Таджикский государственный университет коммерции
Open in Telegram
Добро пожаловать в телеграм-канал Таджикского государственного университета коммерции
Show more270
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
+130 days
Posts Archive
Табрикоти
ректори донишгоҳ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар
ба муносибати 35 - умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Муқаддастарин ҷашни миллӣ, яъне 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бароятон сидқан табрику таҳният гуфта, дар касбу коратон, ки бениҳоят заҳматталаб асту масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд, барору комёбӣ орзу менамоям.
Боиси фараҳмандист, ки ҷашни истиқлол ҳамасола дар Ватани азизамон - Тоҷикистони биҳиштосо дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва шукргузорӣ аз сулњу субот ва давлатдорию соҳибистиқлолӣ ҷараён мегирад.
Мусаллам аст, ки пешрафти давлат, ояндаи осудаи ҷомеа ва ободии Ватан аз илму дониш ва саводу маърифат сахт вобаста мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки тамоми кӯшишу ғайратамонро баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи давру замон ҷавобгӯ равона намуда, ба ин васила дар пешрафт ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми арзанда гузорем.
Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш бо аҳли маорифи кишвар ва ифтитоҳи муассисаҳои таълимӣ бори дигар собит намуд, ки давлату њукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳри зиндагии осоиштаи мардум, пойдории сулҳу субот дар кишвар, минтақа ва сайёра тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст.
Яке аз ин тадбирҳо ин қабул шудани Қатъномаи СММ дар бораи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036 ” мебошад, ки аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид.
Сарвари давлат дар вохурии навбатиашон бо аҳли маориф ҳамаи иштирокдоронро ба ифтихори ҷашни бузурги таърихии кишвар 35 - умин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта, аз ҷумла чунин зикр намуданд:
“Истиқлоли давлатӣ ҳастии халқи тоҷикро дар паҳнои ҷаҳон ҳифз кард, адолати таърихиро барқарор сохт, тоҷиконро ба аҳли олам ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз ва таҳаммулгарову сулҳҷӯй муаррифӣ намуд”
Далели ин гуфтаҳо ба Ватан бар гардонидани гурезаҳои солҳои ҷанги шарвандӣ, инчунин ба Ватан овардани турбати қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур, инчунин ходими намоёни давлатӣ Нисормуҳаммад мебошад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми дастовардҳо, аз ҷумла рушду пешрафти соҳаи маорифро самараи истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ номиданд.
Соҳаи маориф, ки дар рушду нумуи он ҳамаи шумо профессорону омӯзгорон ва кормандон низ саҳми назаррас доред, ба шарофати ғамхориҳои доимии давлату Ҳукумати мамлакат ба яке аз соҳаҳои муҳимму пешрафта табдил ёфтааст.
Аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тайи солҳои охир ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки бешак, ҳамаи онҳо бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва тањкими сулњу вањдати миллї ба даст омадаанд. Беҳтар гардидани заминаи моддиву техникии донишгоҳ далели ин гуфтаҳост.
Истиқлолияти кишвар, ки алҳол 35-умин солгарди он дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ва берун аз он таҷлил мегардад, воқеан ҳам, неъмати бебаҳост. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри он расем, шукрона кунем ва аз истиқлолияти давлатии хеш чун бахти безаволи миллат ифтихор дошта бошем.
Боварӣ дорам, ки мо ҳама дар якҷоягӣ, яъне омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар мулоқот 31.08.2026 бо аҳли маорифи кишвар зикр гардидаанд, сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, дар амалӣ гардонидани онҳо саҳми арзанда мегузорем.
Бори дигар Шумо ҳамкасбону донишҷӯёни азизро бо 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, бароятон дар раванди таълиму тарбия ва донишандӯзӣ комёбию муваффақиятҳои беназирро орзу дорам.
ИСТИҚЛОЛ
Мекашам нафас аз ҳавои Истиқлол,
Дар фазои дилам навои Истиқлол.
Аз нигоҳи тозааш дилам меболад,
Шодиам қимати баҳои Истиқлол.
Тапише ба набзи ҷонам Истиқлол,
Гавҳари дили ҷавонам Истиқлол.
Тоираш ҳарири муҳаббатҳо,
Кавкаби ҳадиси баёнам Истиқлол.
Нурборон хонаам аз офтобаш,
Ҷонафзост чашмасори гулобаш.
Шарбати меҳр дар ҳавои атрӣ,
Ҷилваранг гирди рӯйи моҳтобаш.
Манбаи ҳавои баҳорам, Истиқлол,
Шавкати сабои наворам, Истиқлол.
Дар дилам шиҳоби нумӯяш рӯшан,
Шукри беҳад аз ту дорам, Истиқлол.
