en
Feedback
Вазорати меҳнат

Вазорати меҳнат

Open in Telegram

Саҳифаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Official channel of the Ministry of Labor, Migration and Employment of Population of the Republic of Tajikistan

Show more

📈 Analytical overview of Telegram channel Вазорати меҳнат

Channel Вазорати меҳнат (@mlmert) in the Tajik language segment is an active participant. Currently, the community unites 10 588 subscribers, ranking 17 688 in the News & Media category and 220 in the Tajikistan region.

📊 Audience metrics and dynamics

Since its creation on невідомо, the project has demonstrated rapid growth, gathering an audience of 10 588 subscribers.

According to the latest data from 04 September, 2026, the channel demonstrates stable activity. Although there has been a change in the number of participants by -128 over the last 30 days and by -8 over the last 24 hours, overall reach remains high.

  • Verification status: Not verified
  • Engagement rate (ER): The average audience engagement rate is 29.05%. Within the first 24 hours after publication, content typically collects N/A% reactions from the total number of subscribers.
  • Post reach: On average, each post receives 0 views. Within the first day, a publication typically gains 0 views.
  • Reactions and interaction: The audience actively supports content: the average number of reactions per post is 0.

📝 Description and content policy

The author describes the resource as a platform for expressing subjective opinions:
Саҳифаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Official channel of the Ministry of Labor, Migration and Employment of Population of the Republic of Tajikistan

Thanks to the high frequency of updates (latest data received on 05 September, 2026), the channel maintains relevance and a high level of publication reach. Analytics show that the audience actively interacts with content, making it an important point of influence in the News & Media category.

10 588
Subscribers
-824 hours
-337 days
-12830 days

Data loading in progress...

Tags Cloud
No data
Any problems? Please refresh the page or contact our support manager.
Incoming and Outgoing Mentions
---
---
---
---
---
---
Attracting Subscribers
September '26
September '26
+1
in 0 channels
August '26
+9
in 0 channels
Get PRO
July '26
+2
in 1 channels
Get PRO
June '260
in 0 channels
Get PRO
May '26
+2
in 0 channels
Get PRO
April '26
+69
in 2 channels
Get PRO
March '26
+2
in 0 channels
Get PRO
February '26
+11
in 3 channels
Get PRO
January '26
+15
in 2 channels
Get PRO
December '25
+1
in 0 channels
Get PRO
November '25
+16
in 4 channels
Get PRO
October '25
+13
in 2 channels
Get PRO
September '250
in 1 channels
Get PRO
August '25
+1
in 0 channels
Get PRO
July '25
+12
in 1 channels
Get PRO
