en
Feedback
Хадиси имруз

Хадиси имруз

Open in Telegram

قُلْ إِن كُنتُمْ تُحِبُّونَ ٱللَّهَ فَٱتَّبِعُونِى يُحْبِبْكُمُ ٱللَّهُ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْۗ وَٱللَّهُ غَفُورٌ رَّحِيمٌ

Show more
241
Subscribers
No data24 hours
-27 days
+230 days
Posts Archive
📚 Ҳадиси - 63 📚
Аз Абу Ҳурайра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: Агар бар уммати Ман ё ба мардум душвор намешуд, ҳар оина онҳоро дар ҳар як намоз ба мисвок задан амр мекардам.
(Саҳеҳи Бухорӣ № 887 Саҳеҳи Муслим № 252)
عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ عَنْ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ، قَالَ : ‏« ﻟَﻮْﻻ ﺃَﻥْ ﺃَﺷُﻖَّ ﻋَﻠَﻰ ﺃُﻣَّﺘِﻲ، ﺃَﻭْ ﻋَﻠَﻰ ﺍﻟﻨَّﺎﺱِ، ﻷَﻣَﺮْﺗُﻬُﻢْ ﺑِﺎﻟﺴِّﻮَﺍﻙِ ﻣَﻊَ ﻛُﻞِّ ﺻَﻼﺓٍ ‏»
ﺭﻭﺍﻩ ﺍﻟﺒﺨﺎﺭﻱ ‏ (887‏) ، ﻭﻣﺴﻠﻢ ‏ (252)
📚 Ҳадиси имрӯз ✍ 📚 #Намоз #Дуъо

📚 Ҳадиси - 62 📚
Аз Муъоз ибни Ҷабал (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Ҳар оина Расули Аллоҳ ﷺ аз дасташ гирифта фармуданд: Эй Муъоз ба Аллоҳ қасам, ки ман дӯстат медорам ва ба ту супориш медиҳам, то дар охири ҳар намоз ин дуъоро бихони ва онро тарк накуни.
Аллоҳумма аъинний ъала зикрика ва шукрика ва ҳусни ъибадатика.
Ё Аллоҳ, кӯмакам кун, то Туро зикр кунам, сипос бигӯям ва ибодати Туро ба таври некӯ, ба ҷо оварам.
(Сунани Абӯ Довуд № 1522 Сунани Аҳмад № 244/5) 🔄
عَنْ مُعَاذِ بْنِ جَبَلٍ رضي الله عنه:أَنَّ رَسُولَ صَلَّى عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَخَذَ بِيَدِهِ، وَقَالَ: «يَا مُعَاذُ، وَاللَّهِ إِنِّي لَأُحِبُّكَ»، فَقَالَ: «أُوصِيكَ يَا مُعَاذُ لَا تَدَعَنَّ فِي دُبُرِ كُلِّ صَلَاةٍ تَقُولُ: اللَّهُمَّ أَعِنِّي عَلَى ذِكْرِكَ وَشُكْرِكَ وَحُسْنِ عِبَادَتِكَ».
رواه أبو داود (1522)، والنسائي (3/53)، وأحمد (5/244)
📚 Ҳадиси имрӯз ✍ 📚 #Намоз #Дуъо

📚 Ҳадиси - 61 📚
Аз Абу Умомаи боҳилӣ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: Ҳар касе, Оятулкурсиро пас аз ҳар намози фарз бихонад, чизе монеъи ворид шудани ӯ ба Биҳишт намешавад, ҷуз инки бимирад.
(Сунани Насоӣ № 9848 Сунани Аҳмад № 1268) 🔄
عن أبي أُمامةَ الباهليِّ رضيَ اللهُ عنه، قال: قال رسولُ اللهِ صلَّى اللهُ عليه وسلَّم: "مَن قرأَ آيةَ الكُرسيِّ دُبُرَ كلِّ صلاةٍ مكتوبةٍ، لم يمنَعْه مِن دخولِ الجنَّةِ إلَّا الموتُ "
رواه النسائي في ((السنن الكبرى)) (9848)، والروياني في ((المسند)) (1268)،
📚 Ҳадиси имрӯз ✍ 📚 #Намоз #Дуъо

