Ҳадиси заъиф
Open in Telegram
Дар ин канал ин шаа Аллоҳ ҳадисҳое, ки уламо заъиф, мункар, мавзӯъ гуфтаанд, ба нашр гузошта мешавад.
Show more223
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
No data30 days
Posts Archive
223
🤩Ҳадиси заъиф 8
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
حَدَّثَنَا عَبْدُ اللهِ بْنُ صَالِحٍ قَالَ: حَدَّثَنِي اللَّيْثُ قَالَ: حَدَّثَنِي خَالِدُ بْنُ يَزِيدَ، عَنْ سَعِيدِ بْنِ أَبِي هِلاَلٍ، عَنْ أَبِي حَازِمٍ، عَنْ أَبِي مُرَّةَ مَوْلَى عَقِيلٍ،
أَنَّ أَبَا هُرَيْرَةَ كَانَ يَسْتَخْلِفُهُ مَرْوَانُ، وَكَانَ يَكُونُ بِذِي الْحُلَيْفَةِ، فَكَانَتْ أُمُّهُ فِي بَيْتٍ وَهُوَ فِي آخَرَ. قَالَ: فَإِذَا أَرَادَ أَنْ يَخْرُجَ وَقَفَ عَلَى بَابِهَا فَقَالَ: السَّلاَمُ عَلَيْكِ يَا أُمَّتَاهُ وَرَحْمَةُ اللهِ وَبَرَكَاتُهُ، فَتَقُولُ: وَعَلَيْكَ السَّلاَمُ يَا بُنَيَّ وَرَحْمَةُ اللهِ وَبَرَكَاتُهُ، فَيَقُولُ: رَحِمَكِ اللَّهُ كَمَا رَبَّيْتِنِي صَغِيرًا، فَتَقُولُ: رَحِمَكَ اللَّهُ كَمَا بَرَرْتَنِي كَبِيرًا، ثُمَّ إِذَا أَرَادَ أَنْ يَدْخُلَ صَنَعَ مِثْلَهُ.
⏺Ба мо Абдуллоҳ ибни Солиҳ ҳадис гуфт: Ба ман Лайс ҳадис гуфт: Ба ман Холид ибни Язид аз Саъид ибни Абӯҳилол аз Абӯҳозим аз Абӯмурра мавлои Ақил ҳадис гуфт, ки
🪶Марвон Абӯҳурайраро халифаи худ қарор медод ва дар Зулҳулайфа буд, пас модараш дар як хона ва худаш дар дигар хона буд. Гуфт: Ҳаргоҳ мехост хориҷ шавад, бар пеши дараш меистод, пас мегуфт: Ассалому алайк ё умматоҳ ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Пас модараш мегуфт: Ва алайкас салом эй писаракам ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Пас мегуфт: Аллоҳ туро раҳмат кунад, ҳамонгуна ки маро дар ҳоли хурдсолӣ тарбия кардӣ, пас модараш мегуфт: Аллоҳ туро раҳмат кунад, ҳамонгуна ки маро дар калонсолӣ некӣ кардӣ. Баъд ҳаргоҳ мехост дохили хона шавад, монанди ин мекард.
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
🤩Адаб-ул-Муфрад 12
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
📙Ҳукми ҳадис: Ҳадиси заъиф аст.🤩
🤩Шайх Албонӣ ин ривоятро заъиф номидааст. Дар санади он Саъид ибни Абӯҳилол вуҷуд дорад, ки дар ҳадисҳо иштибоҳ мекард.
Ниг. «Заъиф Адаб-ул-Муфрад» 2
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
🤩Канали мо: @hadisi_zaif
223
🤩Ҳадиси заъиф 7
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
حَدَّثَنَا حَجَّاجٌ، قَالَ: حَدَّثَنَا حَمَّادٌ هُوَ ابْنُ سَلَمَةَ، عَنْ سُلَيْمَانَ التَّيْمِيِّ، عَنْ سَعِيدٍ الْقَيْسِيِّ، عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ قَالَ:
مَا مِنْ مُسْلِمٍ لَهُ وَالِدَانِ مُسْلِمَانِ يُصْبِحُ إِلَيْهِمَا مُحْتَسِبًا، إِلاَّ فَتْحَ لَهُ اللَّهُ بَابَيْنِ يَعْنِي: مِنَ الْجَنَّةِ وَإِنْ كَانَ وَاحِدًا فَوَاحِدٌ، وَإِنْ أَغْضَبَ أَحَدَهُمَا لَمْ يَرْضَ اللَّهُ عَنْهُ حَتَّى يَرْضَى عَنْهُ، قِيلَ: وَإِنْ ظَلَمَاهُ؟ قَالَ: وَإِنْ ظَلَمَاهُ.
