cookie

We use cookies to improve your browsing experience. By clicking «Accept all», you agree to the use of cookies.

Advertising posts
1 159
Subscribers
+224 hours
-77 days
-1930 days
Posting time distributions

Data loading in progress...

Find out who reads your channel

This graph will show you who besides your subscribers reads your channel and learn about other sources of traffic.
Views Sources
Publication analysis
PostsViews
Shares
Views dynamics
01
✍️🏻Аз Абубакр (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки аз 📜Шахсе назди Паёмбари Аллоҳ  (ﷺ) ёд шуд, шахси дигаре ўро мадҳ намуд. Паёмбари Аллоҳ  (ﷺ) фармуданд: "Эй вой бар ту, гардани он шахсро буриди." Ва ин суханро чанд бор такрор намуда, (гуфтанд): "Агар маҷбур мешавед, ки аз касе мадҳ кунед, бигуед, ки ман фикр мекунам, ки фалонӣ чунин ва чунон шахсе бошад, агар воқеан фикр мекардед, ки фалони чунин ва чунон шахсе аст ва ҳисобаш бар Аллоҳ аст ва касеро набояд назди Аллоҳ  тазкия ва тавсиф намоед." Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2033 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
290Loading...
02
✍️🏻Аз Хузайфа (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбари Аллоҳ (ﷺ) шунидам, ки фармуданд: 📜"Суханчин ба Ҷаннат дохил намешавад." Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2032 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
280Loading...
03
✍🏻Аз Собит ибни Заҳҳок (разияллоҳу анҳу), ки аз байъаткунандагони Шаҷара буд, ривоят аст, ки Паёмбари Аллоҳ ﷺ фармуданд: 📜Касе, ки ба миллати дигаре ғайр аз миллати Ислом ба дурӯғ савганд бихӯрад, ӯ ҳамчунон аст, ки гуфтааст (масалан, касе бигуяд, ки: Агар чунин ва ё чунон карда бошам, яҳуд ва ё насоро бошам, агар дар он чӣ, ки савганд хӯрдааст, дурӯғ гуфта бошад, яҳуд ва ё насоро мешавад). Ва бар бани Одам бар он чӣ, ки молики он нест, назре нест (масалан, касе, ки мегуяд: Агар Аллоҳ маризи маро шифо дод ва ё мусофирам аз сафар омад, даҳ гов хайрот мекунам. Агар фақир бошад ва гов надошта бошад, аз ин назр бар вай чизе лозим намегардад.Ва касе, ки дар дунё ба чизе худкушӣ намояд, дар рузи қиёмат бо ҳамон чиз таъзиб мешавад (масалан, агар касе худро аз кӯҳе биандозад ва ба ин тариқ худкушӣ намояд, дар қиёмат ба таври доимӣ аз кӯҳ андохта мешавад). Ва касе, ки мусалмонеро лаънат кунад, монанди он аст, ки ўро куштааст. Ва касе, ки мусалмонеро ба куфр муттаҳам созад, монанди он аст, ки ўро куштааст." Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2031 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
250Loading...
04
✍🏻Аз Абузар (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки (гуфт): 📜Аз Паёмбари Аллоҳ ﷺ шунидам, ки фармуданд: "Касе, ки дигареро ба фиск ва куфр муттаҳам месозад, агар он шахс чунин набошад, фиск ва куфраш бар худаш бармегардад." Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2030 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
250Loading...
05
✍🏻Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: 📜Даҳ сол барои Паёмбари Аллоҳ ﷺ хидмат намудам, як бор ҳам бароям "уф" ва ё ин ки: "чаро чунин кардӣ ва чунон накарди" нагуфтаанд. Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2029 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
250Loading...
06
✍🏻Аз Ҷобир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: 📜Ҳеҷ гоҳ Паёмбари Аллоҳ ﷺ дар муқобили талаб ва хостаи касе "на" нагуфтаанд. Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2028 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
260Loading...
07
✍🏻Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: 📜Паёмбари Аллоҳ ﷺ дашномдиҳанда ва фаҳшдиҳанда ва лаънаткунанда набуданд. Ҳангоми қаҳр барои моён чунин мегуфтанд: "Чаро фалони чунин кардааст, пешониаш хоколуд шавад." Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2027 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
260Loading...