June '25
+4
in 1 channels
Get PRO
May '25
+3
in 0 channels
Get PRO
April '25
+36
in 5 channels
Get PRO
March '25
+74
in 8 channels
Get PRO
February '25
+569
in 2 channels
Get PRO
January '25
+90
in 4 channels
Get PRO
December '24
+912
in 2 channels
Get PRO
November '24
+2 392
in 2 channels
Get PRO
October '24
+15 234
in 7 channels
Get PRO
September '24
+119
in 0 channels
Date
Subscriber Growth
Mentions
Channels
05 September0
04 September0
03 September0
02 September+1
01 September0
Channel Posts
ЭЪЛОН! Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро дар корхонаи истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ ба шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Россия ба кор даъват менамояд: *Оператори таҷҳизот (Оператор оборудования); Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ барои бастабандӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои фаъолияти меҳнатӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ба кор даъват мекунад. Музди меҳнат:Аз 80 000 то 140 000 рубл (баъд аз супоридани андозҳо). Ҳаҷми маош мустақиман ба маҳорат, таҷриба ва миқдори соатҳои кории шумо вобаста аст. Уҳдадориҳои асосӣ: Идоракунии дастгоҳи (станки). Кор бо таҷҳизоти сех. Иҷрои нақшаи истеҳсолот. Шароит ва реҷаи кор: Кор бо реҷаи пурра (полная занятость). Графики кор: 5/2, 8 соат дар як рӯз (аз соати 8:00 то 17:00). Сменаҳои иловагии кории шабона ё берун аз вақти корӣ (сверхурочные) имконпазиранд. Муҳлати санҷишӣ: 1 ҳафта (пурра пардохт карда мешавад). Омӯзиш: Дар ҷойи кор ба таври ройгон омӯзонида мешавад. Бастаи иҷтимоӣ ва кӯмак ба коргарон: Бақайдгирии мигратсионӣ (Регистрация): Аз ҳисоби корхона дар ҷойи истиқомат омода карда мешавад. Патент: Барои супоридани маблағи патент ба коргар ба муҳлати 6 моҳ қарзи бефоиз дода мешавад, хароҷоти маблағ қисман аз маош кам карда мешавад). *Корманди ширкат шуморо аз фурудгоҳ то ҷойи зист ҳамроҳӣ мекунад. *Ҷойи зист ва хӯрокворӣ: Аз ҳисоби худи коргар аст (ширкат дар ёфтани ҷойи зист кӯмак мерасонад). *Роҳкиро (то Русия ва дохили шаҳр): Аз ҳисоби худи коргар аст. * Талабот ба номзад:Ҷинс: Танҳо барои мардон.Сину сол: Аз 18 то 45-сола. *Таҷрибаи кор: Таҷрибаи кор бо техника ва технология тавсия дода мешавад. *Забон: Донистани забони русӣ ҳатмист. *Талабот: Фаъол будан, дақиқкорӣ ва диққатбахшӣ ба кор. *Набудани маҳдудиятҳои ҷиддӣ барои кори ҷисмонӣ. Кори истода аст, бинобар ин набудани бемориҳои варикоз ва дардҳои пойу буғумҳо зарур аст. Хароҷоти роҳкиро аз ҳисоби корҷуй пардохт карда мешавад. Телефон барои маълумот: шаҳри Душанбе: 221-39-83, 221-39-85, 918888679, 555-55-10-80, 987-90-66-66, 915-76-77-43 Суроға: кӯчаи Лоҳутӣ, 80 (наздикии «Пивзавод»)   Вилояти Суғд: +992 92 777 0909, 884406633 Вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +992 93 487 8828, ВМКБ: +992 935 101 439