БОБИ 4. Андар некии падару модараш ва агарчи зулм кунанд⏺7 - Ҳаҷҷоҷ ба мо ҳадис гуфт: Ба мо Ҳаммод ва вай ибни Салама аст, аз Сулаймони Таймӣ аз Саъиди ал-Қайсӣ аз Ибни Аббос ҳадис ривоят кард, ки вай гуфт: 🪶 Мусалмоне нест, ки падару модари мусалмон дорад, ҳар субҳ ба хотири лутфу марҳамати онҳо ба нияти аҷру савоб пеши онҳо меравад, магар ки Аллоҳ ду дар, яъне ду дари Ҷаннатро мекушояд ва агар якеаш бошад, пас як дарро мекушояд. Агар якеи онҳоро ба хашм орад, Аллоҳ аз ӯ розӣ намешавад, то аз вай розӣ шавад. Гуфта шуд: Ва агарчи ӯро зулм кунанд? Гуфт: Ва агарчи ӯро зулм кунанд. 🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺 🤩Ривояти Имом Бухорӣ дар Адаб-ул-Муфрад 7 🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺 📙Ҳукми ҳадис: Ҳадиси заъиф аст. 🤩Шайх Албонӣ ҳадисро заъиф хондааст. Дар санади он ровие бо номи Саъид ал-Қайсӣ вуҷуд дорад, ки номаълум аст. Ниг. «Заиф Адаб-ул-Муфрад» 1 🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺 🤩Канали мо: @hadisi_zaif
223
🤩Ҳадиси заъиф 6
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
حَدَّثَنَا سُفْيَانُ بْنُ وَكِيعٍ، حَدَّثَنَا عِيسَى بْنُ يُونُسَ، عَنْ أَبِي بَكْرِ بْنِ أَبِي مَرْيَمَ، ح وَحَدَّثَنَا عَبْدُ اللَّهِ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمَنِ، أَخْبَرَنَا عَمْرُو بْنُ عَوْنٍ، أَخْبَرَنَا ابْنُ الْمُبَارَكِ، عَنْ أَبِي بَكْرِ بْنِ أَبِي مَرْيَمَ، عَنْ ضَمْرَةَ بْنِ حَبِيبٍ، عَنْ شَدَّادِ بْنِ أَوْسٍ، عَنِ النَّبِيِّ صلى الله عليه وسلم قَالَ
"الْكَيِّسُ مَنْ دَانَ نَفْسَهُ وَعَمِلَ لِمَا بَعْدَ الْمَوْتِ وَالْعَاجِزُ مَنْ أَتْبَعَ نَفْسَهُ هَوَاهَا وَتَمَنَّى عَلَى اللَّهِ ".
🤩(رواه الترمذي وقال حديث حسن).
Суфён ибни Вакиъ ба мо нақл карда гуфт: Исо ибни Юнус ба мо нақл карда гуфт: Аз Абубакр ибни Аби Марям
Аз Абдуллоҳ ибни Абдураҳмон нақл шудааст, ки гуфт: Амр ибни Авн хабар дод, ки ӯ ва Ибни Муборак хабар дод аз Абубакр ибни Аби Марям, аз Замра ибни Ҳабиб, аз Шаддод ибни Авс аз Расули Аллоҳ (ﷺ) гуфт:
🔖Зирак касест, ки нафси худро муҳосаба намуда ва барои зиндагии пас аз марг кор мекунад ва нотавон касест, ки нафсашро ба дунболи орзуҳо ва ҳавои нафси хеш кашонад ва аз Аллоҳ умед дошта бошад.
🤩Ривояти Тирмизӣ 2459 ва гуфтааст: Ҳадиси ҳасан (хуб) аст.
🤩Шайх Албонӣ ҳадисро заъиф хондааст.
Нигаред: "Заъиф ал-ҷамиъ ас-сағир" 4305, "Заъиф ат-тарғиб ва-т-тарҳиб" 1959, "Ас-силсила аз-заъифа" 5319, "Мишкотул масобиҳ" 5289.
