Телевизиони Хатлон
Open in Telegram
Саҳифаи расмии Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон! Телевизиони Хатлон 24.08.1993 таъсис ёфта, аз 11.03.2023, 24 соат бо фармати HD пахш мегардад. Сурога: ш. Бохтар. Кӯчаи Борбад №16 .Тел: 8 (3222) 3-18-10, 2-53-22, 3-18-20
Show more267
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
+630 days
Posts Archive
БОХТАР: Ҷамъомад вобаста ба қабули ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эълони 31-август ҳамчун "Рӯзи байналмиллалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод" аз ҷониби Маҷмааи умумии СММ
Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва низомӣ мукофотҳои давлатӣ ва унвону рутбаҳои махсус супориданд
+4
3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва сохторҳои қудратию низомии кишвар мукофотҳои давлатӣ, унвону рутбаҳои махсус супориданд.
Зимни суханронӣ дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи музаффариятҳои он андешаронӣ намуданд.Таъкид гардид, ки маҳз руҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва садоқат ба Ватан миллати моро дар марҳалаҳои гуногуни таърих аз озмоишҳои сангин сарбаландона берун овардааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми шоистаи ҳозиринро дар роҳи ҳифзи истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, суботу оромии ҷомеа ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон таъкид намуданд.
Ҳамасола дар кишвар 3 сентябр ҳамчун Рӯзи Гвардияи миллӣ қайд карда мешавад.
Ҳамаи кормандони ин соҳаро ба муносибати Рӯзи касбиашон табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва рӯзгори осударо таманно дорем!
Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа ва мазмуни баланди миллӣ-ватандӯстиро ба муомилот баровард.
Имрӯз бозиҳои даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола баргузор мешаванд.
Дар гурӯҳи «D» мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ аз Афғонистон бозӣ мекунад.Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»-и шаҳри Исо-Таун баргузор шуда, соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.
#ҚУРБИ_АСЪОР💰
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳисобгирӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро нисбат ба Сомонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.09.2026 чунин муқаррар намуд.
Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти "Ҷоми 35-солагии Истиқлоли давлатӣ" дар шаҳри Бохтар
Идомаи тантанаҳои ҷашни бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Баргузори чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Тақдими туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону ниёзмандон дар ноҳияи Данғара
Қабули Қатъномаи "Рӯзи байналмиллалии зеҳнӣ сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод" аз ҷониби Маҷмааи умумии СММ
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