08
✍🏻Аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбари Аллоҳ ﷺ ривоят аст, ки фармуданд: 📜"Мусалмон барои мусалмон монанди деворе аст, ки як қисмати он қисмати дигарро нигоҳ медорад. Баъд аз он ангуштони худро дохили якдигар намуданд. Ва дар ҳоле, ки Паёмбари Аллоҳ ﷺ нишаста буданд, шахсе ва ё ҳоҷатманде омад ва чизе талаб намуд, эшон дар ин вақт рӯи худро ба тарафи мо намуда ва фармуданд: "Шафоати якдигари худро бикунед, барои шумо музд дода мешавад ва Аллоҳ он чиро, ки хоста, бошад бар забони Набии худ ҷорӣ месозад." Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2026 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
560Loading...
09
✍🏻Аз Оиша (разияллоҳу анҳа) ривоят аст, ки гуфт: 📜Паёмбари Аллоҳ ﷺ фармуданд: "Аллоҳ мадоро ва миёнаравиро дар ҳамаи корҳо дӯст дорад." Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2025 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
570Loading...
10
✍🏻Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбари Аллоҳ ﷺ ривоят аст, ки фармуданд: 📜"Ҳар кори неке садақа аст." Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2024 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
510Loading...
11
✍🏻Аз Абухурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: 📜Паёмбари Аллоҳ ﷺ фармуданд: "Касе, ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон дорад, набояд ҳамсояашро азият намояд ва касе, ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон дорад, бояд меҳмонашро эҳтиром намояд ва касе, ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон дорад, ё бояд сухани хайрхоҳонае бигӯяд ва ё хомӯш бошад." Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2024 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
490Loading...
12
✍🏻Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт Паёмбари Аллоҳ ﷺ фармуданд: 📜"Ба Аллоҳ савганд, ки имон надорад, ба Аллоҳ савганд, ки имон надорад, ба Аллоҳ савганд, ки имон надорад." Касе гуфт: Ё Расулаллоҳ! Кист ки (имон надорад?) Фармуданд: "Касе, ки ҳамсояаш аз озораш дар амон нест." Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2022 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
480Loading...
13
✍🏻Аз Оиша (разияллоҳу анҳа) аз Паёмбари Аллоҳ ﷺ ривоят аст, ки фармуданд: 📜"Он қадар Ҷабраил (ع) маро (ба некӣ кардан) барои ҳамсоя васият мекард, ки бо худ гуфтам: шояд ҳамсояро вориси ҳамсоя созад. Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2021 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
520Loading...
14
🎙️ Аз ҳаёти Ҳазрати Умар ( р ) Бо забони Тоҷикӣ. Дарси 10 . https://t.me/Rizogi_Alloh_1223/1174
440Loading...
15
Тасаввуф ҳақида Узбек тилида. 65 дарс. https://t.me/Rizogi_Alloh_1223/1097
460Loading...
16
Дарс аз китоби «Хонаи Бахт » Дарси даҳум 1️⃣0️⃣☝️ https://t.me/Rizogi_Alloh_1223/1515
470Loading...
17
50. Нажосатлардан тозариш Ҳалаби Соғир китобидан Узбек тилида Абдуллах Қурахмет Қарноқий 50.Пок кардан аз наҷосатҳо ( 2 ) аз китоби Ҳалаби Соғир бо забони Узбеки. https://t.me/Rizogi_Alloh_1223/1019
610Loading...
18
Аз ҳаёти Абубакри Сиддиқ бо забони Тоҷикӣ. Дарси 14. https://t.me/Rizogi_Alloh_1223/1131
560Loading...
19
✍🏻Аз Ҷарир ибни Абдуллоҳи Баҷалӣ (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбари Аллоҳ ﷺ ривоят аст, ки фармуданд: 📜"Касе, ки (барои дигарон) раҳм накунад, мавриди раҳмати (Аллоҳи мутаъол) қарор намегирад. Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2020 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
1151Loading...
