HADIS _VA _ASAR
Open in Telegram
Паёмбар -ﷺ- фармуданд: "Гуруҳе аз Уммати ман то рӯзи Қиёмат мубориза мебаранд дар роҳи Ҳақ" 📗Саҳеҳ Муслим [1037]
Show more221
Subscribers
+124 hours
+57 days
+930 days
Posts Archive
٨ – عَنْ أَنَسٍ ، أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: «خَيْرُ مَا تَدَاوَيْتُمْ بِهِ الْحِجَّامةُ، وَالْقُسْطُ الْبَحْرِيُّ، وَلاَ تُعَذِّبُوا صِبْيَانَكُمْ بِالْغَمْزِ».
السلسلة الصحيحة
8 – Аз Анас ибни Молик, разияллоҳу анҳу, ривоят шудааст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд:
«Беҳтарин василаҳои табобатие, ки бо он худро табобат мекунед, ҳиҷома ва қусту-баҳрӣ (удди баҳрӣ) мебошанд. Ва кӯдаконатонро бо фишор додан (ба бодомакҳояшон) азоб надиҳед».
Ин ҳадисро Аҳмад (3/107), Бухорӣ (5696) ва Муслим (1577) ривоят кардаанд.
Ҳадис саҳеҳ аст. Ниг.: «Саҳиҳул-ҷомиъ ас-сағир» (3324), «Ас-силсилатус-саҳиҳа» (1054).
٧–عن سمرة بن جندب: خَيرُ مَا تَدَاوَيتُمْ بِهِ الْحِجَامَةُ
السلسلة الصحيحة 1053
7 – Аз Самура ибн Ҷундуб, радияллоҳу анҳу, ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд:
«Беҳтарин воситаи табобате, ки шумо бо он худро муолиҷа мекунед, ҳиҷома (хунгирӣ) аст».
Манбаъ: «ас-Силсилатус-Саҳиҳа» №1053.
Шайх Албонӣ раҳимаҳуллоҳ ин ҳадисро саҳеҳ донистааст.
Ҳамчунин онро Имом Аҳмад (5/9, 15, 19) ва Ҳоким (4/208) ривоят кардаанд. Ал-Ҳоким онро саҳеҳ дониста, мувофиқи шарти Бухорӣ ва Муслим гуфтааст ва аз-Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст.
٦ – عن أنس بن مالك «إِنَّ أفضلَ ما تَدَاوَيْتُمْ بهِ الحِجَامَةُ، أوْ: إنَّ مِنْ أَمْثَلِ مَا تَدَاوَيْتُمْ بِهِ الحِجَامَةَ».
صحيح الشمائل 309
6 – Аз Анас ибн Молик, радияллоҳу анҳу, ривоят аст, ки Расулуллоҳ ﷺ фармуданд:
«Ба дурустӣ, беҳтарин воситаи табобате, ки шумо бо он худро муолиҷа мекунед, ҳиҷома аст», ё фармуданд: «Ҳақиқатан, аз беҳтарин воситаҳои табобате, ки шумо бо он худро муолиҷа мекунед, ҳиҷома аст».
Ин ҳадисро ривоят кардаанд Аҳмад 3/174, 182, ал-Бухори 5696, Муслим 1577, Абу Довуд 3224, ат-Тирмизи дар «ал-Ҷами’» 1278 худ ва «аш-Шамаил» 309. Ҳадиси сеҳеҳ. Ниг. «Мухтасар аш-Шамаил» 309.
5 – عَنْ سَعِيدِ بْنِ جُبَيْرٍ عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ — رضى الله عنهما – قَالَ:
«الشِّفَاءُ فِى ثَلاَثَةٍ: شَرْبَةِ عَسَلٍ، وَشَرْطَةِ مِحْجَمٍ، وَكَيَّةِ نَارٍ، وَأَنْهَى أُمَّتِى عَنِ الْكَىِّ».
رَفَعَ الْحَدِيثَ وَرَوَاهُ الْقُمِّىُّ عَنْ لَيْثٍ عَنْ مُجَاهِدٍ عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ عَنِ النَّبِىِّ — صلى الله عليه وسلم — فِى الْعَسَلِ وَالْحَجْمِ .
5 – Аз Саид ибн Ҷубайр, аз Ибни Аббас رضي الله عنهما ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд:
«Шифо дар се чиз аст: нӯшидани асал, гузоштани ҳиҷома ва бо оташ сузондан. Ва ман уммати худро аз сузондан бо оташро манъ[¹] менамоям».
Ин ҳадисро Аҳмад (1/245), Бухорӣ (5680) ва Ибни Моҷа (3491) ривоят кардаанд.
Ҳадис саҳеҳ аст.
Ниг.: «Саҳиҳ ал-Ҷомиъ ас-Сағир» 3734; «Саҳиҳ Ибни Моҷа» 2829.
[¹] Дар ин ҷо мақсад макруҳ будани он аст, на ҳаром будани мутлақи он.
٤ – «إِنْ كَانَ فِي شَيْءٍ مِنْ أَدْوِيَتِكُمْ خَيْرٌ فَفِي شَرْطَةِ مِحْجَمٍ أَوْ شَرْبَةٍ مِنْ عَسَلٍ أَوْ لَذْعَةٍ بِنارٍ تُوافِقُ دَاءً وَمَا أُحِبُّ أَنْ أكْتَوِيَ».