2
📢 ОГОҲИИ НАВБАТӢ: МУСОҲИБА БО ШИРКАТИ ДАВЛАТИ БАҲРАЙН ИДОМА ДОРАД! Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабон мерасонад: Ба диққати ҳамаи шаҳрвандоне, ки мехоҳанд дар мусоҳибаи рӯ ба рӯ бо ширкати кортаъминкунандаи Давлати Баҳрайн («Sevens Holding W.L.L» ва меҳмонхонаи «Royal Saray Resort») иштирок намоянд, расонида мешавад, ки мусоҳиба имрӯз (07.07.2026) то соати 17:00 идома меёбад. Довталабоне, ки то ҳол ҳуҷҷатҳои худро супорида натавонистанд ё барои иштирок дар мусоҳиба дер карданд, метавонанд ҳамин ҳоло бо худ нусхаи чопшудаи (распечатка) резюмеи худро ба забони англисӣ гирифта, ба бинои Марказии Агентӣ ҳозир шаванд. 📍 ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТ: 🏠 Маркази асосии Агентӣ (ш. Душанбе): Суроға: кӯчаи Лоҳутӣ, 80 (наздикии «Пивзавод») 📞 Тел: 221-39-67, 221-39-83 📱 Рақамҳо (WhatsApp): +992 55 555 1080 | +992 987 906 666 | +992 91 576 7743 | +992 930 934 994 🗺 Макон дар харита: МД «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» 🔔 Эзоҳ: Фурсати охиринро аз даст надиҳед, комиссияи қабул довталабонро то соати 17:00 интизор аст! Тамоми хизматрасониҳо ройгон мебошанд.
2 230
3
ЭЪЛОН оид ба гузаронидани озмуни ишғоли вазифаҳо дар Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мувофиқи бандҳои 23 Оинномаи институт, банди 1.5-уми Низомномаи озмуни ишғоли вазифаҳои холии кормандони илмии институт оид ба ишғоли вазифаҳои зерин ОЗМУН эълон менамояд: 1. Мудири шуъбаи татбиқи натиҷаҳои илмӣ-1 ҷой. 2. Мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва кор бо грантҳо-1 ҷой. 3. Сарходими илмӣ-7 ҷой. 4. Ходими пешбари илмӣ-4 ҷой. 5. Ходими калони илмӣ-3 ҷой. 6. Ходими илмӣ-2 ҷой. 7. Ходими хурди илмӣ-4 ҷой. 8. Лаборанти калон-3 ҷой. I. Руйхати ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби номзадҳо пешниҳод мегарданд: 1. Нусхаи тасдиқшудаи диплом оид ба маълумоти олӣ. 2. Нусхаи тасдиқшудаи дипломи дараҷаи илмӣ (бо нишон додани мавзўи диссертатсия, ихтисос ва муассисае, ки дар он ҳимоя баргузор гардидааст) – ҳатмӣ барои довталабони вазифаи мудири шуъба, сарходими илмӣ ва ходими пешбари илмӣ. 3. Нусхаи тасдиқшудаи аттестати унвони илмӣ (дар ҳолати мавҷуд будан). 4. Руйхати мақолаҳои илмии дар маҷаллаҳои муқарризишаванда дар солҳои 2020-2026 нашршуда. 5. Маълумот оид ба шохиси Хирш-и номзад (тавассути пешниҳоди нусхаи саҳифаи сомона – масалан, elibrary.ru) – дар ҳолати мавҷуд будан. 6. Маълумот оид ба татбиқи амалии ихтирооту кашфиётҳои номзад дар истеҳсолот (санад, шаҳодатнома ва ғ.) – дар ҳолати мавҷуд будан. 7. Маълумот оид ба роҳбарии илмӣ ба аспирантон, докторантон, докторони фалсафа (PhD), аз ҷумла бо ишораи мавзўъ, ихтисос ва соли ҳимояи диссертатсияҳо – дар ҳолати мавҷуд будан. 8. Барномаи фаъолияти сохтор барои панҷ сол – барои довталабони вазифаи мудири шуъба. 9. Маълумот оид ба собиқаи корӣ – умумӣ ва аз руйи ихтисос. 10. Нусхаи тасдиқшудаи шиноснома. 11. Варақаи шахсӣ ва ҳолнома. 