🤩Дар исноди ҳадис шахсе бо номи Абу Бакр ибни Абу Марям мавҷуд аст, ки ровии заъиф аст, чи гунае ки дар ин бора ҳофиз ибни Хаҷар дар "Ат-Тақриб" гуфтааст, ва ӯ дар ҳадис гиҷ шуда аст.
Нигаред: "Тахриҷ Мишкотул масобиҳ" 5/50, "Таҳқиқ риёзу-с-солиҳин" 67.
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
🤩Канали мо: @hadisi_zaif
223
🤩Ҳадиси мавзуъ (бофта) 5.
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
❌Қуръон рафиқест, ки то рафиқашро дохили ҷаннат нагардонад, ӯро тарк намекунад.
🔵Дар мавриди ин матлаб аз Шайх Муҳаммад Солеҳ ал Мунаҷид ки уламои аср ва яке аз муфтиҳо ва аломаи Арабистони Сауди аст суол карда шуд ва ӯ дар ҷавоб гуфт:
🔵Дар мавриди ҳадисе ки суол кардед дар китобҳои ҳадис тасдиқи ҳадис зикр нашудааст....балки чизест ки дар шабакаҳои иҷтимоъӣ паҳн шудааст ва шояд ки яке аз бехирадони нодон худ аз худ навиштаанд. Ва дурӯғ гуфтан ба Паёмбар ﷺ аст, ки инсонро ба дӯзах мебарад ва нияти нек гуноҳро аз онҳо дур намекунад
➡️Ва дар давоми фатво Шайх Муҳаммад Солеҳ ал Мунаҷид ҳафизаҳуллоҳ ҳадиси Расулуллоҳ ﷺ баён карданд.
✍️🏻Аз Али (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбари Аллоҳ (ﷺ) шунидам, ки фармуданд:
📜Аз забони ман дуруғ нагӯед ва касе, ки аз забони ман дурӯғ бигӯяд, ҷои худро дар оташ омода намояд."
Саҳеҳ Бухорӣ Китоби Илм ҳадиси 90
📖Фатвои Шайх Муҳаммад Солеҳ ал Мунаҷид дар вебсайташ таҳти рақами 93151 баён шудааст.
🔵Ва аз Расулуллоҳ ﷺ оиди касоне ки ба Ӯ ﷺ дурӯғро нисбат медиҳанд 3 ҳадис пай дар пай дар китоби Саҳеҳ Бухорӣ таҳти рақами 90, 91 ва 92 ривоят шудааст албатта ки дар китоби Мухтасар бо чунин рақамҳо зикр мешаванд.
🤩Абдуллоҳ ибни Одам
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
🤩Канали мо: @hadisi_zaif
223
❤️САНАД ҶУЗЪИ ДИН АСТ.
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
🖋Уламо мегӯянд:
"الاسناد من الدين ولولا الاسناد لقال من شاء ماشاء".
(Санад ва иснод, ҷузъи дин аст ва агар санад вуҷуд намедошт, ҳар кас ҳар чи дилаш мехост, баён мекард).
🤩Манбаъ: Равиши намози Паёмбар ﷺ аз Шайх Албонӣ 🇧🇬 саҳифаи 40
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
🤩Канали мо: @hadisi_zaif
223
Repost from Ҳадисҳои Расулуллоҳ ﷺ
Ҳукми касоне, ки ҳадисҳоро бе санад паҳн мекунанд!
🤩Шайх Абдузоҳири Доъи
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
🕌Ҳадис | Омӯзиши Ислом
223
Repost from Ҳадисҳои Расулуллоҳ ﷺ
БИЁЕД ҲАДИСҲОРО БО САНАД НАШР СОЗЕМ!!
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ
Бародарон ва хоҳарони аҳли Ислом, СубҳанАллаҳ дуюм ҳадис мешавад аз канали @Aslhoi_din-ро санадашро мебинем, заъиф аст. Ва мо бори аввал ишоратан ба админи канал бидуни зикри номаш, заъиф будани ҳадиси "Сабр нисфи имон аст"-ро дар канали худ нашр кардем ва бори дуюм бо баён зикр шудани номи саҳифааш нашр месозем, то ин ки мутаваҷҷеҳ шавад ва ҳар як ҳадисе, ки нашр месозад бо баён кардани санадаш нашр созад, 2-юм ҳадиси заъиф ки дар канали эшон нашр шуд ҳадиси Ривояти Имом Аҳмад таҳти рақами 3822 аст, мо Алҳамдуллилоҳ дар канали "@hadisi_zaif" зикр кардем ва ин шаа Аллоҳ давом медиҳем ба таққиқи дигар аз аҳодисе, ки нашр кардааст ва агар паёми мо ба админи канали "@Aslhoi_din" бирасад, тавсия мо ин аст, ки бо санад, ҳадисҳоро паҳн намоед!
