик дастрас намоед ва бо завқ истифода баред! 💙 Агар мавод ба шумо писанд омад, онро ба ҳамкорони омӯзгоратон низ тавсия диҳед, то онҳо ҳам ба канали мо ҳамроҳ шуда, аз маводҳои ройгон, ғояҳои нав ва тӯҳфаҳои оянда баҳра баранд. 🌟 Бо мо ҳамроҳ бошед, зеро тӯҳфаҳо, маводҳои муфид ва пешниҳодҳои махсуси зиёде дар пешанд! Аз мо дур нашавед дар соатҳои наздик ба канал мегузорем!!!! https://t.me/pedagogitojik
42
3
#20. 🐻 Методи интерактивӣ: «Хирсҳои моҳихӯр» Барои фанҳои табиӣ Ҳамкасбони гиромӣ! Барои омӯзиш ва мустаҳкам намудани мавзӯи
#20. 🐻 Методи интерактивӣ: «Хирсҳои моҳихӯр» Барои фанҳои табиӣ Ҳамкасбони гиромӣ! Барои омӯзиш ва мустаҳкам намудани мавзӯи «Сутунмӯҳрадорон ва бесутунмӯҳрадорон» усули дидактикии «Хирсҳои моҳихӯр»-ро пешниҳод менамоям. Дар ин метод ду хирс ҷойгир шудааст: яке бо навиштаҷоти «Сутунмӯҳрадорон» ва дигаре «Бесутунмӯҳрадорон». Дар моҳичаҳо номҳои ҳайвоноти гуногун навишта шудаанд. 📌 Тартиби иҷро: 🔹 Хонанда як моҳичаро интихоб намуда, номи ҳайвонро мехонад. 🔹 Муайян мекунад, ки ҳайвон ба гурӯҳи сутунмӯҳрадорон ё бесутунмӯҳрадорон мансуб аст. 🔹 Пас аз муайян кардан, моҳичаро ба хирси мувофиқ «хӯронда», интихоби худро шарҳ медиҳад. ✅ Ин метод дониши хонандагонро оид ба гурӯҳбандии ҳайвонот мустаҳкам намуда, тафаккури мантиқӣ, диққат ва фаъолияти онҳоро инкишоф медиҳад. Дарсро шавқовар, интерактивӣ ва хотирмон мегардонад. 🐻🐟 «Хирсҳои моҳихӯр» — ҳар як моҳӣ бояд ба хирси дурусти худ расад! https://t.me/pedagogitojik
54
4
Гуфтори сухан https://t.me/pedagogitojik
Гуфтори сухан https://t.me/pedagogitojik
50
5
🔥 Иштироккунандагони азиз! То анҷоми озмун рӯзҳои кам боқӣ мондаанд! 🎯 Аллакай баъзе иштирокчиён зиёда аз 10 нафар омӯзгорр
🔥 Иштироккунандагони азиз! То анҷоми озмун рӯзҳои кам боқӣ мондаанд! 🎯 Аллакай баъзе иштирокчиён зиёда аз 10 нафар омӯзгорро ба канал ҳамроҳ карданд. Шояд ғолиби асосӣ маҳз шумо бошед! 🏆 20 нафар = Курси "Сохтани аёниятҳои таълимӣ" (100 000 сӯм) РОЙГОН! ⏳ **Имрӯз фаъол бошед! Ҳар омӯзгори нав метавонад шуморо ба ғолибият наздиктар кунад. https://t.me/pedagogitojik
80
6
