Нури Ҳаёт 🌿
Ir al canal en Telegram
Барои пешниҳоди саволҳо ва дархостҳои худ, лутфан бо мо дар тамос шавед: 📱 Телеграм ва WhatsApp: +77073858393 📸 Instagram: 👉 @sarchashmayhayot 👈 🎥 TikTok: tiktok.com/@lightoffaith3.16 Мо бо хурсандӣ ба саволҳои шумо ҷавоб хоҳем дод!
Mostrar más476
Suscriptores
Sin datos24 horas
-47 días
+2030 días
Archivo de publicaciones
477
🚶♂️ Роҳе, ки номаш «Баъд» аст, ба манзили «Ҳеҷ куҷо» мебарад.
✨ Кори имрӯзаро ба фардо магузор!
📖 Китоби Муқаддас моро аз танбалӣ огоҳ мекунад ва мегӯяд, ки танҳо орзу кардан кам аст: барои ба даст овардани ягон чиз, бояд меҳнату ҳаракат кунем.
📌 «Ҷони танбал мехоҳад, вале беҳуда аст» (Масалҳо 13:4).
477
🤝 Аз дигарон ёрдам пурсидан шарм надоред — хоҳ устод бошад, хоҳ ягон одами ботаҷриба ё аъзои оила.
🌱 Вақте ки инсон хоксор аст ва метавонад бемалол кӯмак пурсад, бисёриҳо бо ҷону дил вақту қувваашонро дареғ надошта, ӯро дастгирӣ мекунанд.
🛑 Вале агар худро чунон гиред, ки гӯё ҳама чизро медонеду ба ҳеҷ кас мӯҳтоҷ нестед, гумон аст, ки касе ба шумо ёрдам кунад.
«Инчунин шумо – имондорони ҷавон, ба роҳбарони ҷамоати худ итоат кунед. Ҳама бояд ба якдигар хоксорона хизмат кунанд, чунки «Худо зидди ҳавобаландон аст, вале ба хоксорон файзу меҳрубонӣ мебахшад».»
1 Петрус 5:5
477
Фарқи байни кӯдакону калонсолон дар чист? 🤔
Калонсолон ҳамеша дар ҷустуҷӯи хушбахтианд, аммо кӯдакон бошанд, онро дар ҳар як чиз, дар ҳар қадам меёбанд. ❤️
Бачаҳо метавонанд ба чизҳои хеле майдаву оддӣ ҳам аз таҳти дил хурсанд шаванд. Сабабаш дар он аст, ки барои онҳо хушбахтӣ бо пул ё обрӯву мансаб чен карда намешавад. ✨
Биёед, мо ҳам аз кӯдакон ёд гирем, ки чӣ тавр ба неъматҳо ва баракатҳои Худованд дар зиндагии ҳаррӯза аҳамият диҳем. Баъзан мо чунон овораи кофтукоби чизҳои калон мешавем, ки чизҳои хуби аллакай доштаамонро, ки Худо ба мо додааст, умуман аҳамият намедиҳем ва қадрашонро гум мекунем. 🙏🏼
🌱 Мисли кӯдакон бошед!
477
✨ Рӯзҳои сахт баъзан моро хаста мекунанд, аммо то вақте дар дил имону умед дорем, мо ҳеҷ гоҳ намешиканем. Ҳатто агар баъзан роҳамонро гум кунем ё зиқ шавем ҳам, ҳеҷ гуна торикӣ наметавонад нури даруни моро хомӯш кунад. ☀
🕊 Худоё, дар ин рӯзҳои вазнин ба мардуми хастаи мо қувват бидеҳ ва нагузор, ки нури умед дар дилашон хомӯш шавад. 🤍🙏
.
#зиндагӣ #умед #Тоҷикистон #озодӣ #каломиХудо #ҳақиқат #имон
477
📖 Каломи Худо дар Забур 61, оятҳои 6 ва 7 мегӯяд:
«Эй ҷони ман, танҳо ба Худо таваккал кун ва дар оромӣ ба мадади Ӯ умед банд! Зеро умеди ман танҳо аз Ӯст.
Ӯ ягона паноҳгоҳ ва наҷоти ман аст, қалъаи маҳками ман аст ва ман ҳаргиз намеҷунбам.» 🤍
🛡 Худо ягона такягоҳ ва паноҳи мост. Вақте ки мо ба Ӯ умед мебандем, ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас наметавонад моро аз по афтонад.
👇 Оё шумо дар лаҳзаҳои душвор ин оромиро ҳис кардаед? Дар комент нависед!
#такягоҳ #ғалаба #умед #Худо #интизорӣ #Забур
477
✨ МУБОРАК (Баракатдиҳанда) — ин калима чӣ маъно дорад?
Калимаи «Муборак» ба забони оддӣ маънои «пок», «соф» ва «беайб»-ро дорад.
Дар Аҳди Ҷадид ин калима яке аз сифатҳои хоси Худо мебошад ва ду маънои муҳим дорад:
🔹 Баракат додан — Худо чашмаи ҳамаи некиҳост ва ба инсон хайру баракат мебахшад.
🔹 Муборак донистан — Худоро бузург, пок ва сазовори шукру ситоиш ҳисобидан.
«Вақте ки соаташ мерасад, Худо Ӯро зоҳир мекунад — Худое, ки Муборак ва Ягона аст, Подшоҳи подшоҳон ва Худованди худовандон мебошад.»