صحيح الجامع 1431
4 – Аз Ҷобир ибн Абдуллоҳ رضي الله عنه ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд:
«Агар дар баъзе аз воситаҳои табобати шумо хайре бошад, пас он дар гузоштани ҳиҷома, ё нушидани як қулт асал, ё дар (сӯзондан бо оташ) ба ҷойи мувофиқ ба беморӣ мебошад. Ва ман дуст намедорам, ки маро бо оташ бисузонанд кунанд».
Аҳмад 3/335, 343; Бухорӣ 5683; Муслим 2205; ан-Насоӣ дар «ас-Сунан ал-Кубро» 7603.
Ҳадис саҳеҳ аст.
«Саҳиҳ ал-Ҷомиъ ас-Сағир» 1431; «ас-Силсила ас-Саҳиҳа» 245; «Ғоятул-марам» 293.
٣ – عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ ، أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ :«إِنْ كَانَ فِى شَىْءٍ مِمَّا تَدَاوُنَ بِهِ خَيْرٌ فَفيِ الْحِجَامَةِ».
السلسلة الصحيحة
3 – Аз Абу Ҳурайра (رضي الله عنه) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд:
«Агар дар чизе аз он чи шумо бо он табобат мекунед, хайр бошад, пас он дар ҳиҷома (хунгирӣ) аст».
Аҳмад, 2/342, 423; Абӯ Довуд, 3857; ал-Ҳоким, 4/410.
Ал-Ҳоким гуфтааст: «Ин ҳадис саҳеҳ аст ва мувофиқи шартҳои Имом Муслим мебошад». Аз-Заҳабӣ низ бо ӯ мувофиқат кардааст. Ҳадис саҳеҳ аст.
Шайх Албонӣ онро саҳеҳ донистааст. «Саҳиҳ ат-Тарғиб ва-т-Тарҳиб», 3460; «Ас-Силсила ас-Саҳиҳа», 760.
٢ – «حَدَّثَ رَسُولُ اللَّهِ -صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّم- عَنْ لَيْلَةَ أُسْرِىَ بِهِ أَنَّهُ لَمْ يَمُرَّ عَلَى مَلإٍ مِنَ الْمَلاَئِكَةِ إِلاَّ أَمَرُوهُ أَنْ مُرْ أُمَّتَكَ بِالْحِجَامَةِ».
صحيح الترغيب
2 – Аз Ибн Масъуд رضي الله عنه ривоят шудааст, ки гуфт:
«Расули Аллоҳ ﷺ дар бораи шабе, ки (ба осмонҳо бардошта шуд, сухан мегуфт ва мефармуд): Ҳар боре ки аз назди гурӯҳе аз фариштагон мегузаштам, онҳо ба ман мегуфтанд:
“Ба уммати худ амр намо, ки ҳиҷома (хунгирӣ) кунанд!”
Ин ҳадисро ат-Тирмизӣ (2052) ривоят кардааст ва гуфтааст: «Ҳадиси ҳасан ва ғариб аст».
Шайх Албонӣ رحمه الله ин ҳадисро саҳеҳ шуморидааст. «Саҳиҳ ат-Тарғиб ва-т-Тарҳиб», 3462; «Тахриҷ Мишкотул-масабеҳ», 4470.
١ – عَنْ ابْنِ عَبَّاسٍ رَضِيَ اللهُ عَنْهُمَا قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ ﷺ: «مَا مَرَرْتُ لَيَلَةَ أُسْرِيَ بِي بِمَلَأٍ مِنَ الْمَلاَئِكَةِ، إِلَّا كُلُّهُمْ يَقُولُ لِي: عَلَيْكَ يَا مُحَمَّدُ ! بِالْحِجَامَةِ».
السلسلة الصحيحة 2263
1 — Аз Ибни Аббас (радияллоҳу анҳума) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: «Дар шабе, ки маро ба осмонҳо боло бурданд, аз назди ҳеҷ гурӯҳе аз фариштагон нагузаштам, магар ин ки ҳамаи онҳо ба ман мегуфтанд:«Эй Муҳаммад! Бар ту лозим аст, ки ҳиҷома кунӣ!»
Ривоят кардаанд: Аҳмад (1/354), ат-Тирмизӣ (2053), Ибни Моҷа (3477), Ибни Ҷарир ат-Табарӣ дар «ат-Таҳзиб» (2/103–104), ал-Ҳоким (4/209) ва ат-Табаронӣ дар «ал-Муъҷам ал-Кабир» (11367). Ҳадис саҳеҳ аст.
**Шайх Муҳаммад Насируддин ал-Албонӣ (раҳимаҳуллоҳ) ин ҳадисро саҳеҳ донистааст.
«Саҳиҳ Ибни Моҷа» (2818), «ас-Силсилатус-Саҳиҳа» (2263), «Саҳиҳ ат-Тарғиб ва-т-Тарҳиб» (3463), «Саҳиҳ ал-Ҷомиъ ас-Сағир» (5672).**
بسم الله الرحمن الرحيم
«أَرْبَعُونَ حَدِيثًا فِي الْحِجَامَةِ»
ЧИЛ ҲАДИС ДАР БОРАИ ҲИҶОМА (ХУНГИРӢ)
Ҳадисҳои саҳеҳи Паёмбар Муҳаммад ﷺ дар бораи ҳиҷома (хунгирӣ).
Ҳаром будани барои занон ба мардон монанд шудан дар либос, ҳаракатҳо, тарзи гуфтор ва ғайра.
٤٣ – عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ — رَضِيَ اللهُ تَعَالَى عَنْهُ — قَالَ : «لَعَنَ رَسُولُ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — الْمُتَشَبِّهِينَ مِنَ الرِّجَالِ بِالنِّسَاءِ، وَالْمُتَشَبِّهَاتِ مِنَ النِّسَاءِ بِالرِّجَالِ».
