🌿🌸Nigoriston🌸🍃
Open in Telegram
°🤎° يا مقلب القلوب ثابت قلبي علي الدينك “Я муқаллиба-л-қулуб, саббит қалби ‘ала диник” Эй дигаргункунандаи қалбҳо, қалби моро бар дини худ устувор бисоз!🤲❤️
Show more499
Subscribers
-424 hours
-87 days
-3230 days
Posts Archive
«Бигзор Худованди мутаъол моро бо одамоне бипайвандад, ки бори моро сабук мекунанд. Моро аз ҳар чизе, ки дилҳоямонро хаста мекунад ва бо ноумедӣ мебарад, нигоҳ доранд».
☘️☘️☘️☘️
#sabram ❤️
Бори вазнинтарине, ки мо мебардорем, ин фикрҳоест, ки дар сари мост!
🌿🌿🌿🌿
#سبحان_الله ❤️
Ассаламу алайкум ва рахматуллохи ва баракотуху😊. Хушомаден ба Канали мо 🥰. Молҳои мо хамаш бо нархи арзон 😊. Сурог Ноҳияи фирудавси кӯчаи фирдавси доми сомон 23/1пеши мактаби 57.
Барои тамос : +992 903 77 17 65
+992000049303
👇👇👇👇
https://t.me/ddddlrc
Repost from N/a
Ассаламу алайкум ва рахматуллохи ва баракотуху😊. Хушомаден ба Канали мо 🥰. Молҳои мо хамаш бо нархи арзон 😊. Сурог Ноҳияи фирудавси кӯчаи фирдавси доми сомон 23/1пеши мактаби 57.
Барои тамос : +992 903 77 17 65
+992000049303
7:204
وَإِذَا قُرِئَ ٱلۡقُرۡءَانُ فَٱسۡتَمِعُواْ لَهُۥ وَأَنصِتُواْ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ
Ва чун Қуръон хонда шавад, пас, ба сӯйи он гӯш ниҳед ва хомӯш бошед, то шояд шомили раҳмати Парвардигор шавед. Олимон мазмуни ин оятро чунин эзоҳ додаанд. Аллоҳ таъоло дар ин оят бандагони Худро амр кардааст, ки чун Қуръон тиловат карда шавад, аз рӯйи бузургдошт ва сухани Парвардигор буданаш бояд гӯш фаро дода, хомӯшӣ ихтиёр карда шавад, то шояд ба ин сабаб раҳмати илоҳӣ шомили ҳоли шумо шаваду шумо растагор шавед. Баъзе уламои киром мазмуни ояти мазкурро ом гуфта, чи дар намоз ва чи дар хориҷи намоз, тиловат шавад, гӯш кардани онро воҷиб гуфтаанд. Баъзе дар намоз воҷиб ва хориҷи намоз мустаҳаб ва баъзе дар ҳар ду ҳолат мустаҳаб гуфтаанд. Бо ривояти Абӯмусои Ашъарӣ дар «Саҳеҳ»-и Муслим омадааст, ки Расулуллоҳ фармудаанд: “Имом барои он имом гардонида шуд, ки ӯро пешвои худ шуморед, ҳар вақто ки такбир гӯяд, такбир гӯед ва ҳар вақто ки қироат кунад, гӯш фаро диҳед.” Аз ин рӯ уламои (олимони) ҳанафимазҳаб ба ин ҳадис ва дигар ҳадисҳо марбут ба ин мавзӯъ такя карда, гӯш кардани қироати имомро бар муқтадиён (иқтидокунандагон) воҷиб ва қироати муқтадиён бо овози баланд аз қафои имомро макрӯҳ гуфтаанд. Зеро намоз ҷои бо ҳамдигар мунозиъат нест. Дигар фоидаи хомӯш истодани муқтадӣ дар намозҳои ҷаҳрия (бо овози баланд хондашаванда) он аст, ки ӯ метавонад дар бораи ҳикматҳо ва амру наҳйи Қуръон ва панду мавъизаи он андеша кунаду ибрат гирад. Ояти баъдӣ валлоҳу аълам такмилаи ояти қаблист.