📚 Ҳадиси - 60 📚
Аз Уқба ибни Омир (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Ҳар оина Расули Аллоҳ ﷺ маро амр карданд, то муъавизотро пас аз ҳар як намози фарзӣ бихонам. ------------------------------------------------- (Муъавизот яъне сураи Ихлос Фалақ ва Нос, мутарҷим). -------------------------------------------------
(Сунани Абӯ Довуд № 1523 Сунани Аҳмад № 201/4) 🔄
عن عُقبةَ بنِ عامرٍ رضيَ اللهُ عنه، قال: " أمَرني رسولُ اللهِ صلَّى اللهُ عليه وسلَّم أنْ أقرَأَ المُعوِّذاتِ دُبُرَ كلِّ صلاةٍ "
رواه أبو داود (1523)، والترمذي (2903)، والنسائي (3/68)، وأحمد (4/201)
📚 Ҳадиси имрӯз ✍ 📚 #Намоз #Дуъо

📚 Ҳадиси - 59 📚
Аз Муғийра ибни Шӯъба (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Ҳар оина Расули Аллоҳ ﷺ пас аз ҳар як намози фарзӣ, чунин мефармӯданд:
Ла илаҳа илла Аллоҳ ваҳдаҳу ла шарийка лаҳ, лаҳул мулк ва лаҳул ҳамд ва ҳува ъала кулли шайин қадийр. Аллоҳумма ла маниъа лима аътайта ва ла муътия лимо манаъта ва ла янфаъу залҷадди минкал ҷадду.
Нест маъбуди бар ҳақ ҷуз Аллоҳ, ягона аст ва ҳеҷ шарике надорад, подшоҳи ва ҳамаи мадҳу ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ бар ҳама чиз тавоност. Илоҳӣ, ончи тақдир кардаи аз ато бошад ё боздоштан, боздорандае надорад ва сарвати сарватманд барояш фоидае надорад, балки амали солеҳи ӯст, ки судманд аст.
(Саҳеҳи Бухорӣ № 844 Саҳеҳи Муслим № 593) 🔄
------------------------------------------------- (Тарҷумаи тафсирии калимаи шаҳодат чунин аст: Иқрор ва эътироф мекунам ба калимаи тавҳид, ла илаҳа иллаллоҳ, бинобар ин, ибодати ҳақиқиро барои Аллоҳ исбот мекунам ва аз ғайри Ӯ нафӣ мекунам, пас маъбуди бар ҳақ нест ҷуз Аллоҳ ва иқрор дорам, ки фармонравоии ҳақиқии комил аз они Аллоҳ аст, мутарҷим). ------------------------------------------------- عن المُغيرةِ بنِ شُعبةَ رضيَ اللهُ عنه، قال: أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَانَ يَقُولُ فِي دُبُرِ كُلِّ صَلَاةٍ مَكْتُوبَةٍ : " لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ، وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ، اللَّهُمَّ لَا مَانِعَ لِمَا أَعْطَيْتَ، وَلَا مُعْطِيَ لِمَا مَنَعْتَ، وَلَا يَنْفَعُ ذَا الْجَدِّ مِنْكَ الْجَدُّ ".
رواه البخاري (844)، ومسلم (593)
📚 Ҳадиси имрӯз ✍ 📚 #Намоз #Дуъо

📚 Ҳадиси - 58 📚
Аз Абу Ҳурайра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: Ҳар кас як дуруд бар Ман бифиристад Аллоҳ барояш даҳ дуруд мефиристад.
(Саҳеҳ Муслим № 384) 🔄
عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ عَنْ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ، قَالَ : ‏« ﻣَﻦْ ﺻَﻠَّﻰ ﻋَﻠَﻰَّ ﻭَﺍﺣِﺪَﺓً ﺻَﻠَّﻰ ﺍﻟﻠَّـﻪُ ﻋَﻠَﻴْﻪِ ﻋَﺸْﺮًﺍ ‏»
‏(ﺭﻭﺍﻩ ﻣﺴﻠﻢ 384)
📚 Ҳадиси имрӯз ✍ 📚 #Намоз #Дуъо

