cookie

We use cookies to improve your browsing experience. By clicking «Accept all», you agree to the use of cookies.

avatar

Андешакада - شیرعلی رضایان

- Таҳлили сиёсати хориҷии Тоҷикистон; - Арзёбии равандҳои Осиёи Марказӣ; - Баррасии муҳимтарин ҳодисаҳои ҷаҳон. Барои тамос: [email protected]

Show more
Advertising posts
540
Subscribers
-124 hours
+337 days
+6830 days

Data loading in progress...

Subscriber growth rate

Data loading in progress...

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе аз мардум савол карда, ки кадом кишварҳоро шарики муҳими Тоҷикистон мешуморанд. Посухҳои мардум аҷиб буданд, чун агар як ё ду сол пеш чунин савол мешуд, гузинаҳои бисёрро намешунидем. Айни ҳол номи ин кишварҳо як ё чанд бор, бо далелу сабабҳои гуногун (бо ривояти мусбату манфӣ) садо доданд: Русия (6 маротиба) Ӯзбекистон (5 маротиба) Чин (4 маротиба) Афғонистон (4 маротиба) Қазоқистон (3 маротиба) Амрико (2 маротиба) Эрон (2 маротиба) Ҳамаи кишварҳо (2 маротиба) Кишварҳои аврупоӣ (2 маротиба) Конодо (1 маротиба) Покистон (1 маротиба) Қирғизистон (1 маротиба) Белорус (1 маротиба) Инглистон (1 маротиба) Посухи мусоҳиби аввал дар бораи шарики Тоҷикистон будан ё набудани Амрико ва кишварҳои аврупоӣ ҷолиб буд, гуфт: "ба фикрам инҳо ба мо ин қадар наздик не...". Чун зоҳиран аз ҷониби хабарнигор номи ин кишварҳо ба унвони шарикони Тоҷикистон гирифта мешуд. Агар ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ доред, номгӯйи пурраи шарикони стратегӣ ва ҳампаймонҳои кишварамонро инҷо бихонед: https://t.me/rizoyon/1135 Худи наворро инҷо бубинед: https://youtu.be/IYFnlfzGL94?si=lhI-Z8PrEnQSKBOG
Show all...
Photo unavailableShow in Telegram
АКСАР ИН МАЪЛУМОТРО НАМЕДОНАНД... 1. Агар як пои ҳайкали асп дар боло бошад, саркарда дар ҷанг бар асари ҷароҳате фавтидааст. 2. Агар ду пойи асп дар ҳаво бошад, ин маънои онро дорад, ки фармондеҳ дар ҷанг ҳалок шудааст. 3. Агар чор пой аспи ҳам дар замин бошад, ин маънои онро дорад, ки саркарда марги табиӣ ёфтааст. #аҷиб Ба гурӯҳ ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 https://t.me/sadoi_tojik
Show all...
👍 5🤔 1
ТАРИҚАТИ БЕЛ (Тамсили чинӣ) Рӯзгоре се фарзанди устоди тариқат, Ван ба наздаш омадаву ҳар кадом хоҳишҳои ғайримаъмул арз намуданд. - Падар, - сурх шуда гуфт, писари калонӣ. - Ман дер боз наметавонам бароят бигӯям, ки ба ман мардҳо аз занҳо дида бештар маъқуланд. Ман Сун Ахуяро дӯст медорам. Албатта, ту мехоҳӣ, ки нахустфарзандат наслатро идома диҳад ва таълимоти туро ба мерос гирад, вале… бубахш, ин ба ман лозим нест… Ман фақат бо Сун зиндагӣ кардан мехоҳаму бас. - Падар, - шармида муроҷиат намуд писари дуввум. – Ман бояд ба ту иқрор шавам, ки  «патсифист» (зидди ҳама гуна ҷанг) ҳастам, аз аслиҳа, гӯшт ва азоб нафратам меояд. Ту кӯшидӣ аз ман ҷанговар, ғолиб ва муҳофизе ба камол расонӣ, ки дар тамоми Чин бишносанд, аммо ман инро намехоҳам. Биё хукбачаамонро ба хона меорем, ман бо ӯ бозӣ мекунам, ба вай либос медӯзам ва вегетариантс (гиёҳхӯр) мешавам. - Падарҷон! – арз намуд, духтари ягонаи устод Ван. – Ман ҷавони боҳуш ва зебоям. Намехоҳам, ки ба тарбияи кудакон машғул шавам ва ба ҳарфҳои шавҳар гӯш диҳам. Ман