en
Feedback
Дарсҳои муҳим

Дарсҳои муҳим

Open in Telegram

وَقُل رَّبِّ زِدْنِي عِلْمًا. 《طه-114》 Бигӯ ; Парвардигоро илмамро зиёд бикун.

Show more
555
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
-330 days
Posts Archive
#Рӯзаи_Расулуллоҳ_саллаллоҳу_ъалайҳи_ва_саллам #Ошуро... 📲https://t.me/darshoimuhim

Ёдоварии кутоҳ" #Фазли_рӯзаи_рӯзи_Ошуро... 📲https://t.me/darshoimuhim

#Рӯзаи_рӯзи_Ошуро. Рӯзи даҳуми моҳи Муҳаррам ба 25.07.2026 соли мелоди мувофиқ меояд. ➖➖➖➖🔹🔹🔹🔹➖➖➖➖ 📝 Ва рӯзаи рӯзи Ошуро чаҳор мартаба дорад: 1⃣ Мартабаи якум: Ин ки рӯза гирем рӯзҳои 9-ҳум, 10-ҳум ва 11-ҳум. Яъне: 24, 25, 26-Июл 2026 баробар меояд. Ва ин аз ҳама балантарин мартаба аст. 📜 Чуноне, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: " Рӯзи Ошуро рӯза гиред ва дар он яҳудро хилоф кунед ва як рӯз пеш ва ё як рӯз баъд аз он рӯза гиред". (📚 Муснади Имом Аҳмад) 2⃣ Мартабаи дуюм: Рӯзҳои 9-ҳум ва 10-ҳум. 📜 Чуноне, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: "Агар то соли оянда зинда бошам рӯзи нуҳум рӯза мегирам". Ин ҳангоме буд , ки ба Ӯ гуфта шуд: "Яҳудиҳо рӯзи даҳҳум рӯза мегиранд" ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам хилофи яҳуд ва умуман хилофи аҳли китоб амал карданро дуст медошт. 3⃣ Мартабаи сеюм: Рӯзҳои 10-ҳум ва 11-ҳум. 4⃣ Мартабаи чаҳорум: Танҳо рӯзи 10-ҳум. Ва инро баъзе олимҳо мубоҳ ва баъзеашон макрӯҳ гуфтанд. 📜 Далели касоне , ки мубоҳ гуфтанд ҳадиси Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст, ки гуфт: "Рӯзи Ошуро рӯза гирифтан, аз Аллоҳ умедворам, ки барои гуноҳҳои як соли гузашта кафора мегардад". 📜 Ва далели касоне ки макрӯҳ гуфтанд, ҳадиси Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, аст ки гуфт: "Рӯзи Ошуро рӯза гиред ва хилоф кунед дар он яҳудро ва як рӯз пеш ва ё як рӯз баъд аз он рӯза гиред". Ва бинобар бар ин як рӯзро танҳо рӯза гирифтан макрӯҳ мебошад. (📚 Фатовои лиқои мафтуҳ-95) 📝Муаллиф: Шайх Аллома Муҳаммад ибни Солеҳ ал-Усаймин (раҳимаҳуллоҳ) 📲 https://t.me/darshoimuhim