📚 Ҳадиси - 57 📚
Аз Алӣ ибни Абутолиб (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ ҳаргоҳе, ки аз намоз салом медонанд чунин дуъо мекарданд:
Аллоҳуммағфир лий ма қаддамту ва ма аххарту ва ма асрарту ва ма аъланту ва ма асрафту ва ма анта аъламу биҳи минний, антал муқаддиму ва антал муаххиру, ла илаҳа илла ант.
Илоҳӣ, гуноҳони гузаштаву оянда ва ниҳону ошкори маро биёмӯрз ва гуноҳоне, ки дар он зиёдаравӣ кардам ва гуноҳоне, ки Ту огоҳтари ба он аз ман, Ту тақдимкунанда, ва ақибандозандаи, нест ҳеҷ маъбуде бар ҳақ ба ҷӯз Ту. ------------------------------------------------ (Ин ҳадис хело дароз аст ва ин як қисмаш аст, ин дуъоро дар ривоятҳо пеш аз салом ва дар баъзе баъд аз салом зикр кардаанд, мутарҷим). ------------------------------------------------
(Саҳеҳи Муслим № 771) 🔄
عن عليِّ بنِ أبي طالبٍ رضيَ اللهُ عنه، قال: كان النبيُّ صلَّى اللهُ عليه وسلَّم إذا سلَّمَ مِن الصَّلاةِ قال: اللَّهُمَّ اغْفِرْ لِي مَا قَدَّمْتُ وَما أَخَّرْتُ، وَما أَسْرَرْتُ وَما أَعْلَنْتُ، وَما أَسْرَفْتُ، وَما أَنْتَ أَعْلَمُ بِهِ مِنِّي، أَنْتَ الْمُقَدِّمُ وَأَنْتَ الْمُؤَخِّرُ، لاَ إِلَهَ إِلاَّ أَنْتَ.
رواه أبو داود (1509)، وأحمد (803)
📚 Ҳадиси имрӯз ✍ 📚 #Намоз #Дуъо

📚 Ҳадиси - 56 📚
Аз Абу Ҳурайра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: Шахсе, ки баъди ҳар як намоз сию се маротиба "Субҳаналлоҳ" ва сию се маротиба "Алҳамдулиллаҳ" ва сию се маротиба "Аллоҳу Акбар" бигӯяд, пас (ҷамъи) ин наваду нӯҳ мешавад ва барои тамом намудани сад -
"Ла илаҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳ, лаҳул мулку ва лаҳу-л-ҳамду ва ҳува ъала кулли шайин қадийр"
- бигӯяд гуноҳони ӯ агарчанде, ки мисли кафи дарё бошанд ҳам, бахшида мешаванд . (Ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ маъбуди барҳаққе нест ва Ӯ танҳо буда шарике надорад ва аз барои Уст подшоҳи ва аз барои Ӯст ҳамду ситоиш ва Ӯ бар ҳама чиз тавоно аст).
(Саҳеҳи Бухорӣ № 597 Саҳеҳи Муслим № 1014)
عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ ، عَنْ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ : " مَنْ سَبَّحَ اللَّهَ فِي دُبُرِ كُلِّ صَلَاةٍ ثَلَاثًا وَثَلَاثِينَ، وَحَمِدَ اللَّهَ ثَلَاثًا وَثَلَاثِينَ، وَكَبَّرَ اللَّهَ ثَلَاثًا وَثَلَاثِينَ ؛ فَتْلِكَ تِسْعَةٌ وَتِسْعُونَ، وَقَالَ تَمَامَ الْمِائَةِ :
لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ ؛
غُفِرَتْ خَطَايَاهُ وَإِنْ كَانَتْ مِثْلَ زَبَدِ الْبَحْرِ ".
رواه البخاري (597) و مسلم (1014)
📚 Ҳадиси имрӯз ✍ 📚 #Намоз #Дуъо

📚 Ҳадиси - 55 📚
Аз модари мӯъминон Оиша (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ ҳангоме, ки салом дод зиёд наменишаст, магар миқдори гуфтани:
Аллоҳумма антас салам ва минкас салам, табаракта ё залҷалали вал икром.
Илоҳӣ Ту (аз ҳар айбу нуқсон, нотавонӣ ва ширку шарик) Солим ҳасти ва саломати аз Туст, бисёр воломақому бобаракати, эй Соҳиби бузурги ва бахшиш.
(Саҳеҳи Муслим № 592) 🔄
عَنْ عَائِشَةَ قَالَتْ : كَانَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إِذَا سَلَّمَ لَمْ يَقْعُدْ إِلَّا مِقْدَارَ مَا يَقُولُ : " اللَّهُمَّ أَنْتَ السَّلَامُ، وَمِنْكَ السَّلَامُ، تَبَارَكْتَ ذَا الْجَلَالِ وَالْإِكْرَامِ ". وَفِي رِوَايَةِ ابْنِ نُمَيْرٍ : " يَا ذَا الْجَلَالِ وَالْإِكْرَامِ ".
رواه مسلم (592)
📚 Ҳадиси имрӯз ✍ 📚 #Намоз #Дуъо