🌟 Тӯҳфаҳо идома доранд! 🎁 Муҳтарам омӯзгорони азиз! Ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки меҳнати шумо ва фаъолиятатонро қадр намоям. Аз ин рӯ, пагоҳ барои ҳамаи аъзои канали «Педагоги тоҷик» як тӯҳфаи ройгон омода кардаам. 📚✨ 🎁 Ин мавод барои фаъолияти ҳаррӯзаи омӯзгорӣ муфид буда, метавонад дар дарсҳои шумо истифода шавад. 📢 Агар то ҳол дӯстону ҳамкорони омӯзгоратон ба канали мо ҳамроҳ нашуда бошанд, онҳоро низ даъват намоед, то онҳо ҳам аз ин тӯҳфа баҳра баранд. ⏰ Пагоҳ ҳатман каналро пайгирӣ кунед! Шуморо боз як сюрпризи ҷолиб интизор аст. 🌹 Бо мо ҳамроҳ бошед - ҳоло боз ҳам тӯҳфаҳо, маводҳои муфид ва имкониятҳои арзишманд зиёданд! Аз мо дур нашавед!!! https://t.me/pedagogitojik
76
7
19. 🏧 Методи интерактивӣ: «Банкомат» Ҳамкасбони гиромӣ! Барои омӯзиш ва мустаҳкам намудани мавзӯи мақолҳо ва чистонҳо аз усу
19. 🏧 Методи интерактивӣ: «Банкомат» Ҳамкасбони гиромӣ! Барои омӯзиш ва мустаҳкам намудани мавзӯи мақолҳо ва чистонҳо аз усули «Банкомат» истифода баред. Дар метод ду банкомат ҷойгир шудааст: «Мақолҳо» ва «Чистонҳо». Ба хонандагон кортҳои дорои матнҳо пешниҳод мегарданд. 📌 Тартиби иҷро: 🔹 Хонанда як кортро интихоб намуда, онро мехонад. 🔹 Муайян мекунад, ки матн мақол аст ё чистон. 🔹 Кортро ба банкомати мувофиқ ҷойгир мекунад ва интихоби худро шарҳ медиҳад. ✅ Ин метод малакаи фарқ кардани мақолу чистон, тафаккури мантиқӣ, диққат ва нутқи шифоҳии хонандагонро инкишоф дода, дарсро шавқовар ва интерактивӣ мегардонад. 🏧 «Банкомати дониш» — ҳар як корт бояд ба банкомати дурусти худ ворид шавад! https://t.me/pedagogitojik
86
8
17. 🐠 Методи интерактивӣ: «Моҳичаҳои калимасоз» Ҳамкасбони гиромӣ! Барои омӯзиши мавзӯи «Пешвандҳо ва пасвандҳои калимасоз»
17. 🐠 Методи интерактивӣ: «Моҳичаҳои калимасоз» Ҳамкасбони гиромӣ! Барои омӯзиши мавзӯи «Пешвандҳо ва пасвандҳои калимасоз» аз усули «Моҳичаҳои калимасоз» истифода баред. Дар метод се аквариум ҷойгир шудааст: 🐟 Пешвандҳои сифатсоз 🐟 Пасвандҳои сифатсоз 🐟 Пасвандҳои исмсоз Дар моҳичаҳо пешвандҳо ва пасвандҳо навишта шудаанд. 📌 Тартиби иҷро: 🔹 Хонанда як моҳичаро интихоб карда, онро мехонад. 🔹 Муайян мекунад, ки он ба кадом гурӯҳ тааллуқ дорад. 🔹 Моҳичаро ба аквариуми мувофиқ мегузорад. 🔹 Бо ҳамон пешванд ё пасванд калима сохта, онро дар ҷумла истифода мебарад. ✅ Бартариҳо: • Донишро оид ба пешванд ва пасванд мустаҳкам мекунад; • Захираи луғавӣ ва малакаи калимасозиро инкишоф медиҳад; • Тафаккур ва фаъолияти хонандагонро фаъол мегардонад; • Дарсро шавқовар ва интерактивӣ месозад. 🐠 «Моҳичаҳои калимасоз» — ҳар моҳӣ бояд ба аквариуми дурусти худ шино кунад! https://t.me/pedagogitojik
94
9
بدون متن...