Музамбила Султонӣ, омӯзгори кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат
Имрӯз вазифаи асосии мо - ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми муқаддасоти давлатӣ ва саҳм гузоштан дар ободии Ватани азизамон Тоҷикистон мебошад.
Комилҷон Алимов, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи молия, фаъолияти бонкӣ ва суғурта
ИСТИҚЛОЛИЯТ - ГАНҶИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ ВА КАФИЛИ РУШДИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат неъмати бузург, рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва ифтихори миллӣ ба ҳисоб меравад. Барои миллати тоҷик низ ба даст овардани истиқлолият рӯйдоди сарнавиштсоз ва оғози марҳилаи нави таърихӣ гардид. 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва аз ҳамон рӯз кишвари мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол роҳи мустақили давлатдориро пеш гирифт.
Соли 2026 барои мардуми Тоҷикистон соли ҷашнӣ мебошад, зеро 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин сана барои ҳар як шаҳрванди кишвар боиси ифтихор буда, моро водор месозад, ки роҳи тайкардаи давлатро дар давоми 35 сол ба ёд оварда, дастовардҳои замони истиқлолиятро қадр намоем ва барои ояндаи боз ҳам дурахшони Ватан талош кунем.
Истиқлолият ба миллати тоҷик имконият фароҳам овард, ки тақдири давлату миллати худро мустақилона муайян намояд. Давлати соҳибистиқлол соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Ин муқаддасот рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати мардуми Тоҷикистон мебошанд.
Дар солҳои аввали истиқлолият кишвар ба мушкилоти зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Вазифаи асосӣ нигоҳ доштани давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳу субот ва таъмин намудани ваҳдати миллӣ буд. Бо талошҳои Роҳбарияти давлат, неруҳои сиёсӣ ва, пеш аз ҳама, бо иродаи мардуми Тоҷикистон сулҳу субот дар кишвар барқарор гардид.
Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолият мебошад. Сулҳу оромӣ заминаи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро фароҳам овард. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо намуда, бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Дар давоми 35 соли истиқлолият дар Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шуданд. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат роҳҳо, пулҳо, мактабҳо, беморхонаҳо, корхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ сохта ва ба истифода дода шуданд.
Яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ дар даврони истиқлолият рушди соҳаи маориф мебошад. Мактабҳои нав сохта шуда, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмӣ рушд ёфтанд. Барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии насли ҷавон шароити мусоид фароҳам оварда шуданд.
Ҷавонони тоҷик имрӯз дар дохил ва хориҷи кишвар ба таҳсил машғул буда, дар соҳаҳои гуногун дониш ва таҷрибаи муосир меомӯзанд. Онҳо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи давлат мебошанд.
Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як ҷавон аз он иборат аст, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамомада илму дониш омӯзад, соҳиби касбу ҳунар гардад ва барои пешрафти Ватан саҳм гузорад.
Истиқлолият барои эҳёи арзишҳои миллӣ ва рушди фарҳанги тоҷик имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Дар ин давра ба омӯзиш ва муаррифии таърих, адабиёт, забон, санъат, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар мероси фарҳангии тоҷикон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи худро мустаҳкам намуд. Кишвари мо дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва таҳкими сулҳу субот ташаббусҳои гуногун пешниҳод кардааст.
Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ танҳо таҷлили як сана нест. Он бозгашт ба таърих, қадршиносии арзишҳои миллӣ ва баҳодиҳӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Ин ҷашн бояд ҳар як шаҳрванди кишварро ба корҳои созанда, ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободии Ватан ҳидоят намояд.
35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи муҳимми таърихии рушди давлат ва миллат мебошад. Дар ин муддат Тоҷикистон роҳи душвор, вале пуршарафи давлатсозиро тай намуд. Таъмини сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди иқтисод, маорифу фарҳанг, бунёди иншооти давлатӣ ва боло рафтани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳимми ин давра мебошанд.
Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ низ дар таъмини истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нақши муҳим мебозанд. Ҳангоми риояи санадҳои мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва иҷроия мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ баҳри ҳифзи истиқлолияти давлатӣ воситаҳои махсусро истифода мебаранд.
Аз ин рӯ, шаклҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, қонунгузорӣ, иҷроия, намояндагӣ ва дигар воситаҳои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ мавҷуд аст.
Ҳамин тариқ, нақши асосӣ ва ҳалкунандаро дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ Президент мебозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст, онро ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан зарур аст».
Маҳмадхонов Тошмаҳмад, дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ
4. Рамзҳои давлатӣ. Тибқи моддаи 3 Конститутсия рамзҳои давлатиро Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ташкил медиҳанд, ки анъанаҳои миллии ниёгони моро инъикос мекунанд.