20
✍🏻Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбари Аллоҳ ﷺ ривоят аст, ки фармуданд: 📜“Ҳар мусалмоне, ки ниҳолеро шинонад ва инсон ва ё ҳайвоне аз он ниҳол чизе бихӯрад, он чиз барои касе, ки ниҳолро шинондааст, садақа маҳсуб мешавад." Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2019 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
910Loading...
21
✍🏻Аз Нуъмон ибни Башир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: 📜Паёмбари Аллоҳ ﷺ фармуданд: Мусалмонони комил дар мехрубонӣ ва дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба ҳам монанди як ҷисм ҳастанд, ки чун узве аз он ҷисм бемор гардад, дигар аъзои ҷасад ба бедорхобӣ ва таб ба кӯмаки он узви бемор мешитобанд. Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2018 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
800Loading...
22
✍🏻Аз Абӯҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: 📜Паёмбари Аллоҳ ﷺ барои хондани намозе бархостанд ва мо ҳам бо эшон бархостем, шахси бодиянишине дар дохили намоз гуфт: Иллоҳо! Фақат барои ман ва Муҳаммад раҳмат кун ва барои дигаре бо мо раҳмат макун. Чун Паёмбари Аллоҳ ﷺ салом доданд, ба он шахси бодиянишин гуфтанд: "Чизи бисёрро кам сохти." Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2017 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
700Loading...
23
✍🏻Аз Усома ибни Зайд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: 📜Паёмбари Аллоҳ ﷺ маро бардоштанд ва бар болои як рони худ ва Ҳасанро (разияллоҳу анҳу)-ро бар болои рони дигари худ шинонданд. Сипас ҳардуи моро бо ҳам фишор дода ва мегуфтанд: "Иллоҳо, барои онҳо меҳрубонӣ кун, чун ман онҳоро дуст медорам. Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2016 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
670Loading...
24
“Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мин азоби ҷаҳаннам ва мин азобилқабр ва мин фитнатилмаҳё валмамот ва мин шарри фитнатил масиҳиддаҷҷол”. Тарҷима: “Ё Аллоҳ! Ҳамоно ман паноҳ мебарам ба Ту аз азоби дӯзах ва аз азоби қабр ва аз фитнаи ҳаёту мамот ва аз шарри масиҳи Даҷҷол”. “اللهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ عَذَابِ جَهَنَّمَ، وَمِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ، وَمِنْ فِتْنَةِ الْمَحْيَا وَالْمَمَاتِ،وَمِنْ شَرِّ فِتْنَةِ الْمَسِيحِ الدَّجَّالِ”(كذا في صحيح مسلم -1/ 412/ 128 – 588 عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ،)
1112Loading...
25
✍🏻Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: 📜Аз Паёмбари Аллоҳ ﷺ шунидам, ки фармуданд: "Аллоҳ мутаъол раҳматро сад қисмат кардааст, наваду нӯҳ қисматро назди худ нигаҳ доштааст ва як қисматро бар рӯи замин нозил намудааст ва аз ҳамин як қисмат аст, ки мардум бо якдигар меҳрубонӣ мекунанд. Ҳатто асп пояшро баланд нигоҳ медорад, то мабодо бар курааш осебе бирасад." (Ва дар ривояти дигар омадааст, ки фармуданд: "Ва Аллоҳ ин сад раҳмати худро дар рӯзи қиёмат бо ҳамин раҳмати дунё комил мекунад”). Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2015 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
700Loading...
26
✍🏻Аз Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки 📜Асиронеро назди Паёмбари Аллоҳ ﷺ оварданд, аз ҷумлаи асирон зане буд, ки шир аз синаҳояш мерехт ва ҳар тифлеро, ки дар байни асирон медид, ба синааш меандохт ва ўро шир медод. Паёмбари Аллоҳ ﷺ аз моён пурсиданд: “Оё мумкин аст, ин зан фарзандашро дар оташ биандозад?" Гуфтем: На, ҳаргиз. Агар ба ихтиёраш бошад, чунин коре намекунад. Фармуданд: "Яқинан, Аллоҳи мутаъол бар бандагони худ аз ин зан нисбат ба фарзандаш меҳрубонтар аст." Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2014 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
720Loading...