88
10
🔥 ИШТИРОКЧИЁНИ АЗИЗ! Озмуни мо идома дорад ва то анҷоми он рӯзҳои кам боқӣ мондаанд! ⏳ 🎯 Аллакай баъзе иштирокчиён ба натиҷ
🔥 ИШТИРОКЧИЁНИ АЗИЗ! Озмуни мо идома дорад ва то анҷоми он рӯзҳои кам боқӣ мондаанд! ⏳ 🎯 Аллакай баъзе иштирокчиён ба натиҷаҳои хуб ноил шудаанд. Шояд ғолиби асосӣ маҳз шумо бошед! 🏆 20 нафар омӯзгорро ба канал даъват кунед ва соҳиби Курси пурраи «Сохтани аёниятҳои таълимӣ» шавед! 💰 Арзиши курс — 100 000 сӯм. 🎁 Барои ғолиб — КОМИЛАН РОЙГОН! 📲 Пайванди шахсии худро ба дӯстону ҳамкорон фиристед. Ҳар як омӯзгори наве, ки аз пайванди шумо ҳамроҳ мешавад, шуморо ба ғолибият боз ҳам наздиктар мекунад. ⏳ Вақтро аз даст надиҳед! Имрӯз фаъол бошед, зеро ғолиб ҳамон касест, ки имрӯз амал мекунад. 🌟 Барори кор ба ҳамаи иштирокчиён! https://t.me/pedagogitojik
99
11
🔥 ОЗМУН ИДОМА ДОРАД! ⏳ Танҳо то 11-уми июл имкони иштирок доред! Аллакай бисёр омӯзгорон фаъолона ба озмун ҳамроҳ шуда, тава
🔥 ОЗМУН ИДОМА ДОРАД! ⏳ Танҳо то 11-уми июл имкони иштирок доред! Аллакай бисёр омӯзгорон фаъолона ба озмун ҳамроҳ шуда, тавассути пайванди шахсии худ омӯзгорони дигарро ба канал даъват карда истодаанд. Шояд маҳз шумо ғолиби асосӣ шавед! 🏆 Мукофоти асосӣ: 🎓 Бар ивази 20 нафар аъзо курси пурраи «Сохтани аёниятҳои таълимӣ» 💰 Арзиш: 100 000 сӯм 🎁 КОМИЛАН РОЙГОН! 🎁 Илова бар ин, барои 1, 3, 6 ва 10 нафар даъватшуда низ тӯҳфаҳои арзишманд пешбинӣ шудаанд. ⚡️ Ҳар як омӯзгори даъваткардаи шумо шуморо ба ғолибият наздиктар мекунад! 📩 Барои гирифтани пайванди шахсӣ ба @pedagog_tj_admin нависед. ❗️ То анҷоми озмун рӯзҳои кам боқӣ мондаанд. Имрӯз фаъол бошед, то баъдтар аз даст рафтани ин имконият афсӯс нахӯред! 🌹 Барори кор ба ҳамаи иштирокчиён! https://t.me/pedagogitojik
95
12
19. 🎒 Методи интерактивӣ: «Ҷомадони мулоҳизаҳо» Ҳамкасбони гиромӣ! Барои мустаҳкам намудани мавзӯи «Мулоҳизаҳои рост ва дурӯ
19. 🎒 Методи интерактивӣ: «Ҷомадони мулоҳизаҳо» Ҳамкасбони гиромӣ! Барои мустаҳкам намудани мавзӯи «Мулоҳизаҳои рост ва дурӯғ» аз усули «Ҷомадони мулоҳизаҳо» истифода баред. Дар метод ду ҷомадон ҷойгир шудааст: «Мулоҳизаи рост» ва «Мулоҳизаи дурӯғ». Ба хонандагон ҷумлаҳо пешниҳод мегарданд. 📌 Тартиби иҷро: 🔹 Хонанда мулоҳизаро мехонад. 🔹 Муайян мекунад, ки он рост аст ё дурӯғ. 🔹 Корти мулоҳизаро ба ҷомадони мувофиқ мегузорад. 🔹 Агар мулоҳиза нодуруст бошад, онро ислоҳ мекунад. ✅ Ин метод тафаккури мантиқӣ, диққат ва малакаи таҳлилро инкишоф дода, дарсро шавқовар ва интерактивӣ мегардонад. 🎒 «Ҷомадони мулоҳизаҳо» — ҳар як мулоҳиза бояд ба ҷомадони дурусти худ ҷойгир шавад! https://t.me/pedagogitojik