мехоҳам аз ҳаёт лаззат барам, ба худсозӣ машғул шаваму «карера»-и худро созам. Ман ба шаҳр меравам ва «чайлдфри» (бачабезор) мешавам. Вале ваъда медиҳам, ки ҳар ҳафта ба наздат меоям! Устод Ван ин замон мехост ба бачаҳояш чизе бигӯяд, аммо нохост фикре ба сараш омад: «Магар арзиш дорад, ки эшонро аз коре манъ кунам, ба ҷои онҳо тасмим бигирам, ва барояшон дарси зиндагӣ диҳам? Бигзор ҳар чӣ хоҳанд, бикунанд. Муҳим ин ки онҳо хушбахт бошанд. Ман, ки ваҳшӣ нестам, балки шахси муосир ва таҳаммулпазирам». - Хуб, бачаҳои ман, нимғурма гуфт, - чӣ тавре ки хоҳед, зиндагӣ кунед… Наздики даҳ сол гузашт. Бачаҳо ҳар хел, ки хостанд, зиндагӣ карданд. Фарзанди калонии Ван пас аз бемориҳои гуногун аз СПИД мурд. Дуввумиро метавон гуфт, ки дар хукхона мезист ва фалсафафурӯшӣ мекард, ки ҷаҳони мо партовгоҳи чирк аст. Духтараш сарватманд ва муваффақ гашт. Аммо дӯстписари ҷавонаш имзои ӯро нусхабардорӣ намуда, духтаракро бидуни тини сиёҳ гузошт. Он гоҳ вай ба назди падараш баргашту аз рӯи қавли «ҳама ҳаромӣ ва лаънатианд» рӯ ба китобҳои  шахсиятсозӣ овард. Устод Ван ба ваҳшат омаду андешид: «Вақте ки пиртар шавам, чӣ хоҳам кард? Ман ягон набера надорам! Бо чунин андеша ба назди ҳамсоя рафт. Ӯ дар даст пиёлаи чойи хуштаъм рӯи кат менишаст. - Чӣ ҳол дорӣ, ҳамсоя? – пурсид Ван. – Хуб ҳастӣ? Бачаҳоят чӣ тавр? - Калонӣ чандест, ки ба кушодани асрори сангнабиштаҳои қабрҳои кӯҳна машғул аст. Вай ба ин шуғл дил бастааст. Ин кор ба ӯ даромади хуб меорад. Ва ба духтари додрас издивоҷ кард, ба онҳо менигараму хурсанд мешавам. Фарзанди мобайнӣ дар артиши шоҳӣ хизмат мекунад. Сардори гурӯҳи саднафара аст. Духтари зебоям бошад, набераи панҷумро бароям таваллуд кард… - Олӣ! – хурсандона гуфт Ван. – Аммо магар 10 сол пеш бачаҳои ту хоҳишхои аҷибу ғайримаъмулӣ надоштанд? Дар ҷавонӣ ҳама хунгарм ва аҳмақанд… Ҳамсоя Чжан бо ризоӣ сар ҷунбонд. - Чӣ тавр ту он вақт ба онҳо зиндагӣ омӯхтӣ? Сирри тарбияи ту чист? - Ман танҳо барояшон гуфтам, агар ҳамокатро бас накунанд, онҳоро бо бел хоҳам кӯфт… Пас аз ин таълимот роҷеъ ба озодии шахс дар Чин коҳиш ёфт ва таълимоти нурафкани бел рӯ ба рушд ниҳод. Эй ҷӯёи ҳақиқат! Рӯ ба тариқати бел биёр! Он гоҳ ба Нирвана хоҳӣ расид!!! _______ Бознашр аз саҳифаи фейсбуки Азиз Нақибзод,
Show all...
👍 5
Ёддошти сафар ба Амрико (III) Дар бораи International Visitor Leadership Program (IVLP) 85 сол боз инҷониб иқдоми IVLP аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Амрико ва шариконаш аз ҳисоби созмонҳои масъули дипломатияи мардумӣ роҳандозӣ мешавад ва ташрифи мутахассисонро аз ҳамаи соҳаҳову кишварҳо ба ИМА дар назар дорад. Бархе аз ҳамватанони мо, ки ба Амрико пештар барои 2 ё 3 ҳафта сафар кардаанд, аз рӯйи ҳамин барнома рафтаанд (инро аз чанд нафаре фаҳмидам, ки пештар ба Амрико сафар доштанд). Мо 8 нафар пажуҳишгарон аз Осиёи Марказӣ (чор нафар аз Қазоқистон, ду нафар аз Қирғизистон ва якнафарӣ аз Тоҷикистону Ӯзбекистон) аз рӯйи мавзуи “Cultivating Scholarship in Central Asia” (Эҷоди бурсияҳои омӯзишӣ дар Осиёи Марказӣ)-и IVLP (бо таваҷҷуҳ ба пажуҳишҳои Чин дар Амрико, арзёбиҳои сиёсатҳои ин кишвар дар минтақаҳои гуногун ва ғайра) ба Амрико сафар