أخرجه البخاري.
43 — Аз Ибн Аббас رضي الله عنه ривоят аст, ки гуфт:
«Расули Аллоҳ ﷺ мардонеро, ки худро ба занон монанд мекунанд ва занонеро, ки худро ба мардон монанд мекунанд, лаънат кардааст».
Аҳмад (1/225), ал-Бухори (5886).
Огоҳ кардани занон аз ба намоиш гузоштани зинатҳои тиллоӣ, либосҳои бо заъфарони ваҳшӣ рангшуда ва монанди инҳо дар назди мардони бегона (номаҳрам).
٤٢ – عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ — رَضِيَ اللهُ تَعَالَى عَنْهُ — قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ — صلى الله عليه وسلم :
«وَيْلٌ لِلنِّسَاءِ مِنَ الْأَحْمَرَيْنِ: الذَّهَبِ وَالْمُعَصْفَرِ». صحيح
أخرجه ابن حبان والبيهقي في شعب الإيمان.
42 — Аз Абуҳурайра رضي الله عنه ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд:
«Вой бар ҳоли занон аз ду чизи сурх: тилло ва (либосе, ки бо) заъфарони ваҳшӣ ранг карда шудааст».
Ибн Ҳиббан (5968), аль-Байҳақи в «Шу’аб ал-Иман» (5780).
Ҳадис саҳеҳ. Ниг. «Саҳиҳ ал-Ҷами’ ас-сағир» 7138, «Саҳиҳ ат-Тарғиб ва-т-тарҳиб» 2066, «ас-Силсиля ас-саҳиҳ» 339.
ОЁ ТУ ОЛИЛА ДОР ШУДИ?
Саид ибн Ҷубейр нақл мекунад:
قال لي ابن عباس: هل تزوجت؟ قلت: لا قال: فتزوج؛ فإن خير هذه الأمة أكثرها نساء.
«(Боре) Ибн Аббас ба ман гуфт: "оё ту оиладор шуди?" — гуфтам: "Не". Пас у гуфт: "оиладор шав; бадурусти беҳтари ин уммат, бисёр занонанд"».
Ниг. «Саҳиҳ ал-Бухари», 7/3, ривояти № 5069. Дар шарҳи ин ҳадис шейх Ибн Усеймин чунин гуфт:
هل يقصد ابن عباس شخصا معينا و هو الرسول صلى اللَّه عليه و آله و سلم لأنه أكثر الأمة نساء فكأنه يقول: خير هذه الأمة رسول اللَّه و قد كثرت نساؤه فاقتدي به. أو يقول: خير هذه الأمة من الناس غير الرسول أكثرها نساء، يعني من كان أكثر نساء فهو أخير، فصاحب الأربع خير من صاحب الثلاث ، و صاحب الثلاث خير من صاحب الإثنتين ، و صاحب الإثنتين خير من صاحب الواحدة ، و من عنده واحدة خير ممن لا شيء عنده. فعندنا الآن احتمالان و لكن الظاهرة أن الثاني أقرب، حيث أمر سعيد بن جبير بالزواج و قال: تزوج فإن خير هذه الأمة أكثرها نساء
«Оё Ибн Аббас رضي الله عنهما каси муайянеро дар назар дошт, яъне Расули Аллоҳ ﷺ-ро, ки дар миёни уммат бештар аз ҳама ҳамсар доштанд? Гӯё Ибн Аббос мегӯяд:
Беҳтарини ин уммат — Расули Аллоҳ ﷺ ҳастанд, ки ҳамсарони зиёде доштанд, пас ба У иқтидо кун”. Ё ин ки Ибн Аббас дар назар дорад:
Беҳтарини мардум дар ин уммат баъд аз Паёмбар ﷺ касест, ки ҳамсаронаш бештар бошанд”? Яъне: ҳар касе шумораи бештари ҳамсар дошта бошад [то ҳадди ҷоизи чаҳор], ӯ беҳтар аст.
Касе ки чаҳор ҳамсар дорад, аз касе ки се ҳамсар дорад беҳтар аст.
Ва касе ки се ҳамсар дорад, аз касе ки ду ҳамсар дорад беҳтар аст. Ва касе ки ду ҳамсар дорад, аз касе ки як ҳамсар дорад беҳтар аст.
Ва касе ки як ҳамсар дорад, аз касе ки умуман ҳамсар надорад беҳтар аст.
Пас акнун пеши мо ду эҳтимоли фаҳмиши ин сухан қарор дорад. Аммо зоҳиран, фаҳмиши дуввум ба ҳақиқат наздиктар аст, зеро Ибн Аббас رضي الله عنهما ба Саид ибн Ҷубайр амр мекунад, ки издивоҷ кунад ва мегӯяд:
Ҳамоно беҳтарини ин уммат касест, ки ҳамсаронаш бештар бошанд”».
См. «Шарҳи саҳиҳ ал-Бухари», т. 6, с. 144.
[Нишонаҳои аҳли бидъат]
Аз Уқба ибни Алқама ривоят аст, ки гуфт:
«Рӯзе назди Артоат ибни Мунзир будам. Яке аз ҳозирони маҷлис пурсид:
“Назари шумо дар бораи шахсе, ки бо аҳли суннат менишинад ва бо онҳо ҳамнишин аст, аммо вақте сухан аз аҳли бидъат меравад, мегӯяд:
⚠️«Онҳоро ёд накунед, аз онҳо ҳарф назанед» чист?”
