Нури Ҳаёт 🌿
رفتن به کانال در Telegram
Барои пешниҳоди саволҳо ва дархостҳои худ, лутфан бо мо дар тамос шавед: 📱 Телеграм ва WhatsApp: +77073858393 📸 Instagram: 👉 @sarchashmayhayot 👈 🎥 TikTok: tiktok.com/@lightoffaith3.16 Мо бо хурсандӣ ба саволҳои шумо ҷавоб хоҳем дод!
نمایش بیشتر487
مشترکین
اطلاعاتی وجود ندارد24 ساعت
-37 روز
+2530 روز
آرشیو پست ها
486
🕊 То куҷо мо озодем?
📖 «Ҳама чиз барои ман равост, лекин на ҳар чиз фоиданок аст...» (1 Қӯр. 6:12).
Бисёр вақт мо фикр мекунем: «Худо ба ман озодӣ дод, пас чӣ коре хоҳам, ҳамонро мекунам!» Лекин на ҳама кор ба фоидаи мост.
Озодии ҳақиқӣ ин нест, ки фақат пурсӣ: «Оё ин кор мумкин аст ё гуноҳ?»
Озодии аслӣ ин пурсидани як саволи дигар аст: «Ин кор маро ба куҷо мебарад?»
Баъзе чизҳо шояд манъ набошанд. Лекин онҳо вақти моро беҳуда мегиранд ва моро аз Худо дур мекунанд. Одам он вақт дар ҳақиқат озод аст, ки тавонад бигӯяд: «Ман инро карда метавонам, лекин ба хотири Худо ва оромии дилам намекунам».
💡 Барои имрӯз:
Имрӯз, пеш аз он ки ягон корро сар кунӣ (дар телефон чӣ тамошо кардан, ба куҷо рафтан ё бо касе чӣ хел гап задан), аз худат фақат як чизро пурс: «Ин корам маро ба куҷо мебарад?»
486
🎥 Дар видео — орзуи одами танбал!
Танбалӣ пиру ҷавон надорад 🥱 Барои бар он ғалаба кардан, фақат роҳи дурустро ба ХУДАТ ёфтан даркор! 💯
Аз мӯрча ибрат гир, чӣ хеле ки Китоби Муқаддас мегӯяд. Охир ин ҷонвори меҳнаткаш ҳатто ба одамон ҳамчун намуна оварда шудааст 🐜!
📖 "Эй коҳил [танбал], назди мӯрча бирав, ба рафтори вай диққат деҳ ва хирадманд шав. Вай на сардор дорад, на нозир ва на ҳоким; Лекин нони худро дар тобистон тайёр мекунад ва хӯроки худро дар вақти дарав ҷамъ меоварад."
(Китоби Муқаддас, Масалҳо 6:6-8)
✨ Биёед, мо ҳам мисли мӯрча меҳнаткашу зирак бошем! Шумо чӣ фикр доред? Дастгирӣ кунед ва ба дӯстонатон равон кунед! 👇
486
✒️ Худованд Худои худро бо тамоми дилат дӯст дор!
Вақте ки метарсам,
Ман ба Ту таваккал мекунам.
Бале, бар Худо таваккал мекунам,
Бар Худое, ки каломашро ситоиш мекунам.
Ва ман нахоҳам тарсид,
Инсони миранда ба ман чӣ кор метавонад бикунад?
(Забур 56:3-4)
486
🙏 Баъзан мо аз Худованд хоҳиш мекунем, ки вазъиятро дигар кунад, лекин Ӯ пеш аз ҳама дили моро аз тарси ҳамон вазъият озод мекунад... 🤍
📖 "Ман Худовандро талабидам, ва Ӯ ба ман ҷавоб дод, ва маро аз ҳамаи тарсҳоям раҳо кард."
(Забур 33:5)
486
😔 Имрӯзҳо одамон ба якдигар дигар ҳамчун ба инсон нигоҳ намекунанд.
Барои онҳо ҳама чизи дигар муҳим аст:
👕 чӣ гуна либос мепӯшӣ,
💼 дар куҷо ва кӣ шуда кор мекунӣ,
💸 чӣ қадар пул меёбӣ,
🏠 хонаат чӣ хел аст,
🐕 ҳатто сагат чӣ гуна аст,
🚗 савори кадом мошин ҳастӣ...
Хулоса, ҳама чиз барояшон муҳим аст, ба ғайр аз худи ту ва ботини ту.
Аммо дар назди Худо қадру қимати инсон ба либос, боигарӣ, касбу кор ё мансаб ҳеҷ вобастагӣ надорад.
📖 «Одам ба рӯй менигарад, аммо Худованд ба дил менигарад»
(1 Подшоҳон 16:7)
✨ Биёед ёд гирем, ки ба одамон на бо чашми ин дунё, балки бо чашмони Масеҳ нигоҳ кунем. Пеш аз ҳама дар онҳо инсонеро бубинем, ки офаридаи Худост ва сахт ба меҳру муҳаббат мӯҳтоҷ аст. ❤️
#Худованд #КитобиМуқаддас #Имон #Одамият #ПандуНасиҳат
486
🏔 Дев метавонад як тӯда мардумро тарсонад.
Лекин на он касеро, ки бо Худо қадам мезанад. 🛡
📖 «Худованд бо ман аст, нахоҳам тарсид: одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад?»
— Забур 117:6
✨ Бо Худо бошед ва аз ҳеҷ чиз натарсед!
486
«Ҳанӯз сухане бар забонам нест, — Ту, эй Худованд, онро комилан медонӣ».
📖 Забур 138:4
Агар Худо гапҳои моро ҳатто пеш аз он ки ба забон биёрем, донад, пас ягон тарс, дард ва ё шубҳаи худро аз Ӯ пинҳон карда наметавонем.