( Ал-Аъроф : оят 204 )
...◽️
Худованд тавбаи бандагони худро, (агар тавба кунанд), мепазирад. Ӯ таъоло нисбати бандагони худ, бисёр раҳмхорасту гузашткунанда. Дар ин оятҳо ишора ба пазириши тавба аз тарафи Парвардигор буда мефармояд, ки дар ҳақиқат Парвардигор қабули тавбаи шахсонеро ба зиммаи Худ гирифтааст, ки онҳо аз рӯи нодонӣ гуноҳ кардаанд ва ҳамин ки аз гуноҳкории худ пай бурданд, дарҳол пушаймон шуда, аз сари сидқ тавба кунанд ва интизор нашаванд, ки ҷонашон ба баромадан наздик ояду баъд тавба кунанд, балки баъди гуноҳ дарҳол ба тавба шурӯъ кунанд, ваъдаи Аллоҳтаъоло ин аст, ки тавбаи чунин шахсонро қабул фармуда гуноҳҳояшонро мебахшад. Аммо гуноҳи шахсоне, ки дониста (қасдан) гуноҳ мекунанд, аз фармони илоҳӣ сар мепечанд ё баъди аз гуноҳи худ огоҳ шудан, дар тавба кардан даранг намуда, ҳамчу пештара гуноҳро паи ҳам мекунанд, мувофиқи қонуни адлу инсоф шоистаи бахшиш нест. Яъне бахшидани гуноҳи чунин шахсон ваъда нашудааст. Зеро онҳо аз ин фурсати муносиб истифода набурда, ба худ зулм кардаанд.
☘️☘️☘️☘️
Қуръони Карим
Тафсири Осонбаён 🌿
Сураи Нисо Ояти 17
إِنَّمَا التَّوْبَةُ عَلَى اللَّهِ لِلَّذِينَ يَعْمَلُونَ السُّوءَ بِجَهَالَةٍ ثُمَّ يَتُوبُونَ مِنْ قَرِيبٍ فَأُولَٰئِكَ يَتُوبُ اللَّهُ عَلَيْهِمْ ۗ وَكَانَ اللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمًا
Ҷуз ин нест, ки қабули тавба бар зиммаи Худо барои он касонест, ки ба нодонӣ кори бад мекунанд, боз ба зудӣ тавба мекунанд, пас аз он Аллоҳ тавбаи он гурӯҳро қабул мефармояд ва Аллоҳ доною боҳикмат ҳаст.
..⤵️
Ас-салому ъалайкум ва раҳматуллоҳи ва боракатуҳу
Имрӯз рӯзи Ҷумъа аст, рӯзи муборак аст. Хайр ва баракати рузи саиди Ҷумъа наибатон гардад!
Суннатҳои рӯзи Ҷумъа ро фаромӯш накунед, алалхусус салавот фиристодан ба расули Аллоҳ Муҳаммад Расулуллоҳ ﷺ!
اللَّهُمِّ صلی وسَـلِّم علَى نَبِينَا ﷺ
Аллаҳуммa салли ва саллим ъала набийина Муҳаммад ﷺ.
*
اللهم صل على محمد و على آل محمد
Аллахумма салли аля Мухаммад ва аля али Мухаммад ﷺ.
Сураи Тавба Ояти 67
الْمُنَافِقُونَ وَالْمُنَافِقَاتُ بَعْضُهُمْ مِنْ بَعْضٍ ۚ يَأْمُرُونَ بِالْمُنْكَرِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمَعْرُوفِ وَيَقْبِضُونَ أَيْدِيَهُمْ ۚ نَسُوا اللَّهَ فَنَسِيَهُمْ ۗ إِنَّ الْمُنَافِقِينَ هُمُ الْفَاسِقُونَ
Мардони мунофиқ ва занони мунофиқа, баъзеи онҳо бо баъзеашон монанди якдигаранд. Ба кори бад амр мекунанд ва ҳамдигарро аз кори писандида бозмедоранд ва (аз хайр кардан) дастҳои худро мебанданд, Аллоҳро фаромӯш карданд. Пас, Аллоҳ онҳоро фаромӯш сохт. Бе шак, мунофиқон фосиқанд.
🖇Яъне онҳо комилан аз доираи фармони Худо берунанд.
📖Қуръони Карим
Тафсири Осонбаён
#سبحان_الله ❤️
Дар зиндагиям бисёри чизҳо иваз шуданд. Дусте рафт,ҷояш дустӣ дигаре омад. Ошное ноошнову ноошное ошноям гардид, хешон гоҳе бегонаву бегонагон хешам гашт.Хулоса ҷои ҳар рафтаро омадае пурра кард, аммо ҷои туро касе гирифта натонист Падар!!! Дуриҳо маро, аз ту дур намекунад,ёдат аз сарам,меҳрат аз дилам,номат аз забонам, хуморат аз чашмонам дур намеравад,нотакрортарин фарди зиндагиям, ягона орзуи дастнорасам...
🖤💔...
@makhzanisokhan
🌓🌒✨️
Ғизои солимтарин
(барои дил) ин имон аст ва шифотарин фоида Куръон аст.🌿
🌱🌱🌱🌱🌱🌱🌱🌱🌱
#سبحان_الله ❤️
