1 056
Subscribers
+124 hours
+17 days
+1530 days
Posts Archive
1 059
Ба худ гуфтам, дил аз андешаи дидор бардорам,
Тамоми умр «танҳо» даст рӯйи даст бигзорам.
Набояд менавиштам посухи он номаро, аммо
Нашуд аз дастхати ӯ як даме чашм бардорам.
Навиштам: ҳар чӣ аз ҳам дуртар, осудатар, аммо,
Касе дар гӯши ман мегуфт: ман дилтанги дидорам.
Касе аз дур меояд ба ҷанги ақл ва метарсам,
Мабодо ишқ бошад ин ки меояд ба пайкорам.
Агар шабҳои дилтангӣ намеоям ба дидорат,
Намехоҳам туро бо гиряҳои худ биёзоpам.
1 059
Ҳар нигоҳи ту диламро беихтиёр ба ту наздик мекунад,
ҳар сухани ту дар дилам ҳазор эҳсоси ширин бедор мекунад.
овозат мисли навои оромест, ки ғубори хастагиро аз дилам мешӯяд,
табассуми ту бошад, ҳатто рӯзи ғамгинамро ба баҳор табдил медиҳад.
Намедонам дар чашмони ту чӣ сирре ниҳон аст,
ки ҳар бор мебинамат, боз бештар дилбохта мешавам.
ту шояд танҳо як нафар бошӣ дар ин дунё,
аммо барои дили ман… тамоми дунёӣ.
Агар гар ишқ гуфтан надошта бошад ҳам, чашмони ман ҳама чизро ба ту мегӯянд…
ман туро танҳо бо дил дӯст надоштам, ман туро бо тамоми вуҷудам эҳсос кардам…
1 059
Гар некию кори нек бисёр шавад,
Олам зи гули накӯӣ гулзор шавад.
Азме, ки ба кори хайру эҳсон дорӣ,
Оллоҳ бахудо барои ту ёр шавад.
1 059
Ассалому алайкум, ҳамватанону ҳамзабонони азиз!
Субҳи зебоятон муборак бошад! Бигзор имрӯз бароятон рӯзи пур аз файзу баракат, меҳру муҳаббат ва хушиҳо гардад.
РӮЗИ ХУШУ ТАБЪИ БОЛИДА МЕХОҲЕМ!
1 059
Ассалому алайкум!
Имрӯз — 10-уми сентябр, рӯзи панҷшанбе.
Бигзор Аллоҳ аз хонадони шумо сулҳу оромӣ, аз оилаатон хотирҷамъиву осудагӣ, аз ризқатон баракат, аз забонҳоятон зикру дуо ва аз қалбҳоятон меҳру муҳаббат ва оқибати некро ҳаргиз кам накунад.
Субҳатон ба хайр, рӯзатон пур аз файзу баракат ва пурмазмуну зебо бошад!