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
🕋Ҳадисҳои Расулуллоҳ ﷺ
223
🤩Ҳадиси заъиф 4
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
حَدَّثَنَا أَبُو أَحْمَدَ حَدَّثَنَا أَبَانُ بْنُ عَبْدِ اللهِ الْبَجَلِيُّ عَنْ كَرِيمِ بْنِ أَبِي حَازِمٍ عَنْ جَدَّتِهِ سَلْمَى بِنْتِ جَابِرٍ أَنَّ زَوْجَهَا اسْتُشْهِدَ فَأَتَتْ عَبْدَ اللهِ بْنَ مَسْعُودٍ فَقَالَتْ
إِنِّي امْرَأَةٌ قَدِ اسْتُشْهِدَ زَوْجِي وَقَدْ خَطَبَنِي الرِّجَالُ فَأَبَيْتُ أَنْ أَتَزَوَّجَ حَتَّى أَلْقَاهُ فَتَرْجُو لِي إِنِ اجْتَمَعْتُ أَنَا وَهُوَ أَنْ أَكُونَ مِنْ أَزْوَاجِهِ؟ قَالَ نَعَمْ فَقَالَ لَهُ رَجُلٌ مَا رَأَيْنَاكَ فعَلْتَ هَذَا مُذْ قَاعَدْنَاكَ قَالَ إِنِّي سَمِعْتُ رَسُولَ اللهِ ﷺ يَقُولُ إِنَّ أَسْرَعَ أُمَّتِي بِي لُحُوقًا فِي الْجَنَّةِ امْرَأَةٌ مِنْ أَحْمَسَ
🤩مسند الإمام أحمد ٣٨٢٢
🤩إسناده ضعيف (الأرناؤوط)
🔵Абу Аҳмад ба мо нақл карда гуфт: Абон ибни Абдуллоҳ ал-Баҷалӣ ба мо нақл карда гуфт: Аз Карим ибни Аби Ҳозим аз бибиаш Салма бинти Ҷобир, ки шавҳараш шаҳид шуда буд. Вай назди Абдуллоҳ ибни Масъуд омада, гуфт:
📖Ман зане ҳастам, ки шавҳарам шаҳид шудааст ва мардон ба ман хостгорӣ кардаанд, аз ин рӯ, аз издивоҷ худдорӣ кардам, то бо ӯ вохӯрам.Оё умед доред, ки агар ману ӯ вохӯрем, яке аз ҳамсаронаш мешавам? Гуфт: Бале. Марде ба ӯ гуфт: Мо нашунидаем, ки ту инро нақл карда бошӣ, аз вақте ки бо ту нишастаем ва таълим мегирем. Ӯ гуфт: Ман аз Расули Аллоҳ (ﷺ) шунидам, ки мегуфт: «Аввалин кас аз уммати ман, ки дар биҳишт ба ман ҳамроҳ мешавад, зане аз (қабилаи) Аҳмас хоҳад буд».
🤩Ривояти Аҳмад, Муснади Абдуллоҳ ибни Масъуд ҳадиси 3822
Ҳукми ҳадис: Исноди ҳадис заъиф аст.🤩
Шайх Арнаут муҳаққиқи китоби "Муснади Аҳмад" исноди ҳадисро заъиф мешуморад ва ровие бо номи Карим ибни Аби Ҳозим маҷҳул (номаълум) аст.
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
🤩Канали мо: @hadisi_zaif
223
#⃣Ҳадиси заъиф 3
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
حَدَّثَنَا مُسْلِمُ بْنُ حَاتِمٍ الْأَنْصَارِيُّ الْبَصْرِيُّ، حَدَّثَنَا مُحَمَّدُ بْنُ عَبْدِ اللَّهِ الْأَنْصَارِيُّ، عَنْ أَبِيهِ، عَنْ عَلِيِّ بْنِ زَيْدٍ، عَنْسَعِيدِ بْنِ الْمُسَيَّبِ، قَالَ: قَالَ أَنَسُ بْنُ مَالِكٍ، قَالَ لِي رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
⭕️يَا بُنَيَّ إِنْ قَدَرْتَ أَنْ تُصْبِحَ وَتُمْسِيَ لَيْسَ فِي قَلْبِكَ غِشٌّ لِأَحَدٍ فَافْعَلْ، ثُمَّ قَالَ لِي: يَا بُنَيَّ وَذَلِكَ مِنْ سُنَّتِي، وَمَنْ أَحْيَا سُنَّتِي فَقَدْ أَحَبَّنِي، وَمَنْ أَحَبَّنِي كَانَ مَعِي فِي الْجَنَّةِ ، .