بسم الله الرحمن الرحيم.  #Ошуро. ✅ Фазилати рӯза доштани моҳи Муҳаррам ва рӯза доштани рӯзи Ошуро. ⚠️ Савол : Кай ба рӯза доштани моҳи Муҳаррам ва ба рӯза доштани Ошуро ибтидо карда мешавад❓ Оё дар аввали Муҳаррам ё дар миёнаш ва ё дар охираш ва чӣ миқдор дошта мешавад❓ Зеро ман шунидам, ки рӯза гирифтани Ошуро аз якуми Муҳаррам ибтидо шуда то даҳуми Муҳаррам мебошад. Аллоҳ шуморо муваффақ созад. 🟢 Ҷавоб : 📜 Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мегӯянд : "أَفْضَلُ الصِّيَامِ بَعْدَ رَمَضَانَ شَهْرُ اللهِ المُحَرَّم،" أَخْرَجَهُ أَحْمَدُ: ( ١٠٩٢٨) َ مُسْلِم: (١١٦٣) "Афзалтарини рӯза баъд аз Рамазон ин рӯза доштани моҳи Аллоҳ Муҳаррам мебошад." 📚(Аҳмад : 10928, Муслим : 1163) Маънояш чунин аст, ки  тамоми ин моҳро аз аввалаш то охираш рӯза мегирад, аз аввали рӯзи Муҳаррам то охираш, ин аст маънои ин ҳадис. Локин аз ин моҳ хос рӯза мегирад рӯзи нуҳум ва даҳумро ё рӯзи даҳум ва ёздаҳумро барои шахсе, ки тамоми ин моҳро рӯза нагирифт, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҷоҳилиятҳам рӯзи Ошуро (даҳуми Муҳаррам) рӯза медоштанд ва инчунин Қурайшҳам рӯза мегирифтанд дар ин рӯз ва вақто, ки Паёмбар  (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Мадина омаданд диданд, ки яҳудиҳо дар ин рӯз рӯза гирифта истодаанд, пас онҳоро пурсиданд аз сабаби рӯза доштанашон ва онҳо гуфтанд : 🔹"Албатта ин рӯзест, ки Аллоҳ Мусо ва қавмашро аз Фиръавн наҷот дод ва Фиръавну қавмашро ҳалок гардонид ва Мусо ҳамчун шукру сипосгузорӣ дар ин рӯз рӯза гирифт ва моҳам дар ин рӯз рӯза мегирем." 📜 Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд : "Мо аз шумо дида ба Мусо авлотару сазовортарем. " Ва ин рӯзро рӯза доштанд ва ба рӯза доштанаш амр карданд. 📚(Бухорӣ: 2004, Муслим: 1130) 🔸Ва суннат ин рӯза гирифтани як рӯз пеш аз Ошуро ва ё як рӯз баъд аз Ошуро бинобар ҳадисе, ки ривоят карда мешавад : "Рӯза гиред як рӯз пеш ва як рӯз баъд аз Ошуро." Ва дар ривояте омада аст : " Рӯза гиред як рӯз пеш аз Ошуро ва ё як рӯз баъд аз он." 📚 (Аҳмад ҷил 1/ 241, Ибни Хузайма : 2095) 📜 Ва дар ҳадиси дигар омада аст: "لَئِنْ عِشْتُ إِلَى قَابِلٍ لَأَصُوْمَنَّ التُّاسِعَ،" أَخْرَجَهُ مُسْلِم : (١١٣٤) أَبُو دَاوُد :(٢٤٤٥) " Агар то соли оянда зинда бошам рӯзи нуҳум рӯза мегирам." 📚(Муслим: 1134. Абу Довуд: 2445) 🔹Яъне бо ҳамроҳи Ошуро (даҳум рӯз). Ва афзалу беҳтар ин аст, ки рӯзи даҳум рӯза гирифта шавад, зеро вай рӯзи бузург аст ва дар он хайри бузурге ҳосил шуд барои Мусо ва мусалмонҳо ва ин рӯзро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯза доштанд. Пас мо рӯзи нуҳум рӯза мегирем аз ҷиҳати иқтидо кардан ба Паёмбарамон (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва рӯза мегирем ҳамроҳи рӯзи даҳум як рӯз пеш ва ё як рӯз баъд аз ҷиҳати хилоф намудан ба яҳудиҳо. Ва афзалу беҳтар рӯза доштани нуҳум рӯз ҳамроҳи даҳум рӯз бинобар ҳадиси: "Агар зинда бошам то соли оянда ҳар оина рӯза мегирам рӯзи нуҳумро." Ва агар рӯзи даҳумро бо ёздаҳум ва ё се рӯзро (9,10,11) рӯза дорад пас ҳамааш хуб аст. 🔸Яъне рӯза доштани нуҳум ва даҳум ва ёздаҳум хуб аст ва рӯза доштани тамоми моҳи Муҳаррам хуб аст. ✅ Ҷавоб диҳанда шайх аллома Ибни Боз -раҳимаҳуллоҳ-. 📚(Фатовои нурун ъала ад-дарб) ----------------------------- Мо бояд ин мавсимҳои хайру бо баракатро ғанимат шуморем ва бо тоату ибодат машғул гардем, хоссатан рӯза доштан, зеро аз 📜 Абу Қатода (разияллоҳу анҳу) ривоят шуда аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд : "Рӯза гирифтани Ошуро (даҳуми Муҳаррам) ман аз Аллоҳ умедворам, ки ба гуноҳҳои соли гузашта каффора мегардад." 📚( Муслим бо рақами : 1162) Мақсад аз гуноҳҳо дар ин ҳадис гуноҳҳои сағира аммо гуноҳҳои кабира ба тавба муҳтоҷ аст. Аллоҳ ҷалла ва ъала ҳамаи моро ба он амалҳое, ки дӯст медораду аз он рози аст муваффақ гардонад. وَالْحَمْدُ للهِ رَبِّ الْعَالَمِيْنَ. 📲https://t.me/darshoimuhim

"Ёдоварии" №44. #Боби_Таваккал_кардан_ба_Аллоҳ... 📲https://t.me/darshoimuhim

№43. #Таваккал_Ибодат_аст... 📲https://t.me/darshoimuhim

№42. #Таваккал_танҳо_ба_Аллоҳ_карда_мешавад... 📲https://t.me/darshoimuhim

№41. #Таваккал_танҳо_ба_Аллоҳ. 📲https://t.me/darshoimuhim

№40. #Ягона_ба_Аллоҳ_таваккал_кардан.. 📲https://t.me/darshoimuhim

№39. #Маънои_таваккал ½. 📲https://t.me/darshoimuhim

№38. #Маънои_таваккал... 📲https://t.me/darshoimuhim

"Ёдоварии кутоҳ" #Тавҳиди_Улуҳият Боби : Таваккул. №37. #Таваккал_кардан. 📲 https://t.me/darshoimuhim

№36. #Дилро_се_чиз_ҳаракат_мекунонад. #Муҳаббат - (Дуст доштан) #Хавф - (Тарс) #Раҷоъ - (Умед) 📲https://t.me/darshoimuhim