5. Муайян намудани самтҳои асосии дохилию хориҷии кишвар. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтан доранд. Самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (моддаи 69 Конститутсия).
6. Дохил шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ. Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ба Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аъзо аст. Дар муносибатҳои байналмилалӣ тибқи принсипи байналмилалӣ-ҳуқуқии баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо баромад мекунад. Ба даст овардани истиқлолият, шомил шудан ба СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон имконият дод, то сиёсати берунаи мустақили худро ба амал барорад, самтҳои фаъолияти худро дар муносибатҳои байналмилалӣ муайян намояд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ худро давлати соҳибихтиёр эълон намудааст, ки соҳибихтиёрии он аз тарафи давлатҳои ҷаҳон эътироф гардидааст. Аввалин давлате, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр эътироф намуда буд, Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Конститутсия Президент ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад (моддаи 64). Пеш аз шурӯъ намудан ба вазифа Президент савганд ёд мекунад, ки сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунад. Дар соҳаи мудофиаи давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад, Шурои амниятро таъсис ва ба он роҳбарӣ мекунад, барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро бо ризоияти Маҷлиси Олӣ берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ истифода мебарад, дар ҷумҳурӣ вазъияти фавқуллода эълон мекунад.
Асоси ҳуқуқии истиқлолияти давлатиро мақомотҳои намояндагии ҳокимияти давлатӣ бо роҳи қабули қонунҳо, ки моҳият ва самтҳои истиқлолияти давлатиро муайян мекунанд, ташкил медиҳад. Тибқи моддаи 48 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ-Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузори Тоҷикистон мебошад. Дар соҳаи қонунгузорӣ бо мақсади волоияти қонунияти давлат дар тамоми қаламрави Тоҷикистон Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси қонунгузорӣ ва ҳуқуқи қабули қонунҳоро доранд. Бо максади таъмини тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии истиқлолият Маҷлиси Олӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба истифода бурдани Қувваҳои Мусаллаҳ берун аз ҳудуди кишвар барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ё эълон намудани вазъияти фавқуллода дар кишвар тасдиқ мекунад.
Агар Президент ҳамчун сарвари давлат самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро муайян кунад, пас Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди салоҳияти худ тавассути низоми мақомотҳои иҷроия амалишавии сиёсати дохилию хориҷии кишварро таъмин месозад.
Шакли ҳарбии ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистонро Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Вазифаҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳро мудофиаи мамлакат аз хатари беруна, ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти мамлакат ташкил медиҳанд.
Шакли дипломатии ҳифзи истиқлолияти давлатиро Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ менамоянд, ки Конститутсия ва қонунҳо дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ба онҳо салоҳияти васеъ додаанд.
Нақши асосиро дар таъмини волоияти ҳокимияти давлатӣ ҳамчун қисми таркибии соҳибихтиёрии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ доро мебошад, ки масъалаи мувофиқати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллиро бо Конститутсия муайян мекунад.
2. Мустақилона ҳал намудани масъалаҳои дохилидавлатӣ. Ҳар як давлат мустақилона ва новобаста аз давлати дигар сохтори ҷамъиятӣ ва давлатии худ, тартиботи ҳуқуқии ба сатҳи инкишоф ва талаботу манфиати омма ҷавобгӯро муайян мекунад. Ҳуқуқи байналмилалӣ муносибатҳои ҷамъиятии дохилидавлатиро танзим намекунад, зеро предмети онро танзими муносибатҳои байналмилалӣ ташкил медиҳад. Чунин муқаррарот таҷассуми худро дар принсипи дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар давлатҳо ёфтааст.
3. Волоияти марзӣ. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Сарвари давлат, ҳокимияти қонунгузору иҷроия ва санадҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави мамлакат амал намуда, қувваи олии ҳуқуқӣ доранд. Амалишавии қонунгузории Тоҷикистон ба қаламрави кишвар маҳдуд нашуда, баъзан меъёрҳои он хислати экстерриториалиро (бурун аз марзӣ) доранд, яъне, меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон метавонад, ки нисбат ба муносибатҳои ҳуқуқии берун аз кишвар ба миёномада татбиқ шаванд. Масалан, агар инсон мақоми ҳуқуқӣ, маҷмуи ҳуқуқу уҳдадориҳоро дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст орад, пас дар ҳолати гузариш аз низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар низоми ҳуқуқӣ шахс ҳуқуқҳои шахсӣ ва амволии худро гум намекунад.
4. Мустақилияти давлат дар муносибатҳои байналмилалӣ. Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи ҳуқуқи байналмилалӣ самтҳои сиёсати берунии худро мустақилона муайян мекунад.
Қабул шудани Эъломия «Дар бораи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон», Изҳорот «Дар бораи эълон намудани истиқлолияти Тоҷикистон» зарурияти қабул гаштани Конститутсияи навро дар кишвар ба миён овард, аммо дар Тоҷикистон гурӯҳҳои муайяни сиёсӣ рафти инкишофи истиқлолиятро халалдор месохтанд. Аз ин рӯ, бо сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон солҳои 1991, 1992 ва 1993 қабули Конститутсия амалӣ нагардид, ҳарчанд дар ин солҳо лоиҳаҳои гуногуни Конститутсия пешниҳод гардида буданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба 6 ноябри соли 1994 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки ба Эъломия «Дар бораи соҳибихтиёрии ҶШС Тоҷикистон» асос ёфта, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муқаррар намуд. Бояд зикр намуд, ки аксари меъёрҳои Конститутсия баҳри рушди истиқлолияти давлатӣ равона гардидаанд. Баъзе меъёрҳои он аз қабили моддаҳои 1-4, 6-9, 11-13, 15, 46, 55, 69, 100 бошад ба масъалаи истиқлолият дахл доранд.
Самтҳои асосии ба амал баровардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим буда, инҳоро ташкил медиҳанд:
- ҳифзи низоми иқтисодӣ;
- таъмини тамомияти арзӣ;
- таъмини фаъолияти мӯътадили низоми андоз ва молия дар мамлакат;
- таъмини фаъолияти мӯътадили дастгоҳи иҷроия.
Нишонаҳои истиқлолиятро имрӯз дар Тоҷикистон мушоҳида намудан мумкин аст, ки инҳоянд:
1. Пурраҳокимиятии халқ. Халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ буда, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад. Халқ ҳокимиятро бевосита (иштирок дар райъпурсиҳо, таъин шудан ба мансабҳои давлатӣ) ё ба воситаи намояндагони боэътимоди худ (масалан, интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) амалӣ мегардонад.
2. Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ. Ҳар як кишвари соҳибистиқлол забони давлатии худро дорад. Чунин мақоми забони тоҷикӣ истифодаи дигар забонҳоро дар мамлакат маҳдуд намегардонад, зеро шаҳрвандони хориҷӣ ва халқу миллатҳои ғайритоҷик метавонанд дар қаламрави мамлакат аз забони модарии худ озодона истифода намоянд. Тоҷикистон барои муошират дар муносибатҳои байналмилалӣ забони русиро интихоб намудааст.
3. Моликияти истисноии давлат. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замин, об, сарватҳои зеризаминӣ, фазои ҳаво, олами набототу ҳайвонот моликияти истисноии давлат ба шумор меравад ва истифодаи самараноки он ба манфиати халқ кафолат дода мешавад. Ҳеҷ як давлат ё созмони байналмилалӣ ҳуқуқ надорад, ки баҳри истифодаи самараноки боигарии табиии Тоҷикистон монеа бошад.
Соли 1924 Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии автономӣ (худмухтор) дар ҳайати Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, ки ба ИҶШС шомил буд, ташкил гардид. Он вақт оид ба соҳибихтиёрии Тоҷикистон умуман сухан намерафт. Соли 1929 масъалаи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолият аз сабаби ҳамчун ҷумҳурӣ ташкил шудани Тоҷикистон ба миён омад. Дар ин бора Менглиев Ш.М. дуруст қайд менамояд, ки Тоҷикистон 5 декабри соли 1929 ҷумҳурии иттифоқӣ эътироф шуд ва расман соҳибихтиёр гардид. Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба монанди дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ мақоми субъекти ҳуқуқи байналмилалиро соҳиб гардид. Гуфтан лозим аст, ки чунин соҳибихтиёриро сохибихтиёрии комил ва пурра шуморидан нораво буд, зеро тамоми давлатҳои иттифоқӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Шартнома «Дар бораи таъсиси Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ» аз 30 декабри соли 1922 як қатор ваколатҳои худро ба Иттиҳод (ҳамчун як симо) дода буданд. Аз ҷумла, намояндагӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ, бастани созишномаҳо оиди қарзи давлатӣ, ратификатсияи (эътирофнамоии) шартномаҳои байналмилалӣ, муқаррар намудани низоми савдои дохилӣ ва берунӣ, бастани шартномаҳои консессионӣ, истифода бурдани захираҳои табиӣ ва ғайра.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ таъсис ёфта бошад ҳам, аммо истиқлолияти он маҳдуд буд. Албатта, вазъи ҳуқуқии Тоҷикистони Шуравӣ ҳамчун мустамлика набуда, мутобиқи Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон дар мавриди дилхоҳ метавонист аз Иттиҳод барояд.
ИҶШС новобаста аз муваффақиятҳои калон дар соҳаи сиёсат, рушди иқтисодиёт ба бӯҳрони сиёсӣ гирифтор шуд. Бозсозии низоми давлатӣ (солҳои 1986-1990) натавонист ин иллати ҷомеаи шуравиро аз байн барад. Баъди барҳам хӯрдани ИҶШС тамоми ҷумҳуриҳои дар ҳайати он буда соҳибистиқлол гардиданд. Дар қатори онҳо Тоҷикистон низ истиқлолиятро соҳиб гардид.
Асоси ҳуқуқии ташкили давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро «Эъломия дар бораи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон» аз 24 августи соли 1990 ташкил медиҳад. Дар санади мазкур мақсади асосии Тоҷикистон баён шудааст, ки он бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ягонагӣ ва волоияти ҳокимияти давлатӣ дар қаламрави мамлакат ва мустақилият дар муносибатҳои дохилию беруна ифода меёбад. Эъломия муқаррар намуд, ки акнун Тоҷикистон мустақилона ном, роҳи инкишоф, сохтори низоми сиёсию иқтисодии худро муайян мекунад, масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиро мустақилона ҳал мекунад, рамзҳои давлатии худро тасдиқ ва санадҳои лозимиро қабул мекунад.
Дар қисми 3 Эъломия аввалин маротиба оид ба принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ сухан меравад, ки тибқи он ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ тақсим карда мешавад.
Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Изҳорот «Дар бораи истиқлолияти Тоҷикистон» - ро қабул кард. Тибқи ин санад Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ ва халқи он бошад сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ (9 сентябри соли 1991) субъекти комилҳуқуқи ҳуқуқи байналмилалӣ гардид.
Бояд зикр намоем, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ хусусиятҳои зерин дорад:
1. Эътироф ва эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрии давлатҳо. Асоси ҳуқуқи байналмилалии муосирро эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрии субъектони он ташкил медиҳад. Маъмултарини чунин меъёрҳо принсипҳои баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо, истифода набурдани қувва ва таҳдиди истифодаи он дар муносибатҳои байналмилалӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилӣ, ба таври осоишта ҳал намудани баҳсҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои давлатҳо ба ҳисоб мераванд.
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ТАШАККУЛЁБИИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Истиқлолият яке аз масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа ба шумор рафта, бо дигар падидаҳои ҷамъиятӣ алоқаи зич дорад. Фаҳмиши муосири истиқлолият яку якбора ба миён наомадааст. Ин масъала мавриди тадқиқу омӯзиши мутафаккирони бузурги гузашта ва имрӯза қарор гирифтааст. Аз ҷумла, И. Бентам, Л. Гумилович, А де Токвил, Г. Келзен, Жан Боден, Ҷ. Локк, Ж. Ж. Руссо, Г. Гегел, А. С. Алексеев, А. Дониш ва дигарон дар масъалаи истиқлолияти давлатӣ фикрҳои ҷолиби диққат гуфтаанд. Аз байни онҳо мутафаккири немис – Жан Боденро (1530-1596) асосгузори назарияи истиқлол мешуморанд. Ба ақидаи ӯ истиқлолият ҳокимияти мутлақ ва ҳамешагии давлат аст. Олим дар асараш «Шаш китоб дар бораи давлат», ки соли 1576 бо забони фаронсавӣ ва соли 1584 бо забони лотинӣ нашр шудааст, хислатҳои дохилӣ ва хориҷӣ доштани истиқлолиятро баён намудааст.
Ба сифати нишонаҳои истиқлолият Жан Боден инҳоро нишон медиҳад:
- ҳамешагӣ;
- мутлақияти ҳокимияти соҳибихтиёрӣ;
- ҳокимият - ҳамчун сарчашмаи қонун;
- доштани моликият.
Ба мазмуни истиқлолият бошад инҳоро дохил мекунад:
- ҳокимияти қонунгузорӣ;
- ҳокимияти ихтиёрдорӣ;
- ҳокимияти ҳарбӣ;
- ҳуқуқи таъини шахсони мансабдор;
- баровардани пул;
- ҳуқуқи бахшиши ҷазо;
- ҳал намудани масъалаи ҷанг ва сулҳ.
Фаҳмиши нисбатан пурраи истиқлолият баъд аз гузариш ба давраи нав, ташкил шудани давлатҳои миллӣ дар Аврупо ба миён омад. Дар давраи мазкур принсипи миллият инкишоф ёфт, ки тибқи он ҳар як халқу миллат бояд давлати миллии худро дошта бошанд.
Дар баъзе сарчашмаҳо мафҳуми истиқлолият ва соҳибихтиёриро ҳаммаъно меҳисобанд. Ҳарчанд ки ин ду мафҳум аз ҷиҳати мазмун ба ҳам наздик бошанд ҳам, аммо ба фикри мо доираи маънои онҳо гуногунанд. Истилоҳи соҳибихтиёрӣ нисбатан мазмуни васеътар дошта, ягонагӣ, волоияти марзӣ ва истиқлолиятро дар бар мегирад. Мафҳуми соҳибихтиёрӣ бо пурраҳокимиятӣ ҳаммаъно буда, дар муносибатҳои дохиливу хориҷӣ ифода меёбад. Заминаи соҳибихтиёрӣ асосан, истиқлолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебошад. Истиқлолият ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатиро дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ифода мекунад.
Бояд гуфт, ки проблемаи истиқлолият ба давраҳои таърихӣ алоқаманд аст. Ин масъала ҳамеша дар мадди назари мутафаккирон ва сиёсатмадорони замонҳои гуногун буд.
Воқеан, агар ба таърихи давлатдории тоҷикон назар афканем, мушоҳида менамоем, ки дар асрҳои миёна, ҳанӯз дар замони давлатдории Сомониён, Қарохониён, Ғазнавиён, Салчуқиён ва дигар сулолаҳо масъалаи истиқлолияти давлатӣ вуҷуд дошт, аммо аз сабаби дар сатҳи паст қарор доштани муносибатҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ ба дараҷаи замони ҳозира актуалӣ набуд. Аз ин рӯ, хусусияти актуалӣ пайдо кардани ин масъала то дараҷае ба рушди ҳуқуқи байналмилалӣ вобаста аст.
Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба баъзе миллату халқиятҳои хурду бузург муяссар нагардидааст, ки давлати соҳибистиқлоли хешро дошта бошанд. Халқи тоҷик бошад дар асоси принсипи миллият тавонист, ки баъди садсолаҳо аз нав давлати соҳибистиқлоли худро бо номи Тоҷикистон бунёд намояд.
Дар ин замина, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва таҳаммулпазирӣ яке аз вазифаҳои муҳимми ҷомеаи муосир ба шумор меравад.
Хулоса, Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи сифатан нави таърихиро оғоз намуд. Дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ дар самтҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисод, соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳанг ва муносибатҳои байналмилалӣ равандҳои муҳим ба амал омаданд.
Рустамзода Фитрат Музаффар, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН
Истиқлол барои мо иззату шарафи инсонӣ, нангу номуси миллӣ ва гузашта аз ин, бузургтарин дастовард ва муқаддастарин неъмат мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолияти давлатӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии ҳар як миллат ба шумор меравад. Барои мардуми тоҷик ба даст овардани истиқлолият на танҳо оғози марҳилаи нави давлатдорӣ, балки имконияти воқеии муайян намудани самти рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, ба марҳилаи нави таърихӣ ворид шуд. Дар шароити соҳибистиқлолӣ масъалаи ташаккули пояҳои давлатдории муосир, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таъмини амнияту суботи ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ аҳаммияти махсус пайдо намуд.
35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурсати муносибест барои арзёбии роҳи тайкардаи кишвар, таҳлили натиҷаҳои бадастомада ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди минбаъда. Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян намояд. Дар ин давра заминаҳои ҳуқуқии давлатдории миллӣ ташаккул ёфта, низоми идоракунии давлатӣ ва институтҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ рушд карданд.
Яке аз муҳимтарин санадҳои даврони соҳибистиқлолӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти давлат ва ҷомеаро муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун арзиши олӣ ва муҳим эътироф мекунад.
Раванди давлатсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ сурат гирифт. Аз ин рӯ, таъмини сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҷомеаи муосири Тоҷикистон аҳаммияти калидӣ дошт. Қайд намудан зарур аст, ки таҷрибаи таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки рушди устувори давлат бидуни сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконнопазир аст. Ба даст омадани сулҳу ризоияти миллӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати барқарорсозии иқтисоди кишвар ва рушди соҳаҳои иҷтимоӣ замина гузошт.
Инчунин яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар даврони истиқлолият рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Дар кишвар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва инфрасохтор тадриҷан рушд намуда, барои истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва иқтисодии мамлакат имкониятҳои нав фароҳам оварда шуданд.
Таваҷҷуҳ ба рушди саноат, коркарди ашёи хоми дохилӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкорӣ аз омилҳои муҳимми таҳкими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад.
Дар баробари ин, яке аз вазифаҳои муҳимми марҳилаи нави рушди кишвар баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисод, рушди иқтисоди рақамӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои муосир мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки Истиқлолияти давлатӣ барои рушди соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар самтҳои иҷтимоӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард. Дар сиёсати давлатӣ масъалаи рушди сармояи инсонӣ аҳаммияти рӯзафзун пайдо кардааст.
Маориф ҳамчун яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа дар ташаккули насли дорои дониш, малака ва ҷаҳонбинии муосир нақши муҳим мебозад. Рушди муассисаҳои таълимӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот аз вазифаҳои муҳимми даврони истиқлолият мебошанд.
Илм низ ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, технологӣ ва экологӣ саҳми бештар гузорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ рушди илм ва технология омили муҳимми рақобатпазирии давлатҳо мебошад.
Бояд зикр намуд, ки яке аз натиҷаҳои муҳимми даврони истиқлолият афзоиши таваҷҷуҳ ба таърих, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллии тоҷикон мебошад. Эҳёи мероси фарҳангиву таърихӣ барои таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ аҳаммияти калон дорад.
Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва рушди фарҳанги миллӣ нақши муҳим мебозад. Ҳифз ва рушди забон, эҳтироми мероси фарҳангӣ ва шинохти таърихи миллат бояд қисми муҳимми сиёсати маънавии ҷомеа бошад.
Пешниҳоди навбатии Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон гардидани солҳои 2027-2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда», ки идомаи мантиқии ташаббусҳои Тоҷикистон мебошанд, барномаи амалест, ки давлатҳои ҷаҳонро барои пешгирии низоъҳо. густариши фарҳанги сулҳ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва тарбияи насли нав дар руҳияи ватандӯстӣ муттаҳид месозад.
Қабули қатъномаи мазкур имкон фароҳам меорад, ки дар сатҳи байналмилалӣ фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, пешгирии низоъҳо, нақши ҷавонон ва занон дар сулҳофаринӣ, инчунин ҳамкории давлатҳо дар муқовимат бо таҳдидҳои муосир боз ҳам тақвият ёбад.
Маҳз ҷаҳду талош ва ташаббусҳои байналмилалии Президенти маҳбуби кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардиданд, ки Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва ҷонибдори ҳалли масъалаҳои глобалӣ бо роҳи муколама ва ҳамкорӣ шинохтаву эътироф гардад. Тавре Дабири вақти Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан иброз дошт, «Президенти Тоҷикистон намунаи ибрати аз зӯроварӣ даст кашидани ҳалли зиддиятҳои дохилимиллиро нишон дод, дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ ин саҳми арзандаи Тоҷикистон дар таърихи эҷоди сулҳ буда, барои бисёр мамлакатҳои дигар сулҳи Тоҷикистон сабақи беназир аст».
Аз ин гуфтаҳо метавон чунин хулоса кард, ки дарвоқеъ, мо тоҷикон миллати толеъбаландем, зеро тақдир ба бахти мо чунин роҳбаре иноят фармуда, ки ҷаҳониён эътирофаш мекунанду ба сифатҳои шоистаи роҳбарӣ ва хиради волояшон арҷ мегузоранд.
Маҳз чунин хидматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат буданд, ки соли 2005 дар арафаи ҷашни ваҳдати миллӣ Ҷаноби Олӣ бо ҷоизаи олӣ – медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоят сарфароз шуданд.
Мардуми шарифи тоҷик, ки имрӯз дар фазои сулҳу субот ва оромию осоиштагӣ умр ба сар бурда, баҳри боз ҳам ободу зеботар гардонидани ватани маҳбубамон содиқонаю софдилона заҳмат мекашанд, хуб медонанд, ки тамоми дастоварду муваффақиятҳое, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба даст омадаанд, бо ному фаъолияти пурсамари фарзонафарзанди миллат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманданд. Маҳз роҳбарии оқилонаю хирадмандона ва ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат буд ва ҳаст, ки Тоҷикистон бо қадамҳои устувор пеш рафта, обрӯю нуфузаш дар минтақа ва ҷаҳон боз ҳам боло рафта, сатҳи зиндагии мардум рӯз то рӯз хубтару беҳтар гардида истодааст. Яъне, ин ҳама пешрафт ва ободию шукуфоии мамлакат натиҷаи ҷаҳду талошҳои бесобиқаи Президенти кишвар муҳтарам Эмоалӣ Раҳмон ва файзу баракати истиқлол аст. Тавре шоир фармудааст:
Ҳар ғунчаи гул шукуфаи иқбол аст,
Ободии мулк зи файзи истиқлол аст!
Раъно Ғаюрӣ, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ
ОБОДИИ МУЛК ЗИ ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ АСТ!
Дар таърихи нави тамаддуни тоҷикон санаи 9-уми сентябри соли 1991 саҳифаи нав кушод. Дар ин рӯзи фараҳбахш Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки кишварро ҳамчун давлати мустақил, демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Мутаассифона, давлати ҷавони мо дар оғози истиқлоли худ ба ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба кишвар хисороти зиёд оварда, ҷони беш аз 150 ҳазор нафарро рабуд, дучор гардид. Илова бар ин, дар ин давра (солҳои 1992-1997) кишварро нобудшавии инфрасохтори иқтисодӣ, буҳрони иҷтимоӣ ва хавфи аз байн рафтани давлату соҳибихтиёрии он таҳдид мекард.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд давом кард, дар барқарорсозии сохтори давлатдорӣ ва нигоҳ доштани ягонагии миллӣ нақши ҳалкунанда бозид.
Дар ин Иҷлосияи тақдирсоз фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва барои миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нобудшавӣ наҷот додан ҷаҳду талошҳои зиёд намуда, шуҷоату корнамоиҳои бемисл нишон доданд. Заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат имкон доданд, ки беш аз як миллион нафар гурезагони иҷборӣ ба ватан баргардонида шуда, 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расонида шавад. Ин ҳуҷҷат ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид ва барои фароҳам овардани шароити устувори рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ замина гузошт.
Тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд».
Давоми 35 соли истиқлолият кишвари маҳбубамон таҳти сарварии сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои гуногун ба натиҷаҳои зерин ноил гардид:
− Сохтори давлатдорӣ ва ҳуқуқӣ: Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6-уми ноябри соли 1994) тавассути раъйпурсии умумӣ заминаи ҳуқуқии давлати муосирро устувор намуд;
− Истиқлолияти энергетикӣ: Аз сохтмон ва баҳрабардории нигоҳдории неругоҳҳои барқи обӣ (аз ҷумла лоиҳаи бузурги НБО-и «Роғун») сар карда, то таҷдиди НБО «Норак» ва «Сарбанд», кишвар самти таъминоти пурраи барқро пайгирӣ мекунад;
− Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ: Бунёди ҳазорҳо километр роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо (ба монанди шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, нақбҳои Шаҳристон ва Анзоб) вилоятҳои кишварро ба ҳам пайваст ва Тоҷикистонро ба кишвари транзитӣ табдил дод;
− Сиёсати хориҷӣ: Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз»-ро пеш гирифта, бо беш аз 186 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд ва аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо мебошад. Алҳол дар ҷумҳурии азизамон 24 сафоратхонаи давлатҳо ва 57 намояндагии ташкилотҳои байналмилалӣ ҷойгир мебошанд.
Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон рамзи ҳувияти миллӣ, озодӣ ва имконияти сохтани ояндаи хеш мебошад. Дар замони имрӯза, ки ҷаҳонро хавфу хатарҳои зиёд таҳдид мекунанд, нигоҳ доштани сулҳ, пурзӯр кардани амнияти миллӣ ва рушди иқтисоди муосир, на танҳо вазифаҳои асосии давлат, балки ҳар як шаҳрванди баору номус ва ватандӯсти кишвар ба шумор меравад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои беназир ноил гардида, бо пешниҳоди ташаббусҳои марбут ба масъалаҳои об, рушди устувор, ҳифзи пиряхҳо ва дигар масоили глобалӣ тавонист эътибори баланди байналмилалӣ пайдо намояд.
Аз ин рӯ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зарур аст, ки дар заминаи ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат ва стратегияҳои миллӣ модели нави омодасозии менеҷерони муосир таҳия ва татбиқ карда шавад. Ин модел бояд ба рушди салоҳиятҳои касбӣ, рақамӣ, таҳлилӣ, коммуникатсионӣ, инноватсионӣ ва ахлоқии менеҷерон равона гардида, ҳамзамон тарбияи ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, фарҳанги идоракунӣ ва ҷаҳонбинии стратегиро дар бар гирад. Маҳз чунин мутахассисон метавонанд сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти рақамикунонӣ, рушди иқтисоди донишбунёд, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди устувори кишвар бо сифати баланд амалӣ намоянд.
Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо арзиши баланди сиёсӣ ва байналмилалӣ доранд, балки ҳамчун заминаи назариявӣ ва методологӣ барои рушди низоми таҳсилоти олӣ, такмили омодасозии кадрҳои идоракунӣ ва ташаккули менеҷерони рақобатпазири замони муосир низ хизмат мекунанд. Аз ин рӯ, ҳамгиро намудани муҳтавои ин ташаббусҳо бо барномаҳои таълимӣ, таҳқиқоти илмӣ ва низоми омодасозии кадрҳо яке аз шартҳои муҳимми татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор маҳсуб меёбад.
Улфатшои Холмирзо, корманди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумхурии Тоҷикистон, докторанти PhD-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