кардем. Маблағгузори сафари мо Вазорати корҳои хориҷии Амрико ба ҳисоб мерафт. Барномаи сафар бошад, аз ҷониби Маркази байналмилалии Меридиан (ҳамкори ВКХ-и Амрико) таҳия шудааст. Барномаи асосии сафари мо дидор бо роҳбарону масъулини муассисаҳои пажуҳишӣ ва таҳлилӣ дар се иёлот буд, ки дар барои муҳтавои онҳо дар идома муфассал менависам. Дар нахустин мулоқот, ки дар Вошингтон сурат гирифт, бо мо ду нафар: яке масъули Дафтари умури омӯзишӣ ва фарҳангии Вазорати корҳои хориҷии Амрико, ки мудирияти IVLP дар салоҳияти идораи онҳост ва дигаре - масъули Маркази байналмилалии Меридиан суҳбат карданд. Аз гуфташон бармеомад, ки ҳарду мутахассиси соҳаи дипломатияи мардумӣ ҳастанд. Агар пешдавӣ ҳам шавад, бояд гӯям, ки ин ду нафар, хосатан масъули Дафтари умури омӯзишӣ ва фарҳангии ВКХ-и Амрико кори худро дар сатҳи олӣ анҷом доданд ва ҳар лаҳза, бидуни нишон додани ҳузури худ - рафти сафар ва барномаи дидору тафреҳи моро мудирият мекарданд. Масъули Дафтари умури омӯзишӣ ва фарҳангии ВКХ-и Амрико гуфт, ки дар оянда онҳо якҷо бо Маркази байналмилалии Меридиан тасмим доранд боз чунин барномаҳоро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ карда, ҷалби бештари олимону пажуҳишгаронро аз кишварҳои минтақаи мо дар назар доранд, то бо ҳамкасбони амрикоии худ ошно шаванд, мубодилаи афкор кунанд ва ҳамкориҳои пажуҳиширо ба роҳ монанд. Дар ин дидор ин ду масъул - созмондиҳандагон аслан бо худи мо – иштирокдорони IVLP шинос шуданд, барномаи сафарамон ба Амрико ва интизориҳои худро муаррифӣ карданд. Инҷо мехоҳам ба чанд нукта ишора кунам, ки сароҳатан аз ҷониби созмондиҳандагон гуфта шуд: Якум, ҳадафи асосии даъвати мо иштирокдорон ин мубодилаи афкор буда, тағйир додани афкори моро дар назар надоранд. Дуюм, ҳамаи муассисаҳое, ки мо ба онҷо меравем, дар бораи мо маълумоти шарҳиҳолиро дар даст доранд ва нишастҳои кориро роҳандозӣ мекунанд, ки ҳадафаш густариши ҳамкориҳо аст. Сеюм, худро бояд тарзе муаррифӣ кунед, ки “оби зиёд” надошта бошад, то фурсати мавҷуда самаранок истифода гардад. Албатта, ин нуктаҳо ҷолибанд, чун пешфарз ин аст, ки дар рафти чунин барномаҳо тамоми кушиш ба он равона мегардад, ки афкори иштирокдорон нисбат ба кишвари қабулкунанда тағйир ёбад. Аслан ҳадафи ҳамоишҳои дипломатияи мардумӣ низ чунин аст. То куҷо ба ин даст ёфтанд, рости гап намедонам, вале дар назарам хеле “пешварзҳои собит” – ғайрисобит намуданд, ки як ҳадафи навиштани ёддошти сафар ҳам ҳамин аст (чиро дар назар доштанамро дар поён меорам). Бо назардошти зермавзуи сафари мо, ки ба пажуҳиши Чин ва сиёсати ин кишвар бахшида шуда буд, метавон хулос кард, ки Амрико аз рӯйкарди имрӯзаи Чин нигарониҳои муайян дорад. Ба назарам чунин намуд, ки ҳадафи асосии роҳандозии сафар – пеш аз ҳама шарик сохтани мавқеи пажуҳишгарони амрикоӣ бо мо – муҳаққиқони Осиёи Марказӣ буд. Ҳамчунин, мубодилаи афкор, ки як бахши муҳими ҳамаи дидорҳо буд. Дар умум, шунидани сухан “аз забони Луқмон хуш аст”, яъне дар бораи рӯйкард ва мавқеи Амрико нисбат ба Чин шунидани тафсир аз пажуҳишгарони амрикоӣ беҳтар аст, чун дидгоҳи дасти аввал пешкаш мешавад. Идома дорад... https://t.me/shrizoyon
Show all...
Андешакада - شیرعلی رضایان