12. Ариза ба номи директори институт. II. Ҳуҷҷатҳои зикршуда, ки дар баста (папка) сарҷамъ карда шудаанд бояд дар мўҳлати як моҳ аз санаи эълони озмун пешниҳод гарданд. III. Ҳуҷҷатҳо танҳо дар ҳолати пурра будан қабул карда мешаванд. IV. ЭЗОҲ: 1. Дар озмун барои ишғоли вазифаи “мудири шуъба”, “сарходими илмӣ” ва “ходими пешбари илмӣ” танҳо шахсони дорои дараҷаи илмии доктори илм, доктори ҳабилитат, номзади илм, доктори фалсафа (PhD), ки фаъолиятҳои илмиашон ба соҳаҳои иқтисодиёт, сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳои ҳаммонанд иртибот доранд, иштирок карда метавонанд. 2. Дар озмун кормандони институт ҳамчунин шахсоне, ки корманди институт нестанд, иштирок карда метавонанд. 3. Матни эълони мазкур дар сомонаи институт iitss.tj. низ (тоҷ./русӣ) ҷойгир карда шудааст. 4. Ҳуҷҷатҳо дар суроғаи зерин қабул карда мешаванд: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, хиёбони Борбад, 45/5, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, бинои асосӣ “В”, ошёнаи 6, утоқи №612 (шуъбаитаъминти ҳуқуқӣ ва кадрҳо), тел.: (992) 933109361  Барои маълумоти бештар лутфан ба рақамҳо ва сомонаи зерин муроҷиат намоед: Тел.: (992) 934119642 (муовини директор оид ба илм, инноватсия ва омоданамоии кадрҳои илмӣ ), (992 ) 933109361 (шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳо).  Веб-сомонаи институт: itiss.tj.
2 212
4
📢 ЭЪЛОНИ МУҲИМ: МУСОҲИБАИ РӮ БА РӮ ДАР БИНОИ МАРКАЗИИ АГЕНТӢ БО ШИРКАТИ КОРТАЪМИНКУНАНДАИ ДАВЛАТИ БАҲРАЙН ​Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад: ​Намояндагони ширкати бонуфузи холдингии «Sevens Holding W.L.L» ва меҳмонхонаи панҷситорадори «Royal Saray Resort»-и Давлатӣ Баҳрайн бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе меоянд. Мусоҳибаи бевосита ва рӯ ба рӯ бо корфармо дар бинои Марказии Агентӣ баргузор мегардад. ​📅 ВАҚТИ БАРГУЗОРИИ МУСОҲИБА: ​Сана: 07.07.2026 (7-уми июли соли 2026) ​Оғоз: соати 10:00 (бо вақти Тоҷикистон) ​💼 ВАКАНСИЯҲО ВА МАОШҲОИ ПЕШНИҲОДШУДА: ​💁‍♂️ Пешхизматҳо (Waiter / Waitress) — 10 нафар (Маош: 200 - 250 BHD / тақрибан $530 - $663); ​💼 Хостес (Hostess) — 5 нафар (Маош: 250 - 300 BHD / тақрибан $663 - $795); ​🧹 Корманди тозакорӣ (Room Attendant) — 6 нафар (Маош: 180 - 220 BHD / тақрибан $477 - $583); ​🤝 Агенти қабули меҳмонон (Guest Relation Agent) — 4 нафар (Маош: 300 - 350 BHD / тақрибан $795 - $928); ​🍹 Bars (Bartender) — 2 нафар (Маош: 300 - 350 BHD / тақрибан $795 - $928). ​📋 ТАЛАБОТИ АСОСӢ БАРОИ ДОВТАЛАБОН: ​🗣 Донистани забони англисӣ дар сатҳи муошират (мусоҳиба бо корфармо танҳо ба забони англисӣ сурат мегирад); ​🎓 Таҷрибаи корӣ дар соҳаи хизматрасонӣ ва меҳмондорӣ (Hospitality) афзалият дорад; ​👤 Намуди зоҳирии расмӣ ва одоби муоширати хуб. ​💰 ШАРОИТҲОИ КОРИҲО (комилан аз ҳисоби корфармо): ​🏠 Ҷойи зисти роҳат, 🚌 нақлиёт ва 🏥 суғуртаи тиббӣ; ​✈️ Билети ҳавопаймо ва 📑 Танзими визаи корӣ (Employment Visa); ​🍽 Хӯроки ройгон дар вақти корӣ; ​📅 Реҷаи кор: 8 соат дар як рӯз, 6 рӯзи корӣ дар ҳафта. ​📑 ТАРТИБИ ИШТИРОК ВА СУПОРИДАНИ ҲУҶҶАТҲО: ​Ирсоли CV: Хоҳиш карда мешавад, ки довталабон тарҷумаи ҳоли худро (CV) ба забони англисӣ тавассути паёмрасони WhatsApp ба рақамҳои