1 Тимотиус 6:15
Вақте ки мо Худоро «Муборак» мегӯем, мо эътироф мекунем, ки дар Ӯ ҳеҷ гуна бадӣ, нопокӣ ё хато нест — Ӯ комилан пок аст. Инчунин, ин суханон ба мо хотиррасон мекунанд, ки тамоми хушбахтӣ, оромӣ ва баракати ҳақиқӣ дар зиндагии мо танҳо аз ҷониби Худо меояд.
Ӯ аз ҳамаи подшоҳону сардорони рӯи замин болотар аст. Ҳама чиз дар дасти Ӯст ва дар вақти муайянкардаи Худ Ӯ қудрату адолаташро ба ҳама нишон медиҳад.
🤍 Бигзор Худованди Муборак хонадон ва зиндагии шуморо пур аз файзу баракат гардонад!
477
🔥 Хафагӣ ва кина — ин як дом аст.
Ҳар қадар зудтар бубахшӣ, ҳамон қадар зудтар аз асорати он халос мешавӣ.
Бахшидан маънои онро надорад, ки ту кори бади он одамро сафед мекунӣ. Не! Бахшидан — ин озод шудани худи туст. Озодии худро ба фардо намон.🕊
💌Ин маҳз барои туст!
477
✨ Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накун, Худо туро бесабаб интихоб накардааст!
Ӯ барои ту нақшаҳои хеле бузург дорад ва ту дар назари Ӯ бениҳоят қадр дорӣ! 💖
Ҳатто агар ҳозир рӯзҳои сахт ва душворро аз сар гузаронда истода бошӣ ҳам, ноумед нашав. Ту барои Худованд муҳим ҳастӣ — маҳз ТУ! Мисли ту дигар ҳеҷ кас нест, ту дар ин дунё ягонаӣ! 🌟
Ту ҳатман аз уҳдаи ҳамааш мебароӣ ва боварии Осмонро сафед мекунӣ. Бидон, ки Худо бо туст! 🙏
📖 «Зеро Ман ниятҳоеро, ки дар шумо дорам, медонам, мегӯяд Худованд, ниятҳои осоиштагӣ, на бадӣ, то ки ба шумо оянда ва умед бахшам.»
(Ирмиё 29:11)
477
🌊 Муҳаббати Худо мисли оби равон аст!
Худованд моро дӯст медорад ва ба мо қуввату баракат медиҳад. Лекин мо ҳам бояд ин некиро ба дигарон расонем! ❤️🔥
⚠️ Агар мо фақат барои худамон зиндагӣ кунему ба касе некӣ накунем, мисли оби истода мешавем. Оби истода бошад, оҳиста-оҳиста вайрон мешавад ва бӯй мегирад...
🌱 Биёед, мисли чашмаи тоза бошем! Ба атрофиён меҳрубонӣ кунем, то зиндагиамон ҳамеша зебову бобаракат бошад.
477
✨ Худое, ки осмону заминро офаридааст, метавонад ҳатто ҳамон вазъиятеро, ки ба назарат тамоман беилоҷ менамояд, иваз кунад.
🙌 Таслим нашав. Рӯҳафтода нашав. Дуо кун.
Он чизе ки барои ту номумкин аст, барои Худо мумкин аст.
"„Ё Худоё Худовандо! Инак, Ту осмон ва заминро бо қуввати бузурги Худ ва бо бозуи тӯлонии Худ ба вуҷуд овардӣ; барои Ту чизи мушкиле нест."
Ирмиё 32:17
477
🕊 То куҷо мо озодем?
📖 «Ҳама чиз барои ман равост, лекин на ҳар чиз фоиданок аст...» (1 Қӯр. 6:12).
Бисёр вақт мо фикр мекунем: «Худо ба ман озодӣ дод, пас чӣ коре хоҳам, ҳамонро мекунам!» Лекин на ҳама кор ба фоидаи мост.
Озодии ҳақиқӣ ин нест, ки фақат пурсӣ: «Оё ин кор мумкин аст ё гуноҳ?»
Озодии аслӣ ин пурсидани як саволи дигар аст: «Ин кор маро ба куҷо мебарад?»
Баъзе чизҳо шояд манъ набошанд. Лекин онҳо вақти моро беҳуда мегиранд ва моро аз Худо дур мекунанд. Одам он вақт дар ҳақиқат озод аст, ки тавонад бигӯяд: «Ман инро карда метавонам, лекин ба хотири Худо ва оромии дилам намекунам».
💡 Барои имрӯз:
Имрӯз, пеш аз он ки ягон корро сар кунӣ (дар телефон чӣ тамошо кардан, ба куҷо рафтан ё бо касе чӣ хел гап задан), аз худат фақат як чизро пурс: «Ин корам маро ба куҷо мебарад?»
477
🎥 Дар видео — орзуи одами танбал!
Танбалӣ пиру ҷавон надорад 🥱 Барои бар он ғалаба кардан, фақат роҳи дурустро ба ХУДАТ ёфтан даркор! 💯
Аз мӯрча ибрат гир, чӣ хеле ки Китоби Муқаддас мегӯяд. Охир ин ҷонвори меҳнаткаш ҳатто ба одамон ҳамчун намуна оварда шудааст 🐜!
📖 "Эй коҳил [танбал], назди мӯрча бирав, ба рафтори вай диққат деҳ ва хирадманд шав. Вай на сардор дорад, на нозир ва на ҳоким; Лекин нони худро дар тобистон тайёр мекунад ва хӯроки худро дар вақти дарав ҷамъ меоварад."
(Китоби Муқаддас, Масалҳо 6:6-8)
✨ Биёед, мо ҳам мисли мӯрча меҳнаткашу зирак бошем! Шумо чӣ фикр доред? Дастгирӣ кунед ва ба дӯстонатон равон кунед! 👇