Артот ҷавоб дод:
Ӯ яке аз онҳост. Дар байни аҳли суннат буданаш шуморо фирефта накунад”
Ин сухани Артот ба ман писанд наомад.
Сипас назди Авзоъӣ рафтам. Ӯ дар чунин масъалаҳо бисёр мутахасис буд. Вақте ин суханро ба ӯ нақл кардам, гуфт:
Артот рост гуфтааст ва сухани ҳақ ончизе, ки ӯ гуфтааст.
Ин шахс аз зикри аҳли бидъат манъ мекунад.
Агар аз онҳо ном бурда нашавад ва мардум аз хатари онҳо огоҳ карда нашаванд, пас чӣ гуна мардум аз онҳо ҳазар мекунанд ?”»
📚Тариху Димашқ аз Ибни Асакир (ҷ.8 саҳ: 15)
КИБР: БЕМОРИИ ҚАЛБ🫀
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбари Аллоҳ ﷺ фармуданд:
«Ҳеҷ касе, ки дар қалбаш ба андозаи заррае кибр бошад, ба биҳишт дохил намешавад».
Саҳоба пурсиданд:
«Эй Расули Аллоҳ ﷺ, инсон дӯст медорад, ки либоси зебо ва пойафзоли хуб дошта бошад.
Оё ин ҳам кибр аст?»
Паёмбар ﷺ фармуданд:
«Аллоҳ зебост ва зебоиро дӯст медорад. Кибр — рад кардани ҳақ ва паст шуморидани мардум аст». (Саҳеҳи Муслим)
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿يَوْمَ لَا يَنفَعُ مَالٌ وَلَا بَنُونَ إِلَّا مَنْ أَتَى اللَّهَ بِقَلْبٍ سَلِيمٍ﴾
«Рӯзе, ки молу фарзанд ҳеҷ фоида намедиҳанд, магар касе, ки назди Аллоҳ бо қалби солим биёяд». (С. Шуъаро, 88–89)
Фоидаҳо:
🌱 Бузургтарин хатар барои инсон на камии мол, балки бемории қалб аст. Инсон метавонад назди мардум бузург бошад, аммо агар қалбаш аз кибр пур бошад, назди Аллоҳ мақоме надорад. На зебоӣ, на мол, на мансаб — балки қалби пок инсонро наҷот медиҳад.
🌱 Кибр инсонро аз ҳақ маҳрум мекунад. Нишонаи кибр ин нест, ки инсон танҳо либоси хуб пӯшад ё чизҳои зебо дошта бошад; балки он аст, ки ҳақро вақте мефаҳмад, қабул намекунад ва аз рӯи такаббур онро рад мекунад.
🌱 Душмани ҳақиқии инсон дар дохили қалби ӯст. Шайтон бо сабаби кибр аз раҳмати Аллоҳ дур шуд. Пас ҳар қалбе, ки ба худбузургбинӣ гирифтор мешавад, ба роҳи хатарнок қадам мегузорад.
🌱 Қалби солим сарвати бузургтарини инсон аст.
Рӯзе мерасад, ки мол, мансаб ва ҳама чизе, ки инсон ба он ифтихор мекард, аз ӯ ҷудо мешавад. Он рӯз танҳо қалбе фоида медиҳад, ки пок ва назди Аллоҳ солим бошад.
🌱 Меъёри бузургӣ назди Аллоҳ фурӯтанист. Ҳар қадар инсон ба Аллоҳ наздиктар шавад, ҳамон қадар хоксортар мегардад; зеро ӯ медонад, ки ҳар неъмат аз ҷониби Парвардигор аст.
🌱 Қалб агар аз кибр пур шавад, ҳақро намебинад; аммо қалбе, ки бо тавозӯъ ва тақво зинда аст, роҳи наҷотро меёбад. Пеш аз он ки намуди зоҳирии худро ислоҳ кунем, бояд қалбамонро ислоҳ намоем, зеро назди Аллоҳ арзиши инсон ба покии қалбаш аст.
🤲 Эй Аллоҳ, қалбҳои моро аз кибр, ҳасад, кина ва ҳамаи бемориҳои қалбӣ пок гардон ва моро аз соҳибони қалби солим бигардон. Эй Меҳрубонтарини меҳрубонҳо! Омин.
Имом Ибн ал-Қаййим (раҳимаҳуллоҳ) фармудааст:
«Аз бузургтарин чизҳое, ки ба банда зарар мерасонанд, бекорӣ ва холӣ будани вақти ӯст. Зеро нафс ҳеҷ гоҳ холӣ намемонад: агар онро ба корҳои судманд (Фоиданок) машғул насозӣ, ҳатман он туро ба корҳои зараровар машғул хоҳад кард.»
Манбаъ: Тариқ ал-Ҳиҷратайн, ҷилди 2, саҳ. 597
Манъи занон аз фиребкорӣ дар масъалаи либос ва даъвои гирифтани чизе, ки дар асл ба ӯ дода нашудааст.
٣٥ عَنْ عَائِشَةَ — رَضِيَ اللهُ عَنْهَا
أَنَّ امْرَأَةً قَالَتْ: يَا رَسُولَ اللَّهِ أَقُولُ إِنَّ زَوْجِى أَعْطَانِى مَا لَمْ يُعْطِنِى فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ -صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّم: « الْمُتَشَبِّعُ بِمَا لَمْ يُعْطَ كَلاَبِسِ ثَوْبَىْ زُورٍ ». أخرجه مسلم.