- Таҳлили сиёсати хориҷии Тоҷикистон; - Арзёбии равандҳои Осиёи Марказӣ; - Баррасии муҳимтарин ҳодисаҳои ҷаҳон. Барои тамос: [email protected]

👍 4
Photo unavailableShow in Telegram
Китайско-таджикские отношения: во имя прекрасного будущего Подробнее
Show all...
👍 1
Show all...
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин — АМИТ "Ховар"

29:18
Video unavailableShow in Telegram
Дӯстони гиромӣ, Ба таваҷҷуҳи Шумо подкасти чоруми мо, аз силсилаи барномаҳои "Дар меҳвари жеуполитик"-и Радиои бурунмарзии Тоҷикистон "Овози тоҷик"-ро пешкаш мекунам. Меҳмони барнома Саъдӣ Ворисов, коршиноси равобити байналмилал мебошанд. Мавзуи барнома "Чашмондозе ба муносибатҳои Тоҷикистону Покистон" аст ва кӯшидем масъалаҳои мубрамро баррасӣ кунем. Умедворам ба Шумо маъқул мешавад. https://t.me/shrizoyon
Show all...
Чашмандозе_ба_маносибатҳои_Тоҷикистону_Покистон.mp4162.61 MB
Азбаски бори нахуст дар барномаи сафоратхонаи Амрико иштирок мекардам, тарзи интихоб, суҳбатҳо ва ироаи тавсияҳо бароям ҷолиб намуд. Чун зимни сафар ба кишварҳои дигар дар сафоратхонаҳои онҳо чунин нуктаҳоро нагуфта буданд. Ин ҳам онро нишон медиҳад, ки неруи нарми Амрико ба таври систематик роҳандозӣ мешавад ва нуктаҳои омӯзанда ҳам дорад, ки дар идома хоҳам навишт. Идома дорад... https://t.me/shrizoyon
Show all...
Андешакада - شیرعلی رضایان

- Таҳлили сиёсати хориҷии Тоҷикистон; - Арзёбии равандҳои Осиёи Марказӣ; - Баррасии муҳимтарин ҳодисаҳои ҷаҳон. Барои тамос: [email protected]

