cookie

We use cookies to improve your browsing experience. By clicking «Accept all», you agree to the use of cookies.

avatar

🦋 Ғᥲᤋᥲ᧘ᥙёᴛ 📚

Раҳ надорад ҷилваи озодаги дар кӯи ишқ, Сарв агар коранд инҷо беди маҷнун мешавад. ✍Соиби Табрезӣ.

Show more
Advertising posts
1 464
Subscribers
-324 hours
-77 days
-3830 days

Data loading in progress...

Subscriber growth rate

Data loading in progress...

🍃💐🍃 Ҳар қадар рост бигўӣ, ба хато мепечӣ, Равӣ ҳар қадр ба боло, ба бало мепечӣ. Дар ҷавонӣ ба қади сарви тару тозаи ёр, Фасли пирӣ ба қади хушки асо мепечӣ. Баъди бехешиву бекешиву хомандешӣ Чун пушаймон шавӣ аз худ, ба худо мепечӣ. З-осмон дастату поят зи замин канда шавад, Аз ҷазо гар бигурезӣ, ба қазо мепечӣ. Гар насўзӣ ба ғами халқ, бисўзад гўрат, Шодии халқ нахоҳӣ, ба азо мепечӣ. Ба ту мегўяму бар хешу ба ҳар каҷрафтор: Аз раҳи рост бароӣ, ба куҷо мепечӣ? ✍? 🍃💐🍃 @gazaltjk
Show all...
👍 3
🍃💐🍃 Кай даст диҳад вақт, ки то дасти ту гирам? Як бӯсаи ширин зи лаби масти ту гирам? Чашмони ту сайёд шуда, зулфи ту домест, Ин дил ту бибурдию ман аз шасти ту гирам. Ҳар гаҳ, ки ба сӯям нигарӣ, маст шавам ман, Бошад, ки равам, кокули сармасти ту гирам. Ин лаҳза Асад бандаи рухсори ту гашта, Гар розӣ шавӣ, то ба қазо дасти ту гирам. ✍Асадуллоҳ Исмоилзодаи Самарқандӣ 🍃💐🍃 @gazaltjk
Show all...
👍 1
Photo unavailableShow in Telegram
ШУМО НАМОЗ МЕХОНЕД?
Show all...
БАЛЕ АЛҲАМДУЛИЛЛОҲ
НЕ МУТААССИФОНА
🍃💐🍃 Эй ишқи хокистаршуда, то ҷовидон ёдат ба хайр, Дар хотира пар – пар шуда, то ҷовидон ёдат ба хайр. Заҳре, ки дар дил мондаӣ, чун заҳрпечак сар назад, Як бӯстон шаккар шуда, то ҷовидон ёдат ба хайр. Гуфтам, ки фардо чун шавӣ, дар гӯри дил мадфун шавӣ, Эй сабзу боровар шуда, то ҷовидон ёдат ба хайр. Аз гунбади сурхи дилам пайки сабоҳат рез, рез, Рӯшантар аз кафтар шуда, то ҷовидон ёдат ба хайр. Бар ҳурматат ҷону дилам, ин банд – банд обу гилам Аз беху бун дигар шуда, то ҷовидон ёдат ба хайр. Ин ояҳои гул ба гул, ин сураҳои навсулул Бар мурда гулчанбар шуда, то ҷовидон ёдат ба хайр. Омин, ки бисмиллоҳи туст, оғози сабзи роҳи туст, Эй мурда, яъне сар шуда, то ҷовидон ёдат ба хайр. ✍ Фарзонаи Хуҷандӣ. 🍃💐🍃 @gazaltjk
Show all...
👍 3
02:56
Video unavailableShow in Telegram
🦋 Хонаи торику сард..🥹 Ҳама ҷо ғарқи сукут..🥺 #Ноҳияи_Сангвор_Тавилдара 💔 #Деҳаи_Ёзғанд ❤‍🔥 01. 07. 2024 🦋 @qalbi_orom1
Show all...
15.13 MB
😢 4👍 1
🍃💐🍃 Майл агар бар мо надорӣ, гап кушудан хуб нест, Оташи пинҳони дил боло намудан хуб нест. Борҳо дил додаму бар ман диле нагзоштанд, Ғуссаи деринаро аз нав фузудан хуб нест. Нони кас қарз аст, – мегӯянд, – бар кас, – одамон, Дил агар додан нахоҳӣ, дил рабудан хуб нест. Ҳоли кас аввал бипурсу баъд аз он ҳазле бигӯ, Дар бари озурдадил ногаҳ сурудан хуб нест. Гар ту донӣ одаме ғарқ аст дар гирдоби ғам, Соате дар ёди ӯ беғам ғунудан хуб нест. Ошиқӣ – ин дигару дигартар аст одамгарӣ, Майлаш, ошиқ бош, лек одам набудан хуб нест. #Ашӯр_Сафар 🍃💐🍃 @gazaltjk
Show all...
👍 2 1🔥 1
🍃💐🍃 Ҳаёти хонаи моро муаттар мекунӣ ё на? Утоқи кӯчаки моро мунаввар мекунӣ ё на? Бигӯ, эй чашму абрӯи ту мазмуни дубайтиҳо, Ба қадри як ғазал бо шоират сар мекунӣ ё на? Шаробе нест дар ин хона, аммо ҷуръа шеъре ҳаст, Ду байти оташин дорам, лабе тар мекунӣ ё на? Фақат ошиқ ғазалро дар миёни ашк мегӯяд, Ҳанӯз ин сафҳа намнок аст, бовар мекунӣ ё на? Чунин бедил шудам то гӯшаи зеҳни ту биншинам, Ҳанӯз ашъори Бедилро ту азбар мекунӣ ё на? Чӣ дасте мекашӣ рӯи сари гулҳо, бигӯ, оё Гулеро бо дили ошиқ баробар мекунӣ ё на? Ту бо номеҳрубонӣ ҳам қашангӣ, пас намепурсам, Каме бо ман дилатро меҳрубонтар мекунӣ ё на? ✍️ Саррофон Қосим 🍃💐🍃 @gazaltjk
Show all...
👍 1
🦋 |Оҳ Ватанам ҷону танам..💔🥺 🦋 @qalbi_orom1
Show all...
👍 1😢 1
🦋 |Ин чи шурест дар ин даври қамар мебинам..🥺 Ноҳияи Сангвор (Тавилдара) деҳаи Ёзғанд..💔 🦋 @qalbi_orom1
Show all...
😢 4
🍃💐🍃 Ба расми сабр, бояд мард оҳашро нигаҳ дорад, Агар мард аст, буғзи гоҳ-гоҳашро нигаҳ дорад. Парешон аст гесуе дар ин боду парешонтар, Мусалмоне, ки мехоҳад нигоҳашро нигаҳ дорад. Асои дасти ман ишқ аст, ақли сангдил бигзор, Ки ин девона танҳо такягоҳашро нигаҳ дорад. Ба рўи суратам гесуи ӯ меҳмон шуду гуфтам: - Худо дилбастагони рӯсиёҳашро нигаҳ дорад. Диламро чашмҳояш тираборон кард, таслимам Бигӯед он камонабрӯ сипоҳашро нигаҳ дорад. #Саҷҷод_Сомонӣ 🍃💐🍃 @gazaltjk
Show all...
👍 3 1
Choose a Different Plan

Your current plan allows analytics for only 5 channels. To get more, please choose a different plan.