چهل حدیث در احکام بانوان
🔹حدیث 35 : باب: نهي زنان در جعلي كردن لباس و تظاهر به آنچه به آنها داده نشده🔹
〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰
از عائشه رضي الله عنها: «أنَّ امرأة قال: يا رسول الله أقول إنَّ زوجي أعطاني ما لم يعطني؟ فقال رسول الله ﷺ: المتشبع بما لم يعط كلابس ثوبي زور»[1].
زنى به رسول الله ﷺ گفت: (به زن شوهرم میگويم) كه شوهرم به من (اين و آن) را داده، در حاليكه در حقيقت چيزى به من نداده، (كنايه از افتخار كردن مقابل زن شوهر)، رسول الله ﷺ فرمودند: تظاهر كننده به آنچه به او داده نشده مانند كسى است كه لباس دروغين پوشيده[2].
—---------------------------------------—
[1] متفق عليه.
[2] در فتح الباري شرح صحيح البخاري 9/ 317ـ318 آمده كه: تظاهر كننده به آرايش و زينت به آنچه نزد او نيست، مانند زنى است كه نزد مردى است، و اين مرد زن ديگرى دارد، پس اين زن نزد زن ديگر ادعا و افتخار مى كند من نزد شوهرم چنين و چنان هستم(كنايه از اينكه مرا بيشتر دوست دارد و به من چيزها مى دهد) و نزد او مقام و منـزلتى خيلى خوب دارم، مى خواهد كه زن ديگر را به خشم و غضب بياورد.
وقول: (كلابس ثوبي الزور): مانند مردى است كه لباس زاهدان و پارسايان و پرهيزكاران مى پوشد، و به مردم نشان مى دهد كه از از جمله آنهاست، ولى در حقيقت امر چنين نيست.
و امام خطابي مى گويد: مقصود از لباس مَثَل است، و معناى آن اين كه دروغگو است.
Манъи занон аз фиребкорӣ дар масъалаи либос ва даъвои гирифтани чизе, ки дар асл ба ӯ дода нашудааст.
٣٥ عَنْ عَائِشَةَ — رَضِيَ اللهُ عَنْهَا
أَنَّ امْرَأَةً قَالَتْ: يَا رَسُولَ اللَّهِ أَقُولُ إِنَّ زَوْجِى أَعْطَانِى مَا لَمْ يُعْطِنِى فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ -صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّم: « الْمُتَشَبِّعُ بِمَا لَمْ يُعْطَ كَلاَبِسِ ثَوْبَىْ زُورٍ ». أخرجه مسلم.
چهل حدیث در احکام بانوان
🔹حدیث 35 : باب: نهي زنان در جعلي كردن لباس و تظاهر به آنچه به آنها داده نشده🔹
〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰
از عائشه رضي الله عنها: «أنَّ امرأة قال: يا رسول الله أقول إنَّ زوجي أعطاني ما لم يعطني؟ فقال رسول الله ﷺ: المتشبع بما لم يعط كلابس ثوبي زور»[1].
زنى به رسول الله ﷺ گفت: (به زن شوهرم میگويم) كه شوهرم به من (اين و آن) را داده، در حاليكه در حقيقت چيزى به من نداده، (كنايه از افتخار كردن مقابل زن شوهر)، رسول الله ﷺ فرمودند: تظاهر كننده به آنچه به او داده نشده مانند كسى است كه لباس دروغين پوشيده[2].
—---------------------------------------—
[1] متفق عليه.
[2] در فتح الباري شرح صحيح البخاري 9/ 317ـ318 آمده كه: تظاهر كننده به آرايش و زينت به آنچه نزد او نيست، مانند زنى است كه نزد مردى است، و اين مرد زن ديگرى دارد، پس اين زن نزد زن ديگر ادعا و افتخار مى كند من نزد شوهرم چنين و چنان هستم(كنايه از اينكه مرا بيشتر دوست دارد و به من چيزها مى دهد) و نزد او مقام و منـزلتى خيلى خوب دارم، مى خواهد كه زن ديگر را به خشم و غضب بياورد.
وقول: (كلابس ثوبي الزور): مانند مردى است كه لباس زاهدان و پارسايان و پرهيزكاران مى پوشد، و به مردم نشان مى دهد كه از از جمله آنهاست، ولى در حقيقت امر چنين نيست.
و امام خطابي مى گويد: مقصود از لباس مَثَل است، و معناى آن اين كه دروغگو است.
Ҳаром будани он барои занон, ки ба мӯйҳои худ мӯйи дигарро пайванд кунанд, ё онҳоро қалбакӣ созанд, инчунин мӯйро бо илова кардани чизе дигар зиёд ва ғафс нишон диҳанд; ва баёни он ки ин кор аз ахлоқу одатҳои яҳудиён ба шумор меравад
٣٤ – عَنْ سَعِيدِ بْنِ الْمُسَيَّبِ قَالَ:
قَدِمَ مُعَاوِيَةُ الْمَدِينَةَ فَخَطَبَنَا وَأَخْرَجَ كُبَّةً مِنْ شَعَرٍ فَقَالَ: مَا كُنْتُ أُرَى أَنَّ أَحَدًا يَفْعَلُهُ إِلاَّ الْيَهُودَ ، وإِنَّ رَسُولَ اللَّهِ ﷺ بَلَغَهُ فَسَمَّاهُ الزُّورَ.