👍 2
Ёддошти сафар ба Амрико (II) Сафар ба Амрико чӣ гуна фароҳам шуд? Охири моҳи апрел буд, ки аз як корманди маҳаллии Сафорати Амрико дар Душанбе паём гирифтам. Аз ман пурсиданд, ки агар имкони сафар ба Амрико пайдо шавад, хоҳиши рафтан дорам? Агар ҳа, пас навиштаҳои нашршудаи худро перомуни мавзуи Чин равон кунам. Ин корро зуд анҷом додам. Дар даҳаи дуюми моҳи май як тан корманди дигари маҳаллии Сафорати Амрико дар Душанбе занг зада, хабар доданд, ки маро барои иштирок ба барномаи сафорат пешбарӣ кардаанд ва агар тасдиқ гардад, моҳи июн сафар хоҳем дошт. Ба эшон маълумоти лозим дар бораи худро равон кардам. Баъди як ҳафта занг зада, пур кардани пурсишномаро хоҳиш карданд. Ин корро ҳам кардам. Ниҳоят рӯзи суҳбат барои гирифтани раводид маълум шуд. Ба сафоратхона рафта, тамоми муқарраротро гузаштам. Азбаски сафари мо аз рӯйи барномаи Вазорати корҳои хориҷии Амрико “International Visitor Leadership Program (IVLP)” буд, бемушкил ва бенавбат раводид гирифтем. Ду нуктаро аз ин таҷриба мехоҳам ёд кунам: Нахуст, вақте ба сафоратхона ворид шуда, мунтазири суҳбат бо консул будем, дар телевизор, ки зоҳиран барои вақтгузаронии муроҷиин насб шудааст, барномаи яке аз телевизионҳои Русия мерафт, ки ривоятҳои ин кишваро паҳну пахш мекунад. Шояд ин кор тасодуфӣ буд ё худам чизеро дидам, ки диданашро тасаввур надоштам, вале дар дидорҳо дар Амрико чизҳои дигарро мушоҳида кардам ва онҳоро ҳам менависам. Чизе ҳаст нест – аслан аҷиб аст, чун ин ду кишвар дар ҳоли ҳозир рақобатҳои ҷиддие доранд ва дар сафоратхонаи яке аз ин кишварҳо дар хориҷ расонаи дигарро пахш мекунанд. Дуюм, консуле, ки ҳамроҳаш суҳбат кардам, шахси ҳамсоли худам менамуд, бо русӣ чанд савол дод, ки посухҳояш дар ҳолномаам навишта шуда буданд. Ба ҳамаи саволҳо кутоҳ посух додам ва баъди ишораи онҳо дар варақ, гуфт, ки раводиди ман тасдиқ шуд. Он вақт гумон кардам, ки ин кор як расмиётро мемонад, вале хато карда будаам. Чун дар Вошингтон бо гуруҳи дигари олимону пажуҳишгарон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ вохурдем. Онҷо фаҳмидам, ки яке аз онҳо танҳо дар суҳбати дуюм имкон пайдо кардааст, ки ба гирифтани раводид муваффақ шавад. Яъне, консул сарфи назар аз баҳонаи сафар дар тасмимгирӣ (худ)мухтор будааст. Бори дуюм ба сафоратхонаи Амрико барои суҳбати пеш аз сафар даъват карданд, нозукиҳои боздид, ба чӣ омода шудан ва ҳамчунин, барномаи комили сафарро пешкаш карданд. Ҳамин тариқ фаҳмидем, ки дар давоми 12 рӯз дар Амрико моро чӣ интизор аст ва дар иёлотҳо кай бо киҳо дидор мекунем. Инҷо лозим медонам, ки чанд нуктаро ишора кунам. Дар сафоратхонаи Амрико дар Душанбе ба мо, ки аз рӯйи барномаи IVLP, вале дар мавзуҳои гуногун сафар мекардем, чунин тавсияҳоро доданд: 1) дар ҳамаи дидору мулоқот иштирок кардану бо шабакасозӣ машғул шудан; 2) ёддошт кардани муҳтавои суҳбатҳо (чун дар аввал чунин метобад, ки ҳама чиз дар хотир ҳаст, вале баъдан фаромӯш мешаванд); 3) пеш аз харидани хӯрок аҳамият додан ба ин ки аз аз кадом гӯшт омода шудаанд (бо назардошти фаровон истифода шудани гӯшти хук); 4) қонунҳои Амрико ва қоидаи будубошро риоя кардан; 5) танҳо дар ҷойи муқарраршуда сигор кашидан (зоҳиран ин танҳо ба ман дахл дошт); 6) тарзи қабули мо дар фурудгоҳ аз сӯйи тарҷумонҳо (моро се тан тарҷумон ҳамроҳӣ мекарданд, вале кори фаротар аз тарҷумониро иҷро мекарданд); 7) имкони иштирок дар барномаҳои дигари сафоратхонаи Амрико дар Душанбе; ва ғайра. Ҳамзамон, ҳушдор доданд, ки дар Сан-Франсиско мардуми бехона бисёранд ва дипломати амрикоӣ гуфт, ки “мо чизеро аз Шумо пинҳон карданӣ нестем, то кишвари моро чӣ хеле ҳаст, ҳамон тавр бубинед”. Дар асл бештар мардуми бехонаро на дар Сан-Франсиско, балки дар Вошингтон дидам, ки зикраш дар поён хоҳад омад. Ҳамроҳони мо аз дигар кишварҳои минтақа гуфтанд, ки муҳтавои суҳбат бо онҳо комилан дигар буда, мавзуҳоеро барояшон матраҳ карданд, ки аслан ба сафар камтар иртибот доштанд. Кормандони Сафоратхонаи Амрико дар Душанбе ба мо чизҳоеро гуфтанд, ки воқеан дар рафти сафар ба ман кор дод. Барои чунин машваратҳои зинда аз эшон сипосгузорам. https://t.me/shrizoyon
Show all...
Андешакада - شیرعلی رضایان