90
13
🎉 Натиҷаи овоздиҳӣ маълум шуд! 🥇 Бо 52% овоз аёнияти «Чамадони мулоҳизаҳо» ғолиб гардид. 🎁 Тавре ваъда дода будем, ин маводро ҳамчун тӯҳфа барои шумо пешниҳод менамоем. https://t.me/pedagogitojik
194
14
📊 НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ Муҳтарам омӯзгорон, ба ҳамаи шумо барои иштироки фаъолона дар овоздиҳӣ ташаккур! Аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ: 🥇 «Чамадони мулоҳизаҳо» — 11 овоз (52%) 🥈 «Танӯри дониш» — 8 овоз (38%) 🥉 «Хирсҳои моҳиҳӯр» — 5 овоз (23%) 4️⃣ «Пояфзолҳои иборасоз» — 4 овоз (19%) 5️⃣ «Мошини кайҳон» — 3 овоз (14%) 🎁 Бо назардошти натиҷаи овоздиҳӣ, имрӯз ба ҳамаи аъзоёни канал варианти электронии аёнияти «Чамадони мулоҳизаҳо» ҳамчун тӯҳфа пешниҳод карда мешавад. 🤝 Ташаккур барои фаъолият, дастгирӣ ва иштирокатон! Пешниҳодҳо ва овозҳои шумо барои мо хеле муҳиманд. 🌟 Дар пеш боз тӯҳфаҳо, озмунҳо ва маводҳои муфиди зиёде шуморо интизоранд. Бо мо ҳамроҳ бимонед! 🌹 Аз мо дур нашавед! https://t.me/pedagogitojik
96
15
16. 🌾 Методи интерактивӣ: «Осиёби ҳиҷоҳо» Ҳамкасбони гиромӣ! Барои омӯзиш ва мустаҳкам намудани мавзӯи «Ҳиҷо» усули дидактик
16. 🌾 Методи интерактивӣ: «Осиёби ҳиҷоҳо» Ҳамкасбони гиромӣ! Барои омӯзиш ва мустаҳкам намудани мавзӯи «Ҳиҷо» усули дидактикии «Осиёби ҳиҷоҳо»-ро пешниҳод менамоям. Дар ин метод чор осиёб ҷойгир карда шудааст, ки бо номҳои якҳиҷогӣ, дуҳиҷогӣ, сеҳиҷогӣ ва чорҳиҷогӣ ишора шудаанд. Дар халтаҳои гандум калимаҳои гуногун навишта шудаанд. 📌 Тартиби иҷрои метод: 🔹 Омӯзгор аз халта як калимаро интихоб мекунад ё онро ба хонанда медиҳад. 🔹 Хонанда калимаро бо овози баланд мехонад ва онро ба ҳиҷоҳо ҷудо мекунад. 🔹 Пас аз муайян намудани шумораи ҳиҷоҳо, калимаро ба осиёби мувофиқ ҷойгир мекунад. 🔹 Хонанда интихоби худро шарҳ медиҳад. Дар охир омӯзгор ҷавобҳоро бо хонандагон якҷоя санҷида, хулосабарорӣ менамояд. ✅ Бартариҳои метод: 🌟 Малакаи дуруст ба ҳиҷо ҷудо кардани калимаҳоро инкишоф медиҳад; 🌟 Диққат, тафаккур ва нутқи шифоҳии хонандагонро инкишоф медиҳад. 🌟 Дарсро шавқовар, интерактивӣ ва хотирмон мегардонад; 🌟 Барои синфҳои ибтидоӣ ҳамчун аёнияти самаранок хеле мувофиқ аст. https://t.me/pedagogitojik