أخرجه مسلم
وفى رواية:
أَنَّ مُعَاوِيَةَ قَالَ ذَاتَ يَوْمٍ: إِنَّكُمْ قَدْ أَحْدَثْتُمْ زِىَّ سَوْءٍ وَإِنَّ نَبِىَّ اللَّهِ ﷺ نَهَى عَنِ الزُّورِ. قَالَ: وَجَاءَ رَجُلٌ بِعَصًا عَلَى رَأْسِهَا خِرْقَةٌ قَالَ مُعَاوِيَةُ: أَلاَ وَهَذَا الزُّورُ
. قَالَ قَتَادَةُ (الراوي عن سعيد): يَعْنِى مَا يُكَثِّرُ بِهِ النِّسَاءُ أَشْعَارَهُنَّ مِنَ الْخِرَقِ. رواه مسلم.
34. Аз Саъид ибн ал-Мусаййиб ривоят аст, ки гуфт:
«Вақте ки Муъовия ибн Абӯ Суфён ба Мадина[¹] омад, барои мо хутба хонд. Сипас як даста (ё тӯда)-и мӯйро[²] баровард ва гуфт:
"Ман гумон намекардам, ки касе ҷуз яҳудиён чунин кореро анҷом диҳад. Ва бадурусти ин (кор) ба расули Аллоҳ ﷺ расид ва у онро «зӯр» (фиреб) номид."»
Ривояти Саҳеҳ Муслим (2127).
дар ривояти дигар омадааст:
Муъовия рӯзе гуфт:
«Ҳамоно шумо чизе бадеро ба вуҷуд овардед, ки пеш набуд, ва ҳамоно Паёмбари Аллоҳ ﷺ аз фиреб манъ кардааст.»
Саъид ибни ал-Мусаййиб гуфт:
«Сипас марде омад, ки дар сараш асое дошт ва дар нӯги он порчаҳои матоъ баста шуда буданд. Он гоҳ Муъавия гуфт:
"Огоҳ бошед! Ин ҳамон фиреб аст!"»
Қатода ибн Диъома (ровии ин ҳадис аз Саъид) гуфт:
«Яъне, мақсади ӯ он буд, ки занон бо порчаҳои матоъ мӯйҳои худро зиёд ва ғафс нишон медиҳанд.»
Ривояти Саҳеҳ Муслим (2127).
[¹] Дар ривояти дигари ин ҳадис омадааст, ки ин охирин сафари ӯ ба Мадина буд. Саҳеҳ ал-Бухорӣ
[²] Мақсад мӯйҳои васлшаванда (мӯйи сохтае, ки ба мӯйи худ мечаспонанд) мебошад. Дар ривояти дигари ин ҳадис омадааст, ки ӯ як тори мӯйро, ки дар дасти яке аз муҳофизонаш буд, гирифт. Саҳеҳ ал-Бухорӣ
[4] Имом Яҳё ибн Шараф ан-Нававӣ رحمه الله гуфтанд:
«Калимаи «касийат» (كَاسِيَات) маънояш ин аст, ки онҳо ба неъмати Аллоҳ пушидаанд, вале «ъарийат» (عَارِيَات) — нисбат ба ин неъмат носипосанд. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки маънояш ин аст: зане, ки як қисми баданашро мепушонад, вале қисми дигарашро ошкор мекунад ва зебоии худ ва монанди онро ба намоиш мегузорад.
Инчунин гуфта шудааст, ки маънояш ин аст: зане, ки либосе аз матои бисёр тунук мепушад, то ҷое ки ранги баданаш аз зери он дида мешавад.
Дар мавриди маънои калимаи «маилат» (مَائِلَات) гуфта шудааст, ки онҳо аз тоати Аллоҳ ва аз он чи бар онҳо воҷиб аст, руй мегардонанд.
Аммо маънои «мумийлат» (مُمِيلَات) чунин гуфта шудааст, ки онҳо дигаронро ба амалҳои нописанди худ мекашонанд ва онҳоро ба он одат медиҳанд.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки «маилат» яъне заноне, ки бо такаббур роҳ мераванд ва китфҳои худро ба ҳар су меҷунбонанд.
Инчунин гуфта шудааст, ки «маилат» яъне заноне, ки муйҳои худро ба як тараф шона мекунанд, ки ин аз ороиши занони фоҳиша буд. Ва «мумийлат» яъне онҳое, ки чунин муйороишро барои дигарон мекунанд.
Аммо суханони Расули Аллоҳ ﷺ: «сарҳояшон монанди куҳонҳои овезони шутур аст», маънояш ин аст, ки онҳо сарҳои худро бо печонидани салла, руймол ё чизҳои монанди он калон ва барҷаста менамоянд».
Уламои Кумитаи доимӣ оид ба фатвоҳо дар Арабистони Саудӣ такя ба ҳадиси зикршуда карда дар бораи «куҳонҳо» гуфтаанд, ки барои зан ҷоиз нест муйҳояшро дар болои сар ба шакли гулула (пучок) ҷамъ кунад. Онҳо гуфтанд, ки ин шабоҳат ба занони кофир аст ва сипас ҳамон ҳадиси зикршударо дар бораи аҳли Дузах далел оварданд. Ниг: «Фатово ал-Лажна» (17/126).
Ҳамчунин Муҳаммад ибн Иброҳим Оли Шайх رحمه الله низ ин амалро манъ карда гуфтаанд, ки чунин тарзи муйороӣ ташбеҳ ба занони кофири аврупоӣ мебошад. Ниг: «Фатово Ибн Иброҳим» (1/47).
* Калимаи «ъарийат» (عاريات) танҳо маънои «урён» надорад, балки ҳамчунин маънои «маҳрумшуда»-ро низ дорад. Дар ин ҷо мақсад он аст, ки онҳо аз ҳисси шукргузорӣ маҳруманд. Нигаред: «Риёзу-с-солиҳин», нашри русӣ, ҳадиси №1633.
** Яъне, бо чунин амал ин занон ба мардон монанд мешаванд. Дар гузашта чунин тарзи ороиши сар хоси занони овозхон (муғаннияҳо) будааст.
Манъ будани барои занон пушидани либосҳои танг, ки баданро намоён мекунанд, ё либосҳои шаффофе, ки пӯст аз зери онҳо дида мешавад, ё либосҳои кутоҳе, ки тамоми баданро намепушонанд. Ҳамчунин манъ будани базанон ҷамъ кардан ва баланд бастани муй бар болои сар (ба шакле, ки муй баланд намоён шавад) ва ҳар он чизе, ки ба ин монанд аст.
٣٣ – عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ — رَضِيَ اللهُ عَنْهُ — قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم :
صِنْفَانِ مِنْ أَهْلِ النَّارِ لَمْ أَرَهُمَا: قَوْمٌ مَعَهُمْ سِيَاطٌ كَأَذْنَابِ الْبَقَرِ يَضْرِبُونَ بِهَا النَّاسَ ، وَنِسَاءٌ كَاسِيَاتٌ عَارِيَاتٌ مُمِيلَاتٌ مَائِلَاتٌ رُءُوسُهُنَّ كَأَسْنِمَةِ الْبُخْتِ الْمَائِلَةِ لَا يَدْخُلْنَ الْجَنَّةَ وَلَا يَجِدْنَ رِيحَهَا وَإِنَّ رِيحَهَا لَيُوجَدُ مِنْ مَسِيرَةِ كَذَا وَكَذَا.
أخرجه مسلم
33 – Аз Абу Ҳурайра رضي الله عنه ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд:
«Ду гуруҳ аз аҳли дузах ҳастанд, ки ман онҳоро (дар замони худ) надидаам: гуруҳе, ки бо онҳо тозиёнаҳое монанди думҳои гов аст ва бо онҳо мардумро мезананд[¹]; ва заноне, ки либоспушидаанд, вале бараҳнаанд, худ гумроҳанд ва дигаронро низ гумроҳ мекунанд. Сарҳояшон монанди кӯҳонҳои шутурони хамида мебошад. Онҳо ба ҷаннат дохил намешаванд ва буи[²] онро ҳам эҳсос намекунанд, дар ҳоле ки буи ҷаннат аз масофаи бисёр дур эҳсос мешавад[³]».[⁴]
Ривояти Муслим (2128).
[1] Дар шарҳи ҳадис дар бораи одамоне, ки тозиёнаҳое монанди думҳои гов доранд, Ал-Қуртубӣ гуфтааст:
«Дар сарзамини Мағриб (Африқои Шимолӣ) ин навъи тозиёнаҳо то имрӯз вуҷуд доранд».
Ва Сиддиқ Ҳасан Хон ба сухани Ал-Қуртубӣ илова кардааст:
«Балки онҳоро дар ҳар макон ва ҳар замон метавон дид. Шумораи онҳо рӯз ба рӯз дар назди амирон ва ашроф зиёд мешавад. Мо аз Аллоҳ мехоҳем, ки моро аз ҳар чизе, ки назди Ӯ нописанд аст, нигоҳ дорад».
Нигаред: «Яқзату улил-иътибор», саҳ. 113.
[2] Имом ан-Нававӣ, раҳимаҳуллоҳ, гуфтааст:
«Суханони Паёмбар ﷺ: “Онҳо ба Ҷаннат дохил намешаванд”, ба ду тарз тафсир мешавад:
Ин ҳукм ба заноне дахл дорад, ки табарруҷ (ошкор кардани зебоӣ ва зинат барои бегонагон)-ро ҳалол шумурдаанд, дар ҳоле ки медонистанд он ҳаром аст. Чунин занон кофир мешаванд ва ҷовидона дар Оташ мемонанд ва ҳаргиз ба Ҷаннат дохил намешаванд.
Маънои дигар ин аст, ки онҳо дар ибтидои кор, ҳамроҳи касоне, ки наҷот ёфтаанд, ба Ҷаннат дохил намешаванд, балки барои гуноҳашон ҷазо мебинанд, сипас агар Аллоҳ бихоҳад, ба Ҷаннат дохил мешаванд»..Ниг: «Шарҳи Саҳеҳ Муслим» 17/191.
Уламои Кумитаи Доимии фатвоҳои Арабистони Саудӣ гуфтаанд:
«Ҳар яке аз ин занон, ки чунин либоспӯширо ҳалол шуморад, кофир аст ва ҷовидона дар Оташ мемонад. Агар ӯ бар ҳамин эътиқод бимирад, ба Ҷаннат дохил намешавад ва ҳатто бӯи онро эҳсос намекунад.
Аммо агар ӯ чунин либос пӯшида бошад, дар ҳоле ки эътиқод дорад ин амал ҳаром аст, пас ӯ яке аз гуноҳони кабираро содир кардааст, вале аз дини Ислом хориҷ намешавад. Ҳоли ӯ зери машияти Аллоҳ аст: агар бихоҳад, ӯро мебахшад ва агар бихоҳад, барои гуноҳаш азоб медиҳад. Дар ин сурат, ӯ то пеш аз ҷазо дидан ба Ҷаннат дохил намешавад ва бӯи онро эҳсос намекунад.
Ин ақида ва мазҳаби аҳли Суннат вал-Ҷамоат аст. Дар он далелҳои башорати Ҷаннат ва огоҳӣ аз Оташ ҷамъ карда шудаанд. Ин роҳ миёна байни мазҳаби мурҷиъа, хавориҷ ва муътазила мебошад».
