fa
Feedback
Сарчашмаи илм سرچشمه علم Sarchashmai ilm

Сарчашмаи илм سرچشمه علم Sarchashmai ilm

رفتن به کانال در Telegram

Адабиёт,تا زبان هست، ملت هست

نمایش بیشتر
496
مشترکین
-224 ساعت
-17 روز
-1130 روز
آرشیو پست ها
НОМА БА ШОИРИ ДӮСТДОШТААМ - ФИРДАВСӢ Фирдавсии азиз! Агар имрӯз ту зинда мебудӣ, туро барои сурудани чунин ашъори зебо ситоиш мекардам. Ман ҳам мисли ту худро сарфи навиштани шеърҳое мекардам, ки дилу ҷони мардумро ҳамон гуна, ки ашъори ту ба тапиш меорад, ба ҳаяҷон оварад. Агар имрӯз ту зинда мебудӣ, дӯст медоштам аз ту бисёр чизҳоро биомӯзам, то мисли ту шоири номдор шавам; шоире, ки ҳатто баъд аз гузашти солҳои зиёд ҳам ашъораш аз даст ба дасту аз забон ба забон мегузарад ва мардумро ҳарчи бештар ба хондани шеърҳояш водор месозад. Ашъоре, ки тамоми умри худро барои офаридани онҳо сарф кардӣ ва бо тамоми ҳастӣ кӯшидӣ, то барои ояндагон осоре боқӣ гузорӣ, ки мардум бо онҳо зиндагӣ кунанд. Ҳамчунин ту сабаб шудӣ, ки бисёр одамон ба шеъру шоирӣ рӯ оваранд, роҳи туро дар офаридани шеърҳо ва достонҳои таърихиву афсонавӣ идома диҳанд ва ин ганҷи гаронбаҳоро ба наслҳои оянда расонанд, то онҳо низ аз рӯзгори гузаштагон огоҳ гарданд. Ҳамон гуна, ки ту бо сурудани он ашъори зебо ва он достонҳои дилангез рӯҳи инсонро мафтун месозӣ, хонанда чунон эҳсос мекунад, ки гӯё худ дар ҳамон даврон зиндагӣ кардааст, ҳамаи рӯйдодҳоро бо чашми худ дидааст ва дар ҳама воқеаҳои муҳими зиндагии қаҳрамонон ҳамроҳу ҳамдарди онҳо будааст. Ашъори ту монанди нафаси тозаест, ки ба инсон рӯҳу неруи нав мебахшад. Достонҳои пурфарозу нишебат чунон ҷолибанд, ки инсон гумон мекунад худ яке аз қаҳрамонони онҳост ва ҳамқадами онҳо зиндагӣ мекунад. Онҳо инсонро ба парвариши андеша ва расидан ба камол ҳидоят менамоянд. Достонҳое, ки дар «Шоҳнома»-ат омадаанд, чунон хонандаро мафтун мекунанд, ки ӯ дар ҳайрат мемонад: чӣ гуна тавонистаӣ чунин достонҳои шигифтангезро рӯи коғаз биёрӣ, ки дар ҳар калимаашон зиндагӣ ҷорист. Бо хондани ҳар сатри онҳо шавқи хонанда бештар мегардад ва мехоҳад достонҳоро то охир бихонад. Ӯ чунон дар ҷаҳони онҳо ғарқ мешавад, ки дигар ба атроф аҳаммият намедиҳад, балки тамоми диққаташро ба ҳар калимаи оромбахши ашъору достонҳоят равона месозад ва онҳоро бо тамоми ҳастии худ дарк мекунад. Ашъору тамоми достонҳоят камбудеро дар рӯҳи инсон пур мекунанд, ки худи одам ҳам дар ҳайрат мемонад: чӣ гуна як инсон метавонад чунин осори бошукӯҳу гаронбаҳоро биофарад, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифта, дар саросари ҷаҳон шуҳрат ёфтаанд. Ашъоре, ки аз забон ба забон ва аз китоб ба китоб мегузаранд ва роҳи зиндагиву муҳаббатро ба мардум меомӯзанд, то онҳо низ аз лаззати бекарони хондани ашъору андешаҳои ту баҳраманд гарданд. Ашъоре, ки рӯҳро навозиш мекунанд ва аз ишқу муҳаббат сухан мегӯянд; достонҳое, ки саршор аз зиндагиву оромишанд ва аз забон ба забон мегузаранд, то рӯҳи одамони бештарро тасхир намуда, ба онҳо ишқу дилбохтагиро биомӯзанд ва ба камоли маънавӣ расонанд.

Тасвири Элизабет, маликаи Австрия
Тасвири Элизабет, маликаи Австрия

Формулаи шодмонӣ

( 8 + х ) : 3 = х Ба ҷои х кадом рақам меояд?
Anonymous voting

( 8 + х ) : 3 = х
Anonymous voting

"Ҳар бактерия микроб аст". Оё ин сухан дуруст аст?
Anonymous voting

Дуруст ранг кардан

3,1415...
Anonymous voting

Шакли ҷамъи калимаи "ҲАКИМ".
Anonymous voting