101
16
📢 ТАНҲО ИМРӮЗ — 8-уми июл! 🎉 🎁 Пешниҳоди махсус барои омӯзгорон! 📚 Бо дастрас кардани Базаи файлҳои дидактикӣ, шумо Курси «Сохтани аёниятҳои таълимӣ»-ро, ки арзишаш 100 000 сӯм аст, КОМИЛАН РОЙГОН мегиред! 💰 Арзиши умумии ду маҳсулот — 200 000 сӯм. ⏳ Ин пешниҳод танҳо имрӯз амал мекунад! ✨ Фурсатро аз даст надиҳед! Имрӯз ба рушди касбӣ ва осон кардани фаъолияти омӯзгории худ сармоягузорӣ кунед. 🚀 Бо як интихоб ду маҳсулоти арзишмандро соҳиб шавед! 📩 Барои фармоиш ё гирифтани маълумоти бештар ба @pedagog_tj_admin нависед. https://t.me/pedagogitojik
110
17
Дар ҳозир аёнияти математикӣ пешсаф аст. То соати 21:00 нигоҳ мекунем. Баъд аз он овоздиҳӣ ба охир мерасад. Ба канал аёнияте,
Дар ҳозир аёнияти математикӣ пешсаф аст. То соати 21:00 нигоҳ мекунем. Баъд аз он овоздиҳӣ ба охир мерасад. Ба канал аёнияте, ки бисёр овоз ҷамъ кардааст ба канал гузошта мешавад.
105
18
Дар овоздиҳӣ иштирок кунед омӯзгорон!!!!
106
19
15. 🚂 Методи интерактивӣ: «Қатораи ченакҳо» Ҳамкасбони гиромӣ! Дар ин метод се вагон ҷойгир карда шудааст, ки дар ҳар яке но
15. 🚂 Методи интерактивӣ: «Қатораи ченакҳо» Ҳамкасбони гиромӣ! Дар ин метод се вагон ҷойгир карда шудааст, ки дар ҳар яке номи як гурӯҳи ченакҳо навишта шудааст: 🚃 Воҳидҳои ченаки дарозӣ 🚃 Воҳидҳои ченаки масоҳат 🚃 Воҳидҳои ченаки вазн Дар сангҳои тиллоӣ бошад, воҳидҳои гуногуни ченак (масалан: метр, сантиметр, километр, тонна, килограмм, грамм, см², м² ва ғайра) навишта шудаанд. 📌 Тартиби иҷрои метод: 🔹 Омӯзгор сангҳои тиллоиро ба хонандагон пешниҳод мекунад. 🔹 Ҳар як хонанда як сангро интихоб намуда, онро мехонад. 🔹 Хонанда муайян мекунад, ки воҳиди ченак ба кадом гурӯҳ мансуб аст. 🔹 Сангро ба вагоне, ки номи гурӯҳи мувофиқро дорад, ҷойгир менамояд. 🔹 Шарҳ медиҳад. ✅ Бартариҳои метод: 🌟 Дониши хонандагонро оид ба воҳидҳои ченак мустаҳкам мекунад; 🌟 Тафаккури мантиқӣ ва малакаи гурӯҳбандиро инкишоф медиҳад; 🌟 Диққат ва иштироки фаъоли хонандагонро зиёд менамояд; 🌟 Дарсро шавқовар, интерактивӣ ва хотирмон мегардонад; 🌟 Барои кори инфиродӣ, ҷуфтӣ ва гурӯҳӣ хеле мувофиқ аст. https://t.me/pedagogitojik
112
20
بدون متن...
105