Аммо ин баҳонае барои аз Худо пинҳон шудан ё гурехтан нест — баръакс, ин як даъватест, ки бо Ӯ то охир кушода ва самимӣ бошем. 🙏✨
486
✨ Тиб — ин танҳо як касб нест, ин нишонаи меҳру муҳаббат, шафқат ва хидмат ба мардум аст.
🔹 Дониш ҳамон вақт арзиши баландтаринро пайдо мекунад, ки ба дардмандону ранҷкашидагон хидмат кунад ва барои захмҳои ҷони инсон таскинбахш гардад.
Табибоне, ки бо сабру муҳаббат хидмат мекунанд, дастони шифобахши Худованд дар рӯи замин ҳастанд.
📖 «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чӣ ба яке аз ин бародарони хурдтарини Ман кардед, ба Ман кардед». (Матто 25:40)
.
🌿 Рӯзи табиб ва ҷашни Бузургдошти Абуалӣ ибни Сино муборак бошад! Ҳамаи табибони раҳмдил ва фидокори ин пешаи пуршарафро табрик мегӯем. 🤍🙏
.
#РӯзиТабиб #ИбниСино #Тиб #Хидмат #Шафқат #Табиб
486
🌱 Як одам ниҳоли зайтун шинонд ва дуо кард:
— Худоҷон, ба ин ниҳол борон деҳ. 🌧
Худо борон фиристод. Ниҳол аз об сер шуд.
— Акнун офтоб бифирист, ба он гармӣ лозим. ☀️
Худо офтоб фиристод.
— Як каме хунукӣ бифирист, то решаву шохҳояш мустаҳкам шаванд. ❄️
Худо хунукӣ фиристод — ва дарахт хушк шуда мурд... 🥀
Одам зиқ шуда, пеши ҷӯрааш рафт ва чӣ шуданашро нақл кард.
Ҷӯрааш дарахти зайтуни худро нишон дода гуфт: 🌳
— Ман дигар хел дуо кардам. Ман гуфтам: "Худоҷон, Ту Офаридгори ҳамин дарахтӣ ва аз ман беҳтар медонӣ, ки ба вай чӣ лозим аст. Худат ба ман фаҳмон чихел ниноҳубин кунам". 🙏
Ва дарахти ӯ бисёр нағз сабзида калон шуд. ✨
👇
Баъзан мо аз Худо чизеро мепурсем, ки ба фикри худамон лозим аст. Лекин Худо чизеро мебинад, ки мо намебинем. Барои ҳамин, дуои ҳақиқӣ — ин фақат пурсидан не, балки ба Худо таваккал кардан аст. ❤️
🕊 "Хоҳиши Ту шавад" — ин сухани ноумедӣ ё мағлубият нест, ин сухани имон аст. Чунки Худо медонад, ки барои мо чӣ беҳтар аст ва иродаи Ӯ ҳамеша аз ақли мо болотар аст.
#ҳикоя #ибрат #дуо #имон #худо
486
✨ Баъзан ба мо чунин менамояд, ки вақт аз даст рафтааст, аммо вақти Худованд ҳамеша аз соатҳои мо дақиқтар аст. ⏳
🔸 Агар шумо орзуе доред ва фикр мекунед, ки амалӣ шудани он дер карда истодааст, ноумед нашавед. Дер шудани корҳо бо хости Худо, маънои онро надорад, ки Ӯ шуморо рад кардааст; балки Ӯ барои шумо вақти беҳтаринро тайёр карда истодааст. 🤍 🙏
#сабр #умед #вақтиХудованд #ғалаба #имон #итоат
486
☁️ Худованд ҳеҷ гоҳ ба ту намегӯяд: «Ман вақт надорам».
Фақат худи туӣ, ки ҳамеша серкорӣ! 🤷♂️
Ва аз ҳамин сабаб ҳам бисёрии мушкилиҳои ту пайдо мешаванд... 🍂
✨ Нагузор, ки ин серкориат туро аз Он Касе, ки тамоми зиндагиат дар дастони Ӯст, дур кунад.
486
Мумкин ин рӯзҳо шумо фақат норавшаниву саволҳои зиёдро бинед, лекин... Худованд мегӯяд:
«Зеро фикрҳоеро, ки Ман дар бораи шумо дорам, Ман медонам, — мегӯяд Худованд, — фикрҳое ки ба осоиштагӣ оид аст, на ба бадӣ, то ки ба шумо ояндаи нек ва умед бахшам.» (Ирмиё 29:11) 🕊️
📌 Дар паси ҳамаи ин рӯзҳои сахт дастоне қарор доранд, ки барои шумо беҳтаринро месозанд. Ба Ӯ таваккал кунед ☀🤍
.
#умед #имон_ба_Худо #озодӣ #ояндаи_дурахшон
486
✨ «Қаҳр — душмани туст. Як лаҳзаи асабоният метавонад ҳама чизро вайрон кунад».
Дар ин расм қиссаи пайғамбар Мусо нишон дода шудааст. Рӯзе ӯ худро ба даст гирифта натавониста, аз қаҳри зиёд бо асояш ба санг зад. Ана ҳамин як лаҳзаи асабоният сабаб шуд, ки ӯ аз орзуи калонтарини ҳаёташ маҳрум шавад.
Ин барои ҳамаи мо як дарси ибрат аст: ҳеҷ гоҳ нагузоред, ки як лаҳзаи қаҳру ғазаб шуда, чизҳои бароятон қиматро аз даст диҳед. Оромиро нигоҳ доред, сабр кунед ва муносибататонро бо наздикон эҳтиёт намоед! ❤️🕊