📚 Ҳадиси - 54 📚
Аз Савбон (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ ҳангоме, ки аз намоз фориғ мешуданд се маротиба астағфируллоҳ мегуфтанд ва мефармуданд.
Аллоҳумма антас салам ва минкас салам, табаракта ё залҷалали вал икром.
Илоҳӣ Ту (аз ҳар айбу нуқсон, нотавонӣ ва ширку шарик) Солим ҳасти ва саломати аз Туст, бисёр воломақому бобаракати, эй Соҳиби бузурги ва бахшиш. Валид гуфт: Сипас ба Авзоъӣ гуфтам: Истиғфор чи гуна аст? Гуфт: Астағфируллоҳ, Астағфируллоҳ.
(Саҳеҳи Муслим № 591) 🔄
عَنْ ثَوْبَانَ قَالَ : كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إِذَا انْصَرَفَ مِنْ صَلَاتِهِ اسْتَغْفَرَ ثَلَاثًا وَقَالَ : " اللَّهُمَّ أَنْتَ السَّلَامُ وَمِنْكَ السَّلَامُ، تَبَارَكْتَ ذَا الْجَلَالِ وَالْإِكْرَامِ ". قَالَ الْوَلِيدُ : فَقُلْتُ لِلْأَوْزَاعِيِّ : كَيْفَ الِاسْتِغْفَارُ ؟ قَالَ : تَقُولُ : أَسْتَغْفِرُ اللَّهَ، أَسْتَغْفِرُ اللَّهَ.
رواه مسلم (591)
📚 Ҳадиси имрӯз ✍ 📚 #Намоз #Дуъо

📚 Ҳадиси - 53 📚
Аз Абубакри Сиддиқ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки ба Расули Аллоҳ ﷺ гуфт: Барои ман дуъоеро таълим бидеҳ, ки ба он дар намозам дуъо кунам. Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: Бгу:
Аллоҳумма инний заламту нафсий зулман касиран ва ла яғфируз зунуба илла ант, фағфир лий мағфиратам мин ъиндик, варҳамний, иннака антал ғафурур раҳийм.
Эй бор Илоҳо, ҳар оина ман бар нафси худам бисёр зулм намудам ва касе ба ҷуз Ту гуноҳонро намеомӯрзад, пас бар ман аз омӯрзиши назди Худ биомӯрз ва маро зери раҳмати Худ қарор бидеҳ, ҳар оина Ту омӯрзандаву меҳрубони.
(Саҳеҳи Бухорӣ № 6326 Саҳеҳи Муслим № 2706) 🔄
ﻋَﻦْ ﺃَﺑِﻲ ﺑَﻜْﺮٍ ﺍﻟﺼِّﺪِّﻳﻖِ ﺭَﺿِﻲَ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻨْﻪُ ﺃَﻧَّﻪُ ﻗَﺎﻝَ ﻟِﻠﻨَّﺒِﻲِّ ﺻَﻠَّﻰ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻠَﻴْﻪِ ﻭَﺳَﻠَّﻢَ : ﻋَﻠِّﻤْﻨِﻲ ﺩُﻋَﺎﺀً ﺃَﺩْﻋُﻮ ﺑِﻪِ ﻓِﻲ ﺻَﻠَﺎﺗِﻲ ، ﻗَﺎﻝَ : " قُل: ﺍﻟﻠَّﻬُﻢَّ ﺇِﻧِّﻲ ﻇَﻠَﻤْﺖُ ﻧَﻔْﺴِﻲ ﻇُﻠْﻤًﺎ ﻛَﺜِﻴﺮًﺍ ﻭَﻟَﺎ ﻳَﻐْﻔِﺮُ ﺍﻟﺬُّﻧُﻮﺏَ ﺇِﻟَّﺎ ﺃَﻧْﺖَ ، ﻓَﺎﻏْﻔِﺮْ ﻟِﻲ ﻣَﻐْﻔِﺮَﺓً ﻣِﻦْ ﻋِﻨْﺪِﻙَ ، ﻭَﺍﺭْﺣَﻤْﻨِﻲ ﺇِﻧَّﻚَ ﺃَﻧْﺖَ ﺍﻟْﻐَﻔُﻮﺭُ ﺍﻟﺮَّﺣِﻴﻢُ "
رواه البخاري (6326) و مسلم (2706)
📚 Ҳадиси имрӯз ✍ 📚 #Намоз #Дуъо