- Таҳлили сиёсати хориҷии Тоҷикистон; - Арзёбии равандҳои Осиёи Марказӣ; - Баррасии муҳимтарин ҳодисаҳои ҷаҳон. Барои тамос: [email protected]

👍 4 1
Ёддошти сафар ба Амрико (I) Пешгуфтор Аз замоне, ки мушаххас шуд сафаре бояд ба Амрико дошта бошам, андешаи навиштани сафардидаҳо пайдо шуд. Аз 15 то 26 июни имсол дар Амрико будам ва ҳамеша кӯшиши навиштани он чиро дидам, мекардам, вале фурсат пайдо намешуд. Дар фурудгоҳи Сан-Франсиско мунтазири парвоз ба сӯйи Франкфурт будаму навиштанро сар кардам ва идомаро дар Ватан менависам. Ба далели ин ки, як бахши калони дӯстон дар Амрико будаанд ва теъдоде аз ҳамватанон солҳост боз он ҷо зиндагӣ мекунанд, сафардидаҳоям барои онҳо шояд ҷолиб набошад, вале ман танҳо бардоштҳоямро аз сафар менависам. Шояд дар ҷойе воқеанигориро канор гузошта, бештар мушоҳидаҳоро нависам. Умедворам Шумо маро ҳамроҳӣ мекунед, чун баъзе бардоштҳое ҳастанд, ки хонандаи ватанӣ дар бораи онҳо бояд ҳатман донад. Дар умум, тасмим дорам, бардоштҳо аз сафарро дар се бахш нависам: якум, сафардидаҳо ва бардоштҳо аз Вошингтон (Ҳавзаи Колумбия), Ҳонолулу (Иёлоти Ҳавайӣ) ва Сан-Франсиско (Иёлоти Колифорниё); дуюм, дар бораи сиёсат ва сиёсатгузории Амрико дар бахши Осиёи Марказӣ; ва сеюм, дидгоҳи таҳлилгарону пажӯҳишгарони амрикоӣ ба сиёсат ва ҷойгоҳи Чин (нигарониҳои Амрико аз ноҳияи Чин ё перомуни саддгузории ҷаҳонии Чин). Ангезаи навиштани сафардидаҳо ба чунин нуктаҳо иртибот доранд: Якум, перомуни интихоб гардидан ба унвони иштирокдори барнома, суҳбату машваратҳо барои анҷоми сафар, ки дар Сафорати Амрико дар Душанбе зикр гардид; қабули иштирокдорон дар Амрико ва бархӯрд ба онҳо, заминасозӣ барои шаклгирии афкори мусбати онҳо дар бораи Амрико ва ғайра, ки раванди татбиқи неруи нарми ин кишварро ба хубӣ ба намоиш мегузорад; Дуюм, боздид аз Вошингтон, Ҳонолулу ва Сан-Франсиско, ки ҳарсе дар манотиқи гуногуни Амрико қарор дошта, вижагиҳо доранд ва дар шахс дидгоҳи ӯро перомуни ин кишвар ба вуҷуд меорад. Сеюм, шунидаҳо аз суханрониҳои масъулуни Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва мудофиа (маъруф бо номи Пентагон)-и Амрико, ҳамчунин, дигар дидорҳо