Агентӣ бифиристанд. ​Распечаткаи CV: Номзадҳои интихобшуда бояд ҳангоми омадан ба мусоҳибаи рӯ ба рӯ нусхаи чопшудаи (распечатка) резюмеи худро ба забони англисӣ ҳатман бо худ дошта бошанд. ​📍 ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТ ВА БАҚАЙДГИРӢ: ​🏠 Маркази асосии Агентӣ (ш. Душанбе): ​Суроға: кӯчаи Лоҳутӣ, 80 (наздикии «Пивзавод») ​📞 Тел: 221-39-67, 221-39-83 ​📱 Рақамҳо (WhatsApp): +992 55 555 1080 | +992 987 906 666 | +992 91 576 7743 | +992 930 934 994 ​🗺 Макон дар харита: https://maps.app.goo.gl/x5c5rSkop6LJUPD19 ​🏠 Намояндагиҳо дар минтақаҳо: ​📍 Вилояти Суғд: +992 92 777 0909 ​📍 Вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +93 487 8828 ​📍 ВМКБ: +992 935 101 439 ​МД «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» ​🔔 Эзоҳ: Тамоми хизматрасониҳои машваратӣ дар Агентӣ ройгон мебошанд. Ин имконияти беназири кориро дар яке аз холдингҳои бузурги Баҳрайн аз даст надиҳед!
3 797
5
No text...
2 980
6
No text...
3 319
7
No text...
3 631
8
ЗАН ВА ИСТИҚЛОЛ - КАСБОМӮЗӢ
ЗАН ВА ИСТИҚЛОЛ - КАСБОМӮЗӢ
3 579
9
No text...
566
10
ЗАН ВА ИСТИҚЛОЛ - КАСБОМӮЗӢ
55
11
https://khovar.tj/2026/05/pursided-avob-medi-em-kadom-hatar-o-angomi-istifodai-hizmatrasoni-oi-moliyav-dar-federatsiyai-rusiya-vu-ud-dorand/
5 240
12
https://www.facebook.com/share/1E5rdNCNfh/
4 988
13
ЭЪЛОН Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донандагони забони олмонӣ бо мақсади таҳсил ва пайдо кардани кор дар Олмон тибқи барномаи "Ausbildung" озмун эълон мекунад. Талаботи довталабон барои супоридани имтиҳони забони олмонӣ инҳоянд: • Синну сол аз 18 то 25 сола; • Донистани забони олмонӣ дар сатҳи В1. Барои омӯзиш ва кор дар Олмон ихтисосҳои зерин пешниҳод шудааст: (district „Deggendorf“) * Мехатроник оид ба нақлиёти автомобилӣ(тахассус: воситаҳои нақлиети тиҷоратӣ); * Слесарь-монтажгари системаҳои санитария ва гармидиҳӣ; * Насбкунандаи системаҳои гармидиҳӣ, вентилятсия ва кондитсионер; * Фурӯшандаи хӯрокворӣ (маҳсулоти гӯштӣ); * Фурӯшандаи хӯрокворӣ - маҳсулоти нонпазӣ (алтернативӣ: фурӯшанда дар нонвойхона / фурӯшандаи хӯрокворӣ (нонпазӣ); * Механики саноатӣ; * Ошпази қаннодӣ; * Ёрдамчии идоракунии чакана (алтернативӣ: фурӯшандаи чакана / фурӯшанда); * Монтажгари конструксияҳои гипсокартон (алтернативӣ: насбкунандаи гипсокартон / мутахассиси гипсокартон); * Коргари баландихтисос дар сохтмони бино. Сохтмончии соҳибихтисос (сохтмони болозаминӣ, алтернативӣ: коргари сохтмон); * Коргари соҳибихтисос дар сохтмони иншоотҳои иҷтимоӣ, мутахассиси сохтмони иншоотҳои иҷтимоӣ; * Электротехник оид ба энергетика ва технологияи сохтмон; * Электротехник оид ба системаҳои энергетикӣ ва технологияи биноҳо (алтернативӣ: техник оид ба системаҳои барқии бино). * Сангкор; * Бетончӣ, коргари бетон ва оҳанбетон (алтернативӣ: мутахассис оид ба сохторҳои бетонӣ ва оҳану бетонӣ); Сохтмони роҳ, коргари сохтмони роҳҳо (алтернативӣ: роҳсоз); * Монтажгари қубур, қубурбандӣ (алтернативӣ: монтажгари қубур / муҳандиси қубур); Инчунин барномаи таълими касбӣ ва кор мутобиқи он (district "Traunstein") • Мутахассиси соҳаи тарабхона (Зебрук, Телангана); • Фурӯшанда-мушовир –мағозаи қассоб (Пляйскирхен, Мю); • Ошпаз (Зебрук, Телангана); • Ошпаз (Пляйскирхен, Мюнхен); • Ҳамшираи Тиббӣ (Бишофсвизен, Бгл). Эъзо: Имтиҳонҳои қабул ба таҳсил ва кор дар охири моҳи майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад. Барои маълумоти иловагӣ метавонед бо рақамҳои зерин дар тамос шавед: Тел: +992977070100, +992006061371. Email: surayo.musoeva@mail.ru; n.m.yusuf2204@mail.ru
6 254
14
ТАВАҶҶУҲ! Муассисаи давлатии "Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа"-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро барои корҳои сохтмонӣ 👷‍♂️ коргарони ёрирасон (разнорабочий) ба шаҳри Свободний, вилояти Амур (г. Свободный, Амурская область) ба кор даъват менамояд! 📋 Талабот ба номзадҳо: Мардон, синну сол аз 18 то 50-сола. Донистани забони русӣ 💰 Шароити корӣ: Музди меҳнат: 305 рубл дар як соат. Шакли кор: 28 рӯзи корӣ дар як моҳ, давомнокии баст (смена) 10 соат. Бақайдгирии расмӣ: Мувофиқи Кодекси меҳнатии Федератсияи Русия, риояи пурраи қонунгузории меҳнат ва муҳоҷират. 🏠 Имтиёзҳои ройгон: Ҷойи хоб: Хобгоҳи ройгони бароҳат дар наздикии ҷойи кор. Хӯрок: 3 вақт хӯроки гарми ройгон аз ҳисоби корфармо. Роҳкиро: Пардохти чипта то ҷойи кор (ба шарте ки 6 моҳ кор кунед). Ҳуҷҷатҳо: Омода кардани патент ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимӣ аз ҳисоби корфармо (ба шарте ки 6 моҳ кор кунед). 🛠 Вазифаҳои корӣ: Кор дар майдони сохтмон. Насби георешётка, сангфарш кардани нишебиҳо ва майдончаҳо. Насби плитаҳои ПДН, гузоштани сангҳои канори роҳ (бордюр) ва плиткаҳои тротуарӣ. . ТЕЛЕФОНҲО БАРОИ ТАМОС: Тел: 221-39-67, 221-39-83 мобилӣ +992 930 934 994: | +992 987 906 666 | +992 91 576 7743 | +992 55 555 1080 🏠 Намояндагиҳо дар минтақаҳо: 📍 Вилояти Суғд: +992 92 609 0909, +992 93 999 0909, +992 88 440 6633, +992 90 630 6633 📍 Вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +93 487 8828, +992 91 811 2288 📍 ВМКБ: +992 935 101 439 📍 Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 80. 🗺 Макон дар харита: https://maps.app.goo.gl/x5c5rSkop6LJUPD19
4 320
15
🚀 КОР ДАР РОССИЯ! Муассисаи давлатии "Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа"-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро ба корхонаҳои бузурги алюминийи шаҳрҳои Красноярск, Братск ва Иркутск ба кор даъват мекунад! 💰 МУЗДИ МЕҲНАТ (МАОШ): Дараҷаи 4: аз 65 000 рубл + 15 000 рубл хӯрока Дараҷаи 5: аз 75 000 рубл + 15 000 рубл хӯрока Дараҷаи 6: аз 90 000 рубл + 15 000 рубл хӯрока ⚖️ Изофакорӣ: Пардохти 2-баробар! ✅ КОРФАРМО ЧИРО ПАРДОХТ МЕКУНАД? ✈️ Роҳкиро (Билет) — аз Тоҷикистон то Русия. 📄 Патент — хароҷоти ҳуҷҷатгузорӣ. 🏠 Ҷойи хоб — ройгон таъмин карда мешавад. 🛠 ИХТИСОСҲО ВА ТАЛАБОТ: Анодчикҳо, электролизникҳо, рехтагарон. Синну сол: аз 20 то 41-сола. Реҷаи кор: Бастҳои 8/12 соата (5/2, 4/2, 3/2). 📞 ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТ: 📍 ш. Душанбе: 221-39-67, 930 934 994, 987 906 666 📍 Суғд: 92 609 0909, 88 440 6633 📍 Хатлон: 905 800 063, 91 811 2288 📍 ВМКБ: 935 101 439 🏥 Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 80. 🗺 Макон дар харита: https://maps.app.goo.gl/x5c5rSkop6LJUPD19