📚 Ҳадиси - 52 📚
Аз Саъд ибни Абу Ваққос (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ дар охири намоз бо ин калимаҳо ба Аллоҳ паноҳ мебурданд.
Аллоҳумма инний аъузу бика минал бухл ва аъузубика минал ҷубн ва аъузубика мин ан урадда ила арзалил ъумур ва аъузубика мин фитнатид дунё ва аъузубика мин ъазабил қабр.
Илоҳӣ, ман ба Ту паноҳ мебарам аз хасиси ва ба Ту паноҳ мебарам аз тарс ва ба Ту паноҳ мебарам аз ин, ки баргардам ба забунтарин марҳалаи умр ва ба Ту паноҳ мебарам аз фитнаи дунё ва ба Ту паноҳ мебарам аз азоби қабр.
(Саҳеҳи Бухорӣ № 6374) 🔄
وَعَنْ سَعْدِ بْنِ أَبِي وَقَّاصٍ - رضي الله عنه - قَالَ: إِنَّ رَسُولَ اللَّهِ - صلى الله عليه وسلم - كَانَ يَتَعَوَّذُ بِهِنَّ دُبُرَ الصَّلَاةِ: «اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنَ الْبُخْلِ وَأَعُوذُ بِكَ مِنَ الْجُبْنِ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ أَنْ أُرَدَّ إِلَى أَرْذَلِ الْعُمُرِ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ فِتْنَةِ الدُّنْيَا، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ».
رواه البخاري (6374).
📚 Ҳадиси имрӯз ✍ 📚 #Намоз #Дуъо

📚 Ҳадиси - 51 📚
Аз Абу Ҳурайра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ (пеш аз салом додан) чунин дуъо мекарданд:
Аллоҳумма инний аъузубика мин ъазабил қабр ва мин ъазабин нор ва мин фитнатил маҳя вал мамат ва мин фитнатил масийҳид даҷҷал.
Бор Илоҳо, аз азоби қабр ва аз азоби дӯзах ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг ва аз фитнаи масиҳи Даҷҷол, ба Ту паноҳ мебарам.
(Саҳеҳи Бухорӣ № 1377 Саҳеҳи Муслим № 588) 🔄
عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ، قَالَ : كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَدْعُو : " اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ وَمِنْ عَذَابِ النَّارِ وَمِنْ فِتْنَةِ الْمَحْيَا وَالْمَمَاتِ وَمِنْ فِتْنَةِ الْمَسِيحِ الدَّجَّالِ ".
رواه البخاري (1377)، ومسلم (588)
📚 Ҳадиси имрӯз ✍ 📚 #Намоз #Дуъо

📚 Ҳадиси - 50 📚
Аз Каъб ибни Уҷра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) Гуфта шуд : - Эй Расули Аллоҳ ﷺ чигуна бар Ту салом доданро донистем, пас дуруд фиристодан бар Ту чигуна аст? Расули Аллоҳ ﷺ гуфтанд: - Бигӯед :
Аллоҳумма салли ъала Муҳаммад ва ъала оли Муҳаммад кама саллайта ъала Иброҳийма ва ъала оли Иброҳийма иннака ҳамийдун маҷийд. Аллоҳумма борик ъала Муҳаммад ва ъала оли Муҳаммад кама боракта ъала Иброҳийма ва ъала оли Иброҳийма иннака ҳамийдун маҷийд.
Эй бор Илоҳо, бар Муҳаммад ва бар хонадони Муҳаммад дуруд бифирист, чугунае, ки бар хонадони Иброҳим дуруд фиристоди, ҳароина Ту сутудашуда ва бо ъазамати. Эй бор Илоҳо, бар Муҳаммад ва бар хонадони Муҳаммад барака бидеҳ, чугунае, ки бар хонадони Иброҳим барака доди, ҳар оина Ту сутудашуда ва бо ъазамати.
(Саҳеҳи Бухорӣ № 3370 Саҳеҳи Муслим № 406) 🔄
عَنْ كَعْبِ بْنِ عُجْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ، قِيلَ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، أَمَّا السَّلاَمُ عَلَيْكَ فَقَدْ عَرَفْنَاهُ، فَكَيْفَ الصَّلاَةُ عَلَيْكَ؟ قَالَ: " قُولُوا: " اللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آلِ مُحَمَّدٍ كَمَا صَلَّيْتَ عَلَى إِبْرَاهِيمَ وَعَلَى آلِ إِبْرَاهِيمَ إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيد . اللَّهُمَّ بَارِكْ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آل مُحَمَّدٍ كَمَا بَارَكْتَ عَلَى إِبْرَاهِيمَ وَعَلَى آلِ إِبْرَاهِيمَ إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيد"
رواه البخاري (3370) ومسلم (406).
📚 Ҳадиси имрӯз ✍ 📚 #Намоз #Дуъо

📚 Ҳадиси - 49 📚
Аз Ҳасан ибн Алӣ (Аллоҳ аз онҳо розӣ бод) ривоят аст, ки ҳар оина гуфт: Расули Аллоҳ ﷺ калимаҳоеро омӯзонд ба ман, ки онҳоро дар қунути витр мегӯям:
Аллоҳуммаҳдиний фийман ҳадайт ва ъафиний фийман ъафайт ва тавалланий фий ман таваллайт ва бариклий фийма аътайт ва қийний шарра ма қазайт фаиннака тақзий вала юқзо ъалайк ва иннаҳу ла язиллу ман валайт ва ла яъиззу ман ъадайт табаракта раббана ва таъалайт.
Илоҳӣ ҳидоятам деҳ, аз ҷумлаи касоне, ки ҳидояташон доди ва офиятам деҳ, аз ҷумлаи касоне, ки офияташон доди ва ёварам бош аз ҷумлаи касоне, ки ёварӣ онон буди ва дар он чи ба ман ато фармудӣ, бароям баракат деҳ ва аз шарри он чи ҳукм карди, ҳифзам намо. Ҳар оина Ту ҳукм мекуни ва бар Ту ҳукм намешавад. Баростӣ, ки хор нахоҳад шуд касе, ки Ту ёвари он боши ва иззат намегирад касе, ки Ту душмани он бошӣ, бисер бобаракат ва баланд мартабаи эй Парвардигори мо.
(Абу Довуд № 1425 Тирмизӣ № 464) 🔄
عَنْ الْحَسَنِ بْنِ عَلِيٍّ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا، أَنَّهُ قَالَ: عَلَّمَنِي رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَلِمَاتٍ أَقُولُهُنَّ فِي قُنُوتِ الْوِتْرِ اللَّهُمَّ اهْدِنِي فِيمَنْ هَدَيْت، وَعَافِنِي فِيمَنْ عَافَيْتَ، وَتَوَلَّنِي فِيمَنْ تَوَلَّيْتَ، وَبَارِكْ لِي فِيمَا أَعْطَيْتَ، وَقِنِي شَرَّ مَا قَضَيْتَ، فَإنَّكَ تَقْضِي وَلَا يُقْضَي عَلَيْكَ، وَإِنَّهُ لَا يَذِلُّ مَنْ وَالَيْتَ، وَلَا يَعِزُّ مَنْ عَادَيْتَ، تَبَارَكْتَ رَبَّنَا وَتَعَالَيْتَ.
رواه أبو داود (1425)
والترمذي (464)، والنسائي (3/248)، وابن ماجه (975)، 📚 Ҳадиси имрӯз ✍ 📚 #Намоз #ДуъоиҚунут

Ҳадисҳоро ба дигарон расонед
Аз Абу Ҳурайра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: Агар касе мардумро ба сӯйи ҳидоят (кори хайр ва суннат) даъват кунад, ба андозаи савоби ононе, ки аз ӯ пайравӣ кардаанд савоб дода мешавад, савоби ин аз савоби онҳо чизеро кам намегардонад. Ва ҳамчунин агар касе, мардумро ба сӯйи гумроҳӣ даъват кунад, ба андозаи гуноҳи ононе, ки аз ӯ пайравӣ кардаанд гуноҳ дода мешавад, гуноҳи ин аз гуноҳи онҳо чизеро кам намегардонад .
(Саҳеҳ Муслим № 6980)
📚 Ҳадиси имрӯз ✍ 📚 🔊🔊🔊🔊🔊🔊
Аз ҳамаи иштирокчиён гурӯҳ хоҳиш мекунем, ки дар нашри ин маҷмӯа саҳмгузор бошед, хоссатан касоне, ки гурӯҳои исломӣ доред. Дар инҷо танҳо ҳадисҳои саҳеҳ хоссатан аз саҳеҳ Бухорӣ ва саҳеҳ Муслим гузошта мешавад ин шаа Аллоҳ ...
https://t.me/hadisiimruz

