ҶАШНИ САДА
————————-
САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ
Омад эй сайиди аҳрор, шаби ҷашни Сада,
Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.
~Манучеҳрӣ~
Ҷашни Сада ба монанди ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, шаби чилла ҷашни миллӣ буда, ба ҳеч қавму дин иртибот надорад. Решаи ҷашнҳои мардуми ориётабор аз ибтидо бо табиату кайҳон ва иҷтимои башарӣ иртибот доштааст. Ба ҳамин тартиб, решаи аксари ҷашнҳои ориёӣ бархоста аз кашфиётест, ки ошкор шудани он ба нафъи тамоми ҷомеи башарӣ будааст, аз қабили кашфи оташ, баробарии шабу рӯз, ихтирои оҳан, даст ёфтан ба улуми кишоварзӣ, тиб, киштисозӣ, тасарруфи уқёнусҳои паҳновар ва ғайра. Барои мисол, Каюмарс тибқи ривоёти «Шоҳнома» аввалин касе буд, ки тоҷи подшоҳӣ бар сар ниҳода, низоми ҳукуматдориро бунёд гузоштааст. Шоҳ Ҳушанг мардуми замони худро бо обёрию санъат ва ҷудо кардани оҳану санг ва сохтани абзори оҳанӣ ошно сохт ва ба онҳо кишоварзӣ омӯхт. Кашфи оташ ва бунёди ҷашни Сада низ ба Ҳушанг нисбат дода мешавад.
Сохтани абзори ҷангӣ, кашфи либос ва омӯзиши ҳунари риштану бофтану дӯхтан, сохтмон ва хиштрезӣ, истихроҷи сангҳои қиматбаҳо, баровардани бӯйҳои хуш, ба монанди мушку анбар, уд, гулобу кофур ва кашфи ҳунари киштисозӣ ва дарёнавардӣ ба шоҳ Ҷамшед нисбат дода шудааст.
Аз ин рӯ, Садаро куҳантарин ҷашни мардуми ориёитабор ва ба иборате, куҳантарин ҷашни ҷаҳон медонанд. Вожаи Сада ҳамон адади 100 буда, ба маънои 100 шабу рӯз то оғози Наврӯз аст. Дар манобеи асотирӣ дар бораи пайдоиши ҷашни Сада омадааст, ки Ҳушангшоҳ барои шикор бо ҳамроҳони хеш ба кӯҳистон рафт, ки нигоҳаш ба мори сиёҳи калоне бархӯрд. Санге ба сӯи мор раҳо кард, санг ба мор нарасид ва ба санги дигаре бархӯрд ва чарақае аз ин бархӯрд падид омад ва буттаи хушки канори санг аз он чарақа оташ гирифт ва ба ҳамин тартиб оташ падид омад, то шаҳрнишинӣ шакл гирад, зеро пайдоиши ҳар санъате ва густариши ҳар маданияте, пеш аз ҳама, бо мадади оташ муяссар мешавад. Фирдавсии бузургвор ин ҳодисаро дар «Шоҳнома» ин гуна тасвир кардааст:
Баромад ба санги гарон санг хӯрд,
Ҳам ону ҳам ин санг гардид хурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин,
Ниёиш ҳамекарду хонд офарин.
Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Қобили зикр аст, ки дар бораи пайдоиши ҷашни Сада манбаъҳои таърихӣ далелҳои дигаре низ матраҳ кардаанд. Яке аз манбаъҳое, ки дар ин бора иттилоъ додааст, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём аст. Дар ин манбаъ дар бораи таърихи пайдоиши ҷашни Сада омадааст: «Афридун ҳамон рӯз, ки Заҳҳок бигрифт, ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷавру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойини подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд».
Бархе манобеи таърихӣ номи Садаро баргирифта аз адади 100 медонанд. Аз ҷумла, Абурайҳони Берунӣ дар ин замина навиштааст: «Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгоре аз Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд, иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс падари нахустин дуруст сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд ва бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машиёна ба сад расиданд ва низ омада: «Шумори фарзандони Одам абулбашар дар ин рӯз ба сад расид». Аммо муҳаққиқ Ризо Муродии Ғиёсободӣ назарияи А. Берунӣ дар бораи иртиботи вожаи сада ба адади садро рад карда, менависад: «Вожаи сада дар Авасто ҳам ба маънои тулӯъ кардан ва ҳам ба маънои ғуруб кардан омадааст ва ба гумони зиёд, ҷашни Сада ба як ҳодисаи кайҳонӣ, яъне тулӯъ ва ғуруби ҳамзамони ду ситораи пурнуру дурахшон дар нахустин шабҳои баҳманмоҳ дар ҳудуди панҷ ҳазор сол пеш иртибот дошта бошад».
Ризо Муродии Ғиёсободӣ мӯътақид аст, ки «ҷашни Сада ҳеч гоҳ ба ҳеҷ як аз ақвом ё адёни бостон иртиботе надошта ва ҳамвора ҷашне ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст».