Darsi Ummat
Open in Telegram
▫️Тарҷумаи роликҳои Исломӣ. ▫️Дуоҳо, ҳадисҳо, ривоятҳо. ▫️Видеоҳои Исломӣ. ▫️Нашидҳо. ོ ссылкаи канали нави мо: https://t.me/darsiummatt
Show more518
Subscribers
No data24 hours
-27 days
-2030 days
Posts Archive
518
• 1) Ҷарроҳии зарурӣ (Мубоҳ ва иҷозатдодашуда):
Агар ҷарроҳӣ барои ислоҳи айби مادرزاد (модарзодӣ) ё ҷароҳате, ки дар натиҷаи ҳодиса (сӯхтор, садама) ба вуҷуд омадааст, анҷом дода шавад, ин ҷоиз аст.
• Мақсад: Баргардонидани узв ба ҳолати табиӣ ва дур кардани нуқсоне, ки боиси азияти ҷисмонӣ ё рӯҳии инсон мегардад.
• Мисол: Ислоҳи лаби хамида (лаби харгӯш), ислоҳи бинии шикаста, ки нафаскаширо душвор мекунад, ё бартараф кардани изи сӯхтор.
— 2) Ҷарроҳии фақат барои зебоӣ (Ҳаром ё макрӯҳ):
Агар инсон ягон айби ҷиддӣ ё нуқсони тиббӣ надошта бошад ва танҳо барои боз ҳам зеботар шудан ё ҷавон шудан (тағйир додани шакли аслӣ) ҷарроҳӣ кунад, ин дар ислом ноҷоиз дониста мешавад.
• Сабаб: Ин амал ҳамчун "тағйир додани офариниши Аллоҳ" (тағйиру халқиллоҳ) дониста мешавад, ки дар Қуръон ва ҳадисҳо аз он манъ шудааст.
• Мисол: Хурд кардани бинии солим танҳо барои муд (мода), калон кардани лабҳо ё дигар амалиётҳое, ки бидуни зарурати тиббӣ сурат мегиранд.
518
• Луқмони Ҳаким ҳангоми насиҳати фарзандаш чунин мегӯяд: «Ва аз мардум ба такаббур рӯй магардон ва дар замин бо ғуруру мастӣ роҳ марав, зеро Аллоҳ ҳеҷ худписанди фахрфурӯшро дӯст намедорад».
Сураи Луқмон, ояти 18
— «Бандагони [хоси Аллоҳи] Раҳмон касоне ҳастанд, ки дар рӯи замин ба оромӣ ва фурӯтанӣ (тавозуъ) роҳ мераванд...»
Сураи Фурқон, ояти 63
518
• Кибр (Худписандӣ)
— Кибр — ин худро аз дигарон боло донистан ва паст задани атрофиён аст. Шахси мутакаббир боварӣ дорад, ки нисбат ба дигарон бартарии мутлақ дорад (хоҳ аз ҷиҳати илм, сарват, зебоӣ ва ё нажод бошад).
• Нишонаҳо: Гӯш накардан ба насиҳати дигарон, рад кардани ҳақиқат ва бо нигоҳи паст назар кардан ба одамон.
• Дар адабиёт: Кибрро аксаран решаи ҳамаи гуноҳҳо меҳисобанд, зеро он монеи рушди инсон ва шинохти камбудиҳои худ мегардад.
— Ғурур (Фирефта шудан)
Дар асл, калимаи "ғурур" аз решаи арабии "ғарра" гирифта шуда, маънояш "фиреб додан" аст. Ғурур вақте ба миён меояд, ки инсон ба чизе (масалан, ба қудрат, ҷавонӣ ё дороии худ) дил мебандад ва гумон мекунад, ки ин чизҳо ҳамеша боқиянд.
• Маънои ахлоқӣ: Инсон бо андак муваффақият мағрур шуда, воқеиятро фаромӯш мекунад.
518
• Танҳо Аллоҳ соҳиби ҳукм аст!
Дар Қуръон борҳо таъкид шудааст, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад аз номи Аллоҳ ҳукм барорад, ки кӣ ба куҷо меравад. Аллоҳ мефармояд:
«Ҳукм танҳо аз они Аллоҳ аст...» (Сураи Юсуф, ояти 40).