📚 Ҳадиси - 48 📚
Аз Ато ибни Соиб аз Абу Абду Раҳмон ривоят аст, ки гуфт: Ибни Масъуд (Аллоҳ аз ҳамаи онҳо розӣ бод) барои мо омӯзонд, то ин ки дар қунут бихонем:
Аллоҳумма инна настаъинука ва настағфирука ва нуъмину бика ва натаваккалу ъалайка ва нусний ъалайкал хайра куллаҳу, нашкурука ва ла накфурука ва нахлаъу ва натруку маййафҷурук. Аллоҳумма ийяканаъбуду валака нуссалий ва насҷуд ва илайка насъа ва наҳфид, нарҷу раҳматака ва нахша ъазабака инна ъазабака билкуффари мулҳиқ.
 Бор Илоҳо барости, ки мо аз Ту мадад металабем ва аз Ту омӯрзиш мехоҳем ва Туро мадҳи некӯ мекунем ва ба Ту куфр намеварзем ва ба Ту имон меорем ва назди Ту фурӯтанӣ мекунем ва касеро, ки ба Ту куфр меварзад тарк мекунем. Илоҳӣ, танҳо Туро мепарастем ва барои Ту намоз мехонем ва саҷда мекунем ва дар амал ба сӯйи Ту мешитобем. Ба раҳматат умедворем ва аз азобат метарсем, ҳар оина, азобат ба кофирон хоҳад расид.
(Байҳақӣ № 211 Аби Шайба № 6893) 🔄
عَنْ عَطَاءٍ بْنِ السَّائِبِ، عَنْ أَبِي عَبْدِ الرَّحْمَنِ قَالَ : عَلَّمَنَا ابْنِ مَسْعُودٍ أَنْ نَقْرَأَ فِي الْقُنُوتِ: الَّلهُمَّ إِنَّا نَسْتَعِيْنُكَ وَنَسْتَغْفِرُكَ وَنُؤْمِنُ بِكَ وَنَتَوَكَّلُ عَلَيْكَ وَنُثْنِيْ عَلَيْكَ الْخَيْرَ كُلَّهُ نَشْكُرُكَ وَلَا نَكْفُرُكَ وَنَخْلَعُ وَنَتْرُكُ مَنْ يَفْجُرُكَ الَّلهُمَّ إِيَّاكَ نَعْبُدُ وَلَكَ نُصَلِّيْ وَنَسْجُدُ وَإِلَيْكَ نَسْعَى وَنَحْفِدُ نَرْجُوْ رَحْمَتَكَ وَنَخْشَى عَذَابَكَ إِنَّ عَذَابَكَ بِالْكُفَّارِ مُلْحِق.
السنن الكبرى للبيهقي (211/2) مصنف ابن أبي شيبة (6893) مصنف عبد الرزاق (112/3)
📚 Ҳадиси имрӯз ✍ 📚 #Намоз #ДуъоиҚунут

📚 Ҳадиси - 47 📚
Аз Алӣ ибни Абу Толиб (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки ҳар оина Расули Аллоҳ ﷺ дар охири витрашон чунин мефармуданд:
Аллоҳумма инний аъузу биризока мин сахатика ва аъузу би муъафатика мин ъуқубатика ва аъузу бика минка. Ла уҳсий саноан ъалайка, анта кама аснайта ъала нафсика.
Илоҳӣ, ман паноҳ мебарам ба ризои Ту аз азобат ва паноҳ мебарам аз муҷозотат, ба бахшишат ва паноҳ мебарам ба Ту, ба қуввату қудратат ба азобу муҷозотат, маро бо адлат ва мадҳи Туро наметавонам шумор кунам тавре, ки Худат хештанро мадҳ гуфтаи.
(Саҳеҳи Муслим № 486) 🔄
------------------------------------------------ (Ин дуъоро дар се мавзеи намоз хондан ҷоиз ва бо ҳадисҳои саҳеҳ собит аст. Дар қунути витр, дар саҷда, пеш аз салом ва ҳамчунин баъд аз салом, мутарҷим). ------------------------------------------------ عليِّ بن أبي طالبٍ رَضِيَ اللهُ عنه: أنَّ رسولَ الله صلَّى اللهُ عليه وسلَّم- كان يقولُ في آخِر وترِه: « اللهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِرِضَاكَ مِنْ سَخَطِكَ، وَأَعُوذُ بِمُعَافَاتِكَ مِنْ عُقُوبَتِكَ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْكَ، لَا أُحْصِي ثَنَاءً عَلَيْكَ، أَنْتَ كَمَا أَثْنَيْتَ عَلَى نَفْسِكَ »
رواه مسلم (486)
📚 Ҳадиси имрӯз ✍ 📚 #Намоз #ДуъоиҚунут