Ниг.: «Фатово ал-Лаҷна ад-Доима» 17/104.
[3] Дар яке аз ҳадисҳое, ки Имом ат-Табаронӣ ривоят кардааст, омадааст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармудаанд:
«... ва ҳамоно бӯи Ҷаннат аз масофаи панҷсад соли роҳ эҳсос мешавад».
Ниг.: «Риёзус-солиҳин», ҳадиси №1633.
Тавзеҳ: Ҳадисе, ки дар он «панҷсад сол» зикр шудааст, шайх Муҳаммад Носируддин ал-Албонӣ, раҳимаҳуллоҳ, онро мункар (радшуда) донистааст.
Ниг.: «ас-Силсила ад-Даъифа» (6376).
Аммо ҳадисҳои саҳеҳе вуҷуд доранд, ки дар онҳо омадааст: «чиҳил сол», «сад сол» ё «чунин ва чунон сол». Ниг: Саҳеҳ ал-Бухорӣ (3166) ва дигар манобеъ. Тавзеҳи Форуқ.
Манъи тағйир додани офариниши Аллоҳ ба хотири зиннат ва зебоӣ.
٣٢ – عَنْ عَبْدِ اللهِ بْنِ مَسْعُودٍ — رَضِيَ اللهُ عَنْهُ — قَالَ:
لَعَنَ اللَّهُ الْوَاشِمَاتِ وَالْمُسْتَوْشِمَاتِ وَالنَّامِصَاتِ وَالْمُتَنَمِّصَاتِ وَالْمُتَفَلِّجَاتِ لِلْحُسْنِ الْمُغَيِّرَاتِ خَلْقَ اللَّهِ ، مَا لِي لَا أَلْعَنُ مَنْ لَعَنَ النبي ﷺ، وَهُوَ فِي كِتَابِ اللَّهِ ﴿ وَمَا آتَاكُمْ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا ﴾. متفق عليه
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд رضي الله عنه ривоят аст, ки гуфт:
«Аллоҳ лаънат кунад занонеро, ки холкӯбӣ (вашмкунӣ) мекунанд ва онҳое, ки талаб мекунанд барояшон холкӯбӣ кунанд; ва занонеро, ки абрӯҳоро мечинанд ва онҳое, ки талаб мекунанд абрӯяшонро бичинанд/мутанаммисат/[¹]; ва занонеро, ки барои зебоӣ байни дандонҳои[²] худ фосила месозанд ва бо ин кори худ офариниши Аллоҳро тағйир медиҳанд.
Чаро ман лаънат накунам касонеро, ки Расули Аллоҳ ﷺ лаънат кардааст?! Дар ҳоле ки ин[³] дар Китоби Аллоҳ омадааст:
«Он чиро, ки Паёмбар ба шумо додааст, бигиред ва аз он чи шуморо аз он манъ кардааст, дурӣ ҷуед». (Сураи ал-Ҳашр, ояти 7)».
Ривояти ал-Бухорӣ (5931) ва Муслим (2125).
[¹] Имом Яҳё ибн Шараф ан-Нававӣ гуфт:
«Номиса — занест, ки абрӯвони зани дигарро меканад (мечинад) ва онҳоро борик месозад, то зеботар намоён шаванд. Мутанаммиса — занест, ки аз дигаре талаб мекунад ё фармон медиҳад, ки ин корро барои вай анҷом диҳад».
Ниг.: «Риёдус-солиҳин», ҳадиси №1645.
[²] «Мутафаллиҷа» — занест, ки дандонҳои худро метарошад ё байни онҳо фосила ба вуҷуд меорад, то андаке аз ҳам ҷудо шаванд ва зеботар ба назар расанд.
Ниг.: «Мухтасар Саҳиҳ Муслим», ҳадиси № 1399.
[³] Дар ин ҷо мақсад лаънат кардани касонест, ки онҳоро Расули Аллоҳ ﷺ лаънат кардаанд. Аммо ба маънои васеътар, сухан дар бораи воҷиб будани пайравӣ аз ҳамаи он чизест, ки Паёмбар ﷺ иҷозат додааст, ва дурӣ ҷустан аз ҳамаи он чизест, ки эшон манъ кардаанд.
[⁴] Яъне он чие, ки паёмбар ﷺ амркардааст иҷро намоед.
▪️ چهل حدیث در احکام بانوان : حدیث 32
باب: تحريم تغيير دادن خلق و آفريده خدا براي خوشگلي و زينت و آرايش
〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰
از عبدالله بن مسعود رضي الله عنه روايت است كه گفت: «لعن الله الواشمات والمستوشمات، والنامصات والمتنمصات، والمتفلجات للحسن المغيّرات خلق الله، ما لي لا ألعن من لعن النبي ﷺ وهو في كتاب الله: )وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانتَهُوا(»[1].
خداوند خالكوب و خالكوب كننده و نامص(باريك كردن ابرو، و كسيكه براى ديگرى اينكار را انجام میدهد) و كسانيكه بين دندانهاى خود فاصله قرار میدهند، و میگشايند (براى زيبائى) و اينها همه از تغيير خلق و آفريده خداست، لعنت كرده است، پس چرا من كسانى كه پيامبر آنها را لعنت كرده، لعنت نكنم، و آنهم در كتاب خداست كه میفرمايد: آنچه را رسول خدا براي شما آورده بگيريد (و اجرا كنيد) و آنچه نهي كرده خوداري نمائيد، و از (مخالفت) خدا بپرهيزيد.
[1] متفق عليه.