3 392
16
КОР ДАР ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ: БАҚАЙДГИРӢ ИДОМА ДОРАД! Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад: Барои бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ширкатҳои корфармои Ҷумҳурии Туркия бақайдгирӣ мунтазам идома дорад. ✅ Имконият барои шумо: Хоҳишмандон метавонанд барои сабти ном ва гирифтани маълумоти муфассал дар бораи вазифаҳои холӣ ва шароитҳои корӣ ба филиалҳои Агентӣ муроҷиат намоянд. 📍 ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТ ВА БАҚАЙДГИРӢ: 🏠 Маркази асосии Агентӣ (ш. Душанбе): Суроға: кӯчаи Лоҳутӣ, 80 📞 Тел: 221-39-67, 221-39-83 📱 Рақамҳо: +992 55 555 1080 | +992 987 906 666 | +992 91 576 7743 | +992 930 934 994 🏠 Намояндагиҳо дар минтақаҳо: 📍 Вилояти Суғд: +992 92 609 0909, +992 93 999 0909, +992 88 440 6633, +992 90 630 6633 📍 Вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +93 487 8828, +992 91 811 2288 📍 ВМКБ: +992 935 101 439 🌐 ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ: 💻 Сомонаи расмӣ: https://khorijakor.tj/ МД «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» 🔔 Эзоҳ: Ҳангоми муроҷиат бо худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома)-ро дошта бошед. Хизматрасониҳои машваратӣ дар Агентӣ ройгон мебошанд.
5 101
17
БА ТАВАҶҶУҲИ КОРҶӮЁН!  ҶОЙИ КОРӢ ДАР БЕЛАРУС Дар Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳо барои ишғоли вазифаи ронандаи нақлиёти мусофиркашонӣ (автобус) дар шаҳри Гроднои Ҷумҳурии Беларус оғоз ёфт. Шартҳои асосӣ: Музди меҳнат: 700 - 1700 $ (вобаста ба кор); Талаботи тахассусӣ: Шаҳодатномаи ронандагии категорияи D, E; Забон: Муоширати озод бо забони русӣ; Синну сол: Аз 21 то 60 сола. Барои маълумоти муфассал ба Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 80 муроҷиат намоед. Тел: 221-39-83, 930934994.
4 211
18
4
1
19
📢 ЭЪЛОНИ МУҲИМ: МУСОҲИБАИ ОНЛАЙН БАРОИ КОР ДАР ҚАТАР (ШИРКАТИ «AL MANA») Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» дар ҳамкорӣ бо ширкати «Jusour»-и Давлати Қатар, шаҳрвандонро ба мусоҳибаи онлайн барои кор дар шабакаи қаҳвахонаҳои маъруфи «Caribou Coffee Qatar» даъват менамояд. 💼 ВАКАНСИЯҲОИ МАВҶУД: 15 нафар — Бариста (тайёркунандаи қаҳва); 10 нафар — Пешхизмат (мард/зан) / Кассир; 5 нафар — Тайёркунандаи сандвич (Sandwich Artist). 💰 ШАРОИТҲОИ КОРӢ: 🏠 Ҷойи зист (манзил) таъмин карда мешавад; 🚌 Нақлиёт барои рафтуомад таъмин аст. 📅 ВАҚТ ВА МАКОНИ МУСОҲИБА: Мусоҳиба ба таври онлайн (тариқи Microsoft Teams) баргузор мегардад. Рӯзи чоршанбе: 08 апрели соли 2026 Оғоз: соати 11:00 (бо вақти Қатар) / соати 13:00 (бо вақти Тоҷикистон). ⚠️ ДАСТУРҲОИ МУҲИМ БАРОИ ДОВТАЛАБОН (ХАТМӢ): Ирсоли пешакии CV: Нафароне, ки хоҳиши иштирок дар мусоҳибаро доранд, бояд пеш аз оғози мусоҳиба тарҷумаи ҳоли (CV)-и худро ба рақами WhatsApp-и Агентӣ ирсол намоянд. Намунаи CV: Барои дуруст пур кардани тарҷумаи ҳол, ҳатман ба намунаи (шаблон) ва видео-дастур таваҷҷӯҳ кунед. Омодагӣ: Довталабон бояд бо забони англисӣ ва намуди зоҳирии расмӣ дар мусоҳиба ҳозир шаванд. 