Боз Аллоҳ мефармояд:
«...Пас, худро пок машуморед (худро аз гуноҳ холӣ ва беҳтар аз дигарон надонед). Ӯ ба касе, ки тақводор аст, донотар аст!» (Сураи Наҷм, ояти 32).
518
• Аллоҳ мегӯяд:
«Ва касе ки кори бад кунад ё ба худ зулм намояд, баъд аз он аз Аллоҳ омурзиш бихоҳад, Аллоҳро Омурзандаву Меҳрубон хоҳад ёфт.»
(Сураи Нисо, 4:110)
Ин оят нишон медиҳад, ки ҳатто агар инсон боз гуноҳ кунад, дари тавба баста нест.
— «Дар видео сухан дар бораи ҳадиси дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Саҳеҳи Муслим буда меравад».
518
Такого вы еще не слышали! PODCAST |
Шайх: Усман Ал Хамис
Ин ша Аллоҳ ба зуди аз ҳамин подкаст як порчаашро бо тарҷумаи тоҷики дар саҳифа мегузорем.
518
Суббуҳун, қуддусун, раббул-малаикати вар-руҳ.
аз ҳадисҳои саҳеҳ аст.
Он дар китоби Саҳеҳ Муслим омадааст.
Ривояткунанда: Оиша бинти Абу Бакр (радияллоҳу анҳа)
Ӯ мегӯяд, ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин зикрро дар рукуъ ва саҷда мехонданд.
Мазмуни ҳадис (хулоса):
Паёмбар ﷺ дар рукуъ ва саҷдаашон мегуфтанд:
«Суббуҳун, қуддусун, раббул-малаикати вар-руҳ».
Маънояш:
«Пок аст (аз ҳар нуқсон), бисёр муқаддас аст Парвардигори фариштагон ва Рӯҳ (яъне Ҷабраил)».
Хулоса:
Ин зикр суннат аст ва хонданаш дар рукуъ ва саҷда ҷоиз ва савоб дорад.
518
Агар касе, ки арабиро хонда наметавонад ин (вариант) барои азёд куни барои шумост дустон.
✨
518
Сураи Маида
72: Лақад кафара-ллазина қолу инна-ллоҳа ҳува-л-Масиҳу-бну Марям; ва қола-л-Масиҳу: ё бани Исроилаъбудуллоҳа раббӣ ва раббакум; иннаҳу май-юшрик биллаҳи фақад ҳаррама-ллоҳу алайҳи-л-ҷанната ва маъвоҳу-н-нару, ва ма лиз-золимина мин ансор.
73: Лақад кафара-ллазина қолу инна-ллоҳа салису салоса; ва ма мин илаҳин илла илаҳун воҳид; ва иллам янтаҳу ъаммо яқулуна ла ямассана-ллазина кафару минҳум азобун алим.
518
• Кибр (کِبْر) дар ислом маънои такаббурӣ, худбузургбинӣ ва ҳақиқатро қабул накардан аз рӯи ифтихор дорад.
Сода фаҳмонам:
Кибр ин вақте аст, ки инсон:
– худро аз дигарон беҳтар мебинад
– ҳақро медонад, лекин қабул намекунад
– дигаронро паст мешуморад
Паёмбар ﷺ гуфтааст, ки кибр ин:
«Ҳақро рад кардан ва мардумро таҳқир кардан аст.»
Мисол:
– Медонад ки хато кардааст, аммо мегӯяд: «Не, ман дурустам!» → кибр
– Касеро аз рӯи пул, либос ё мақом паст дидан → кибр
Дар ислом:
Кибр гуноҳи калон аст, чунки аввалин касе ки кибр кард — Иблис буд, вақте ба Одам (алайҳи салом) саҷда накард.
518
• Чи гуноҳе, ки дар ҳолати заъф анҷом медиҳи нагузор боиси тарк кардани намозат шавад! Ҳамешава ва ҳамеша пас аз чи гуноҳҳое, ки набошад ба тавба ва намоз баргард.
Чун инҷост (намозу тавба) ягона ҷойе, ки туро ба Раҳмату-Мағфирати Аллоҳ наздик мекунад.