27
✍🏻Аз Оиша (разияллоҳу анҳа) ривоят аст, ки гуфт: 📜Шахси бодиянишине назди Паёмбари Аллоҳ ﷺ омад ва пурсид. Оё шумо атфоли худро мебусед? Фармуданд: "Бале." Он шахс гуфт: Вале мо атфоли худро намебусем. Паёмбари Аллоҳ ﷺ фармуданд: "Дар сурате, ки Аллоҳ раҳмату меҳрубониро аз қалби ту хориҷ намудааст, ман барои ту чӣ коре карда метавонам?" Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2013 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
810Loading...
28
✍🏻Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбари Аллоҳ ﷺ ривоят аст, ки фармуданд: 📜"Силаи раҳм он нест, ки некӯй дар муқобили некуй бошад, балки силаи раҳм он аст, ки агар касе силаи раҳмро бо ў қатъ мекунад, у силаи раҳмро баҷо биёварад." Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2012 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
810Loading...
29
Media files
950Loading...
30
✍🏻Аз Амр ибни Ос (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: 📜Аз Паёмбари Аллоҳ ﷺ на ба таври пинҳонӣ, балки ба таври ошкоро шунидам, ки фармуданд: “Ҳамаи хонаводаи Абуфалон дустони ман нестанд, гӯянд мурод аз хонаводаи Абӯфалон оли Абулъос ибни Умайя мебошад, балки дусти ман Аллоҳи мутаъол ва мусалмонони некукоронанд, вале ҳаққи силаи раҳмро дар мавриди хонаводаи Абуфалон ба ҷо меоварам." Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2011 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
970Loading...
31
🎙️ Аз ҳаёти Ҳазрати Умар ( р ) Бо забони Тоҷикӣ. Дарси 9. https://t.me/Rizogi_Alloh_1223/1173
910Loading...
32
Тасаввуф ҳақида Узбек тилида. 63 дарс. https://t.me/Rizogi_Alloh_1223/1095
800Loading...
33
Дарс аз китоби «Хонаи Бахт» Дарси нуҳум 9️⃣☝️ https://t.me/Rizogi_Alloh_1223/1514
800Loading...
34
49. Намозда Қиём ҳукми ( 2 ) Ҳалаби Соғир китобидан Узбек тилида. Абдуллах Қурахмет Қарноқий 49. Ҳукми Қиём дар Намоз ( 2 ) аз китоби Ҳалаби Соғир бо забони Узбеки. https://t.me/Rizogi_Alloh_1223/1018
880Loading...
35
Аз ҳаёти Абубакри Сиддиқ бо забони Тоҷикӣ. Дарси 13. https://t.me/Rizogi_Alloh_1223/1130
870Loading...
36
Media files
1191Loading...
37
✍🏻Аз Абухурайра (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбари Аллоҳ ﷺ ривоят аст, ки фармуданд: 📜"Силаи раҳм аслаш аз номи Раҳмон аст ва аз ин чо аст, ки Аллоҳи мутаъол фармуд: "Касе, ки силаи раҳмро ба чо биёварад, ӯро мавриди раҳмати худ қарор медиҳам ва касе, ки силаи раҳмро қатъ кунад, ӯро аз раҳмати худ дур месозам." Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2010 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
1370Loading...
38
✍🏻Аз Ҷубайр ибни Мутъим (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: 📜Аз Паёмбари Аллоҳ ﷺ шунидам, ки фармуданд: "Касе, ки силаи раҳмро қатъ мекунад, ба ҷаннат дохил намешавад." Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2009 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
1300Loading...
✍️🏻Аз Абубакр (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки аз 📜Шахсе назди Паёмбари Аллоҳ  (ﷺ) ёд шуд, шахси дигаре ўро мадҳ намуд. Паёмбари Аллоҳ  (ﷺ) фармуданд: "Эй вой бар ту, гардани он шахсро буриди." Ва ин суханро чанд бор такрор намуда, (гуфтанд): "Агар маҷбур мешавед, ки аз касе мадҳ кунед, бигуед, ки ман фикр мекунам, ки фалонӣ чунин ва чунон шахсе бошад, агар воқеан фикр мекардед, ки фалони чунин ва чунон шахсе аст ва ҳисобаш бар Аллоҳ аст ва касеро набояд назди Аллоҳ  тазкия ва тавсиф намоед." Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2033 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
Show all...