📚 Ҳадиси - 46 📚
Аз Абдуллоҳ ибн Умар (Аллоҳ аз онҳо розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ ҳарвақто, ки дар ташаҳуд (аттаҳиёт) менишаст, дастҳояшро дар зонӯяш мегузошт ва бо ангӯшти ишораи росташ, ки баъди ангӯшти ибҳом (калони) аст, бардошта, дуъо мекард ва дасти чапаш дар зонӯяш кушода меистод. ------------------------------------------------ (Мурод аз дуъо аттаҳиёт аст, мутарҷим). ------------------------------------------------
(Саҳеҳи Муслим № 580) 🔄
عن عبدِ اللهِ بنِ عمرَ رضيَ اللهُ عنهما: أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَانَ إِذَا جَلَسَ فِي الصَّلَاةِ، وَضَعَ يَدَيْهِ عَلَى رُكْبَتَيْهِ، وَرَفَعَ إِصْبَعَهُ الْيُمْنَى الَّتِي تَلِي الْإِبْهَامَ، فَدَعَا بِهَا، وَيَدَهُ الْيُسْرَى عَلَى رُكْبَتِهِ، بَاسِطَهَا عَلَيْهَا .
رواه مسلم (580)
📚 Ҳадиси имрӯз ✍ 📚 #Намоз #Аттаҳиёт

📚 Ҳадиси - 45 📚
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (Аллоҳ аз онҳо розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Рӯзе Расули Аллоҳ ﷺ ба мо фармуданд: Ҳаргоҳ яке аз шумо дар намоз нишаст пас бигӯяд:
Аттаҳияту лиллаҳи вассалавату ваттайибат. Ассаламу ъалайка айюҳаннабию ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ. Ассаламу ъалайна ва ъала ъибадиллаҳис солиҳийн. Ашҳаду ал ла илаҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳ.
 Эҳтиромҳо ва дуъоҳо ва накӯиҳо аз они Аллоҳ аст. Салому раҳмати Аллоҳ ва баракоти Ӯ бар Ту эй Пайғомбар. Салом бар мо ва бар бандагони накӯкори Аллоҳ. Гувоҳӣ медиҳам ба ин, ки нест маъбуде барҳақ ба ҷуз Аллоҳ ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад ﷺ банда ва фиристодаи Аллоҳ аст.
(Саҳеҳи Бухорӣ № 1202 Саҳеҳи Муслим № 402) 🔄
عن عبدِ الله بن مسعودٍ رضيَ اللهُ عنهما قال: ... فَقَالَ لَنَا رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ذَاتَ يَوْمٍ : ... فَإِذَا قَعَدَ أَحَدُكُمْ فِي الصَّلَاةِ فَلْيَقُلِ : التَّحِيَّاتُ لِلَّهِ وَالصَّلَوَاتُ وَالطَّيِّبَاتُ السَّلَامُ عَلَيْكَ أَيُّهَا النَّبِيُّ وَرَحْمَةُ اللَّهِ وَبَرَكَاتُهُ السَّلَامُ عَلَيْنَا وَعَلَى عِبَادِ اللَّهِ الصَّالِحِينَ ، أَشْهَدُ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَأَشْهَدُ أَنَّ مُحَمَّدًا عَبْدُهُ وَرَسُولُهُ
رواه البخاري (1202)، ومسلم (402)
📚 Ҳадиси имрӯз ✍ 📚 #Намоз #Дуъо #Аттаҳиёт