📍 ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТ ВА ИРСОЛИ CV: Маркази асосӣ (ш. Душанбе): 📞 221-39-67, 221-39-83 📱 +992 987906666 (WhatsApp, Telegram) — барои ирсоли CV ва гирифтани намуна 📍 Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 80. 🗺 Макон дар харита: https://maps.app.goo.gl/x5c5rSkop6LJUPD19 МД «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» 38°34'49.3"N 68°48'06.2"E Find local businesses, view maps and get driving directions in Google Maps.
4 498
20
📢 Муроҷиат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон: ХУДРО АЗ ҚАЛЛОБОНИ СОҲАИ МУҲОҶИРАТ ҲИМОЯ КУНЕД! Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи ҳамватанони азиз мерасонад: Дар вақтҳои охир ҳолатҳои қаллобӣ вобаста ба масъалаи ба кор таъмин намудан дар хориҷи кишвар афзоиш ёфта истодааст. Афроди қаллоб (бевиҷдон) бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook, Instagram, Telegram) ба боварии шаҳрвандон даромада, онҳоро фиреб медиҳанд. ⚠️ НИШОНАҲОИ АСОСИИ ФИРЕБГАРӢ: Қаллобон одатан ваъдаҳои зеринро истифода мебаранд: * 💰 Маошҳои аз ҳад зиёд баланд ва ҷойҳои кории «афсонавӣ»; * ⚡️ Омода намудани ҳуҷҷатҳои сафар дар муддати хеле кӯтоҳ; * 🚫 Кафолати 100%-и гирифтани раводид (виза) бе тафтишоти расмӣ. ДАР ЁД ДОШТА БОШЕД: Ҳадафи асосии ин нафарон танҳо ба даст овардани маблағи шумост. Дар натиҷа, шаҳрвандон на танҳо маблағ, балки ҳуҷҷат ва маълумотҳои шахсии худро низ аз даст медиҳанд. ✅ ТАВСИЯҲОИ МУҲИМ БАРОИ ШУМО: * Ба миёнаравони номаълум эътимод накунед. Ҷойҳои кориро аз саҳифаҳои шубҳаноки шаҳрвардони алоҳида пайдо накунед. * Машварати расмӣ аз Муассисаи давлатӣ «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гиред. Пеш аз сафар ҳатман ба мақомоти давлатӣ, Муассисаи давлатӣ «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муроҷиат намоед. * Маълумоти шахсиро ҳифз кунед. Ҳеҷ гоҳ нусхаи шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳоро ба нафарони шубҳанок нафиристед. 📍 ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТ ВА МАШВАРАТ: Агар шумо ба ягон пешниҳод шубҳа доред ё мехоҳед маълумоти иловагӣ гиред, лутфан ба рақамҳои зерин занг занед: Маркази асосии Агентӣ (ш. Душанбе): 📞 221-39-67, 221-39-83 📱 +992 930 934 994 (WhatsApp, Telegram) 📱 +992 55 555 1080 | +992 987 906 666 | +992 91 576 7743 Намояндагиҳо дар минтақаҳо: 📍 Вилояти Суғд: +992 92 609 0909, +992 93 999 0909, +992 88 440 6633, +992 90 630 6633 📍 Вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +93 487 8828, +992 91 811 2288 📍 ВМКБ: +992 935 101 439 Ва иловагӣ: 📞 118 119 810 📞 118 119 820 📞 225 05 75 Аз дӯстон ва наздикони худ хоҳиш намоед, ки эҳтиёткор бошанд! Инчунин, барои маълумоти расмӣ метавонед ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа муроҷиат намуда, хизматрасонӣ барои сафарбар шудун ба хориҷи кишвар аз Агентӣ ройгон мебошад. МД «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»
5 272