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
Ривоят мекунад Муслим ибни Ҳотими Ансории Басрӣ, аз Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Ансори,ва ӯ аз падараш, ва ӯ аз Али ибни Зайд ва ӯ аз Саид ибни Мусайиб мегӯяд: Анас ибни Молик гуфт Расулуллоҳ ﷺ ба ман гуфт:
⭕️"Эй писарам! Агар қодир бошӣ, ки саҳар ва шомгоҳ бархезӣ, дар ҳоле, ки дар дилат ҳеҷ фиребе нест, чунин кун" ва гуфт: «Эй писар! Ин бахше аз суннати ман аст; ҳар касе суннате аз суннатҳои маро зинда кунад маро дӯст хоҳад дошт ва ҳар касе маро дӯст дошта бошад дар биҳишт ҳамроҳи ман аст".
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
😀Ин ҳадисро Имом Тирмизӣ №2678 ривоят кардааст. Шайх Албонӣ ҳадисро заъиф хондааст. Нигаред: "Заъиф ат-тарғиб ва-т-тарҳиб " №1727, "Заъиф ат-Тирмизи" №2678, "Мишкатул-масабиҳ" №175
📗Дар исноди ин ҳадис ровие бо номи Али ибни Зайд ибни Ҷудъан вуҷуд дорад ки заъиф аст. Нигаред: "Заъиф ат-тарғиб ва-т-тарҳиб" (2/245)
📚Ғайр аз ин заъиф хондаанд ин ҳадисро Имом Ал-Уқайли, Ҳофиз Абдулҳақ ал-Ишбили, Муборакфурӣ дар "Ад-Дуъафаъ ал-Кабир" (2/3, 3/350), "Ал-Аҳкамул ал-Кубра" (1/304), "Туҳватул-аҳвазӣ" (7/91).
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
💎Канали мо: @hadisi_zaif
223
🤩САБР НИСФИ ИМОН АСТ. (ҲАДИСИ ЗАЪИФ АСТ!!)
❌Ҳадиси заъиф 2
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
«الصَّبْرُ نِصْفُ الإِيمَانِ، وَالْيَقِينُ الإِيمَانُ كُلُّهُ» .
"Сабр нисфи имон аст ва яқин тамоми имон аст".
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
🤩Шайх Албонӣ дар китоби худ «Ас-Силсила аз-заъифа вал-мавзуъа» (1/714) гуфтааст:
🤩Ин ҳадис радшуда (мункар) аст. Онро Аъробӣ дар «Муъҷам»-и худ (2/56), Тамом ар-Розӣ (9/138/1), Абӯлҳасан Аздӣ дар «Ал-Маҷлис ал-аввал мина-л-маҷолис ал-хамса» (16-17), Абӯ Нуъайм дар «Ал-Ҳиля» (5/34), ал-Хатиб дар «Тарих»-аш (13/226) ва Қузоъӣ дар «Муснад»-аш (2/6) тавассути роҳи Яъқуб ибни Ҳумайд Касиб, ки аз Муҳаммад ибни Холид Махзумӣ, аз Суфёни Саврӣ, аз Зубайд ал-Айёмӣ, аз Воил, аз Ибни Масъуд, бо санади марфӯъ (яъне бо ишора ба Паёмбар ﷺ) нақл кардааст. Абӯ Нуъайм ва Хатиб гуфтаанд: «Танҳо шахсе, ки онро бо ин санад аз Саврӣ ривоят кардааст, Махзумӣ мебошад».
🔴Муҳаммад ибни Холид Махзумӣ мавриди интиқод қарор гирифтааст, чунон ки Ибни Ҷавзӣ дар бораи ӯ гуфтааст ва ин суханро Имом Заҳабӣ дар «Ал-Мизон» нақл кардааст.
Суханони «Яқин тамоми имон аст» бесанад дар китоби «Имон» (аз «Саҳеҳи»-и худ) аз тарафи Бухорӣ зикр шудааст, вале дар он гуфта нашудааст: «Паёмбар ﷺ гуфт».