дар шаҳри Вошингтон, ки то ҷойе манзараро перомуни амалкардҳои баъдинаи ин кишвар, аз он ҷумла дар Осиёи Марказӣ шакл медиҳанд. Чорум, дидор бо пажуҳишгарони муқими Ҳонолулу, ки асосан ба омӯзишу пажуҳиши Осиёи Шарқӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Устролиё ва Уқёнусия машғуланд. Муаррифии дидгоҳ ва таҳлилҳои пажуҳишарони амрикоӣ перомуни вазъи ин минтақаҳо барои хонандаи ватанӣ низ аз аҳамият холӣ нест. Панҷум, сафардидаҳо аз Иёлоти Калифорниё, ба вижа аз донишгоҳи дар ҷаҳон машҳури Стенфорд, муҳити ин муассисаи муътабар, пажуҳишҳои устодони он ва ғайра, ки ҷолиби диққат ҳастанд. Аслан ин сафар ба ман имкон дод, ки ба вазъи Осиёи Марказӣ ва сиёсати хориҷии кишварҳои он (i) ва рӯйкарди қудратҳои беруна нисбат ба минтақа (ii) аз зовияи дигар нигарам; барои пажуҳишҳои ояндаам нуктаҳои зарифро пайдо кунам (iii); ғайрисобит будани баъзе “пешфарзҳои собит”-ро дарк созам (iv); ниҳоят, фаровон будани фурсатҳо барои густариши сиёсати хориҷӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии Тоҷикистонро дарк кунам (v). Сароҳатан зикр месозам, ки ин нуктаҳо мавзуи барномаи мо набуданд, балки ин мулоҳизаҳо дар асоси мушоҳидаҳо ва таҷрибаи кишварҳои дигар дар Амрико дар сарам пайдо шуданд. Дар ин силсилаи сафардидаҳои Амрико тасмим дорам, ки танҳо андешаҳо ва мулоҳизаҳои пайдошуда дар ҳошияи дидорҳоро баррасӣ кунам. Бо ҳамин мақсад тасмим гирифтам, ки ёддоштро аз рӯйи рӯйкарди Чатемҳаус нависам ва ному насаби касеро ишора намекунам. Умедворам чунин иқдоми маро мепазиред, чун мувофиқи назокатҳои таҳлили сиёсӣ – арзёбии худи андеша муҳим аст. Ҳамзамон, эҳтимол дорад ҳангоми навиштан баъзе паҳлуҳои дигар пайдо шаванд ё қисме аз сафардидаро муфассалтар нависам, ростӣ – ҳоло намедонам, чун Худо худаш подшоҳ аст... Идома дорад... https://t.me/shrizoyon
Show all...
Андешакада - شیرعلی رضایان

- Таҳлили сиёсати хориҷии Тоҷикистон; - Арзёбии равандҳои Осиёи Марказӣ; - Баррасии муҳимтарин ҳодисаҳои ҷаҳон. Барои тамос: [email protected]

👍 10🔥 1
Choose a Different Plan

Your current plan allows analytics for only 5 channels. To get more, please choose a different plan.