🔴Ҳофиз Ибни Ҳaҷар дар «Ал-Лисон» гуфтааст: «Абӯ Алӣ Найсабурӣ гуфтааст: “Ин ҳадис радшуда аст. Он ягон асосе надорад, на аз ҳадиси Зубайд ва на аз ҳадиси Саврӣ». Дар «Фатҳул-Борӣ» (1/41) ӯ гуфтааст: «Ин ҳадис бе санад як қисми ривоят аст, ки бо санади муттасил ва саҳеҳ онро Табаронӣ нақл кардааст, ва қисми боқимондаи он чунин аст: «Сабр нисфи имон аст». Ҳамчунин онро Абӯ Нуъайм ва Байҳақӣ дар «Аз-Зуҳд» аз ҳадиси Ибни Масъуд нақл кардаанд, вале бо ишора ба Паёмбар ﷺ он тасдиқ нашудааст».
🔴Ҳамчунин дар ин ҳадис ровие бо номи Яъқуб ибни Ҳумайд мавҷуд аст, ки дар ӯ заъф ба сабаби заъфи хотира вуҷуд дорад ва ба ҳамин хотир ин ҳадисро Муновӣ заъиф номидааст, аммо ин баҳогузорӣ кӯтоҳ аст. Баъдан ӯ суханони Байҳақиро овардааст, ки гуфтааст: «Он ҳамчун сухани Ибни Масъуд, ки ба Паёмбар ﷺ мансуб нест, саҳеҳ аст».
Нигаред боз ба китоби «Заъиф ал-ҷамиъ ас-сағир» 3536.
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
💎Канали мо: @hadisi_zaif
223
🤩ҲАДИСИ ЗАЪИФ 1
ОЁ ҲАДИСИ "БИҲИШТ ДАР ЗЕРИ ҚУДУМИ МОДАРОН АСТ" САҲЕҲ АСТ?
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
الْجَنَّهُ تَحْتَ أَقْدَامِ الْأُمَّهَاتِ
❌️Биҳишт дар зери қудуми модарон аст.
⭐️⭐️⭐️⭐️⭐️⭐️⭐️⭐️⭐️⭐️
📚Ин ҳадисро Ибни Адий (1/135) ал-Уқайли дар "Ад-Зуъафаъ" ва Ал-Хаттиб аз суханони ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) ривоят кардаанд.
Шайхул-Ислом Ибни Таймия 🇧🇬 мегӯяд: "Ман чунин нусхаро бо исноди саҳеҳ, ки ба Расулуллоҳ баргардад, намедонам".
📚Ниг. "Аҳодис ал-Қусас" (70).
🏷Имам Ал-Уқайли ин ҳадисро мункар хондааст.🤩
🤩Шайх Албонӣ ҳадисро бофта медонад.🤩
Ниг. "Ас-Силсила аз-заъифа вал-мавзуъа" (593), Ровии ин ҳадис бо номи Мусо ибни Ъатаъ дурӯғгӯ аст чи гунае ки ибни Хаҷар гуфтааст.
🏷Ҳамчунин чунин ҳадис Ал-Қуъдат аз Анас ибни Молик ривоят кардааст аммо он низ заъиф аст. Мансур ва Абу Надр ровии номаълум аст ва ҳадис қобили қабул нест. (Ниг. Файзул-Қодир 1/327)
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
💎Аммо бо мазмуни мушобеҳ, вале бо исноди дигаре, ки саҳеҳ аст, ривоят аст, ки рӯзе Муовия ибни Ҷаҳимаи Суламӣ назди Паёмбар (ﷺ) омад ва гуфт:
⭕️Эй Расули Аллоҳ (ﷺ) мехоҳам ҷиҳод кунам ва омадам, ки бо ту машварат кунам». Паёмбар (ﷺ) пурсид: Оё ту модар дорӣ? Ҷавоб дод: «Бале». Сипас Расули Аллоҳ 🕋 фармуданд: «Ӯро нигоҳ дор, дар ҳақиқат биҳишт зери пойи ӯст!».
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
🤩Ривояти Насоӣ №3104.
Ниг. «Саҳиҳ ал-ҷамиъ ас-сағир» (№1249).
🤩Саҳеҳ будани ин ҳадисро Имом Ҳоким, Ҳофизи Мунзирӣ, Имом Заҳаби ва Шайх Албонӣ таъйид кардаанд.
🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺🔺
💎Канали мо: @hadisi_zaif
